Главная / Илм / АЭРОЗОЛҲО

АЭРОЗОЛҲО

aerosoliАЭРОЗОЛҲО (Aёrosola), дар тиб, системаҳои колоидиеро гӯянд, ки аз заррачаҳои сахт ё моеъ иборат буда, дар муҳити газмонанд муаллақанд. А. дар табиат фаровонанд (туман, абр ва ғ.). А.-ро дар саноат, инчунин дар хона ҳангоми тайёр ва истифода кардани баъзе масолеҳ ба кор мебаранд. Дар мавриди сарфи назар намудани қоидаҳои бехатарӣ А. шахсро заҳролуд ё бемор карданашон мумкин аст. Дар тиб барои муолиҷаи захм, бемориҳои пӯст ва узвҳои нафасгирӣ баъзе доруҳоро дар намуди А. истифода мебаранд. А. ба туфайли бисёр хурд будани зарраҳо ба умқи бронхҳо ва шуш роҳ ёфта, дар пардаҳои луобӣ таҳшин ва ба хун ҷаббида мешаванд (бинобар ин онҳо зуд таъсир мерасонанд). Агар ба А. заряди электрӣ дода шавад, таъсир беҳтар ва босамар мегардад (электроаэрозолҳо). Бо роҳи нафаскашӣ (ингалятсия) муолиҷа кардани бемориро аэрозолшифоӣ меноманд. Онро асосан барои пешгирӣ ва муолиҷаи зиқи нафас, бемориҳои вирусӣ (хусусан грипп), касбӣ ва иллати роҳи нафас истифода мебаранд. Барои аэрозолшифоӣ маҳлулҳои гуногуни антибиотикҳо, обҳои минералии ишқорӣ, ишқору хлоридӣ, маҳлули доруҳои равғанӣ ва ғ.-ро истифода мегарданд. Аэрозолшифоӣ тавассути асбобҳои махсус (ингалятор) ба амал бароварда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …