Главная / Илм / АҲРОРОВА Зӯҳро Дадахоновна

АҲРОРОВА Зӯҳро Дадахоновна

ophthalmologyАҲРОРОВА Зӯҳро Дадахоновна (тав. 22. 03. 1940, ш. Андиҷони Ҷумҳурии ӯзбекистон), духтури офталмолог, доктори илмҳои тиб (1990), проф. (1992), Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон. Хатмкардаи ДДТТ (1963). Ординатори клиникӣ (1963 – 69), ассистент (1969 – 91) ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ (аз 1991). Дар мавзӯи «Санҷишҳои топографии ғалаёнӣ дар ташхиси бемории оби марворид (глаукома)» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Нишондодҳои клиникию эпидемиологӣ ва тиббию иҷтимоии глаукома» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 147 мақола, 17 тезис ва 4 навоварӣ. Бо ордени «Шараф» (дараҷаи I) мукофотонида шудааст.
Ос.: Клинико-функциональные результаты имплантации ИОЛ в Согдийской области Республики Таджикистан. «Материалы 4-ой Евро-Азиатской конференции офтальмологов по микрохирургии глаза», Екатеринбург, 2006; Проблема биоэтики в современной медицине и ее перспективы развития в Таджикистане. Дар кит.: «Этическая экспертиза биомедицинских иследований в государствах – участниках СНГ», Санкт-Петербург, 2006; Принципы исследовательской этики: независимость, милосердие, справедливость. «Материалы Международного научного конгресса Форума комитетов по биомедицинской этике», Ташкент, 2006.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …