Главная / Гуногун / Шаҳид кист? – Аҳкоми ин масъала

Шаҳид кист? – Аҳкоми ин масъала

Шахси мусалмони оқил ва болиғ, ки аз ҷанобат ва аз ҳайзу нифос пок бошад ва ба василаи олати захмкунанда, бидуни ҷурму гуноҳе ба қатл расида бошад. Ва аз тарафи шариат дастури иваз содир нашавад, балки қасос воҷиб гардад. Ва баъд аз захмӣ шудан таматтӯе ҳосил накунад ва ба андозаи як вақт намоз баъд аз захм хӯрдан ба ҳуши худ набошад ва аз маҳалли маърака[1] бидуни узр мунтақил нашуда бошад, шаҳид аст ва ҳукми шаҳид ба ӯ ҷоиз мегардад.

hsahidШаҳид ба маънии шуҳуд ва шуҳуд ба маънии ҳозиршуда дар пешгоҳи адли Илоҳӣ ва дар ҷаннат аст. Дар аҳодиси Пайғамбари акрам (с) ворид шудааст, ки ба муҷарради шаҳодати шаҳид Худованди мутаол рӯҳи муборакаи шаҳидро ҳозир мекунад ва мефармояд, ки: «Ҳар чӣ мехоҳӣ бихоҳ». Шаҳид дар пешгоҳи Худованди мутаол арз мекунад, ки: «Василае фароҳам гардад, ки баргардам ва ду маротиба дар роҳи ризои Ту шаҳид гардам». Худованди мутаол мефармояд, ки: «Ин мумкин нест ва паёми туро ба бандагони Худ худам мерасонам».

Шаҳид ғусл дода ва хуни бадани ӯ шуста ва либоси ӯ берун оварда намешавад, магар либоси изофа ва аслиҳаву пустинашро гирифта мешавад. Дигар аҳдоми шаҳид аз уабили намоз ва дафну ғайри онҳо мисли боқии мурдагон мебошад.

[1] Маърака – майдони ҷанг.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …