Главная / Илм / АХЛОРГИДРИЯ

АХЛОРГИДРИЯ

achlorhydria_2АХЛОРГИДРИЯ (Achlorhydria), дар таркиби шираи меъда вуҷуд надоштани кислотаи озоди хлорид (дар сурате, ки миқдори пепсин дар ҳадди эътидол ё андаке кам аст). А. сабабҳои вазоифӣ (мас., ҳангоми таъсироти рефлексӣ ба фаъолияти тарашшӯҳии меъда) ва узвӣ (мас., дар мавриди гастрити музмин, саратон ва полипози меъда) дорад. А. бидуни ягон аломат ҷараён меёбад. Он метавонад чун зуҳуроти тағзиявӣ (камиштиҳоӣ, оруғ задан, дарунравӣ) низ ба вуҷуд ояд. А.-ро бо роҳи таҳлили шираи меъда ташхис мекунанд. Бо мақсади ошкор сохтани сабабҳои А. аз тадқиқоти рентгенологӣ ва эндоскопии меъда истифода карда мешавад.
Муолиҷаи А. ба рафъи бемории асосӣ нигаронида шудааст. Дар мавриди ихтилоли вазоифӣ обутоби организм, кам-кам истеъмол кардани ғизо, парҳез аз истеъмоли шир, даст кашидан аз ғизоҳои тунд муфид аст. Хӯрок бояд хунук ё бисёр гарм набошад. Истеъмоли маҳсулоте, ки шираи меъдаро меронанд (ҷӯшоби гӯшт ва сабзавот, гӯшти беравған, моҳӣ, мева, ҷурғот, панир, мураббо ва ғ.), нафъи калон дорад. Ҳангоми А.-и табиаташ узвӣ шираи табиии меъда ва доруҳои ферментӣ таъин карда мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …