Главная / Илм / АФЪӣ

АФЪӣ

360px-echis_carinatus_0АФЪӣ (Echis carinatus), мори афъӣ, афъо, эфа, як навъ мори заҳрнок. Дар Африкаи Шимолӣ, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ ва диг. мавзеъҳо дучор меояд. Дар Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои ҷан.-ғарбӣ вомехӯрад. Дар шароити барои ҳаёт мусоид миқдори А. хеле зиёд мешавад. Мас., дар водии д. Мурғоб аз масоҳати 1,5 км2 морқапҳо дар тӯли 7 сол зиёда аз 2 ҳаз. адад мори А. дошта гирифтаанд. А. дар шароити Осиёи Марказӣ аз ох. феврал то июн рӯзона ва тобистон бошад, шабона фаъол мешавад. Дарозиаш 50 – 60 (баъзан 70 – 80) см; нарина аз модинааш дарозтар аст. Дар қисми сари А. пулакчаҳои майдаи нуқратоб мавҷуданд (дар фарқи сар нақши салибшакл дида мешавад); рангаш хокистарӣ, холҳои калони сафед дорад. Одатан дар хомаҳои рег, даштҳои зардхоку гилдор, буттазорҳо, харобазор ва диг. ҷойҳо зиндагӣ мекунад. Моҳҳои июл – авг. насл медиҳад (3 – 15 бача мезояд; дарозиашон 10 – 16 см). Ғизои А. асосан хояндаҳои хурд, калтакалос, парандаҳо ва қурбоққа мебошад. Заҳри мори А. барои ҳайвоноти хурд (муш, калламуш, калтакалос ва ғ.) марговар аст. А. ба ҷумлаи морҳои хеле хавфнок мансуб бошад ҳам, ба одам асосан аз беэҳтиётии худи ӯ дармеафтад. Бинобар ин дар мавриди дучор омадан ба А. аз 3 м бештар ба он наздик шудан мумкин нест.
Заҳри А. хеле пуртаъсир аст. Он савияи фибриногенро дар хун паст карда, боиси рафтани хуни бисёр аз ҷои моргазида ва луобпардаҳои чашм, бинӣ, даҳон мегардад. Ҳар шахси панҷуме, ки ӯро А. газидааст, вафот меёбад. Бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири заҳр ба организм, то омадани духтурон ё то ба беморхона расондани ҷабрдида, баъзе тадбирҳо андешидан лозим аст. Қабл аз ҳама заҳрро аз ҷое, ки мор газидааст, ҳатталимкон дур сохтан лозим. Бо ин мақсад канорҳои захмро бо ангуштон сахт зер карда, хуни ихроҷшударо макида мепартоянд. Ин корро бояд дар давоми 7 – 10 дақиқаи баъди газидани А. анҷом дод. Макидани заҳр барои одам зиён надорад. Дар амалияи тиб аз заҳри А. доруҳои гуногун тайёр мекунанд. Ниг. низ Ҳайвоноти заҳрдор, Мор, Заҳри мор.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …