Главная / Илм / АҲМАДОВ Саидилҳом Мухторович

АҲМАДОВ Саидилҳом Мухторович

4d34b110f_560x329АҲМАДОВ Саидилҳом Мухторович (тав. 06. 10. 1960, деҳаи Пастиғави ноҳ. Мастчоҳи вил. Суғд), ҷарроҳ–гепатолог, доктори илмҳои тиб (2003), проф. (2006), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (1993), Аълочии тандурустии ҶТ (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1983). Духтур – интерни Беморхонаи клиникии №5-и ш. Душанбе (1983 – 84), ҷарроҳи беморхонаи марказии ноҳ. Коммунистӣ (1984 – 87), ординатор (1987 – 89), аспиранти Донишкадаи ҷарроҳии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ ИҶШС дар ш. Москва (1989 – 91), ассистенти кафедраи ҷарроҳии факултавии ДДТТ (1991 – 94). Аз с. 1994 мудири кафедраи ҷарроҳӣ бо курси колбадшиносии мавзеӣ ва омӯзиши амалиёти ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда амалиёти бурриши қисми рости ҷигарро дар мавриди саратони талхадон бо гузариш ба ҷигар анҷом додааст. Муаллифи 126 мақолаи илмӣ, 3 гувоҳномаи ихтироъӣ ва 28 таклифи навоварона. Таҳти роҳбарии ӯ 7 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.
Узви Ассотсиатсияи байналмилалии ҷарроҳон – гепатологҳои Россия ва ИДМ (аз с. 1996), аъзои шӯрои таҳририяи маҷаллаи «Анналы хирургической гепатологии» (аз с. 2006), сармутахассиси Вазорати тандурустии ҶТ оид ба ҷарроҳии шикам (аз с. 2007), раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳон–гепатологҳои Тоҷикистон (аз с. 2008). Бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст (2006).
Ос.: Огнестрельные ранения живота. Дар маҷ.: «Хирургия», №2, 2004; Осложненный рак печени. Дар маҷ.: «Анналы хирургической гепатологии», №4, 2006; Способы резекции печени при эхонококкозе. Дар маҷ.: «Анналы хирургической гепатологии», №2, 2007; Роҳҳои табобати перитонити паҳнгашта. Дар маҷ.: «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», №2, 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …