Главная / Илм / АЛ-МИА ФЙ-С-СИНОАТИ-Т-ТИБ- БИЯ

АЛ-МИА ФЙ-С-СИНОАТИ-Т-ТИБ- БИЯ

asar«АЛ-МИА ФЙ-С-СИНОАТИ-Т-ТИБ- БИЯ» («Сад китоб дар баёни пешаи пизишкӣ»), асари Абӯсаҳли Масеҳӣ дар боби тиб. Аз таълифоти бузургу умдаи муаллиф буда, аз сад китоб иборат аст. Китоби аввали он дар баёни мадхал ва умури муқаддимавии тиб будааст. Муаллифи «Ко- милу-с-синоат» дар робита ба ин асар дар таълифи худ ёдовар шуда гуфтааст, ки умури табиӣ ва ғайри табиӣ дар он бисёр кам зикр шудааст ва таркибу танзими бобҳо ҳам номуназзам будааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии- л-кутуби ва-л-фунун», ҷилди 2, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …