Главная / Гуногун / Акбаршо Искандаров

Акбаршо Искандаров

Акбаршо Искандаров, сиёсатмадор ва дипломати маъруфи тоҷик, ки соли 1992 як муддат иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон буд, бо аломатҳои пневмония дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ карда шудааст.  Бино ба иттилои дарёфтӣ, бори охир Искандаровро рӯзи 25 апрел дар маросими дафни генерал Абдулло Ҳабибов дидаанд.

akbarsho-iskandarovБаъди ҳамон маросим, ба гуфтаи манобеи сомонаи “Ахбор”,  Акбаршо Искандаров аз пой афтодааст. Акбаршо Искандаров 69 сол дошта, зодаи деҳаи Кеврони ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) мебошад. Соли 1992 ӯ як муддат, дар пайи аз президентӣ истеъфо додани Раҳмон Набиев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва ҳам раҳбари парлумони кишвар буд. Искандаров моҳи ноябри соли 1992 мақоми раиси Шӯрои олиро дар иҷлосияи 16-ум ба Эмомалӣ Раҳмон супурд ва баъди тарки ин мақом чандин сол ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва Қазоқистон кор кард

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hmv4uxebqejmqztrvmc-wa-article

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват …