Главная / Маданият ва санъат / АДЁНИ МИЛЛӢ (Пайдоиши Дин) – Религия

АДЁНИ МИЛЛӢ (Пайдоиши Дин) – Религия

Дар замони гузашта ва ҳозира бисёр динҳо буданд ва ҳастанд, ки эътиқодмандони онро ягон гурўҳи этникӣ ташкил медиҳанд. Хусусияти этникӣ-миллӣ дар ҳамаи динҳо мавҷуд аст ва дар забони муқаддаси китобҳои динӣ, фарҳанги этникию миллие, ки дар дин инъикос ёфтааст, муҳиту минтақаи баёншуда ва ғайра зоҳир мегардад.

Динҳои миллӣ гуфта, одатан, динҳоеро мегўянд, ки доираи паҳншавии онҳо бо халқу миллати муайян маҳдуд мешавад. Аз ҷумла динҳои муосири миллӣ: ҳиндия, сиккия, синтоия, дини Конфуций, даопарастӣ, яҳудия ва ғайра мебошанд. Баъзе динҳои миллӣ аз байн рафтаанд ва ё дар доираи халқи вориси он дин мавқеъи худро аз даст додаанд.

din-023Масалан, зардуштия, мония, маздакия, ҷайния ва ғайра. Динҳои миллӣ дар шароити муайяни таърихию иҷтимоӣ пайдо шудаанд.

Аксари онҳо дар давраи ташаккули халқиятҳо ва ё ибтидои пайдоиши давлатдории онҳо ба вуҷуд омадаанд. Динҳо раванди муттаҳид шудани миллатро ба таври худ инъикос мекунанд.

Маросимҳои динҳои муосири миллӣ хеле мураккаб буда, қабули онҳоро барои халқу миллатҳои дигар мушкил мегардонад. Таълимоту ҳидоят ба ягон қавму миллат нигаронида шудааст, на ба тамоми халқҳо. Аз ин ҷо ҳам таълимот, ҳам маросимҳо доираи паҳншавии онҳоро маҳдуд месозад.

Масалан, дини яҳудия танҳо яҳудиёнро мўъмин ва аз тарафи худои Яҳва халқи интихобшуда медонанд, ё конфуциягарои таълимоти ахлоқӣ-иҷтимоии хоси Хитой дорад, ки ба мардуми дигар фаҳмо ва қобили қабул нест, аз ҷумла парастиши императори Хитой ва ғайра. Яъне онҳо хусусияти байналмиллалӣ ва тарғиботӣ надоранд.

Динҳои милли мутобиқи маълумоти таърихшиносон таърихан пеш аз динхои чахони ба вучуд омадаанд. Бо қавли онҳо муддате тақрибан дар тамоми ҷаҳон динҳои миллӣ ҳукмронӣ мекарданд.

Динҳои миллӣ заминаи шакли муайяни гузариш ба динҳои ҷаҳони шудаанд ва таъсири худро дар динҳои ҷаҳонӣ боқӣ гузоштанд. Аз ҷумлаи динҳои қадимаи миллӣ динҳои Мисри Қадим ва Юнони Қадим мебошанд. Дини қадимаи Миср бисёрхудоӣ /политеистӣ/ буда, дар давраҳои хеле қадим дар байни мардуме, ки дар соҳилҳои Нил зиндагӣ мекарданд, пайдо шуда, минбаъд дар давраи ҳукмронии фиръавнҳо хеле инкишоф ёфта ва нуфузи зиёде касб кард. Маъбуди асосии Мисри қадим табиат мебошад, ки ба касбу кори деҳконони мисри таьсири бағоят бузург дошт.

Нил, ки оби он воситаи асосии кишоварзӣ буд, дар образи Худои Хапи, офтоб дар симои худо Раъ таҷассум ёфта буданд. Ғайр аз ин олиҳа Сахмет ва худои Анубис, ки дар сурати ҳайвонҳо тасаввур мешуданд, мавриди парастиш қарор доштанд. Худоҳои зиёди дигар ҳам вуҷуд доштанд, ки хоси ин ё он маҳал буданд, аз ҷумла Амон, Атон ва ғайра.

Дар байни худоҳои мисриён худоҳои кишоварзӣ Осирис ва Исида мавқеи муҳим ишғол менамуданд. Дар Юнони Қадим ҳам системаи политеистӣ ҳукмфармо буд. Худоҳои Юнони Қадим дар симои инсон тасвир мешуданд/антропоморфизм/. Вобаста ба ҳар худо ривояти махсусе вуҷуд дошт, ки дар маҷмўъ онҳо мифологияи Юнони Қадимро ташкил додаанд.

Дар худоҳои Юнони Қадим табиат ва ҳодисаҳои мушаххаси он таҷассум шудаанд. Масалан, худои раъду барқ – Зевс, олиҳаи шаҳрсозӣ ва ободонӣ – Афина, худои ҳосил ва кишоварзӣ -Динис ва ғайра. Дар тасаввуроти динии юнониҳо хусусиятхои табиии ин кишвар, одату маросимҳои юнониён, хислатҳои психологӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти онҳо инъикос шудаанд. Макони худоҳои қадим Юнони Қадим Олимп буд. Аз ин ҷо худоҳои Юнони Қадимро худоҳои Олимп низ мегўянд.

Бо таъсири сохти иҷтимоӣ, ҳаёти маънавию иҷтимоӣ динҳои мазкур аз байн рафтанд. Масалан, бо коҳиш ёфтани ҷамъияти юнониҳо, сохти полисӣ ва демократӣ дини қадимаи юнониён таъсири худро гумм кард, вале дар дини насронӣ, ки дини империяи Рим гардид, таъсири муаяне гузошт.

 

Яҳудият дини аввалини тавҳидии Миллӣ мебошад, ки яҳудиён ба он эътиқод доштанд. Номи Худо дар дини онҳо Яҳва аст. Ҳанўз дар асри XIII то мелод эътиқод ба Яҳва дар байни яҳудиён вуҷуд дошт.

Баъди заволи Фаластин ва пайдоиши аввалин давлати Яҳудия /асри X то мелод/ парастиши Яҳва дар ин давлат ҷорӣ гардид. Рўҳониёни яҳудияи Байтулмуқаддас /Иерусалим/ Таврот /қонун/ китоби муқаддаси яҳудиёнро дар байни мардум паҳн кардаанд. Китоби муқаддаси мазкур Асфори Панҷгона (Панҷкитоб) низ ном дорад. Мувофиқи ривоят Панҷкитоб ба Мўсо – пайғамбар аз тарафи худо ваҳй шудааст ва онро ҳангоми мулоқот ба худо дарёфт кардааст. Панҷкитоб ба ғайр аз даъватҳо ба сўи худо ва парастиши ў, инчунин маҷмўи қоида ва ҳукмҳоеро дар бар мегирад, ки тибқи онҳо яҳудиён амал намуда, зиндагии шахсӣ ва иҷтимоии худро танзим медиҳанд. Баъзе қоидаҳо бо қонуни Ҳамурапӣ /ХVIII то мелод/ шоҳи Бобулистон ва зиндагии финикиҳо монандӣ дорад.

Баъдтар ба Таврот боз чанд асари дигар илова шуд, ки дар маҷмўъ катибаи муқаддаси яҳудиён – Танаҳ, ё Аҳди Қадимро ташкил доданд. Ба он 39 китоби дорои мазмунҳои гуногун дохил мешаванд.

Дар ибтидои солшумории мелодӣ давлати яҳудиён аз тарафи римиҳо ишғол гардид ва ибодатгоҳи Байтулмуқаддас хароб шуд. Яҳудиён аз маркази динии худ ва ибодатгоҳ маҳрум гардиданд. Бисёре аз яҳудиён дар сарзамини давлатҳои дигар, қабл аз ҳама берун аз хоки Фаластин муқимӣ гаштанд. Аввалин парешоншавии яҳудиён ба амал омад. Яҳудиёни диаспора /пароканда шуда/ дар ҷамъиятҳои динии синагогҳо /синагого – аз юнонӣ -маҷлис/ муттаҳид шудаанд. Синагогҳо на танҳо маркази динӣ, балки маркази маъмурӣ низ буданд. Ба онҳо раввинҳо роҳбарӣ менамуданд /раввин аз яҳудии қадим “раббӣ” ба маънии “муаллими ман” аст. Дар фаъолияти худ раввинҳо на фақат Танаҳ, балки Талмудро низ истифода мекарданд. Талмуд аз калимаи яҳудии қадим “ламед” – омўзиш аст, ки аз Мишна ва Гемара иборат аст.

Ҳар дуи ин қисмат дар натиҷаи таъсири Гера дар диаспораҳо ба вуҷуд омадаанд. Семара баъд аз Мишна пайдо шуд, ин тақрибан дар асрҳои III мелодӣ сурат гирифтааст.

Аз эътиқодоти яҳудиён, ки дар китобҳои муқаддаси онҳо зикр ёфтааст, эътиқод ба худои ягона Яҳва – холиқи оламу одам, рўзи ҷазою сазо – қиёмат, халосии яҳудиён ва саодатмандии онҳо дар он дунёро метавон номбар кард. Яке аз рукнхои яҳуди он эътиқод ба Масеҳо аст. Масеҳо аз яҳудии қадим “машиаҳ” – “масҳ карда шуда” аст. Масеҳо фиристодаи худо мебошад ва ононро, ки ба худои ягона Яҳва эътиқодманданд, бояд аз азоби ҷаҳаннам ва дунё халосӣ бахшад. Дар таълимоти яҳудия дўзаху биҳишт, қиёмат мукофоти амал мутобиқи иҷрои талаботи яҳудия, эҳёи мурдагон ва аз байни ҳамаи мардум аз тарафи худо интихоб шудани яҳудиён мавқеи муҳим ишғол мекунанд.

Яҳудият расму одатхои зиёд ва мураккаб дорад, ки ҳаёти диндоронро аз ибтидо то интиҳо ба танзим медарорад, аз ҷумла 365 таҳрим ва 248 ҳукм. Аз рўи онҳо яҳудӣ медонад, ки кадом таомро хўрад ва кадомашро нахўрад, чӣ либос пўшад, рўзро аз чӣ оғоз кунад ва бо чӣ анҷом диҳад. Аз ҷумла барои яҳудӣ хўрдани гўшти хук, харгўш, асп ҳаром аст. якбора хўроки гўштӣ ва ширӣ набояд хўрад.

Идҳои яҳудиён низ бо тартиби хос мегузарад. Муҳимтарин идҳои онҳо рош-ҳашона – соли нав, иом-кипур – рўзи ҷазо (ғуфрон) ва фасҳа мебошанд. Барояшон хатна ва эҳтироми рўзи шанбе ҳатмӣ аст.

Аз соли 1948, баъди ташкил шудани давлати Исроил яҳудият дини давлатӣ ва синагога омили муҳими ҳаёти давлатӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Таълимоти яҳудият дар бораи афза линти халқи яҳуд чун мардуми аз тарафи худо интихобшуда дар идеологияи саҳюния истисифода мешавад.

Ин идеологияи миллатгароӣ тартиб менамояд, ки яҳудиён бояд дар назди кўҳи

Саҳдон (Сион), ки дар он ҷо як вақте ибодатхонаи Байтулмуқаддас бино ёфта будааст, ҷамъ шаванд. Идеологияи мазкур нажодпарасӣ, бартарии яҳудиёнро бар дигарон тарғиб менамояд.

Яҳудият дар тўли мавҷудияти худ бетағйир набуд. Муҳаққиқон равияҳои иҷтичоӣ ва модернистиро дар он фарқ мекунанд. Равияи модернистӣ кўшиш менамоянд, ки таълимоти яҳудиятро ба замона мувофиқ, созад. Дар Тоҷикистон пайравони яҳудият зиёд нестанд, вале синагоги худро доранд. Онҳо чун динҳои дигар озодона амал намуда, ҳамаи имконотро барои иҷрои маросимҳои динии худ доро мебошанд, тарафдори ҳамзистии осоишта, ҳамкорӣ бо намояндагони дигар динҳо мебошанд, кори хайрия нисбати мардуми камбизоату ятимон анҷом медиҳанд.

Супориш ва саволҳо.

1.Чаро динҳои миллӣ ба вуҷуд омаданд?

2. Сабаби пайдоиши динҳои бисёрхудоӣ дар чист?

3. Оид ба дини Яҳудия чи маълумоте доред?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …