Главная / Биология / АФЗОИШИ ҶИНСӢ

АФЗОИШИ ҶИНСӢ

Афзоиши ҷинсӣ аҳамияти калони таҳаввулотӣ дошта, нисбат ба афзоиши ғайриҷинсӣ бартарӣ дорад. Зеро генотипи наслҳо дар натиҷаи омезиш (комбинатсия)-и генҳои волидон ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа қобилияти мутобиқати наслҳо ба шароити гуногуни муҳит зиёд шуда, онҳо нисбат ба волидони худ дар мубориза баҳри ҳаёт бартарӣ пайдо мекунанд. Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ омезиши нави генҳо ба вуҷуд омада, барои фардҳо дар шароити нави зист имконияти бештари мутобиқатро фароҳам меоварад.

АФЗОИШИ ҶИНСӢ

Ба вуҷуд омадани омезиши генҳои нав самара ва суръати мутобиқати намудҳоро ба шароити тағйирёбандаи муҳит метезонад. Моҳияти афзоиши ҷинсӣ дар он аст, ки якҷояшавии маводи ирсӣ дар наслҳо, аз ҳисоби ахбори генетики ду сарчашмаи гуногун, яъне волидон, амалӣ мешавад.

Дар ҳайвонот ва растаниҳои дуҷинса мутобиқате ҳаст, ки худбордоршавиро бозмедорад. Дар паҳнкирмҳо ва ҳалқакирмҳо (планария ва кирми лойхўрак) ҷуфтшавӣ дар байни фардҳои гуногун мегузарад. Дар наботот худбордоршавӣ дар растаниҳои якҷинса ба мушоҳида мерасад. Агар гулҳои дуҷинса инкишоф ёбанд, пас ҳангоми расидан, гардбарг ва мевабарг аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар чунин ҳолат гардолудшавӣ дутарафа мегузарад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …