Главная / Илм / АҲВАЛӣ

АҲВАЛӣ

0-544-310x165АҲВАЛӣ (Strabismus), олусӣ, ҳолати чашм, ки дар мавриди он хатти биниши як чашм ба чизи дидашаванда равон шуда, чашми дигар бошад, ба тарафи бинӣ ё чакка мегардад.
А. дар натиҷаи ихтилоли ҳамкории мушакҳои чашм пайдо мешавад. Дар синни 2 – 3-солагӣ фаъолияти якҷояи ҳар ду чашм босуръат ташаккул меёбад. А. низ маҳз дар ин давра ба амал меояд. Низоми ҳамкории ҳар ду чашм метавонад зери таъсири осебу бемории мағзи сар, зарбаи рӯҳӣ (тарс), номукаммалии оптикии чашм (дурбинӣ ва наздикбинӣ) вайрон шавад. Ба пайдоиши А. баъзан бемориҳои сироятӣ (сурхча, махмалак, хуноқ, грипп ва ғ.) мусоидат мекунанд; кӯдак дар давраи беморӣ бояд китоб нахонад, расм накашад. Дар вақти хондану навиштан хона бояд ба дараҷаи кофӣ равшан бошад.
Ҳангоми А. дар биниш танҳо чашми солим иштирок карда, чашми олус бекор мемонад. Муддати дароз бекор истодани чашм боиси кам шудани қувваи биниши он мегардад (бо истилоҳ амблиопия). А.-ро ҳар қадар зудтар табобат кунанд, имконияти барқарор кардани босира ҳамон қадар зиёд аст. Волидайн ҳамин ки олус будани кӯдакашонро пай бурданд, бояд ӯро фавран ба духтури чашм нишон диҳанд.
Барои табобати А.-е, ки бинобар номукаммалии оптикии чашм пайдо шудааст, духтур ба бемор айнак гирифта гаштанро тавсия медиҳад. Айнак барои босира шароити мусоид фароҳам оварда, дар бартараф намудани А. кӯмак мерасонад. Айнакро ба кӯдакон аз якуним – дусолагӣ таъин мекунанд. Барои фаъолона кор кардани чашми олус чашми сиҳати кӯдакро ба муддати дароз (зиёда аз 4 моҳ) бо болиштаки пахтаву докагӣ (ба чанбараки айнак мениҳанд ё ба пӯсти гирдогирди чашм мечаспонанд) маҳкам мекунанд. Дар баробари ин, чашми олусро машқ додан лозим аст.
Агар дар давоми 1 – 2 соли гирифтани айнак А. бартараф нашавад, пас онро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Барои ҷарроҳӣ синни 4 – 6-солагӣ мувофиқ аст. Моҳияти асосии чунин ҷарроҳӣ дар он мебошад, ки яке аз мушакҳои ҳаракатовари ғӯзаи чашм суст ё баръакс пурзӯр карда мешавад. Аксар вақт ҷарроҳӣ А.-ро бартараф мекунад, вале барои барқарор сохтани ҳамкории мӯтадили ҳар ду чашм машқҳои махсус лозиманд. Мақсад аз онҳо «тарбия кардани» одатҳои муқаррарии ба чашми солим хос мебошад. Табобати А. солу моҳҳои зиёд давом карда, сабру тоқат ва устувории волидайну худи беморро металабад.
Саривақт тафтиш кардани босира тадбири асосии пешгирии А. аст. Агар кӯдак ба ашё хам шуда нигоҳ кунад ё онҳоро ба чашм наздик оварда бинад, ӯро ба духтури чашм нишон додан лозим аст. Духтур дар сурати зарурӣ айнак гирифта гаштанро маслиҳат медиҳад (кӯдакон ба айнак зуд одат мекунанд). Тадбирҳои беҳдошти умумӣ – мунтазам сайру гашт кардан, тоза нигоҳ доштани ҳавои хона, дуруст ташкил кардани истироҳати тобистона, машғул шудан бо варзиши ҷисмонӣ барои пешгирии А. заминаи мусоид фароҳам меорад. Тамоми он чизҳое, ки саломатии кӯдакро пойдор месозанд, ба пайдоиши А. монеъ мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …