Главная / Ҷамъият / АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР СОЛҲОИ 2016-2020 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “30” декабри 2015, № 790 тасдиқ шудааст

  1. МУҚАДДИМА
  1. Дар марҳилаи кунунии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд роҳбари кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем”.
  2. Рушди илм дар ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби Президенти мамлакат ва Ҳукумат дастгирӣ мегардад, консепсияву барномаҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул шуда, дастовардҳои муайян ба даст омадааст. Олимони соҳаи кишоварзӣ солҳои охир як зумра навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва зоту ҷинсҳои чорворо офарида, технологияи самараноки парвариш ва ҳифзи онҳоро аз касалиҳою зараррасонҳо тарҳрезӣ намуда, дар истеҳсолот татбиқ карда истодаанд. Ҳамзамон дастовардҳои илми кишоварзӣ ва хусусан татбиқи онҳо барои рушди самараноки истеҳсолоти кишоварзӣ ҳоло басанда нест.
  3. Бинобар ин илми кишоварзӣ дар шароити ҳозира бояд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ бештар мусоидат намояд. Ҳамзамон дар рушди илми кишоварзӣ масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд, ки онҳо ба дастгирии давлатӣ ниёз доранд. Барномаи мазкур тибқи супориши банди 31 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2015, № 21 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015”, бо мақсади ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. ВАЗЪИ КУНУНИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд -АИКТ) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз 19 июли соли 1991, № ФП – 173 ва Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 сентябри соли 1991, № 294, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ, беҳтар намудани таъмини илмии рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва ҳамоҳангсозии он, мусоидат намудан ба бештар кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсис ёфтааст. Ҳоло ба сохтори АИКТ 7 институти илмии соҳавӣ (зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ, масоили амнияти биологӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ), 3 маркази илмӣ (Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво ва Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ) ва 26 шабакаи филиалу стансия, пойгоҳ ва хоҷагиҳои таҷрибавии муассисаҳои илмӣ шомиланд.
  2. Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти АИКТ аз инҳо иборатанд:

– офаридани навъу дурагаҳои серҳосили зироатҳо, дарахтони мевадиҳандаву ток, зоту типҳои сермаҳсули чорво;

– гирд овардан, омўхтану нигоҳ доштани захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳамавлоди ёбоии онҳо, чорвои кишоварзӣ ва микроорганизмҳои иллатангез;

– коркарди технологияи самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаву ток ва ҳайвоноти кишоварзӣ;

– коркарди усулҳои самараноки ҳифзи растаниҳо ва чорво аз касалиҳою зараррасонҳо;

– таҳияи усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва пешгирии он аз таназзулёбӣ ва шўршавӣ;

– тарҳрезӣ ва такмили мошину олотҳои кишоварзӣ;

– гузаронидани таҳқиқот оид ба масъалаҳои пешбурди иқтисодиёти кишоварзӣ;

– ҳамоҳангсозии илми кишоварзӣ дар муассисаҳои Комплекси агросаноатӣ;

– тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ;

– тарғиб ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ.

  1. Ҳоло дар муассисаҳои илмии АИКТ 1114 корманд, аз он ҷумла 512 ходими илмӣ, аз онҳо 29 доктор ва 115 номзади илм, 5 академик ва 8 аъзои вобастаи АИКТ ба таҳқиқотҳои илмӣ машғул мебошанд.
  2. Дар давраи солҳои 2011-2015 муассисаҳои илмии АИКТ оид ба таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гаштанд.
  3. Дар соҳаи зироаткорӣ 72 навъи зироатҳои кишоварзӣ офаридашуда, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд ва аз онҳо 25 навъи зироатҳо минтақабоб гардиданд. Аз тарафи олимон 7 технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ гардид. Роҳҳои самараноки афзоишдиҳии тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи онҳо аз касалию ҳашаротҳои зараррасон бо истифода аз усулҳои интегратсионӣ коркард ва тарҳрезӣ шудааст. Коллексияи навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ва интродуксияшуда ба 11314 номгўй расонида шуд.
  4. Дар соҳаи боғу токпарварӣ ва сабзавоткорию картошкапарварӣ олимони АИКТ 24 навъи нави серҳосилро офариданд, ки 10-тои онҳо минтақабоб гардиданд. Технологияи дар як сол парвариш намудани ниҳолҳои стандартии дарахтони донакдор ва бунёди боғҳои интенсивии дарахтони донакдору себ дар заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои ҷамъиятӣ тарҳрезӣ гардид. Системаи ҷо ба ҷо гузории навъҳои зироатҳои сабзавотию полизӣ, картошка, дарахтони мевадиҳанда ва ток вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, технологияҳои парвариши картошкаи тухмӣ бо усули генеративӣ ва вегетативӣ аз қаламча ва муғчаҳои бағалӣ, парварши пиёз ба воситаи ниҳолчаю пиёзакҳо, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда бо усули решаи пўшида ва пайванди мобайнӣ, афзоишдиҳии такпайвандҳои қадпаст аз қаламчаи реша ва усули захирасарфкунандаи хушк намудани мева ва ангур тарҳрезӣ гардиданд. Технологияи парвариши зироатҳои сабзавотӣ (пиёз, сабзӣ) бо истифодаи усули кишт дар болои пушта ва парвариши тухмии онҳо дар давоми як сол коркард карда шуд. Усулҳои самараноки ҳифзи дарахтони мевадаҳандаю ангур ва сабзавоту картошка аз касалию зараррасонҳо тарҳрезӣ гардид.
  5. Оид ба механизатсияи соҳаи кишоварзӣ олимони АИКТ 5 мошину олоти муштарак оид ба коркарди сифрии хок ва ворид намудани нуриҳои минералӣ, кашидани палу пуштаҳо ихтироъ намуда, механиконии кори байни қаторҳои боғу токзорро дар заминҳои обёришаванда такмил доданд. Инчунин 4 арзномаи ихтироот доир ба такмили мошинолотҳои механиконии истеҳсолоти кишоварзӣ ба Маркази миллии патенту иттилоот пешниҳод гардида, қарори мусбӣ гирифта шуд.
  6. Дар соҳаи хокшиносӣ усулҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо, технологияи рўйпўшкунии суфазинаҳо дар боғу токзорҳо, кишти тасма-тасмагии зироатҳои кишоварзӣ, роҳҳои истифодабарии самараноки захираи намии боришоти табиӣ ва меъёрҳои истифодабарии нуриҳо, усулҳои ба танзим даровардани обёрӣ, пешгирии шўршавии дуюмбораи заминҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, технологияи нави обмонии зироатҳои кишоварзӣ дар нишебизаминҳо, усули истифодабарии мелиорант-гулбутта дар самти баланд бардоштани ҳосилхезии хок истифодаи биозаҳкашҳо барои паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, тарҳрезии шакли электронии “Харитаи хокҳои Тоҷикистон” таҳия ва ба роҳ монда шуданд.
  7. Дар соҳаи чорводорӣ зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ офаридашуда, хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои гову гўсфандон, қутосҳои экотипи помирӣ ва кросси мурғони дар ҷумҳурӣ парваришёбанда такмил дода шуданд. Инчунин гурўҳҳои селексионӣ ва ҷавҳари зотии говҳои сергўшт ва гўсфандон дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ интихоб гардида, таҳқиқоти мақсаднок оид ба офаридани зоти гўсфандони маҳинпашми дарвозӣ, ҷинси шаҳринавию регарии гўсфанди зоти ҳисорӣ ва навъи тоҷикии говҳои сергўшт, зоти маҳаллии занбўри асал идома дорад. Меъёрҳои самараноки хўронидани чорво ва истифодаи чарогоҳҳо муайян карда шуд.
  8. Дастовардҳои олимони АИКТ дар соҳаи тибби ветеринарӣ. Зиёда аз 30 адад ҳуҷҷати меъёрию техникӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои ҳайвоноту паранда тарҳрезӣ карда шуд. Инчунин технологияи истеҳсоли 9 ваксинаю 12 маводи ташхисию табобатӣ ба роҳ монда шуд. Зиёда аз 125,7 ҳазор воя ваксина бар зидди касалиҳои сироятии чорво ва 16 ҳазор вояи дигар доруҳои ветеринарӣ ба таври таҷрибавӣ истеҳсол гардида, барои санҷиш ба хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд, ки аксари онҳо дар истеҳсолот татбиқи худро ёфта, самараи хуб нишон доданд.
  9. Усулҳои ташхиси тафриқавӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунандаю инвазионии ҳайвонот таҳия гардида, дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуданд. Мониторинги эпизоотологии касалиҳои хавфноки сирояткунандаи ҳайвонот дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ гузаронида шуда, тартиби ташкили минтақаи буферӣ баҳри эмин нигоҳдоштани кишвар аз патогенҳо пешниҳод карда шуд. Хосиятҳои штаммҳои барангезандагони касалиовари ҳайвоноту паранда ва штаммҳои микроорганизмҳои фоидаовари маҳаллӣ омўхта шуда, барои ташкили бонки миллии захираҳои генетикии микроорганизмҳо замина гузошта шуд. Дар асоси Bacillus subtilis самти нави илмии тайёр намудани доруҳои микробиологӣ-пробиотикҳо ҷорӣ гардид.
  10. Оид ба иқтисодиёти соҳаи кишоварзӣ олимони АИКТ моделҳои пешрафт, инкишофи босуботи иқтисоди аграрӣ ва иқтисодиёти кўҳистон, Консепсияҳои сиёсати аграрии Тоҷикистон, истифодабарии замин ва ташаккули хоҷагии қишлоқи навро тарҳрезӣ намуданд. Барномаи ислоҳоти аграрии Тоҷикистон то соли 2020 ва Консепсияи инноватсионии пешрафти Комплекси агросаноатӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
  11. Бо дарназардошти масъалаҳои рўзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ самтҳои афзалиятдоштаи илми соҳавӣ муайян ва лоиҳаи 56 мавзўи илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 20162020 тарҳрезӣ гардида, ба Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд.
  12. Олимони АИКТ дар асоси дастовардҳои илмӣ дар солҳои 2011-2014 ва нимсолаи аввали 2015 дар маҷмуъ соҳиби 55 патент ва 71 шаҳодатномаи муаллифию беҳсозӣ гардиданд.
  13. Дар ин давра муассисаҳои илмии АИКТ оид ба тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос чораҳо андешида, дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ 78 рисолаи илмӣ, аз он ҷумла 15 докторӣ ва 63 номзадӣ дифоъ шудааст. Бо мақсади афзун намудани иқтидори илмӣ “Дурнамои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва бозомўзии онҳо барои солҳои 2015-2024” аз тарафи Раёсати АИКТ тасдиқ карда шуд. Аз ҷониби муассисаҳои илмии АИКТ 146 конференсияи байналмилалӣ, ҷумҳуриявию минтақавӣ гузаронида шуда, олимон зиёда аз 1090 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 86 китобу монография ва 181 тавсияю дастурро нашр намуданд. Инчунин онҳо оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ дар воситаҳои ахбори омма зиёда аз 670 маротиба баромад намуданд.
  14. Олимони муассисаҳои илмии АИКТ дар тарҳрезии 7 барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2016-2020 фаъолона иштирок намуданд.

3. МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ РУШДИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Дар рушди АИКТ ҳоло масъалаҳои ҳалталаб дар таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва воҳидҳои онҳо, афзун намудани иқтидори илмӣ, тарҳрезии технологияҳои муосири кишоварзӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ғайра вуҷуд доранд.
  2. Зиёда аз 80% маблағҳое, ки аз буҷаи давлатӣ ба муассисаҳои илмии АИКТ ҷудо мешаванд, онҳо барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоию нафақа равона карда шуда, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва хариди маводи ташхисӣ, таҳкими заминаи моддию техникии хоҷагиҳои таҷрибавӣ аз захираҳои дохилии муассисаҳои илмӣ имконнопазир мебошад. Бинобар ин дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмии АИКТ таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ барои гузаронидани ташхисҳои дақиқ, муайян намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва ирсияти чорво, истифодаи технологияи саноатии истеҳсоли маводи биологӣ ба таври зарурӣ дастрас нашудааст. Таҷҳизоти мавҷудаи муассисаҳои илмии АИКТ ба раванди таҳқиқотҳои илмии муосир пурра ҷавобгў нест. Дар натиҷа сатҳи гузаронидани корҳои илми таҳқиқотӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас имконият намедиҳанд.
  3. Дар баробари ин таъминоти муассисаҳои илмии АИКТ бо олимони дорои дараҷаи илмӣ ҳамагӣ 30%-ро ташкил медиҳад, ки барои таъмини иҷрои самараноки корҳои илмию таҳқиқотӣ нокифоя мебошад. Бо сабаби паст будани маошу унвонпулии кормандони илмӣ, набудани манзили зисту хобгоҳ барои аспирантону олимони ҷавон ва шароити дигари иҷтимоӣ, ҷалб намудани мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба корҳои илмӣ, торафт мушкил шуда истодааст. Бозомўзии олимони ҷавон дар раванди тахассусҳои афзалиятнок, махсусан дар марказҳои бонуфузи илмии хориҷи кишвар бо сабаби норасоии маблағҳо мушкил гардидааст.
  4. Қайд намудан лозим аст, ки ҳоло ҳавасмангардонии олимон барои офаридани навъҳои нави зиротаҳои кишоварзӣ ва зоту ҷинсҳои чорво, тарҳрезии маводи биологӣ, ихтирои мошину олотҳои кишоварзӣ, таклифҳои беҳсозию навоварӣ, низоми ноил гаштан ба дараҷаҳои илмӣ, ба табъ расонидани китобу монографияҳо нокифоя ба роҳ монда шудааст.
  5. Дар аксари муассисаҳои илмии АИКТ биноҳои маъмуриву озмоишгоҳҳо бо сабаби ҷудо нашудани маблағҳои зарурӣ таъмирталаб буда, таъминоти қитъаҳои таҷрибавии институтҳо бо лавозимот, нақлиёту техникаи муосири кишоварзӣ нокифоя мебошад.

4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

  1. Мақсади асосии Барнома баланд бардоштани сифату самаранокии таҳқиқотҳои илми кишоварзӣ ва рақобатпазирии натиҷаҳои онҳо дар шароити имрўзаи ислоҳоти соҳа, тарғибу татбиқи дастовардҳои илмии мусоидаткунанда ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.
  2. Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ мешавад:

– гузаронидани таҳқиқотҳо дар самтҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ;

– ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосир;

– тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар самтҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ ва бозомўзии онҳо;

– беҳтар намудани тарғибу татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ;

– густариши ҳамкориҳо оид ба иҷрои таҳқиқотҳои бунёдиву амалӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таълимии ватанию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

– такмили сохтор ва идоракунии муассисаҳои илмии АИКТ.

5. САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ИЛМИ КИШОВАРЗӣ

  1. Олимони АИКТ бо дарназардошти масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ самтҳои афзалиятноки рушди илми кишоварзиро тарҳрезӣ намуданд, ки онро ба “Номгўи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ворид карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.12.2014, № 765 тасдиқ гардиданд. Тибқи номгўи таҳқиқотҳо дар муассисаҳои илмии АИКТ барои ҳалли масъалаҳои зерин равона карда мешаванд:

селексия ва биотехнологияи зироатҳои кишоварзӣ ва чорво вобаста ба тағйирёбии иқлим;

коркарди технологияи захирасарфакунанда ва инноватсионии ҳосилхезгардонии хок, парвариши зироатҳои кишоварзӣ, чорво ва муҳофизати интегралии онҳо аз касалию ҳашаротҳои зараррасон;

бунёди генофонди маҳаллии зироатҳои кишоварзӣ, ҳайвонот ва микроорганизмҳо;

биотехнологияи муосири истеҳсоли маводи биологӣ бар зидди касалиҳои ҳайвоноту растанӣ ва таъмини бехатарии беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ;

таҳияи пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани самараи иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ.

6. САМТҲОИ АСОСИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

  1. Барои амалигардонии Барномаи мазкур гузаронидани корҳои зерин дар бахшҳои илми кишоварзӣ ва самтҳои мухталиф пешбинӣ мегарданд.
  2. Дар бахши зироаткорӣ. Гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба офаридани навъу дурагаҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тухмипарварӣ ва технологияи муосири парвариши пахта, ғалладонагиҳо, лўбиёгӣ, хўроки чорво, зироатҳои равғандиҳанда, шолӣ, тамоку ва кирмаки абрешим, агрохимия, муайян намудани усули меъёрҳои самараноки обёрии зироатҳои кишоварзӣ ба мақсад мувофиқ аст.
  3. Таҳия намудани технологияи самараноки парвариши зироатҳои мобайнӣ, нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳосилхезии замин, рўёнидани ҳосили баланду хушсифати зироатҳои кишоварзӣ дар шароити заминҳои обёришаванда ва лалмии минтақаҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.
  4. Навъу дурагаҳои ба гармӣ, хушкӣ ва камобӣ тобовари зироатҳои кишоварзӣ, ки дар шароити дигаргуншавии иқлим ҳосили аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок медиҳанд, офарида мешаванд.
  5. Муайян намудани меъёр ва усулҳои истифодабарии самараноки нуриҳо дар парвариши зироатҳо, бо дарназардошти сатҳи ҳосилхезии заминҳо дар кишти асосӣ ва такрорӣ, гирифтани 2 ҳосили дон дар давоми сол, таҳияи усулҳои муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалию зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, ихтироъ ва такмили мошину мошинолот барои коркарди хок, мувофиқи мақсад мебошад.
  6. Дар бахши боғпарварию сабзавоткорӣ. Корҳои илмию таҳқиқотӣ доир ба офаридани навъҳои дарахтони мевадиҳандаю ангури ба шароити экологӣ устувор, такмилдиҳии технологияи парвариши онҳо дар заминҳои лалмии бо нами таъмин, мукаммалгардонии технологияи парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, бунёди боғҳои интенсивӣ, интихоби навъу намунаҳои беҳтарини дарахтони мевадиҳанда ва ангур, технологияи механиконии парвариши онҳо дар минтақаҳои гуногун, технологияи коркарди мева, офаридану интихоби навъу намунаҳои серҳосили зироатҳои сабзавотию полизӣ ва картошкаи ба тағйирёбии иқлим мутобиқ, такмилдиҳии тухмипарварию технологияи парвариши онҳо, муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасон равона мегардад.
  7. Дар бахши омўзиши захираҳои генетики растаниҳо. Гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва омўзиши хусусияти селексионию морфоботаникии навъу намунаҳои зироатҳои ғалладонагиҳо, лубиёдонагиҳо, хўроки чорво, зироатҳои техникӣ, сабзавоти полизӣ, пахта, навъу намунаҳои дарахтони мевадиҳандаи ватанию хориҷӣ ва ҳамавлоди ёбоии онҳо дар шароити Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.
  8. Дар бахши хокшиносӣ ва агрохимия. Таҳқиқотҳо дар бахшҳои баланд намудани ҳосилхезӣ ва беҳдошти замин, истифодаи самараноки хок дар шароити нави заминистифодабарӣ, омўзиши таъсири нуриҳои микробиологӣ ба хусусиятҳои хок, коркарди усулҳои беҳдошти хоки шўр, такмилдиҳии усулҳои баҳодиҳӣ ва технологияи мубориза бо таназзулёбии хок, истифодабарии самараноки нишебизаминҳо ва коркарди чорабиниҳо доир ба ҳифзи агроэкологии заминҳои дуборашўршуда ва санглох, истифодаи технологияҳои геоинформатсионӣ барои харитасозӣ ва истифодабарии самараноки хок гузаронида мешаванд.
  9. Дар бахши механиконии истеҳсолоти кишоварзӣ. Таҳқиқотҳо доир ба ихтироъ ва такмили мошинолотҳои хурди муштарак барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ равона мегарданд. Дар натиҷа мошинолотҳои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ихтироъ карда мешаванд.
  10. Дар бахши чорводорӣ. Барои рушди соҳаи чорводорӣ гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва илмию селексионӣ дар самтҳои такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ҷинсу зотҳои дар кишвар парваришёбандаи чорво, офаридани авлодҳо, ҷинсҳо ва зотҳои нави сермаҳсул, тарҳрезӣ ва таҳияи технологияи самараноки пешбурди соҳа ба мақсад мувофиқ аст. Барои ин мақсад таҳқиқотҳо оид ба офаридани зоти тоҷикии говҳои сиёҳало, зоти тоҷикии говҳои швитсузебумонанд, ҷинси тоҷикии говҳои сергўшт, ҷинси зарафшонии қутосҳо, ҷинси шаҳринавии гўсфандони ҳисорӣ, ҷинси сури гўсфандони қарокулӣ, зоти тоҷикии занбўри асал ва муайян намудани кроссу зотҳои сермаҳсули парандаҳои кишоварзӣ равона мегарданд.
  11. Таҳқиқотҳо дар бахшҳои омўзиши ғизонокии хўроки чорво, тадбирҳои беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳо ва истифодаи самараноки онҳо, тарҳрезӣ ва таҳияи меъёру вояҳои пурбаҳо хўронидани намудҳои чорво, паранда ва моҳӣ мутобиқ ба имконияту захираҳои ҷумҳурӣ, усулҳои биотехнологияи чорво, бунёди бонки нутфа ва ҷанини зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда гузаронида мешаванд.
  12. Дар бахши тибби ветеринарӣ ва амнияти биологӣ. Барои пешравии илми ветеринарӣ омўзиши сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сирояткунандаю инвазионӣ, хусусиятҳои хоси барангезандаҳо ва ҳассосияти онҳо, такмил ва татбиқи усулҳои самараноки назорати ветеринарию беҳдоштӣ ва бехатарии маводи хўрока, тарҳрезии технологияи истеҳсоли доруҳои микробиологию кимиёвӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии онҳо бисёр муҳим аст.
  13. Бо мақсади таъмини амнияти биологии ҷумҳурӣ гузаронидани мониторинги бемориҳои басо хавфноки ҳайвоноту паранда, зоонозӣ ва инвазионӣ дар ҳудуди кишвар ва давлатҳои ҳамсоя, гузаронидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи биотехнологияи ҳуҷайра, ҷудосозию нигоҳдории штаммҳои бемориҳо ва дар асоси онҳо тарҳрезию такмил додани технологияи истеҳсоли маводи пешгирикунанда, ташхис ва табобатии бемориҳои ҳайвоноту паранда мувофиқи мақсад мебошад.
  14. Дар бахши иқтисодиёти кишоварзӣ. Гузаронидани таҳқиқи проблемаҳои гуногуншаклии моликият ва хоҷагидорӣ дар бахши аграрии ҷумҳурӣ, таҳлили самаранокии рушди бахшҳои кишоварзӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба танзими давлатии муносибатҳои бозори маҳсулоти озуқавории кишоварзӣ, хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ, асоснок намудани меъёр ва ояндабинии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, баҳодиҳии иқтисодии захираҳои табиии заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ муҳим мебошад.
  15. Дар муассисаҳои АИКТ ҳоло бо корҳои илмию таҳқиқотӣ 512 ходими илмӣ, аз он ҷумла 29 доктор ва 115 номзади илм машғуланд. Инчунин аз дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ 19 доктор ва 17 номзади илм ҳамчун ҳамкор, барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд.
  16. Дар АИКТ 107 нафар аспирант (67 нафар дар шуъбаи рўзона, 40 нафар дар шуъбаи ғоибона) ва 16 нафар магистрҳо таҳсил карда истодаанд. Аз шумораи умумии аспирантҳо занҳо 27 нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин 21 нафар унвонҷўён ва як нафар докторант таҳсил менамоянд.
  17. Таъминоти муассисаҳои илмии АИКТ бо олимони дорои дараҷаи илмӣ дар бахшҳои гуногун ҳоло 30%-ро ташкил медиҳад, ки ба талабот ҷавобгў нест. Бо сабаби паст будани шароити моддию иҷтимоӣ ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмӣ ва нигоҳ доштани онҳо мушкил шудааст. Дар муассисаҳои илмии АИКТ синну соли миёнаи номзадони илм 42 ва докторони илм 63 солро ташкил намуда, ҷавонони унвони илмидошта то сини 35-сола, ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад, ки ин ташвишовар аст.
  18. Бо мақсади афзун намудани иқтидори илмии АИКТ “Дурнамои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва бозомўзии онҳо барои солҳои 2015-2024” тасдиқ карда шудааст.
  19. Барои амалӣ намудаи барномаи мазкур ҳалли масъалаҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

ташкил намудани докторантураи PhD аз рўи ихтисос дар назди муассисаҳои илмии АИКТ;

беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ оид ба аспирантура ва докторантура;

ташкили Шўроҳои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадию докторӣ ва доктори PhD дар назди муассисаҳои илмии АИКТ оид ба бахшҳои илмии зироаткорӣ, хокшиносию агрохимия, чорводорӣ, тибби ветеринарӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ ва ғайра;

тайёр намудани олимони ҷавон ва бозомўзии онҳо дар бахшҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ дар муассисаҳои илмию таълимии бонуфузи хориҷи кишвар;

ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ба корҳои илмӣ, роҳбарони аспирантону докторантон барои сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ;

таъсиси унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳо ба номи олимони варзидаи бахшҳои гуногуни кишоварзӣ барои дастовардҳои назарраси илмӣ;

ташкил намудани курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ;

таъмиру ҷиҳозонидани хобгоҳи магистру аспирантон, докторантон ва олимони ҷавон;

андешидани чораҳо ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои манзили зисти олимон.

  1. Олимони АИКТ дар солҳои 2014 ва 2015 бо мақсади тарғибу татбиқи дастовардҳои илмӣ оид ба масъалаҳои рўзмарраи рушди кишоварзӣ зиёда аз 580 кори илмӣ, аз он ҷумла 28 китоб ва 83 тавсияномаю дастур аз чоп бароварданд. Инчунин бо ташаббуси муассисаҳои илмии АИКТ 67 конференсияю семинар гузаронида шуд ва олимон дар кори 177 конференсияю семинари ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.
  2. Оид ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаҳои кишоварзӣ олимон ба воситаи ахбори омма 225 маротиба баромад намуда, тавсияву дастурҳоро ба деҳқонону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ пешниҳод намуданд.
  3. Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки дар шароити имрўзаи рушди кишоварзӣ корҳо оид ба тарғибу ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, ёрии машваратию амалии олимон бояд бештар шавад. Бо ин мақсад андешидани чораҳои зерин зарур мебошад: ташкил намудани маркази иттилоотию тарғиботӣ ва татбиқи дастовардҳои илм дар назди АИКТ ва муҷаҳҳазгардонии он бо таҷҳизотҳои муосири иттилоотӣ; ташкилу такмили шуъбаҳои иттилоотӣ, тарғиб ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илм дар муассисаҳои илмии АИКТ; зиёд намудани таҳия ва нашри китоб, тавсияю дастурамалҳо, варақаҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои рўзмараи рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ; ташкили қитъаҳои таҷрибавию намоишии дастовардҳои илми кишоварзӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ; бештар гузаронидани конференсияю семинарҳо ва ташкили баромадҳои олимон доир ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ дар воситаҳои ахбори омма.
  4. Ҳамкориҳои муассисаҳои илмии АИКТ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии ватанию хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими беҳтар кардани сифату натиҷаҳои таҳқиқотҳо, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва бозомўзии онҳо, ворид намудани дастоварду технологияи муосир, муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва беҳгардонии ҳолати моддию молиявии кормандони илмӣ мебошад. Бо дарназардошти ин вусъат баъшидани ҳамкориҳои муассисаҳои илмии АИКТ бо муассисаҳои зерини илмӣ ва таълимии ватанию хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад:

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии соҳавии он;

Институти илмию таҳқиқотии гидротехника ва мелиоратсия (Тоҷик НИИГиМ)-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур;

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино;

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;

Муассисаҳои илмию таълимии соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Муассисаҳои илмии байналмилалӣ ва хориҷи кишвар – Маркази байналмилалӣ оид ба таҳқиқотҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои хушк (ИКАРДА), Маркази байналмилалии захираҳои генетикии мамлакатҳои шимол (СИДА), Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Маркази байналмилалӣ оид ба картошкапарварӣ (СИП), Маркази байналмилалӣ оид ба сабзавоткорӣ (АСИРО), Институти умумиҷаҳонии захираҳои генетикии дарахтони мевадиҳанда (ИПГРИ), Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Маркази байналмилалии илмию техникӣ (МНТС), Институти илмию таҳқиқотии “Назиллӣ”-и Туркия, Академияи илмҳои кишоварзии Синсизяни Ҷумҳурии Хитой.

  1. Бо мақсади пешбурди илми кишоварзӣ дар сатҳи замонавӣ мукаммалсозии сохтори илмию ташкилии муассисаҳои АИКТ талаботи замон мебошад. Дар ин самт ҳалли масъалаҳои зерин зарур аст:

– барқарор кардани марказҳои илмии АИКТ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд;

– таъсиси марказҳои ҳифзи растаниҳо ва машваратию иттилоотӣ дар назди АИКТ;

– таъсиси стансияи таҷрибавии зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара ва дигар воҳидҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳими рушди илми соҳавӣ;

– ба тобеияти АИКТ гузаронидани Стансияи таҷрибавии пиллапарварӣ аз сохтори Институти зироаткорӣ;

– мувофиқгардонии сохтори муассисаҳои илмии АИКТ ба талаботҳои муосири рушди илми соҳавӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ;

– ташкили фонди ғайрибуҷетии рушди илми кишоварзӣ;

– пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барнома;

– андешидани чораҳо ҷиҳати такмили идоракунӣ ва истифодаи самараноки заминҳои муассисаҳои тобеи АИКТ;

– ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи АИКТ.

  1. Бо мақсади баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва оғози таҳқиқотҳо дар самтҳои афзалиятноки илмӣ ташкилу такмили озмоишгоҳҳо тибқи талаботи замон вамуҷаҳҳазгардониии онҳо дар муассисаҳои илмии АИКТ лозим аст.
  2. Дар муассисаҳои илмии АИКТ дар ин раванд ташкилу муҷаҳҳазгардонии чунин озмоишгоҳҳо ба нақша гирифта мешавад:

1) Институти зироаткорӣ

– ташкили озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулоти ғалладонагиҳо, зироатҳои равғанидиҳанда, хўроки чорво, сифати нахи пахта, касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир;

– ташкили озмоишгоҳи биологӣ оид ба ҳимояи растаниҳо.

2) Институти боғпарварию сабзавоткорӣ

– муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳи илмию истеҳсолии биотехнологияи картошка;

– ташкили озмоишгоҳи ташхиси сифати маҳсулоти зироатҳои сабзавотӣ, картошка, мевагӣ ва ангур.

3) Институти хокшиносӣ

– ташкили озмоишгоҳи ташхиси хусусиятҳои обию физикӣ, беҳдошт ва таназзулёбии хок, муҷаҳҳазгардонии он бо таҷҳизотҳои муосир.

4) Институти чорводорӣ

– ташкили озмоишгоҳи таҳлили умумӣ, экология ва генетикаи чорво;

– ташкили озмоишгоҳи ташхиси сифати пашм ва маҳсулоти чорво дар назди филиали институт дар вилояти Суғд.

5) Институти ветеринарӣ

– ташкили озмоишгоҳҳои микобактериозӣ ва биотехнологияи маводи ветеринарӣ, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир.

6) Институти масоили амнияти биологӣ

– ташкили шуъбаи тарҳрезӣ ва истеҳсоли маводи биологию табобатӣ, муҷаҳҳазгардонии он бо хати истеҳсолии саноатӣ;

– таҷдид ва такмили озмоишгоҳҳои мавҷудаи ба талаботи замонавӣ ҷавобгў ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосир.

7) Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ

– ташкили озмоишгоҳи таҷдиду барқароркунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ;

– ташкили озмоишгоҳи генетикаи молекулявӣ;

-ташкили шуъбаи иттилоотӣ ва робитаҳои байналмилалӣ.

8) Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

– ташкили озмоишгоҳи ташхиси воситаҳои техникӣ;

– ташкили шуъбаи таъмири мошинҳо.

7. НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ БАРНОМА

  1. Дар натиҷаи амалӣ шудани мақсаду вазифаҳои Барномаи мазкур дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои замонавӣ ташкил ва мукаммал гардида, онҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, барои беҳтар шудани иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ шароити лозимӣ муҳайё мешавад. Ҳамкории олимон бо муассисаҳои илмии ватанию хориҷӣ пурзўр шуда, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои илмии АИКТ ба талаботи муосир мутобиқ мегардад. Дар натиҷа сифат ва самаранокии таҳқиқотҳои илми кишоварзӣ баланд шуда, татбиқи дастовардҳои он дар истеҳсолот бештар ва ҳиссагузории илми соҳавӣ барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ беҳтар мешавад.
  2. Дар муассисаҳои илмии АИКТ дар солҳои 2016-2020 48 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дархтони мевадиҳандаю ток, 7 зоту навъ ва дурагаҳои чорвои кишоварзӣ ва кирмаки абрешим офарида шуда, зиёда аз 50 технологияи нави парвариши зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаю ток, сабзавот ва картошка, истеҳсоли маводи биологӣ тарҳрезӣ гашта, 6 мошинолоти механиконии кишоварзӣ ихтироъ ва 4 пешниҳод оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ таҳия мегардад. Дар натиҷа 75 патент ва 90 шаҳодатномаи муаллифӣ ва беҳсозӣ ба даст омада, 44 китобу брошюра ва 137 тавсияю дастур нашр мегардад (замимаи 1).

8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маблағгузории Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар доираи маблағҳои барои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешбинишуда, маблағҳои махсуси он, грантҳои фондҳои байналмилалӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда мешавад (замимаҳои 2,3).

Замимаи 1

ба Барномаи давлатии рушди

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

дар солҳои 2016-2020

ДАСТОВАРДҲОИ ЧАШМДОШТИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИКТ

ДАР СОЛҲОИ 2016-2020

Р/т Офаридани навъу дурагаҳои зироатҳо, зоту ҷинси чорво, маводи биологӣ, тарҳрезии технологияҳои нав ва мукаммалгардонии онҳо Патент/

шаҳодат-

номаҳо

Китобу брошюра/

тавсияю дастур

Натиҷаи ниҳоӣ, самаранокӣ Вазорат, муассисаю хоҷагиҳое, ки дастовардҳо татбиқ мегарданд
  Институти зироаткорӣ
1. 9 навъи пахтаи миёнанаху маҳиннах, 8 навъи ғаллагиҳо (гандум, ҷав, тритикале), 6 навъи

лўбиёгиҳо (нахўд, наск, мушунг), 5 навъи зироатҳои равғандиҳанда (зағир, маъсар, офтобпараст), 5 навъи хўроки чорво (юнучқа, ҷуворимакка), 4 навъи тамоку ва шолӣ офарида мешаванд

 

37 патент,

34

шаҳодатномаи муаллифӣ

 

6/22

Дар натиҷаи корҳои селексионӣ навъҳои серҳосилу ба касалиҳову хушксолӣ тобовари зироатҳои кишоварзии дорои хусусиятҳои ба дигаргуншавии иқлим мутобиқ офарида мешаванд. Дар зинаи аввали тухмипарварӣ тухмиҳои хушсифати онҳо истеҳсол мегарданд, ва дар хоҷагиҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ қитъаҳои намоишӣ ташкил карда мешаванд Вазорати кишоварзии ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
2. Технологияи самараноки парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва истифодаи заминҳои обию лалмӣ коркард карда мешавад 3 патент,

9

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/4 Меъёрҳои мусоиди воридсозии нуриҳои маъданию органикӣ ва обёрӣ, инчунин усулҳои нави истифодаи самараноки заминҳои обию лалмӣ таҳия карда мешаванд Вазорати кишоварзии ҶТ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
3. Навъҳои дарахтони серҳосили тут ва зоту дурагаҳои сермаҳсули кирмаки абрешим офарида мешавад 7

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/4 Зоту дурагаҳои серҳосили дарахти тут ва кирмаки абрешим офарида шуда, дар хоҷагиҳои кирмакпарварии ҷумҳурӣ татбиқ гардонида мешаванд Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ

 

Институти боғпарварию сабзавоткорӣ
1. 8 навъи нави дарахтони мевадиҳандаю ток, зироатҳои сабзавотию полизӣ ва картошка офарида мешаванд 8 патент,

16

шаҳодатномаи муаллифӣ

4/15 Навъҳои дорои маҳсулнокии баланд, ба талаботи бозор мувофиқ ва хусусияти содиротӣ дошта офарида мешавад Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
2. Технологияи самаранокии парвариши дарахтони мевадиҳандаю ниҳол, ток, зироатҳои сабзавотию полизӣ ва картошка тарҳрезӣ мегардад. 2

шаҳодатномаи муаллифӣ

3/5 Технологияи муосири парвариши дарахтони мевадиҳанда ангур, зироатҳои сабзавотию полезӣ, картошка таҳрезӣ мегардад ва татбиқи онҳо имконият медиҳад, ки маҳсулнокии навъу намунаҳо баланд гардад Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
3. Технологияи парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхона коркард ва мукаммал гардонида мешавад 2

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/4 Технологияи муосири парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхона мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ин барои баланд гардидани самаранокии истеҳсолот мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
4. Технологияи муосири хушконидани зардолу, олу ва дигар меваҷот 1 патент 1/2 Истифодаи технологияи муосири хушконидани меваҷот барои баланд гардидани самаранокии истеҳсолот мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
Институти хокшиносӣ
1. Тарҳрезии технологияҳо оид ба беҳдошти заминҳои шўршудаю таназзулгардида ва санглох 1 патент 1/3 Истифодаи технологияҳои беҳдошти хусусиятҳои хок, пешгирии шусташавӣ ва шуршавӣ, таназзулёбии заминҳо барои барқарор ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, Агентии мелиоратсия ва захираҳои об, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
2. Технологияҳои пешгирии шусташавии хок, истифодаи самараноки заминҳои шўршуда, беҳдошти ҳолати мелиоративии замин ва роҳҳои биологии баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо мукаммал гардонида мешавад 2 патент 4/5 Татбиқи технологияҳои самараноки пешгирии шусташавии хок, истифодаи самараноки заминҳои шўршудаю беҳдошти ҳолати мелиоративии замин ва роҳҳои биологии баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо барои баланд шудани ҳосилхезии заминҳо ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд

 

Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
3. Ташкили махзани маълумотҳо оид ба тавсифи хокҳо ва тарҳрезӣ намудани харитаҳои таснифотӣ бо усулҳои нави замонавӣ 1 патент 1/2 Таъсиси махзани маълумотҳо оид ба тавсифи хокҳо ва тарҳрезӣ намудани харитаҳои муосири таснифоти хокҳо барои баҳодиҳии сифати хок ва парвариши зироатҳои муайяни кишоварзӣ мусоидат менамояд. Вазорати кишоварзии ҶТ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
Институти чорводорӣ
1. Офаридани зоти тоҷикии говҳои сиёҳало ва швитсузубумонанд 2

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/2 Истифодаи зоти тоҷикии говҳои сиёҳало ва швитсузубумонанд ба 4-10% зиёд шудани маҳсулнокии ширӣ имконият медиҳад Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории вилояти Хатлон ва НТҶ
2. Ба вуҷуд овардани зоти тоҷикии занбўри асал 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/2 Татбиқи зоти тоҷикии занбўри асал барои ба 15-20% зиёд шудани маҳсулнокии онҳо мусоидат менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои занбўриасалпарварии ҷумҳурӣ
3. Офаридани типи зарафшонии қутосҳои Помирӣ 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/2 Истифодаи типи зарафшонии қутосҳои Помирӣ барои ба 10-15% зиёд шудани маҳсулнокии онҳо имконият медиҳад Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории водии Зарафшон
4. Тасдиқи типи шаҳринавии гўсфандони зоти ҳисорӣ 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/2 Истифодаи типи шаҳринавии гўсфандони зоти ҳисорӣ барои беҳтар шудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии онҳо мусоидат мекунад Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории водии Ҳисор
5. Тақвият бахшидани корҳои селексионӣ оид ба офаридани ҷинси тоҷикии говҳои сергўшт 2

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/2 Тақвият бахшидани корҳои селексионӣ оид ба ҷинси тоҷикии говҳои сергўшт барои тасдиқи онҳо замина мегузорад Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои минтақаҳои баландкўҳ
Институти ветеринарӣ
1. Технология ваҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли ваксинаи зидди брутселлёзи чорвои кишо-варзӣ тарҳрезӣ карда мешавад 2 патент 1/3 Самаранокии истифодаи ваксина ба 1 сомонии масрафгардида 2,5 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ
2. Технологияи истеҳсоли мавод бар зидди касалиҳои гелментии чорвои кишоварзӣ мукаммал гардонида мешавад 3 патент 1/3 Самаранокии истифодаи мавод бар зидди касалиҳои ҳелментӣ ба 1 сомонии масрафгардида 3,5 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ
3. Технология ва 5 маводи микробиологӣ ва кимиёвӣ бар зидди касалиҳои ҷавонаҳои чорвои кишоварзӣ тарҳрезӣ карда мешавад 3 патент 1/5 Самаранокии истифодаи маводи мазкур ба 1 сомонии масрафгардида 3,8 сомониро ташкил медиҳад Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ
4. Такмили усулҳои пешгирии касалиҳои бештар паҳнгаштаи сироятии парандаҳо, занбури асал ва моҳӣ 2 патент 1/3 Самаранокии истифодаи усулҳои такмилёфта ба 1 сомонии масрафгардида 2,4 сомониро ташкил медиҳад Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои парандапарварӣ, занбўриасалпарварӣ ва моҳипарварии ҷумҳурӣ
Институти масоили амнияти биологӣ
1. Технология ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли 6 ваксина бар зидди бемориҳои сироятии чорво тарҳрезӣ карда мешавад 2 патент 1/ 5 Самаранокии истифодаи ваксинҳои тарҳрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 5 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ
2. Технология ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли 5 маводи ташхисии бемориҳои чорво тарҳрезӣ карда мешавад 2 патент 1/ 5 Самаранокии истифодаи маводи ташхисии тарҳрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 3 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, озмоишгоҳҳои ветеринарии ҷумҳурӣ
3. Технология ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ оид ба истеҳсоли 7 маводи табобатию кимиёвӣ тарҳрезӣ карда мешавад 2 патент 1/ 5 Самаранокии истифодаи маводи табобатию кимиёвии тарҳрезишуда ба 1 сомонии масрафгардида 4 сомониро ташкил менамояд Вазорати кишоварзии ҶТ, хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ
Институти иқтисодиёти кишоварзӣ
1. Таҳияи пешниҳод оид ба баланд бардоштани самараи иқтисодии маҷмўи хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/4 Истифодаи пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани фаъолияти маҷмўи хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани самараи иқтисодии истеҳсолот ба 20-22 % мусоидат мекунад Вазорати кишоварзии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ

 

2. Таҳияи нақшаи таъминоти бозорҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бо назардошти талаботи аҳолӣ

 

 

1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/3 Татбиқи нақшаи таъминоти бозорҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ барои беҳтар намудани таъмини талаботҳои аҳолӣ бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ба 18-20% имконият медиҳад Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ, бозорҳои кишоварзӣ
3. Муайян намудани хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ва таҳияи консепсияи низоми иқтисодии хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/2 Омўзиши хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ барои муайян намудани вазифаҳои хоси иқтисодиву иҷтимоии хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва фарҳанги истеъмолӣ мусоидат менамояд

 

 

Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати тандурустии ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ

 

4. Таҳияи пешниҳод оид ба татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии истеҳсол, коркарду нигоҳдорӣ, фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/4 Истифодаи пешниҳодҳо оид ба татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии истеҳсол, коркарду нигоҳдорӣ, фурўши маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ба 18-20 % имконият медиҳад Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ
1. Коркарди усулҳои самараноки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва омўзиши хусусиятҳои селексионию морфоботаникии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаи маҳаллию мутобиқгардида 6

шаҳодатномаи муаллифӣ

2/5 Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба коркарди усулҳои самараноки ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва омўзиши хусусиятҳои селексионию морфобота-никии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаи маҳаллию мутобиқгардида барои пешбурди корҳои селексионӣ доир ба офаридани навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда мусоидат менамояд Дар Институтҳои зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ ва дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ

 

Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
1. Мошинолотҳои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ихтироъ карда мешаванд 6 патент,

 

1/10 Татбиқи мошинолотҳои каммасраф барои коркарди хок ва кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои беҳтар намудани кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва самаранокии истеҳсолот мусоидат мекунанд Вазорати кишоварзии ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, раёсату идораҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ
Стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир
1. Муайян намудани навъҳои серҳосили пиёз, сабзӣ, картошка ва технологияи самараноки парвариши онҳо дар шароити Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон 3

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/3 Татбиқи навъҳои серҳосили пиёз, сабзӣ, картошка ва технологияи самараноки парвариши онҳо дар хоҷагиҳои ВМКБ барои зиёд шудани ҳосилнокии онҳо ба 20-30% мусоидат менамояд Дар корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолӣ ва аҳолии ВМКБ
2 Коркарди роҳҳои самараноки хп Помирӣ ва технологияи парвариши онҳо 1

шаҳодатномаи муаллифӣ

1/1 Истифодаи роҳҳои самараноки хушзоткунии қутосҳои экотипи помирӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо ба 10-20% мусоидат менамояд. Дар хоҷагиҳои чорводории ВМКБ
               

Замимаи 2

ба Барномаи давлатии рушди

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

дар солҳои 2016-2020

Эҳтиёҷоти муассисаҳои илмии АИКТ барои хариди таҷҳизотҳои замонавии озмоишгоҳию техникӣ ва маводи кимиёвию ташхисӣ

дар солҳои 2016-2020

 

Р/т

 

Номи муассисаи илмӣ

Маблағ, ҳазор сомонӣ Маблағи умумӣ, ҳазор сомонӣ Аз он ҷумла
 

2016

 

2017

 

2018

 

2019

 

2020

аз буҷети давлатӣ, ҳазор сомонӣ дигар манбаъҳо,

ҳазор сомонӣ

аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо
1 Институти зироаткорӣ 151 38 162 41 173 44 190 48 209 54 1110 885 225
2 Институти боғпарварию сабзавоткорӣ 51 13 55 14 59 17 65 17 71 18 380 301 79
3 Институти хокшиносӣ 37 9 40 10 43 12 47 12 52 13 275 219 56
4 Институти чорводорӣ 85 22 90 23 96 24 107 27 117 29 620 495 125
5 Институти ветеринарӣ 39 10 42 10 45 12 50 13 55 14 290 231 59
6 Институти масоили амнияти биологӣ 62 14 66 16 71 17 78 19 86 21 450 363 87
7 Институти иқтисодиёти кишоварзӣ 45 12 48 13 51 13 56 14 62 16 330 262 68
8 Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ 38 10 41 10 44 11 48 12 53 13 280 224 56
9 Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ 105 27 112 28 120 31 132 33 145 37 770 614 156
10 Стансияи кишоварзии Помир 27 8 29 8 31 8 34 9 37 9 200 158 42
  Ҳамагӣ 640 163 685 173 733 189 807 204 887 224 4705 3752 953

Замимаи 3

ба Барномаи давлатии рушди

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

дар солҳои 2016-2020

Талабот барои нашри тавсияю дастур ва китобҳо, гузаронидани коференсияю семинарҳо дар муассисаҳои илмии АИКТ

барои солҳои 2016-2020

 

Р/т

 

Номи муассисаи илмӣ

Маблағ, ҳазор сомонӣ Маблағи умумӣ, ҳазор сомонӣ Аз он ҷумла
 

2016

 

2017

 

2018

 

2019

 

2020

аз буҷети давлатӣ, ҳазор сомонӣ дигар манбаъҳо,

ҳазор сомонӣ

аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо аз буҷаи давлатӣ дигар манбаъҳо
1 Институти зироаткорӣ 30 9 32 10 34 10 37 11 41 12 226 174 52
2 Институти боғпарварию сабзавоткорӣ 22 13 24 7 26 8 29 9 32 10 180 133 47
3 Институти хокшиносӣ 8 2 9 3 10 3 11 3 12 4 65 50 15
4 Институти чорводорӣ 23 7 25 7 27 8 30 9 33 10 179 138 41
5 Институти ветеринарӣ 8 2 9 3 10 3 11 3 12 4 65 50 15
6 Институти масоили амнияти биологӣ 8 2 9 3 10 3 11 3 12 4 65 50 15
7 Институти иқтисодиёти кишоварзӣ 15 5 16 5 17 5 19 6 21 6 115 88 27
8 Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ 16 5 17 5 18 5 20 6 22 7 121 93 28
9 Маркази механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ 2 1 2 1 2 1 3 1 4 1 18 13 5
10 Стансияи кишоварзии Помир 3 1 3 1 4 1 4 1 5 2 25 19 6
  Ҳамагӣ 135 47 146 45 158 47 175 52 194 60 1059 808 251

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015 №790

тасдиқ шудааст

Нақшаи чорабиниҳо

оид ба амалисозии барномаи давлатии рушди академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020

 

т/р

 

Номгўйи чорабиниҳо

 

Муҳлати иҷро

 

Масъулин

1 Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома ва такмили сохтори АИКТ 2016-2017 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ
2 Мукаммалгардонӣ ва иҷрои таҳқиқотҳо дар самтҳои афзалиятноки илми кишоварзӣ 2016-2020 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 Ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосир 2016-2020 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои ҳамкори дохилӣ ва хориҷӣ
4 Тайёр намудани кадрҳои илмӣ вобаста ба талаботи муосири рушди илму истеҳсолоти кишоварзӣ ва бозомўзии онҳо 2016-2020 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фондҳои байналмилалӣ, барномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ
5 Беҳтар намудани тарғибу татбиқи дастовардҳои илми кишоварзӣ ва техникаю технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот 2016-2020 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 Густариши ҳамкориҳо оид ба таҳқиқотҳои бунёдию амалӣ бо муассисаҳои илмию таълимии ватанӣ ва хориҷӣ 2016-2020 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои аграрӣ, миллӣ, тиббӣ ва омўзгории Тоҷикистон, Марказҳои илмии байналмилалӣ
7 Таҳияи лоиҳаҳо барои ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барнома ва пешниҳоди онҳо ба вазорату идораҳои дахлдор 2016-2020 Раёсат ва муассисаҳои илмии АИКТ

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …