Главная / Биология / АҲАМИЯТИ ҲАЙВОНОТИ ШИРХӮР ВА МУҲОФИЗАТИ ОН A3 ТАРАФИ ИНСОН

АҲАМИЯТИ ҲАЙВОНОТИ ШИРХӮР ВА МУҲОФИЗАТИ ОН A3 ТАРАФИ ИНСОН

АҲАМИЯТИ ҲАЙВОНОТИ ШИРХӮР ВА МУҲОФИЗАТИ ОН A3 ТАРАФИ ИНСОН 

Намояндагони ҳайвоноти ширхӯр — ҳайвоноте мебошанд, ки барои қонеъ гардонндани талаботи рӯзафзуни инсон бо хӯрокворӣ, пӯшокворӣ, доруворӣ, зебоӣ, ёрирасонии санитарӣ, боркашӣ ва ғайра аҳамиятноканд. Ғайр аз ин ҳайвоноти ширхӯр барои санҷишҳои биофизиологии ветеринарҳо, духтурҳо, селексионеру генетикҳо организмхои санҷишӣ ба шумор мераванд.

Агар аз ҷиҳати минтақавӣ дида бароем, дар ҳудуди ҷумҳуриамон 86 намуди ширхӯрҳои ёбоӣ дида мешаванд, ки аҳамияту зарари онҳо ба аҳолии деҳот маълуманд. Масалан, дар биёбону нимбиёбонҳо муши думсурхи регзор, оҳу, шағол, гурбаи найзор, гавазни бухороӣ сукунат доранд. Дар обанборҳо ва соҳилҳои он, дар кӯлҳои сунъия ноҳияҳои Колхозобод ва Фархор ҳайвони ба шароити нав мувофиқ кардашуда — нутрия зиндагӣ мекунад.

xorpust

Дар кӯҳсору маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон муши «хонагӣ». калламуши хокӣ, муши паррон, калламуши туркистонӣ зиндагӣ мекунанд. Дар даштҳои доманаи кӯҳҳо кӯрмуш, харгӯшу рӯбоҳ ҳастанд. Дар ҷангалу даштҳои кӯҳӣ гург, қашқалдок, паланг, савсор, хирси малла, хуки даштӣ вомехӯранд. Дар марғзорҳои алпӣ ва буттазорҳон баландкӯҳ (дар баландии аз 2600 то 3500 .м) суғур, харгӯш, муш, бузи кӯҳӣ, архар ё ки гӯсфанди кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд. Дар Помири баландкӯҳ аз ширхӯрҳо хирс, гург, гӯсфанди кӯҳӣ, суғур, харгӯш, мушҳои саҳрой, бузи кӯҳӣ, оҳу, рӯбоҳ, қашқалдок, бабр — ҷамъ 21 намуди ширхӯрҳо ҳаст.

Мувофиқи қонуни муҳофизати табиат миқдори муайяни ҳайвоноти мавҷударо дар мӯҳлату муҳитҳои таъиншуда шикор кардан мумкин аст. Ҷумҳурии мо аз ҳайвонҳои ёбоӣ бой аст.

Ҷинси асосии ҳайвонҳои ширхӯри шикоршаванда ондатра, санҷоб, самур, рӯбоҳ ва ғайра мебошанд.

Дар мамнӯъгоҳҳо (махфузгоҳҳо)-и Бешаи палангон, Ромит саршумори ҳайвоноти нодирро на танҳо нигоҳубин мекунанд, балки тарзи ҳаёт ва рафтори онҳоро меомӯзанд, масъалаҳои муҳими тағйир додани Намудҳоро ба манфиати одам ҳал мекунанд. Чунин чойҳо дар дараи Ромит, водии Вахш, Помир, Кӯлоб низ ҳастанд. Ғайр аз ин аз ҳайвонҳои мӯинадор: самур, рӯбоҳи сиёҳи нуқрагин, норка дар фермаҳои махсус парвариш карда мешаванд. Ба ин мутахассисҳои соҳаи ҳайвонот — селексионерҳо барои парвариш кардани ҳайвонҳои мӯинадори гуногунрангу хушсифаг машғуланд. Ҳоло норкаҳои сафед, сиёҳ, кабуди нуқрагии, марворидрангро ба вуҷуд овардаанд.

Бояд қайд кард, ки то имрӯз аз сабаби шикори худсаронаю бенақша Намудҳои баъзе ҳайвонҳо тамоман ё аксаран нобуд гардидаанд, ки барои барқарор кардан 20-25 сол лозим аст.

Ахамияти санитарии баъзе ҳайвонҳои даррандаи ширхӯр дар он аст, ки ҳайвонҳои касалу лоғар ё ҷасади худмурдаи онҳоро хӯрда, миқдори касалӣ ва барангезандагони касалиҳои байни ҳайвоноту инсонро кам мекунанд.

Аҳамияти зебоии ҳайвоноти ширхӯр аз паррандаҳо ва дигар ҳайвонҳо кам несг. Бисёр ҳайвонҳои ширхӯр ниҳоят шаклу ранги

зебо ва рафторҳои ба худ хоси диққатчалбкунанда доранд, ки онро мо бештар дар ваҳти тамошои боғи ҳайвоноту мамнӯъгоҳҳо, сирк, инчунин хангоми чаридани рама, пода, гала. села, гӯдаи онҳо ё ҳангоми бузкашй пай мебарем. Дар табиат ҳам мушохида кардани рангу овоз, ҳаракату ғамхорӣ ба наслашон ба кас ҳаловат мебахшад.

Дӯстдорони табиатба гӯшаҳои гуногунманзараи Тоҷикнстон барои сайру тамошо рафта, аз наздик ба зебоии олами ҳайвонот шинос мешаванд.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар бораи қатори маймунҳо (гиббон, орангутанг, шимпанзе, горилла) ва одам маълумот диҳед.  2. Дар бораи аҳамияти ҳайвоноти ширхӯр ва муҳофизати он аз тарафи инсон нақл кунед.
  1. Дар бораи гюлен ва наҳангҳо маълумот диҳед.
  2. Олимони номдори соҳаҳои зоологияи ҷаҳонӣ, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …