Моддаи 13-и Кодекси Андоз оид ба “Агенти андоз”
- Ташкилот ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба зиммаашон вазифаи ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани он гузошта шудааст, агенти андоз мебошад.
- Агенти андоз дорои ҳамон ҳуқуқу ўҳдадориҳое мебошад, ки андозсупоранда дорад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
- Агенти андоз вазифадор аст:
– андозҳои мутобиқи Кодекси мазкур аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳдошташавандаро дуруст ва сари вақт ҳисоб намояд, нигоҳ дорад ва ба буҷет гузаронад;
– даромадҳои ба андозсупорандагон пардохтшуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё аз манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;
– ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худмувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоботи андоз пешниҳод намояд;
– дигар вазифаҳоеро, ки қонунгузории андоз пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.