Главная / Илм / АЭРОТЕРАПИЯ

АЭРОТЕРАПИЯ

%d0%b0%d1%8d%d1%80%d0%be%d1%82%d0%b5%d1%80%d0%b0%d0%bf%d0%b8%d1%8f-1АЭРОТЕРАПИЯ (Aёrotherapia), яке аз усулҳои пешгирию табобати бемориҳо бо истифода аз ҳавои тоза. Моҳияти А. аз дуру дароз истодан дар ҳавои кушода иборат аст. Ҳаво ретсепторҳои пӯст ва нуги асаби луобпардаҳоро хунук карда, бо ҳамин ҳассосиятро зиёд менамояд, организмро обутоб медиҳад. А. барои пӯст низ муфид аст. Дар натиҷаи дар организм зиёд шудани савияи оксиген хун серғизо гашта, нафасгирии пӯст беҳтар мешавад. Сайру гашт дар ҳавои тоза ба вазъи рӯҳию равонии одам низ таъсири мусоид мерасонад.
А. барои одамони гирифтори бемориҳои дил, шуш, меъда, пӯст муфид аст. А. дар мавриди бемориҳои шадиди роҳи нафас (ОРЗ), нуқси шушу дил (дараҷаи III), хуруҷи бемориҳои музмин ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …