Главная / Гуногун / АХЛОҚИ ҲАМИДА АЗ ФАРҲАНГИ ВОЛОСТ

АХЛОҚИ ҲАМИДА АЗ ФАРҲАНГИ ВОЛОСТ

Ҳар давру замон садову навои ба худ хос дошта, дар ҳамаи соҳаҳо тағироти куллие ба вуқўъ меорад. Замони мо замони парешонӣ ва таззодҳои тезу тунди иҷтимоию маънавӣ мебошад. Бад-ин рў тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ хеле мавқеъи муҳимро ишғол менамояд. То ахлоқи поку беолоиш дар ҷону зеҳни мардумон нуфуз пайдо накунад, ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ амри муҳол аст. Ин мавзўъ яке аз мавзўъҳои ҷовидонаи адабиёт мебошад. Ва яке аз неъматҳои бузурги маънавии таърих, ки ба халқи тоҷик мерос монда ва имрўз бо он ифтихор мекунад, адабиёти оламшумули гузаштаамон аст. Ин адабиёти гуҳарбори ҳазорсола решаи марзу буми мо мебошад.

duxtaroni-tojik-85Инро гуфтаҳои шоири бузург Гёте тасдиқ мекунад: “Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Каломи ту чун гунбади осмон танҳо ба худ вобаста аст”. Шигифт он ки бо ин ҳама ҷозибаю лутфе, ки адабиёти гузаштаамон дорад, ба анъанот ва русуми мо табдил наёфт ва ва мо аз он дур гаштем. Яке аз нишонаҳои таназзули ҷамъият фосидшавии ахлоқ ва пастравии адабиёту санъат аст. Имрўз аксаран мо озодем гуфта, ҳар суханеро, ки хоҳанд мегўянд, ҳар кореро, ки хоҳанд мекунанд.

Бале, имрўз мо озодем!

Вале ба қавли Ҳиҷозӣ: “Озодӣ вақте аст, ки ихтиёри мо ба дасти ақл бошад”. Мутаассифона имрўз ихтиёри як қисми мардум ба дасти нафс афтодааст. Беҳуда: “Нафс – балои ғафс!” – нагуфтаанд. Он одамро кару кўр мекунад ва ба қаъри чоҳи ҷаҳолат меандозад. Ин гуна одамон чӣ кулфате метавонанд ба сари мо биёранд ва он гоҳ на ба шоҳ мурувватест, на ба гадо.

Тибқи маводи маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 81 фоизи иштирокчиёни тадқиқот сабаби вуҷуд доштани коррупсияро, ки он монеаи асосии пешрафти тамоми соҳаҳо маҳсуб меёбад, дар таназзули ахлоқии ҷомеа донистаанд. Соли 2005 аз тарафи тамоми судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1938 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Аз рўи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон соли гузашта дар ҳудудм вилоят 111 ҳодисаи худкўшӣ ба қайд гирифта шудааст. Ё ин ки имрўз танҳо дар муассисаҳои ислоҳии занонаи шаҳри Норак 500 нафар зан адои ҷазо менамоянд. Дар ҳоле ки Сталин фарҳанги тоҷиконро эътироф карда: “Тоҷикон таърихи бой доранд, лаёқати ташкилотӣ ва сиёсии онҳо дар гузашта барои ҳеҷ кас пўшида нест” – гуфта буд, ин ҳол бениҳоят айб аст. Чунин вазъи маънавию ахлоқии ҷомеъа Президенти мамлакат Эмомалӣ Шарипович Раҳмоновро ба ташвиш овардааст, ки изҳор намуданд: “То даме, ки мо дар тарбияи маънавии ҳамватанонамон, бахусус ҷавонон, пирўз нашавем, дар ҷабҳаҳои дигар ғалаба ба даст оварда наметавонем”.

Ва имрўз ки тоҷикро давлатдорӣ, соҳибдавлатӣ насиб шудааст тақдири фарҳанги ҷумҳурии мо дар дасти ҳар яки мост. Шоир ҳам дуруст фармудааст:

          Ҷаҳонро ин замон парвои мо нест,

          Ба ҷуз мо дар ҷаҳон ғамхори мо кист?

Мо бояд на танҳо фарҳанги худӣ, балки фарҳанги ҷаҳониро ҳам аз худ кунем. Зеро ошноӣ бо адабиёти умумиҷаҳонӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти маънавии ҳар миллат аст. Вале пеш аз он, ки бо дастовардҳои фарҳанги ҷаҳонӣ ошно гардем, сараввал бояд аз фарҳанги хеш бохабар бошем. Мутаассифона бисёриҳо фарҳангро хеле маҳдуд, дар доираи адабиёту санаът ҷойгир месозанд, ки ин ғалат аст. Фарҳанг тамоми паҳлуҳои зиндагиро фаро мегирад. Ва он ваҷҳи асоситарини зиндагии инсон аст. Танҳо фарҳанг метавонад инсонро инсони комил бикунад. Шоир беҳуда нагуфта:

          Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ

          Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

duxtaroni-tojik-55Имрўз эҳёи ахлоқи миллӣ чун обу ҳаво зарур аст. Ин ҷунбиши маънавиро танҳо як адабиёт ба вуҷуд оварда наметавонад. Барои он бояд се хона камар банданд. Хонаи якўм – оила, хонаи дуввўм – боғчаи кўдакон, мактаб, корхонаҳо, хонаи сеюм – ҷамъият. Чуноне ки устод Урун Кўҳзод мегўяд: “Ҳам дар хона, ҳам дар кўча, ҳам дар бозор ва ҳам дар мазор, дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор”.

          Ақли ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,

          Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст.

Бадбахтона дар ҷодаи тарбияи ахлоқӣ чунин ҷамъият вуҷуд надорад.  Имрўз танҳо “гап” ҳаст, вале аз “амал” дарак нест. Оила, боғчаи кўдакон, мактаб, дигар ташкилотҳо ин масаъларо ба сари адабиёт партофта, дар кўчаи бетарафӣ тамошогарӣ мекунанд. Имрўз зарур аст, ки мо ҳама якдилу якзабон шуда, фурсатро аз даст надода, ахлоқӣ миллиро эҳё намоем. То он рўзе, ки ин масъаларо ҳал накунем гумон мекунам осуда хобида наметавонем.

          Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

          Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Ин мисраҳои шоир хушдори ҷиддиест ба мо.

Ҳеҷ шубҳа нест, ки дар ин ҷода мо бояд такя ба арзишҳои фарҳангӣ ва аҷдодии хеш намоем. Ва пеш аз ҳам рў ба китоб биёрем. Дар роҳи аз худ кардани илму дониш, фарҳангу маданият ҳеҷ чиз ҷои китобро гирифта наметавонад. Китоб сухан аст ва Бедил хуб гуфта:

          Ба сарриштаи ваҳми дигар мапеч,

          Ки ғайр аз сухан дар ҷаҳон нест ҳеҷ!

Бояд гуфт, ки имрўз хонанда ба сухани пуртаъсир ниёзманд аст. Мехоҳад хастагии маънавияшро аз сухани башираву лафзи соддаи мардум рафъ намуда, дунёи зебое дарёбад. Оё имрўз чунин асарҳо нестанд? Ҳастанд! Ва боиси хушнудист, ки бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов онҳо чоп мешаванд. Вале адади нашр хеле кам, ҳамагӣ 500 нусха аст, ки ба хонанда намерасад. Аммо чӣ бошад, ки ин нуқта аз мадди назарҳо дур мондааст. Ба фикри ман инро нодида гирифтан гуноҳ мебуд. Бад-ин рў баъзе адибон озурдадил гаштаанд.

          Озурдадилон гўш ба молиш доданд

          В-аз ҳасрату ғам сина ба нолиш доданд.

Арзишҳои воқеъан ҳам арзандаи дар даврони шўравӣ дарёфтаи худро аз даст додем. Аз тарафи дигар корхонаҳои табъу нашр ва нашриётҳои хусусию давлатӣ афзуд. Вале дар баробари таҳлилу тадқиқ, назорати маводи чопшуда, танқиди адабӣ коста гардид. Ин ҳама падидаи нохўш, шўҳратҷўёнро ба майдони адабиёт ворид сохт.

Устод Ибод Файзуло хеле дурусту ба маврид қайд кардааст: “Нависандаҳои навбаромад имрўз хеле зиёд шудаанд. Бо зўри пул китоб менависонанд, том-том, ҷилд андар ҷилд хотираҳо чоп мекунанд, ки ба тавсифу ситоиши корномаҳои худ дар он задухўрдҳои бемаънӣ бахшида шудаанд. Ва аксари онон беғоя, бебунёд буда, одамонро ба ваҳдат не, ба парешонӣ, ба низоҳои навбатӣ илқо мекунанд”.

Онҳо ин навиштаҳои худро санъат пиндошта, ҳатто кўшиши мукофот гирифтан ҳам мекунанд. Ба таъбири Леонид Леонов: “Санъате, ки ба инсон сабақи ахлоқӣ намедиҳад, санъати воло нест, ё ҳатто шояд умуман санъат набошад”.

Як шиносамро бар асари ноўҳдабароӣ аз вазифа сабукдўш карданд. Рости гап, дилам сиёҳ нашуд, афсўс нахўрдам. Зеро ў аз вазифа сўистеъмол намуда, бисёр корҳои ношоям содир намуда буд. Як сол бедарак шуда рафт. Як рўз дар тақ-тақ шуду ба кабинет ў бо дили шоду табъи хуш даромада омад. Аз ҷоям хеста, вохўрдӣ кардем, аҳвол пурсидем.

– “Аввал хешу баъд дарвеш” – гуфтаанд, ҷўраҷон. Дилам об хўрду рост ба назди шумо омадам.

– Хизмат?

– Як китоб навиштам, – бо тантана гуфт ў.

– Не-е! На-аход? – мутаҳайир ба ў нигаристам. – Нависанда мешавам гўй?

– Набошад чӣ?! – гуфт ў дар ҷавоб. – Ман аз дигарон чӣ камӣ дорам?!

Дастнависро ба даст гирифтам. Дусаду панҷоҳ саҳифа. Ё тавба, ин қадар саҳифаро сиёҳ карда, чӣ навишта бошад? Инсоф, адолат, раҳм ё шафқат гуфтанӣ хислатҳо надорад. Шиораш таҳқири одам, талаву тороҷи сарвати халқ буд.

– Эҳ, бародар, ту аз куҷо медонӣ? – ҳайрати маро пай бурда гуфт ў. – Талхии дуди оташдонро мўрӣ медонад. Барои ободии шаҳр ин қадар заҳмате ки ман кашидам, ҳисоб надорад. Вале ба қадрам нарасиданд, хору зорам карданд. Ана ҳамаи ҳаминро рўи қоғаз овардам. Илоҷи таҳрирашро худат наёбӣ, намешавад, ҷўра. Охир ман ғайр аз ту кӣ ҳам дорам?

– Охир, ман аз ўҳдаи ин кор намебароям…

– Э, хоксорӣ ҳам ба ҳаддаш, ҷўраҷон. Охир ту аъзои Иттифоқи нависандагон ҳастӣ. Ҳамин худаш басанда. Худо хоҳад, ин китоб мукофот ҳам мегирад.

Хулласи калом, китобро монда рафт. Аз сатри аввал то ба охир худро васфу ситоиш, дигаронро таҳқиру сиёҳ карда буд. Пас аз чанде омад.

– Барои чопи ин китоб пули калон лозим.

– Ғами пулашро нахўр. Фарзандонамро сари нанг овардам. Қарзу қавола карда оварданд.

Даме аз тиреза ба берун нигаристаму баъд рост ба ў нигариста пурсидам:

– Нашри ин китоб ба ту чӣ лозим?

– Аз ман нишона мемонад, – гуфт ў дар ҷавоб.

Ў ин суханонро чунон бо ифтихор гуфт, ки гўё қаҳрамоние нишон дода бошад.

Ман ба ў чор мира шеъри устод Мирзо Турсунзодаро хондам:

          Ошён гар мегузорў, дар дили инсон гузор,

          Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор,

          Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,

          Ошёни меҳри худ дар мағз-мағзи ҷон гузор.

Вай матлаби маро нафаҳмида:

– Шеъри хуб, – гуфт. – Худат бофтӣ?

Дар ҷавоб ин латифаро гуфтам:

“Шоире пеши Мавлоно Ҷомӣ ғазале хонд ва гуфт:

– Мехоҳам ин ғазалро дар дарвозаи шаҳр овезам, то шўҳрат ёбам.

Ҷомӣ гуфт:

– Мардум чӣ донанд, ки ин ғазал аз туст, магар туро низ паҳлўи ғазалат биёвезанд”.

Қисса кўтоҳ, ў ранҷид.

– Ту ҳурмату эҳтироми ҷўрагиро хору зор кардӣ, – гўён гапҳои пасту баланд гуфт ва риштаи дўстиашро канда кард.

Бадбахтона ин масъала рўз аз рўз шиддат мекунад, теъдоди китобҳои камарзиш меафзояд. Бешубҳа худи зиндагӣ чунин асарҳоро аз сари роҳ рўфта мепартояд, аммо то он рўз онҳо зарари маънавии худро мерасонанд. Пеш аз ҳама завқи хонандаро коста гардонда, ба худшиносии миллӣ зарбаи сахт мерасонад. Маҳз ба ҳамин далел нашри чунин китобҳои бад аз тарафи корхонаҳо бадахлоқӣ буда, оқибат ба ҷиноят бурда мерасонад.

Фармудаанд, ки: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”. З-ин рў ҳар як роҳбар новобаста аз зина ва соҳа бояд дар ҳудуди фарҳанги халқи худ зиндагӣ кунад. Бояд забони модарӣ ва адабиётро бидонад. Инро маданияти миллӣ тақозо мекунад ва аз он роҳи гурез нест. Ба инобат гирифтани ин омилҳо ҳангоми таъини роҳбарон эҳтироми фарҳанги миллат мебошад. Ҳофизи бузург фармудааст:

   Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар сўҳбати шоҳ,

   Ҳар киро нест адаб, лоиқи сўҳбат набувад.

Ин нуқта низ шоёни таваҷҷуҳ аст, ки ҳаштод фоизи оилаҳо дар хонаашон ягон дона китоб надоранд.

Аллома Муҳаммади Иқбол таъкид кардааст:

        Баргу сози мо китобу ҳикмат аст –

        Ин ду қувват эътибори миллат аст!

Ин маъниро аз устод Рўдакиву Ҳаким Фирдавсӣ то Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиву устод Садриддин Айнӣ ҳама борҳо ба таъкид ёдрас кардаанд. Пас чӣ хел мешудааст, ки оила эътибори миллатро паси по мезадааст?! Оё ин гуноҳ нест?!

Имрўз қариб ҳама оиди китоб гап мезананд. Вале бо “Китоб! Китоб!” гуфтан китоб ба даст намеояд. Онро ба вуҷуд овардан мебояд. Имрўз асарҳо, нашрияҳо ҳастанд. Чопи онҳоро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов дастгирӣ менамояд. Танҳо як масъала, адади нашр ва ба хонанда расонидани он мемонад. Дар ҳали ин мушкилот бояд Вазоратҳои фарҳанг ва маориф саҳм бигиранд. Дар ҷумҳурӣ 3757 мактаби таҳсилоти умуми ва 1338 китобхонаҳои оммавӣ мавҷуд ҳастанд. Агар ҳар яке камаш чор нусха китоб биград, зиёда аз 20 ҳазор адад китоб мешавад.

Як идда адибон дуруст қайд мекунанд, ки моро қадр намекунанд, меҳнату заҳмати моро пос намедоранд.

Аммо…

Вале…

Лекин…

“Аз мост, ки бар мост!” На ҳамаи аъзоёни Иттифоқи нависандагон аз тарзи ҳаёти худ намунаи ибрат нишон дода, нури маънавиро таҷаллӣ медиҳанд. Ақидаи ман чунин аст: “Адиб будан, ахлоқи хамида доштан, фурўтан ва шикастанафас будан аст”.

Ман бисёр хонда ва шунидаам, ки устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҳошим ин сифатҳоро доро буданду хоксорона хизмати адабиётро мекарданд. Ба ҷавонон фотеҳаи нек медоданд, касеро сиёҳ намекарданд. Ҳунари ҳунармандонро эътироф менамуданд.

Аз чӣ бошад, ки имрўз адибон нисбати якдигар на танҳо назари некбинона ва муносибати самимона надоранд, балки айбҷўӣ мекунанд. Умуман айбҷўӣ хоси бандаи мўъмин нест ва он ҳеҷ гоҳ некӣ намеорад. Аз меҳмони хориҷие, ки чанд бор ба ҷумҳурии мо омада буд, пурсидам:

– Бозсозиро читур дарёфтед?

– Чун гамбуски ғелон, – посух дод ў.

– Чӣ хел? – дар тааҷҷуб мондам ман.

– Гамбуск саргинро мекобаду мекобад, – ҷавоб дод ў, – вале ба пеш намеравад. Танҳо бўй мебарораду халос. Баъд худаш ҳам ғелида мемонад.

Шоҳзамон Раҳмонов мақолаи ёддоштии устод Раҳим Ҳошим “Ёдат ба хайр, Пайрав”-ро таҳлил намуда чунин менависад: “Дар ин мақола муҳимтарин нуқтаи ҷолиб он аст, ки ба ҷуз Айнӣ баҳои ҳақиқиро касе ба вай надод, як касе пайдо нашуд, ки шеърҳояшро фозилонаю донишмандона таҳлил кунад, ба ҷуз баъзе иллатҳоро кофтан, муваффақиятҳоро ҳам гуфта, дилашро ба шеъру эҷодиёт гарм намояд. “Чунин баҳодиҳӣ, – менависад Раҳим Ҳошим, – албатта ба Пайрав болу пар бахшида наметавонист, балки ўро парканда мекард”… “Навиштан, эҷод кардан ва ягон даҳон сухани хуш нашунидан – ин барои рўҳияи шоир зарбаи сахтест”.

Адибон бояд дар тарғиби асарҳои ҳамдигар саҳм бигиранд. Охир, шоир беҳуда нагуфта:

  Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,

  Зарби дасти кўҳканро теша медонад, ки чист.

Шоири бузург Гёте ҳар як ғазали Ҳофизро як бор не, даҳ бор мехондааст. Вале чӣ ҷои роздорӣ, як идда адибони мо як сатр ҳам нахонда бамавриду бемаврид ҳукм мебароранд: “Эъ, фалонӣ шоир нест! Эъ, фалонӣ аз кўчаи адабиёт нагузаштааст!”

Хато мебуд агар гўем, ки дар бораи асарҳои адибон наменависанд. Масалан, устод Атахон Сайфуллоев ба қиссаҳои “Сарлашкар” ва “Маҳбус”-и Абдулҳамид Самадов тақризҳои хеле хубе навиштанд. Вале онҳо мақолаҳои калони тадқиқотӣ буда, ба омаи васеъи хонандагон дастрас нест.

Имрўз мақолаҳои хурди тарғибӣ зарур аст. Чунин мақолаҳо бо забони соддаву равон ба завқ ва дарку фаҳм ва эҳсоси мардуми оддӣ мувофиқ бошад.

Ман мақолаи ба шоир Бобо Ҳоҷӣ бахшидаи устод Кўҳзодро хондам. Мақола хурд бошад ҳам, хеле самими навишта шудааст. Пас аз хондани мақола дар дили ман як шарораи меҳр нисбати шоир Бобо Ҳоҷӣ тавлид ёфт. Ё шеъри “То ҳаст оламе, то ҳаст олеме”-и устод Убайд Раҷабро бигирем. Ин шеърро суханвари машҳури Эрон Парвиз Хонларӣ тарғиб намуд. Вай оварда: “Ман дар форсӣ шеъре дигар чунин пуршўр дар баёни алоқа ба забони форсӣ (дарӣ-тоҷикӣ) суроғ надорам”. Пас аз ин дар суроғи ин шеър афтоданд. Ё устод Аскар Ҳаким дар мақолаи худ: “Навъи хурд, масъулияти бузург” андешаҳояшро нисбати китоби устод Гулназар “Қадаҳи шабнам” хеле ва хеле шоирона изҳор намудааст.

        Фарёд зи доноии нодонии мо!

        Афсўс бар ин сиришти зулмонии мо!

        Донӣ, ки зи чӣ Каъба сияҳ пўшида?

        Биншаста ба мотами мусалмонии мо!

Устод Аскар Ҳаким ин рубоиро мисол оварда, хеле самимона мегўяд: “Дар ин ҷо Гулназар дарёфт дорад ва он ҳаққи ҳалоли ўст”. Ва ҳамзамон дўстонаю беғаразона илова менамояд: “Фақат ба ҷои “зи чӣ” “чаро” меомад, аз назари вазни арўз беҳтар буд…”.

Устод Гулназар дар як мақолааш шикваи устод Қутби Киромро меорад: “Имрўзҳо ҳазор шеър чоп шаваду ҳазор китоб барояд ҳам, касе парвои адабиёт надорад. Медонӣ, Ансорӣ, то он рўзе, ки зинда буд, ҳамеша ба ман занг мезад, дар бораи шеърҳои чопшудаам фаврӣ изҳори ақида мекард. Афсўс, ки баъди ў касе ба ман занг намезанад ва чизе намегўяд”.

Ба андешаи ман на танҳо нашри китоби хуб, балки нашри як ҳикояи хуб, як шеъри хуб бояд ба воқеъаи фарҳангӣ табдил ёбад. Зеро як асари хуб чуноне, ки устод Атахон Сайфуллоев гуфта: “…метавонад ҷомеаро аз бисёр фалокатҳо пешгирӣ намояд, одамонро ба роҳи поки хизмати софдилона баҳри рушду камоли ҷомеа, хушбахтӣ ва саодати рўзгор ҳидоят намояд”. Бинобар ин имрўз дар шаҳри Душанбе сохтани қасри китобро зарур мешуморам.

Бале, имрўз замона тақозо мекунад, ки пойтахти Ватанамон қасри китоб дошта бошад! То ки дар он китобҳои нав муаррифӣ гардад, вохўрии адибон бо хонандагон гузаронида шавад.

Яке аз воситаҳои хеле тавонои тарғиби адабиёту фарҳанг рўзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион аст. Вале мутаассифона рўзномаҳои давлатӣ моли адабиётро чоп намекунанд. “Мо қарор додем, ки ин чизҳоро чоп накунем” – мегўянд онҳо. Аламовар аст, ки рўзномаи ҳукуматӣ адабиёро, ки як рукни асосии фарҳанг – ҳастии миллат аст “ин чиз” меноманд. Ба андешаи ман дар рўзномаи ҳукуматӣ бояд беҳтарин ҳикоя, беҳтарин шеър, беҳтарин тақриз чоп шуда, ба дасти хонанда бирасад.

Шоир барҳақ фармудааст:

   То ки миллат зиндаю солим бимонад дар ҷаҳон,

   Дарди миллат дар ниҳоди зодаи он зинда бод.

Адибон бояд дарди миллатро рўи қоғаз биёранд. Албатта ин осон нест. Чуноне, ки Гулрухсор гуфта:

        Бимон, ман сўзаму ту дар амон бошӣ,

        Бимон, ман мираму ту ҷовидон бошӣ.

Бигузор адибон сўхта-сўхта эҷод бикунанд, то ки миллату Ватани мо дар амон бошаду ҷовидон.

28 январи соли 2006

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …