Главная / Биология / Аҳамияти лучтухмон дар табиат ва хоҷагии халқ

Аҳамияти лучтухмон дар табиат ва хоҷагии халқ

Олами наботот дар рӯи Замин сарчашмаи ҳаёт мебошад. Дар ҳақиқат, мавҷудият ва фаъолияти ҳаётии инсон, ҳайвонот ва микроорганизмҳоро бе мавҷудияти он “уқёнуси сабз”, ки растаниҳо онро ба вуҷуд овардаанд, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Наботот тамоми мавҷудоти зиндаро бо гази оксиген таъмин мекунад. Ба туфайли раванди фотосинтез растаниҳои сабз атмосфераро бо оксиген бой гардонда, инчунин ҳаворо аз микдори барзиёди гази карбонат ва дигар омехтаҳои газҳои зарарнок тоза нигоҳ медоранд.

botanika_6

Растаниҳои сӯзанбарг дорои аҳамияти калон буда, дар табиат ва хоҷагии халқ мавқеи махсус доранд. Арча, санавбар ва дигар сӯзанбаргон қобилияти баланди мустаҳкам кардани хокро дошта, онро аз шусташавӣ нигоҳ медоранд. Инчунин, бешазори дарахтони сӯзанбарг ба монанди ҷангалҳои дарахтони паҳнбарг ба зуд обшавии барф монеъ гардида, бо ин восила заминро сернам нигоҳ медоранд.

Ҳар сол миллионҳо метри мукааб чӯб тайёр карда мешавад, ки қариб 80%-и онро ҷангалҳои сӯзанбарг медиҳанд. Чӯби дарахтони сӯзанбаргро дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли асбобҳои мусиқӣ, мебел, сохтани кӯпрукҳо, мустаҳкам намудани даромадгоҳи конҳо ва ба сифати симчӯб истифода мебаранд.

Дар корхонаҳои химия аз сӯзанбарг зифт мегиранд ва ҳангоми қатрон намудани он ҳалкунандаҳои гуногуни органикӣ, аз қабили спирти техникӣ, атсетон, скипидар, эфир ва ғайраҳо истеҳсол карда мешавад. Аз чӯби санавбар нахи сунъии абрешиммонанд ҳосил мекунанд. Аз чӯби коҷ коғази хушсифат истеҳсол мекунанд.

Ҷангалҳои дарахтони сӯзанбарг ва хусусан арчазорҳо тавассути баргашон ба микдори зиёд моддаҳои зудбухоршавандаро (равғани эфирӣ) хориҷ мекунанд ва бо ин васила ҳавои муҳити сукунаташон- ро аз микробҳои касалиовар покиза нигоҳ медоранд. Масалан, рав- ғани эфире, ки аз як гектар арчазор хориҷ мешавад, барои аз микробҳо тоза нигоҳ доштани ҳавои як шаҳри калон кифоя мекунад. Хусусиятҳои мустаҳкамӣ ва тобоварии чӯби арчаро ба назар гирифта, аз қадимулайём онро барои бунёди биноҳо, сохтани киш- тиҳо, дар саноати автомобилбарорӣ ва мебелсозӣ васеъ истифода мебурданд. Зеро чӯби зифтноки арча нисбат ба таъсири ҳашарот ва микроорганизмҳои пӯсонанда хело устувор мебошад. Мутаас- зифона, дар натиҷаи фаъолияти ғайриоқилонаи инсон сол аз сол арчазорҳо кам шуда истодаанд. Бинобар он, дар миқёси ҷаҳон ис- тифодаи чӯби арча дар истеҳсолоти хоҷагии халқ манъ карда шудааст. Буридани дарахти арча хиёнати даҳшатнок нисбат ба ин сарвати пурқимату бебаҳои табиат мебошад.

Чалғӯзаи хушбӯю ширини арча, ки дар таркибаш ба ҷуз зифт боз тақрибан 40% қанд дорад, дар саноати хӯрокворӣ ва дорусозӣ ва- сеъ истифода бурда мешавад. Дар таркиби қанди он микдори фруктоза ва глюкоза хеле зиёд аст.

Қиём ва шираи чалғӯзаи арчаро дар соҳаи тиб ҳамчун воситаи балғамрон, пешобовар, дезинфиксиякунанда истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ бошад, чалғӯзаи арчаро дар соҳаи коркарди моҳӣ, консервабарорӣ, гӯшту шир ва қаннодӣ истифода мебаранд.

Равғани эфири аз баргу навдаи арча ба даст овардашуда дорои хусусияти антисептикӣ буда, онро дар соҳаи байторӣ (ветеринарӣ) ва ҳамчун пасткунандаи дард барои табобати касалии тарбод (ревматизм) истифода мебаранд. Дар заминаи равғани эфир балзами арча тайёр карда шудааст, ки воситаи хуби табобати ҷароҳат ба ҳисоб меравад.

Ғайр аз ин, дар баргу навдаи ҷавон, чалғӯза ва пӯстлохи арча ба микдори зиёд моддаи даббоғӣ мавҷуд аст, ки дар саноати чармгарӣ аҳамияти калон дорад.

  1. Растаниҳои сузанбарг дар табиат чӣ аҳамият доранд?
  2. Лучтухмҳоро дар кадом соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мебаранд?
  3. Дар таркиби чалғӯза ва барги арча кадом моддаҳои химиявӣ мавҷуд аст?
  4. Он моддаҳои химиявии ба даст овардашуда дар кадом соҳаҳо мавриди истифода қарор доранд?
  5. Муҳофизати ҳаматарафаи арчазорон чӣ аҳамият дорад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …