Главная / Ҷамъият / АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ

АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ  

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 204; №11, мод. 958;

Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 с., №1311)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили адвокатураро муқаррар мекунад.

адвокатура

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие,  ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

адвокатура – иттиҳоди касбӣ, ки дар он адвокатҳо бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқӣ муттаҳид шудаанд;

адвокат – шахсе, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур соҳиби  мақоми адвокат гардидааст;

ваколатдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба адвокат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар намуди маслиҳат ё намояндагӣ, ҳамчунин барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ муроҷиат кардааст;

восита ва тарзҳои қонунӣ – восита ва тарзҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд;

ёрии ҳуқуқӣ – ёрии тахассусӣ ва касбие, ки аз ҷониби адвокатҳо бо истифода аз восита ва тарзҳои қонунӣ барои ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонида мешавад;

Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Иттифоқи адвокатҳо) – ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ, ки ба аъзогии ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст;

мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо – воҳидҳои сохтории Иттифоқи адвокатҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

мақоми адвокат – вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ соҳиб шудааст;

манфиати қонунӣ – манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ё бавосита бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;

ордер – ҳуҷҷати намунаи ягонаи аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо муқарраршуда, ки ваколатҳои адвокатро оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ тасдиқ менамояд;

сирри адвокатӣ – ҳама гуна маълумоте, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз тарафи адвокат ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ алоқаманд аст;

ташкилоти адвокатӣ – шакли ташкилии амалисозии фаъолияти адвокатӣ;

фаъолияти адвокатӣ – фаъолияти касбиест, ки онро шахсони соҳиби мақоми адвокат гардида, ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ амалӣ менамоянд;

ҳаққи хизмати адвокат – ҳаққи хизмат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, ки адвокат дар асоси созишнома ба ваколатдиҳанда мерасонад;

шаҳодатномаи адвокат – ҳуҷҷати расмӣ, ки соҳиби мақоми адвокат будани шахсро тасдиқ менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти    адвокатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Адвокат

  1. Адвокат ҳатман бояд узви Иттифоқи адвокатҳо бошад.
  2. Адвокат маслиҳатчии касбии мустақили ваколатдиҳанда оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
  3. Адвокат ҳуқуқ дорад фаъолияти адвокатиро бо кор ба сифати роҳбари ташкилоти адвокатӣ, дар вазифаҳои интихобӣ дар Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, инчунин дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳо, аз ҷумла байналмилалӣ дар якҷоягӣ амалӣ намояд.
  4. Адвокат намудҳои зерини ёрии ҳуқуқиро мерасонад:

– оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба тариқи шифоҳӣ ё хаттӣ маслиҳат ва маълумот медиҳад;

– ариза, шикоят, дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқиро тартиб медиҳад;

– манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мурофиаи судии конститутсионӣ намояндагӣ мекунад;

– ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаҳои судии гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва ҳакамӣ иштирок менамояд;

– ба сифати намоянда ва ё ҳимоятгари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ва дар пешбурди парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок менамояд;

– ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар дигар мақомот барои ҳалли баҳсҳо иштирок мекунад;

– ба сифати намояндаи шахсони ҳуқуқӣ дар муҳокимаи парвандаҳо дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ иштирок мекунад;

– манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;

– манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мақомоти давлатӣ, судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ, судҳои байналмилалӣ, мақомоти ғайридавлатии давлатҳои хориҷӣ, агар бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои оинномавии судҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар муқаррар карда нашуда бошад, намояндагӣ мекунад;

– ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар истеҳсолоти иҷро иштирок менамояд;

– дигар намуди ёрии ҳуқуқиро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст, мерасонад.

  1. Адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти адвокатиро надоранд, ба истиснои парвандаҳои иқтисодӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи давлати хориҷӣ, ки дорои сирри давлатӣ намебошанд. Чунин фаъолияти адвокатиро адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ танҳо баъди ба Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда (минбаъд – Феҳристи махсуси адвокатҳои хориҷӣ) ворид намудани онҳо амалӣ менамоянд.

 

 Моддаи 4. Фаъолияти адвокатӣ

 

  1. Фаъолияти адвокатӣ  фаъолияти соҳибкорӣ намебошад.
  2. Ёрии ҳуқуқии аз тарафи шахсони зерин расонидашаванда фаъолияти адвокатӣ ҳисобида намешавад:

– кормандони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– кормандони хадамоти ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ;

– иштирокчиён ва кормандони ташкилотҳое, ки ба хизматрасонии ҳуқуқӣ машғуланд;

– намояндагони патентӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки адвокат ба сифати намояндаи патентӣ баромад мекунад;

– дигар шахсоне, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус барои пешбурди  фаъолияти касбии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудаанд.

  1. Амали Қонуни мазкур нисбати мақомот ва шахсоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиро амалӣ менамоянд, татбиқ намегардад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти адвокатӣ

 

Фаъолияти адвокатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– қонуният;

– мустақил будани адвокатҳо ва фаъолияти адвокатӣ;

– таъмини сифати ёрии ҳуқуқӣ;

– баробарҳуқуқии адвокатҳо;

– дахолат накардан ба фаъолияти адвокатӣ;

– ҳатмӣ будани узвияти адвокат дар Иттифоқи адвокатҳо;

– аз ҷониби адвокат эҳтиром ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ваколатдиҳанда.

 

Моддаи 6. Адвокатура ва давлат

 

  1. Адвокатура ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба низоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил намешавад.
  2. Бо мақсади мусоидат кардан ба фаъолияти адвокатӣ ва таъмини дастрасии ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, мақомоти давлатӣ кафолатҳои мустақилии адвокатураро таъмин намуда, фаъолияти адвокатҳоеро, ки ба шахсони воқеӣ ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ба ташкилоти адвокатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои хизматӣ, таҷҳизот ва воситаҳои алоқа ҷудо менамоянд.

 

Моддаи 7. Истифодабарии истилоҳоти дар Қонуни мазкур пешбинишуда

 

  1. Дар номи ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ истифодабарии истилоҳоти «адвокатура», «адвокат» ва «маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ» ё ибораҳое, ки дар таркибашон ин истилоҳот мавҷуд аст, танҳо аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он, адвокатҳо ва ташкилотҳои адвокатие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, роҳ дода мешавад.
  2. Истифода бурдани истилоҳоти мазкур дар номи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.

 

БОБИ 2.

АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ

 

Моддаи 8. Ваколатҳои адвокат

 

  1. Ваколатҳои адвокат, ки ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ба сифати намояндаи шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ё ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда ва сафедшуда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, намояндаи шахсони ҳуқуқӣ дар муҳокимаи парвандаҳо дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муҳокимаи суди ҳакамӣ, инчунин расмиёти маъмурӣ иштирок мекунад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
  2. Ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ намудани намояндагии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳанда адвокат уҳдадор аст шаҳодатномаи адвокатии худ ва ордерро, ки аз тарафи ташкилоти адвокатии дахлдор дода шудааст, пешниҳод намояд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои адвокат бо ваколатнома тасдиқ карда мешаванд. Аз адвокат ва ё ваколатдиҳанда талаб намудани пешниҳоди созишнома дар бораи  расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳамчун асоси амалӣ намудани вазифаҳои намояндагӣ манъ аст.

 

Моддаи 9. Ҳуқуқҳои адвокат

 

Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ адвокат ҳуқуқ дорад:

– маълумоти заруриро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ намояд, аз ҷумла маълумотномаҳо, тавсифномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон дархост карда гирад ва мақомот ва ташкилотҳои зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба адвокат ҳуҷҷатҳои дархосткардаи ӯ ё нусхаи тасдиқгардидаи онҳоро ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти дорои  сирри давлатиро дар бар гирифтаанд, диҳанд;

– далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро  ҷамъ оварад  ва пешниҳод намояд;

– бо шахси таҳти ҳимояташбуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи  адвокат бе мамониат як ба як (аз ҷумла аз лаҳзаи дастгир шудан, нигоҳ доштан дар изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) тафтишотӣ ё изоляторҳои (тавқифгоҳҳои) нигоҳдории муваққатӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ)  бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокии муҳлат суҳбат кунад;

– маълумоти дар парванда мавҷудбударо, ки аз рӯи он адвокат ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, бо риоя намудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда нусхабардорӣ намояд;

– ҳангоми иштирок намудан дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо матни пурраи санадҳои судии қабулнамудаи суд шинос шавад;

– барои ҳимоя ҳама гуна восита ва тарзҳои қонуниро истифода барад.

 

Моддаи 10. Уҳдадориҳои адвокат

 

  1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ  адвокат уҳдадор аст:

–  содиқона, софдилона ва оқилона ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намояд;

– талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иштироки ҳатмии адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иҷро намояд, инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёрии ҳуқуқии ройгон расонад;

– савияи дониши худро баланд бардорад ва маҳорати касбии худро такмил диҳад;

– талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби касбии адвокатҳоро риоя намояд, қарорҳои Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти  минтақавии онро, ки дар доираи ваколатҳояшон қабул карда шудаанд, иҷро намояд;

– аз ҳисоби ҳаққи хизмати ҳармоҳааш барои эҳтиёҷоти Иттифоқи адвокатҳо мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Анҷумани адвокатҳо маблағ супорад, инчунин барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатӣ маблағ ҷудо намояд;

– дар муҳокимаи саривақтии парвандаҳо ба кашолкории сунъӣ роҳ надиҳад;

– сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшавандаро, ки ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштаанд, ифшо насозад.

  1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ  адвокат ҳуқуқ надорад супориш оид ба расонидани ёрии ҳуқуқиро қабул намояд, агар он:

– баръало хусусияти ғайриқонунӣ дошта бошад;

– чунин ёриро ба шахсоне расонад ё қаблан расонида бошад, ки манфиати онҳо ба манфиати шахсе, ки дар хусуси пешбурди парвандааш муроҷиат кардааст, зид бошад;

– ба предмети созишнома бо ваколатдиҳанда манфиати мустақилона дошта бошад, ки аз манфиатҳои ваколатдиҳанда фарқ кунад;

– қаблан дар парванда ба сифати судя, машваратчии халқӣ, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос (эксперт), мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– бо судя, машваратчии халқӣ,прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд, муносибатҳои хешовандӣ дошта бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

  1. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки аз уҳдадории худ дар бобати ҳимоя даст кашад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Адвокат ҳуқуқ надорад маълумоти ба ӯ додаи ваколатдиҳандаро, ки бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд аст, бе розигии ин шахс ифшо намояд.
  3. Адвокат ҳуқуқ надорад, ки гуноҳи ҳимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар ҳимояшаванда онро рад кунад. Иқрор шудани ҳимояшаванда ба гуноҳи худ адвокатро аз ҳуқуқи мубоҳиса намудани чунин фикр ва хоҳиши сафед намудани ӯ бинобар исбот нашудани гуноҳаш маҳрум намекунад. Адвокат ҳуқуқ надорад ба таври оммавӣ дар бораи исботшуда эълон намудани гуноҳи ҳимояшавандааш изҳорот диҳад, агар зерҳимояаш онро рад намояд.
  4. Адвокат дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро ҳимоя намояд ва ҳуқуқ надорад мавқеи ҳуқуқии ба манфиатҳои ӯ мухолифро ишғол намояд. Дар ҳолати  худтуҳматкунии ваколатдиҳанда дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, адвокат бояд мавқеи мухолифро ишғол намояд.
  5. Барои  иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбии худ адвокат тибқи тартиби пешбининамудаи  Қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 11. Сирри адвокатӣ

 

  1. Сирри адвокатиро ҳолати муроҷиат ба адвокат, маълумот оид ба мазмуни гуфтугузори шифоҳӣ ва хаттӣ бо шахсе, ки барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат кардааст ва дигар шахсон оид ба хусусият ва натиҷаи амалҳое, ки ба манфиати шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда содир мешаванд, инчунин дигар маълумоти бо расонидани ёрии ҳуқуқӣ алоқаманд, ташкил медиҳанд.
  2. Адвокат, ёрдамчии ӯ ва коромӯз – адвокат ҳуқуқ надоранд ҳама гуна маълумотро, ки сирри адвокатӣ мебошад, ифшо намоянд, инчунин ба манфиати худ ё дигар шахсон истифода баранд.
  3. Адвокате, ки маълумоти ба сирри адвокатӣ мансуббударо бе розигии шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда ифшо менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
  4. Пешниҳоди маълумот ва иттилоот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ифшои сирри адвокатӣ ҳисобида намешавад.

 

БОБИ 3.

МАҚОМИ АДВОКАТ

 

Моддаи 12. Соҳиб шудан ба мақоми адвокат

 

  1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.
  2. Шахс ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва машғул шудан ба фаъолияти адвокатиро надорад, агар:

– ба талаботи қисми 1 ҳамин модда ҷавобгӯ набошад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти амалаш маҳдуд карда шуда ё ӯ ғайриқобили  амал эътироф карда шуда бошад;

–  барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта аз вазифа озод карда шуда бошад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29 – 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

  1. Қарор дар бораи додани мақоми адвокатро Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссияи тахассусӣ) баъди аз ҷониби шахси довталаб супоридани имтиҳони тахассусӣ барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат қабул менамояд.
  2. Ба собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат зарур аст, кор дар мансабҳои зерин дохил мешавад:

– ба сифати судя, прокурор ва муфаттиш;

– мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати  давлатӣ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро  талаб  мекунанд;

– дар вазифаҳои хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;

– дар вазифаҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;

– ба сифати омӯзгори фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пас аз таҳсилоти олии касбӣ;

–  ба сифати адвокат;

– ба сифати  ёрдамчии  адвокат.

  1. Адвокат ҳуқуқ дорад бе иҷозати иловагӣ фаъолияти адвокатиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

 

Моддаи 13. Комиссияи тахассусӣ

 

  1. Комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он, инчунин гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.  (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)
  2. Комиссияи тахассусӣ ба муҳлати ду сол дар ҳайати 9 нафар аъзо бо чунин меъёри намояндагӣ таъсис дода мешавад:

– ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– як намоянда аз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– панҷ намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро Анҷумани адвокатҳо интихоб менамояд;

– як намояндаи дорои унвони илмии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

  1. Раиси Комиссияи тахассусӣ яке аз муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тақсимоти вазифаҳо мебошад. Муовини раиси Комиссияи тахассусӣ аз ҳисоби намояндагони адвокатҳо, котиби масъул аз ҳисоби аъзои комиссия дар ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ интихоб карда мешавад. Ҳангоми иштирок надоштани раиси Комиссияи тахассусӣ дар ҷаласа ваколати ӯ ба зиммаи муовини раиси Комиссияи тахассусӣ мегузарад.
  2. Ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки  агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он ҳузур дошта бошанд.
  3. Ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ аз ҷониби раиси Комиссияи тахассусӣ аз рӯи зарурат, вале на камтар аз чор маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
  4. Қарорҳои қабулнамудаи Комиссияи тахассусӣ бо протокол ба расмият дароварда мешаванд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Комиссияи тахассусӣ имзо карда мешавад. Дар мавриди ҳангоми овоздиҳӣ фикри махсус доштани узви Комиссияи тахассусӣ, ки он аз қарори бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ иштирокдошта қабул шудааст, фарқ мекунад, фикри махсус дар шакли хаттӣ тартиб дода,  ба протоколи ҷаласа замима карда мешавад.
  5. Қарори Комиссияи тахассусӣ оид ба масъалаи қабули имтиҳонҳои тахассусӣ аз шахсони довталаб барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат бо аксарияти овозҳои аъзои Комиссияи тахассусӣ, ки дар ҷаласаи он иштирок доштанд, бо роҳи овоздиҳии кушода бе иштироки довталаб қабул карда мешавад. Қарори Комиссияи тахассусӣ ба довталаб дарҳол пас аз овоздиҳӣ эълон карда мешавад. Аз болои қарори Комиссияи тахассусӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  6. Дар давраи гузариш аъзои Комиссияи тахассусӣ аз ҳисоби намояндагони адвокатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 45 Қонуни мазкур интихоб карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ

 

  1. Шахсе, ки ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошад, ҳуқуқ дорад ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба соҳиб шудан ба мақоми адвокат бо ариза муроҷиат намояд.
  2. Довталаб ба ғайр аз ариза ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи кории ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос;

– нусхаи ҳуҷҷати таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

– маълумотнома дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан ва маҳкум гардидан. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

  1. Пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ метавонад боиси рад кардани қабули ҳуҷҷатҳои довталаб гардад.
  2. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар муддати то як моҳ санҷиши саҳеҳӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки аз ҷониби довталаб пешниҳод карда шудаанд, мегузаронад. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ дорад аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба тасдиқ кардани саҳеҳӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумоти  пешниҳодкардаи довталаб дархост намояд. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои мазкур уҳдадоранд, ки дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани дархост ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Баъд аз анҷоми санҷиш мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо доир ба ирсол намудани дархост ҷиҳати иштироки довталаб дар имтиҳони тахассусӣ дар Комиссияи тахассусӣ ё оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо ба довталаб ҷавоби хаттӣ медиҳад.
  4. Қабули ҳуҷҷатҳо метавонад танҳо бо асосҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида рад карда шавад. Дар ин хусус қарори дахлдор қабул карда мешавад. Нисбати қарори мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо дар муҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани нусхаи қарори мазкур ба Иттифоқи адвокатҳо ё ба суд дар муҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан  мумкин аст.

 

Моддаи 15. Имтиҳони тахассусӣ

 

  1. Комиссияи тахассусӣ дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи гирифтани пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз довталаб имтиҳони тахассусӣ қабул мекунад.
  2. Имтиҳони тахассусӣ аз ҷавобҳои хаттӣ ба саволҳо ва мусоҳибаи шифоҳӣ иборат мебошад.
  3. Номгӯи саволҳо барои имтиҳони тахассусӣ, тартиби супоридани имтиҳони тахассусӣ ва баҳогузории дониши довталабон аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
  4. Довталабе, ки имтиҳони тахассусиро насупоридааст, барои такроран супоридани имтиҳони тахассусӣ пас аз гузаштани на камтар аз шаш моҳ роҳ дода мешавад.

 

Моддаи 16. Додани мақоми адвокат

 

  1. Комиссияи тахассусӣ ба довталабе, ки имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супоридааст, дар давоми панҷ рӯз қарор дар хусуси ба ӯ додани мақоми адвокатро медиҳад.
  2. Комиссияи тахассусӣ ҳуқуқ надорад ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, додани мақоми адвокатро рад кунад, ба истиснои мавридҳое, ки баъд аз супоридани имтиҳони тахассусӣ ҳолатҳое ошкор гарданд, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат монеъ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо нисбати қарор оид ба рад кардани додани мақоми адвокат ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 17. Феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

                       Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ

 

  1. Феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ мутаносибан маҷмӯи маълумот дар бораи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адвокатҳои давлатҳои хориҷиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд, дар бар мегиранд.
  2. Тартиби пешбурди феҳристҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 18. Ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид кардани маълумот дар бораи адвокат

 

  1. Баъди қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат Комиссияи тахассусӣ дар муҳлати се рӯз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси қабули ин қарор огоҳ месозад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 3 рӯз маълумотро дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид менамояд.
  2. Адвокат вазифадор аст аз рӯзи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ё барқарор кардани мақоми адвокат дар муҳлати як моҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии он ҳуҷҷатҳои таъсисиро дар бораи шакли ташкилии фаъолияти адвокатии интихобкардааш пешниҳод намояд.
  3. Дар сурати ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид накардани маълумот дар бораи адвокат ва шакли ташкилии фаъолияти он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят овардан мумкин аст.

 

Моддаи 19. Савганди адвокат

 

Адвокат баъди супоридани имтиҳони тахассусӣ ва гирифтани иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатҳо ба узвияти Иттифоқи адвокатҳо дохил шуда, дар назди Анҷумани адвокатҳо ё Раёсати Иттифоқи адвокатҳо савганди адвокатиро бо мазмуни зерин ёд мекунад: «Ботантана савганд ёд мекунам, ки уҳдадориҳои адвокатиро содиқона, софдилона ва оқилона иҷро мекунам, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ваколатдиҳандаро тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва Кодекси одоби касбии адвокатҳо ҳимоя менамоям». Имзои савгандёдкунанда зери матни ҳамин савганд гирифта мешавад.

 

Моддаи 20. Шаҳодатномаи адвокат

 

  1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адвокат шаҳодатномаи адвокатро медиҳад, ки дар он насаб, ном, номи падари адвокат ва рақами бақайдгирии  ӯ дар Феҳристи ягонаи адвокатҳо дарҷ карда мешаванд.
  2. Шакли шаҳодатномаи адвокат, тартиби тайёр намудан ва пардохти хароҷот аз тарафи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Шаҳодатномаи адвокат ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи мақоми адвокат мебошад, ки барои иҷрои ваколатҳои касбӣ, тибқи тартиби муқарраргардида бемамониат даромадан ба мақомоти  давлатӣ  ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон  ҳуқуқ медиҳад.
  4. Дар сурати ба адвокат надодани шаҳодатномаи адвокат дар муҳлат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят овардан мумкин аст.
  5. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш боздошта ва ё қатъ карда шудааст, баъди қабули қарори дахлдори мақоми ваколатдор вазифадор аст бетаъхир шаҳодатномаи адвокатиашро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад.

 

Моддаи 21. Боздоштани мақоми адвокат

 

  1. Мақоми адвокат дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:

– интихоби адвокат ба мақомоти давлатӣ ва ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба давраи фаъолияти меҳнатии доимӣ;

– даъвати адвокат ба хизмати ҳарбӣ;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф намудани адвокат;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур кардани адвокат; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237) 

– бо аризаи адвокат дар сурати таҳсил кардан дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ дар давраи таҳсил.

  1. Боздоштани мақоми адвокат боиси боздоштани кафолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур барои адвокат мегардад, ба истиснои кафолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
  2. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш боздошта шудааст, ҳуқуқ надорад фаъолияти адвокатиро амалӣ намояд, аз ҷумла вазифаҳои интихобиро дар мақомоти адвокатура ишғол намояд. Вайрон кардани муқаррароти ҳамин қисм боиси қатъ гардидани мақоми адвокат мегардад.
  3. Қарор оид ба боздоштани мақоми адвокатро Иттифоқи адвокатҳо дар асоси пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва дигар мақомоти дахлдор қабул менамояд.
  4. Баъди аз байн рафтани асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда мақоми боздошташудаи адвокат бо қарори Иттифоқи адвокатҳо дар асоси аризаи адвокат, пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ё пешниҳоди дигар мақомоти дахлдор  барқарор карда мешавад.
  5. Нисбати қарори Иттифоқи адвокатҳо оид ба боздоштани мақоми адвокат ё доир ба рад кардани барқароркунии мақоми адвокат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.
  6. Иттифоқи адвокатҳо дар муҳлати даҳ рӯз  аз рӯзи қабул кардани қарор оид ба боздоштан ё барқарор кардани мақоми адвокат барои ворид кардани маълумоти дахлдор ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ба таври хаттӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсеро, ки мақоми адвокатиаш боздошта ё барқарор карда шудааст, ба истиснои ҳолати боздоштани мақоми адвокат тибқи асоси дар сархати сеюми қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ва ташкилоти адвокатиеро, ки дар он шахси мазкур ба фаъолияти адвокатӣ машғул буд, огоҳ мекунад.
  7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати даҳ рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи зикршуда ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо оид ба боздоштан ё барқарор кардани мақоми адвокат маълумот ворид менамояд.

 

Моддаи 22. Қатъ намудани мақоми адвокат

 

  1. Мақоми адвокат аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ бо пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо тибқи асосҳои зерин қатъ карда мешавад:

– бо аризаи хаттии адвокат оид ба қатъ намудани мақоми адвокат;

– эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба ғайри қобили амал ё дорои қобилияти амалаш маҳдуд эътироф гардидани адвокат;

– фавти адвокат ё эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд оид ба фавтида эълон кардани адвокат;

– эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба гунаҳгор донистани адвокат дар содир кардани ҷиноят ва ё қабул гардидани қарор дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан бо асосҳои дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29 – 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– дар муҳлати зиёда аз панҷ сол нагузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

– аз аттестатсия нагузаштани адвокат; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

– ошкор гардидани ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 12 ва қисми 3 моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

  1. Мақоми адвокат метавонад бо қарори Комиссияи тахассусӣ дар асоси пешниҳоди Иттифоқи адвокатҳо ва хулосаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар ҳолатҳои зерин қатъ карда шавад:

– аз ҷониби адвокат дар назди ваколатдиҳанда иҷро накардани уҳдадориҳо ё  ба таври дахлдор иҷро накардани онҳо;

– аз ҷониби адвокат вайрон кардани меъёрҳои Кодекси одоби касбии адвокатҳо;

– аз ҷониби адвокат иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои касбии худ ва қарорҳои дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти Иттифоқи адвокатҳо;

– ғайриимкон будани иҷрои фаъолияти касбии адвокат дар муҳлати зиёда аз чор моҳ;

– муайян кардани нодурустии маълумоте, ки ба Комиссияи тахассусӣ мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 14 Қонуни мазкур пешниҳод шудааст.

  1. Мақоми адвокат аз лаҳзаи қабули қарори Комиссияи тахассусӣ қатъгардида ҳисоб меёбад. Шахсе, ки мақоми адвокатиаш  қатъ карда шудааст, ҳуқуқ надорад фаъолияти адвокатиро амалӣ намояд, инчунин дар мақомоти Иттифоқи адвокатҳо вазифаҳои интихобиро ишғол намояд.
  2. Оид ба қароре, ки  мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда қабул гардидааст, Комиссияи тахассусӣ дар муҳлати даҳ рӯз аз рӯзи қабули он дар шакли хаттӣ шахсеро, ки мақоми адвокатиаш қатъ карда шудааст, огоҳ месозад, ба истиснои ҳолати қатъ гардидани мақоми адвокат тибқи асосе, ки дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст.
  3. Нисбати қарори Комиссияи тахассусӣ, ки тибқи асосҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинигардида қабул карда шудааст, ба суд шикоят овардан  мумкин аст.

 

Моддаи 23. Кафолати мустақилияти адвокат

 

  1. Дахолат ё бо кадом тарзу воситае набошад, мамониат кардан ба фаъолияти адвокатие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, манъ аст.
  2. Адвокат барои изҳор намудани ақидаи худ ҳангоми иҷрои фаъолияти адвокатӣ набояд ба ягон намуди ҷавобгарӣ кашида шавад (аз ҷумла баъд аз боздоштан ва ё қатъ намудани мақоми адвокатии ӯ), ба истиснои изҳор намудани ақидаҳое, ки дар он аломатҳои ҷиноят ҷой доранд. Мутобиқи Қонуни мазкур талаботи зикршуда ба уҳдадории адвокат дар назди ваколатдиҳанда дахл надоранд.
  3. Аз адвокат, кормандони ташкилоти адвокатӣ ва Иттифоқи адвокатҳо талаб кардани маълумот вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои мушаххас манъ аст.
  4. Адвокат, аъзои оила ва молу мулки ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Дар ҳолати таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо мақомоти таъминкунандаи ҳимояи давлатӣ вазифадоранд ҷиҳати таъмини бехатарии адвокат, аъзои оила ва молу мулки ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  5. Адвокат, ёрдамчии адвокат ё коромӯз-адвокатро вобаста ба ҳолатҳое, ки ба онҳо дар натиҷаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ маълум гаштаанд, ба сифати шоҳид даъват кардан ва пурсидан манъ аст.

 

 Моддаи 24. Суғуртакунии хатари уҳдадории адвокат

 

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адвокат метавонад хатари ҷавобгарии молу мулкии худро барои риоя накардани шартҳои созишномаи бо ваколатдиҳанда басташуда оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ суғурта намояд.

 

БОБИ 4.

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ

 

Моддаи 25. Шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ

 

  1. Шаклҳои ташкилии  фаъолияти адвокатӣ мувофиқи Қонуни мазкур  кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, коллегияи адвокатӣ ва бюрои адвокатӣ мебошанд.
  2. Адвокат ҳуқуқ дорад мустақилона шакли ташкилӣ ва ҷойи амалигардонии фаъолияти адвокатиро интихоб намояд.
  3. Бақайдгирии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатӣ тибқи Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он амалӣ карда мешавад. Дар хусуси шакли ташкилии интихобнамуда ва макони фаъолияти адвокатӣ адвокат уҳдадор аст дар муҳлати даҳ рӯз аз бақайдгирии давлатӣ ба таври хаттӣ мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро огоҳ намояд.
  4. Ташкилотҳои адвокатҳо дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо дар бонкҳо, бланкҳо, муҳр ва тамға бо номи худ мебошанд.

 

Моддаи 26. Маҳдудиятҳои таъсис додани ташкилоти адвокатӣ

 

  1. Адвокат ҳуқуқ надорад бо шахсе, ки соҳиби мақоми адвокат нест, ташкилоти адвокатӣ таъсис диҳад.
  2. Адвокат ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ ҳуқуқ надорад, ки зери итоати шахси мақоми адвокатро надошта қарор гирад.
  3. Амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ танҳо дар як ташкилоти адвокатӣ мумкин аст.
  4. Ташкилоти адвокатҳо ҳамчун навтаъсисёфта ё дар натиҷаи азнавташкилдиҳии шакли ташкилии қаблан мавҷудбудаи фаъолияти адвокатӣ таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 27. Кабинети адвокатӣ

 

  1. Адвокате, ки фаъолияти адвокатиро ба таври инфиродӣ амалӣ кардан мехоҳад, кабинети адвокатӣ таъсис медиҳад.
  2. Адвокат дар бораи таъсис додани кабинети адвокатӣ дар муҳлати даҳ рӯз ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо огоҳнома ирсол менамояд, ки дар он маълумот оид ба адвокат, маҳалли ҷойгиршавии кабинети адвокатӣ, тартиби амалӣ намудани алоқаи электронӣ, телефонӣ, телеграфӣ, почта ва дигар намуди алоқа бо Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо нишон дода мешаванд.
  3. Кабинети адвокатӣ шахси ҳуқуқӣ намебошад.
  4. Созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар кабинети адвокатӣ байни адвокат ва ваколатдиҳанда баста шуда, дар китобҳои бақайдгирӣ қайд карда мешавад. Адвокате, ки дар кабинети адвокатӣ фаъолият менамояд, дар асоси шартҳои созишномаи басташуда бо ваколатдиҳанда ба тариқи инфиродӣ дар назди ӯ масъул мебошад.

 

Моддаи 28. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ

 

  1. Ду ва зиёда адвокат ҳуқуқи  таъсис додани  маслиҳатхонаи ҳуқуқиро доранд.
  2. Ба муносибатҳое, ки вобаста ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ва фаъолияти маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба миён меоянд, муқаррароти  моддаи 29 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд.
  3. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.
  4. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ метавонад танҳо ба коллегияи адвокатҳо табдил дода шавад.

 

Моддаи 29. Коллегияи адвокатҳо

 

  1. Панҷ ва зиёда адвокат ҳуқуқ доранд коллегияи адвокатҳоро таъсис диҳанд.
  2. Коллегияи адвокатҳо шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ мебошад, ки ба аъзогӣ асос ёфтааст ва дар асоси оинномаи тасдиқнамудаи муассисони он (минбаъд – оиннома) ва шартномаи таъсисии аз ҷониби онҳо басташуда амал мекунад.
  3. Муассисони коллегияи адвокатҳо танҳо адвокатҳое буда метавонанд, ки маълумот дар бораи онҳо ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид карда  шудааст.
  4. Дар шартномаи таъсисӣ аз ҷониби муассисон шартҳои ба коллегияи адвокатҳо додани молу мулки онҳо, тартиби иштирок кардан дар фаъолияти он, тартиб ва шарти ба коллегияи адвокатҳо қабул кардани аъзои нав, ҳуқуқ ва уҳдадории муассисони (аъзои) коллегияи адвокатҳо, тартиб ва шарти баромадани муассисон (аъзо) аз ҳайати он нишон дода мешавад.
  5. Оиннома бояд дорои чунин маълумот бошад:

– номи коллегияи адвокатҳо;

– маҳалли ҷойгиршавии коллегияи адвокатҳо;

– предмет ва мақсади фаъолияти коллегияи адвокатҳо;

– сарчашмаи ташкилшавии молу мулки коллегияи адвокатҳо ва самтҳои истифодашавии он (аз ҷумла мавҷуд будан ё набудани фонди тақсимнашаванда ва самтҳои истифодашавии он);

– тартиби идоракунии коллегияи адвокатҳо;

– тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо;

– тартиби ба оиннома ворид намудани  тағйиру иловаҳо;

– муқаррароти дигаре, ки ба Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

  1. Иҷрои талаботи шартномаи таъсисӣ ва оиннома аз ҷониби худи коллегияи адвокатҳо ва муассисони (аъзои) он ҳатмист.
  2. Барои бақайдгирии давлатии таъсиси коллегияи адвокатҳо ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин  пешниҳод  карда мешавад:

– ҳуҷҷатҳои таъсиси коллегияи адвокатҳо,  ки моддаи 53 қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

– протоколи маҷлиси умумии муассисон, ки он бояд аз ҷумла   қарорҳо дар бораи таъсисдиҳӣ, дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар бораи таъин намудани роҳбари мақоми коллегияи адвокатҳоро дар бар гирад;

– маълумот дар бораи адвокатҳо;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи суроғаи ҳуқуқӣ ва  маҳалли  ҷойгиршавӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудааст;

– расид (квитансия) ё нусхаи супориши пардохтӣ дар  бораи  пардохти  боҷи давлатӣ.

  1. Дар бораи таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии коллегияи адвокатҳо муассисони он пас аз гузаштани расмиёти муқарраршуда бо мактуби фармоишӣ ба Иттифоқи адвокатҳо огоҳинома ирсол менамоянд. Дар огоҳинома дар бораи таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии  коллегияи адвокатҳо бояд дар бораи адвокатҳое, ки дар коллегия фаъолияти адвокатиро амалӣ месозанд, маҳалли ҷойгиршавии  коллегияи адвокатҳо, тартиби амалисозии алоқаи электронӣ, телефонӣ, телеграфӣ, почта ва дигар намуди алоқа байни  Иттифоқи адвокатҳо ва коллегияи адвокатҳо маълумот мавҷуд бошад. Ба огоҳинома бояд нусхаҳои ба тарзи нотариалӣ тасдиқгардидаи шартномаи таъсисӣ ва оиннома замима карда шаванд.
  2. Коллегияи адвокатҳо аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.
  3. Коллегияи адвокатҳо ҳуқуқи кушодани филиал ва намояндагиро надорад.
  4. Молу мулки коллегияи адвокатҳо бо ҳуқуқи моликият ба коллегияи адвокатҳо тааллуқ дорад.
  5. Аъзои коллегияи адвокатҳо оид ба уҳдадориҳои он масъул набуда, коллегияи адвокатӣ оид ба уҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошад.
  6. Коллегияи адвокатҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даромадҳое, ки аъзои он бинобар амалӣ кардани фаъолияти адвокатӣ ба даст овардаанд,  ҳамчун агенти андоз баромад мекунад, инчунин дар масъалаҳои ҳисоббаробаркунӣ бо ваколатдиҳандагон, шахсони сеюм ва оид ба дигар масъалаҳое, ки ҳуҷҷатҳои таъсисии коллегияи адвокатӣ пешбинӣ намудаанд, намояндаи адвокатҳо мебошад.
  7. Коллегияи адвокатҳо уҳдадор аст дар бораи тағйирот дар ҳайати адвокатҳо – аъзои коллегияи адвокатҳо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии онро хабардор намояд.
  8. Коллегияи адвокатҳо дар  ҳолатҳои  зерин  бояд  аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шавад:

– ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии коллегияи адвокатҳо;

– азнавташкилдиҳии коллегияи адвокатҳо;

– бо қарори суд,  ки нисбати азнавташкилдиҳии коллегияи адвокатҳо қабул шудааст;

– дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Коллегияи адвокатҳо барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои агенти андоз ё намоянда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.
  2. Созишнома дар бораи расондани ёрии ҳуқуқӣ дар коллегияи адвокатҳо байни адвокат ва ваколатдиҳанда баста шуда, дар ҳуҷҷатгузории коллегияи адвокатҳо ба қайд гирифта мешавад.

 

Моддаи 30. Бюрои адвокатӣ

 

  1. Агар дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия кабинети адвокатӣ, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатҳо мавҷуд набошанд, Иттифоқи адвокатҳо бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо ташаббуси худ метавонад бюрои адвокатиро таъсис диҳад.
  2. Пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи таъсис додани бюрои адвокатӣ бояд дорои чунин маълумот бошад:

– дар бораи шаҳр ё ноҳия, ки дар он ташкили бюрои адвокатӣ дархост карда мешавад;

– дар бораи шумораи судяҳо дар ҳамин шаҳр ё ноҳия;

– дар бораи шумораи зарурии адвокатҳо барои ҳамин шаҳр ё ноҳия;

– дар бораи таъминоти моддию техникӣ ва молиявии фаъолияти бюрои адвокатӣ, аз ҷумла дар бораи биное, ки ба бюрои адвокатӣ пешниҳод мегардад, дар бораи воситаҳои ташкилию техникӣ, ки ба бюрои адвокатӣ дода мешаванд.

  1. Пас аз мувофиқаи  шартҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 2 ҳамин модда бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  Иттифоқи адвокатҳо дар бораи таъсис додани бюрои адвокатӣ қарор қабул мекунад, номзадии адвокатҳоеро, ки барои кор ба бюрои адвокатӣ равон мегарданд, тасдиқ мекунад ва бо мактуби фармоишӣ дар бораи таъсис додани бюрои адвокатӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ огоҳинома мефиристад.
  2. Иттифоқи адвокатҳо тартиби ба бюрои адвокатӣ ба кор фиристодани адвокатҳоро тасдиқ менамояд. Ҳамзамон Иттифоқи адвокатҳо метавонад барои адвокатҳои дар бюрои адвокатӣ фаъолияткунанда ҳаққи хизмати иловагӣ пешбинӣ намояд.
  3. Ба муносибатҳое, ки вобаста ба таъсисдиҳӣ ва фаъолияти бюрои адвокатӣ ба миён меоянд, муқаррароти моддаи 29 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд, агар ҳамин модда тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
  4. Бюрои адвокатӣ шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда,  аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 31. Созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ

 

  1. Фаъолияти адвокатӣ дар асоси созишнома байни адвокат ва ваколатдиҳанда амалӣ мегардад.
  2. Созишнома дар шакли хаттӣ байни ваколатдиҳанда ва адвокат (адвокатҳо) барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба худи ваколатдиҳанда ва шахси таъиннамудаи ӯ баста мешавад.  Ҳолатҳои бекор кардани созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
  3. Адвокат ҳуқуқ дорад бо ваколатдиҳанда новобаста аз маҳалли зист ё маҳалли ҷойгиршавии он созишнома бандад.
  4. Шартҳои асосии созишнома инҳо мебошанд:

– нишон додани адвокате (адвокатҳое), ки ҳамчун вакил иҷрои супоришро қабул намудааст (намудаанд), инчунин ба кадом ташкилоти адвокатӣ тааллуқ доштани ӯ ( онҳо);

– матлаби супориш;

– шарт ва андозаи ҳаққи хизмат, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби ваколатдиҳанда пардохт карда мешавад;

– тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти адвокат (адвокатҳо), ки бо иҷрои супориш алоқаманд аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ёрии ҳуқуқии  ройгон расонда мешавад;

– шартҳои пардохти хароҷоти воқеии суратгирифтаи адвокат (адвокатҳо) барои андозаи кори иҷрошуда, дар сурати пеш аз муҳлат қатъ гаштани созишнома;

– андоза ва хусусияти ҷавобгарии адвокате (адвокатҳое), ки иҷрои супоришро қабул намудааст (намудаанд).

  1. Ҳуқуқи адвокат ба ҳаққи хизмат ва ҷуброни хароҷоти марбут ба иҷрои супориш наметавонад бе иҷозати махсуси ваколатдиҳанда ба шахсони сеюм гузарад.
  2. Ҳаққи хизмате, ки ваколатдиҳанда ба адвокат пардохт менамояд ва (ё) ба адвокат ҷуброн гардидани хароҷоте, ки бо иҷрои супориш алоқаманд аст, бояд ҳатман ба хазинаи ташкилоти дахлдори адвокатӣ ворид карда шавад ё ба суратҳисоби ташкилоти адвокатӣ бо тартиб ва муҳлате, ки созишнома пешбинӣ намудааст, гузаронида шавад.
  3. Аз ҳисоби ҳаққи хизмати гирифтааш адвокат хароҷоти касбии зеринро пардохт менамояд:

– эҳтиёҷоти умумии Иттифоқи адвокатҳо ба андоза ва тартибе, ки Анҷумани адвокатҳо муайян намудааст;

– нигоҳдошти ташкилоти адвокатии дахлдор;

– дигар хароҷоте, ки бо амалӣ намудани фаъолияти адвокатӣ алоқаманд аст.

  1. Ҳаққи хизмати адвокате, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд ба сифати ҳимоятгар иштирок менамояд, дар асоси қарори дахлдори мақомоти номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. Хароҷот ба ин мақсад дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ дар моддаи алоҳида пешбинӣ карда мешавад.
  2. Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи хизмат барои адвокате, ки ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судии ҷиноятӣ дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иштирок менамояд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон

 

  1. Узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин ёрии ҳуқуқии ройгон мерасонад:

– ба даъвогарон дар судҳои марҳилаи якум ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ситонидани алимент ва барқарор кардан ба кор;

– ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, маъюбон ва шахсоне, ки саробони худро дар давраи муқовимати сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даст додаанд ва гурезаҳо;

– ба шаҳрвандон аз рӯи шикоят оид ба роҳ додани ғалат дар рӯйхати интихобкунандагон;

– ба вакилони мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми додани маслиҳат оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ки бо иҷрои ваколатҳои вакилии онҳо алоқаманданд;

– ба ноболиғон,  агар васӣ ё парастор надошта бошанд;

– ба даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии муҳлатнок;

– ба шаҳрвандони камбизоате, ки даромади умумиашон барои ҳар як аъзои оила дар як моҳ камтар аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад;

– дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

  1. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон зарур аст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 33. Ёрдамчии адвокат

 

  1. Адвокат ҳуқуқ дорад ёрдамчӣ дошта бошад. Ёрдамчии адвокат шахсе буда метавонад, ки таҳсилоти олӣ ё олии нопурраи ҳуқуқшиносӣ дорад, ба истиснои шахсоне, ки дар қисми  2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд. Шумораи ёрдамчиёни адвокатро Иттифоқи адвокатҳо муайян менамояд.
  2. Ёрдамчии адвокат ҳуқуқи мустақилона ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуданро надорад. Ёрдамчии адвокат таҳти роҳбарии адвокат фаъолият намуда, супоришҳои алоҳидаи ӯро иҷро менамояд.
  3. Ёрдамчии адвокат уҳдадор аст сирри давлатӣ ва адвокатиро нигоҳ дорад.
  4. Ёрдамчии адвокат  аз рӯи шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо ташкилоти адвокатӣ баста шудааст, ба кор қабул карда мешавад.
  5. Суғуртаи иҷтимоии ёрдамчии адвокат аз ҷониби ташкилоти адвокатӣ, ки дар он ёрдамчӣ кор мекунад, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 34. Коромӯз – адвокат

 

  1. Адвокате, ки собиқаи адвокатиаш на камтар аз панҷ сол аст, ҳуқуқ дорад коромӯз – адвокат дошта бошад. Коромӯз – адвокат шахсе буда метавонад, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, ба истиснои шахсоне, ки  дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд. Муҳлати коромӯзӣ аз шаш моҳ то як солро дар бар мегирад.
  2. Коромӯз – адвокат ҳуқуқи мустақилона ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуданро надорад. Коромӯз – адвокат таҳти роҳбарии адвокат фаъолият намуда, супоришҳои алоҳидаи ӯро иҷро менамояд.
  3. Коромӯз  –  адвокат  уҳдадор  аст  сирри  давлатӣ  ва  адвокатиро нигоҳ дорад.
  4. Тартиби қабули коромӯз – адвокатро Иттифоқи адвокатҳо муқаррар менамояд.

 

Моддаи 35. Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокат

 

  1. Барои нигоҳ доштани сатҳи зарурии тайёрии касбӣ ва такмили донишҳои адвокат оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи қонунҳо адвокатҳо уҳдадоранд дар панҷ сол як маротиба тахассуси худро дар муассисаи таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ баланд бардошта, дар назди Комиссияи тахассусӣ аз аттестатсия гузаранд. Тартиби гузаронидани аттестатсияи адвокатҳоро Иттифоқи адвокатҳо муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)
  2. Муассисаи таълимие, ки такмили ихтисоси адвокатҳоро амалӣ менамояд, аз ҷониби адвокат мустақилона интихоб карда мешавад.
  3. Маълумот оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо дохил карда мешавад.
  4. Бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо, Иттифоқи адвокатҳо метавонад Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо ё курсҳои махсусро ташкил намояд.

 

Моддаи 36. Кодекси одоби касбии адвокатҳо

 

Кодекси одоби касбии адвокатҳоро Анҷумани адвокатҳо қабул мекунад, ки риояи он барои адвокатҳо, ёрдамчиёни онҳо ва коромӯз – адвокатҳо ҳатмӣ мебошад.

 

БОБИ 5.

МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ АДВОКАТҲО

 

Моддаи 37. Иттифоқи  адвокатҳо

 

  1. Иттифоқи  адвокатҳо бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрас будани он барои аҳолӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ёрии ҳуқуқии  ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои адвокатҳо дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорати тайёрии касбии адвокатҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил карда мешавад.
  2. Иттифоқи  адвокатҳо аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо ташкил карда мешавад. Иттифоқи адвокатҳо шахси ҳуқуқӣ буда, тавозуни мустақил дорад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бонк суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар дошта метавонад, инчунин дорои муҳр, тамға ва бланк  бо ном ва суроғаи худ мебошад.
  3. Адвокатҳо оид ба уҳдадориҳои Иттифоқи адвокатҳо ва Иттифоқи адвокатҳо оид ба уҳдадориҳои адвокатҳо ҷавобгар нестанд.
  4. Иттифоқи адвокатҳо дар асоси қарори Анҷумани адвокатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
  5. Барои бақайдгирии давлатии Иттифоқи адвокатҳо ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқи адвокатҳо имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷойи истиқомат ва телефонҳо барои тамос нишон дода шудаанд;

– оинномаи Иттифоқи адвокатҳо бо забони давлатӣ дар ду нусха;

– иқтибос  аз  протоколи  Анҷумани адвокатҳо,  ки дар бораи таъсиси  Иттифоқи адвокатҳо, тасдиқи оиннома, ташкил кардани  мақомоти  роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтишии он маълумот дорад;

– маълумот дар бораи муассисони  Иттифоқи адвокатҳо – насаб,  ном,  номи падар, соли таваллуд, ҷои истиқомат, шаҳрвандӣ ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате,  ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунад;

– ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;

– ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавии) мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқи адвокатҳо;

– протоколи маҷлисҳои таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо.

  1. Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

– ном, мақсади фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо;

– сохтори Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишии Иттифоқи адвокатҳо;

– шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвият дар Иттифоқи адвокатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзои Иттифоқи адвокатҳо;

– ваколат ва тартиби ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Иттифоқи адвокатҳо, муҳлат ва ваколати онҳо, маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимии роҳбарикунанда;

– тартиби ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Иттифоқи адвокатҳо;

– сарчашмаҳои ташаккули маблағҳо ва дигар молу мулки Иттифоқи адвокатҳо, ҳуқуқи Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он оид ба идоракунии молу мулк.

  1. Азнавташкилдиҳии Иттифоқи адвокатҳо мумкин нест.
  2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як Иттифоқи адвокатҳо таъсис ёфта, ҳуқуқ дорад, ки воҳидҳои сохтории минтақавии худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил намояд. Ба ташкил кардани дигар сохторҳои байниминтақавӣ ва байниҳудудӣ роҳ дода намешавад.
  3. Қарорҳои мақомоти Иттифоқи адвокатҳо, ки дар доираи ваколати онҳо қабул гардидаанд, барои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва  ҳамаи адвокатҳо ҳатмӣ мебошад.
  4. Иттифоқи  адвокатҳо ҳуқуқ надорад фаъолияти адвокатиро аз номи худ амалӣ намояд, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.

 

Моддаи 38. Анҷумани  адвокатҳо

 

  1. Мақоми олии Иттифоқи адвокатҳо Анҷумани адвокатҳо мебошад. Анҷумани навбатии адвокатҳо дар ду сол як маротиба даъват карда мешавад. Анҷумани адвокатҳо дар мавриде салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи вакилони ба Анҷумани адвокатҳо интихобгардида иштирок дошта бошанд.
  2. Анҷумани ғайринавбатии адвокатҳо аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дар мавридҳои зарурӣ даъват карда мешавад. Инчунин Анҷумани ғайринавбатии адвокатҳо метавонад бо ташаббуси яке аз мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо тибқи қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳо даъват карда шавад.
  3. Анҷумани  адвокатҳо дорои ваколатҳои зерин аст:

– Оинномаи Иттифоқи адвокатҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;

– Кодекси одоби касбии адвокатҳоро қабул ва ба он тағйиру иловаҳо ворид менамояд;

– аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ва раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро ба муҳлати чор сол интихоб менамояд, инчунин оид ба пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзо ва раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо қарор қабул менамояд;

– андоза ва тартиби пардохти ҳаққи аъзогии адвокатҳоро муайян менамояд;

– сметаи хароҷотро барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо тасдиқ менамояд;

– андозаи музди меҳнати раис ва муовини раиси Иттифоқи адвокатҳо ва роҳбарони мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро дар доираи сметаи хароҷоте, ки барои таъмини фаъ-олияти Иттифоқи  адвокатҳо тасдиқ шудааст, муайян мекунад;

– ҳисоботи Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, аз ҷумла оид ба иҷрои сметаи хароҷот барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;

– аъзои Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳоро ба муҳлати  ду сол интихоб намуда, ҳисоботи онро доир ба натиҷаи фаъолияти хоҷагию молиявии Иттифоқи адвокатҳо тасдиқ менамояд;

– аъзои Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳоро интихоб мекунад;

– дастури Анҷумани адвокатҳоро тасдиқ менамояд;

– маҳалли ҷойгиршавии Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро муайян менамояд;

– ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳи Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;

– Низомномаи  мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;

– Низомномаи Комиссияи ревизионӣ ва Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;

– дигар ваколатҳоро, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

 

 Моддаи 39. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо

 

1.Раёсати Иттифоқи адвокатҳо мақоми дастаҷамъонаи иҷроияи доимоамалкунандаи Иттифоқи адвокатҳо дар байни анҷуманҳои адвокатҳо мебошад.

  1. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ бо теъдоди 9 нафар аз ҳайати аъзои Иттифоқи адвокатҳо ба муҳлати чор сол интихоб карда мешавад.
  2. Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ва муовини ӯ наметавонанд зиёда аз ду муҳлат пай дар пай ба вазифа интихоб шаванд.
  3. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– аз ҳайати худ муовини раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро ба муҳлати чор сол интихоб менамояд;

– шумораи дар Анҷумани адвокатҳо иштирок доштани вакилон, инчунин тартиби интихоби онҳоро муайян менамояд;

– дастрасии ёрии ҳуқуқиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ёрии ҳуқуқии ба шаҳрвандон ба тариқи ройгон расонидашавандаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

– бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо ташаббуси худ оид ба таъсис додани бюрои адвокатӣ дар маҳалҳо  қарор кабул менамояд;

– тартиби таъмини расонидани ёрии ҳуқуқиро аз ҷониби адвокатҳо, ки дар асоси қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд ба сифати ҳимоятгар дар парвандаҳои ҷиноятӣ иштирок менамоянд, муайян мекунад. Ин тартибро ба маълумоти мақомоти мазкур ва адвокатҳо мерасонад, инчунин аз тарафи адвокатҳо иҷро шудани ин тартибро назорат мебарад;

– барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокатҳо мусоидат мекунад, ҳамчунин тартиби ягонаи такмили ихтисоси адвокатҳо ва омӯзонидани коромӯз-адвокатҳоро таҳия ва тасдиқ менамояд;

– масъалаҳои боздоштани мақоми адвокатро ҳал менамояд;

– ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва касбии адвокатҳоро ҳифз менамояд;

– барои таъмин намудани ташкилоти адвокатӣ бо биноҳои (ҳуҷраҳои) корӣ мусоидат менамояд;

– таъминоти иттилоотии адвокатҳо, инчунин мубодилаи таҷрибаи касбии адвокатҳоро байни худ ташкил менамояд;

– фаъолияти методиро амалӣ месозад;

– Анҷумани навбатӣ ва ғайринавбатии адвокатҳоро даъват менамояд, рӯзномаи пешакии онҳоро омода месозад;

– молу мулки Иттифоқи адвокатҳоро тибқи сметаи хароҷот ва таъинот ихтиёрдорӣ менамояд;

– дастури Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро тасдиқ менамояд;

– баҳисобгирии ташкилотҳои адвокатиро амалӣ менамояд;

– фаъолияти мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро ҳамоҳанг месозад;

– ҳангоми гузаронидани экспертиза ва муҳокимаи пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  иштирок менамояд;

– ба Комиссияи тахассусӣ оид ба қатъ намудани мақоми адвокат пешниҳод ирсол менамояд;

– дигар ваколатҳоро, ки Қонуни мазкур ва Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

  1. Дар сурати аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адвокатҳо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани муқаррароти Қонуни мазкур, ваколатҳои он метавонад пеш аз муҳлат дар Анҷумани адвокатҳо қатъ карда шавад.
  2. Маҷлисҳои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби раиси Раёсат аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ даъват карда мешаванд. Маҷлис дар мавриди иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо салоҳиятнок ҳисобида мешавад.
  3. Қарори Раёсат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо, ки дар маҷлиси он иштирок менамоянд, қабул карда мешавад ва иҷрои он барои ҳамаи аъзои Иттифоқи адвокатҳо ҳатмӣ мебошад.
  4. Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо дар як вақт Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  5. Раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо:

– дар муносибат бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, Иттифоқи адвокатҳоро муаррифӣ намуда, аз номи Иттифоқи адвокатҳо бе ваколатнома амал менамояд;

– ваколатномаҳо медиҳад;

–  аз номи Иттифоқи адвокатҳо  созишномаҳо мебандад;

– бо қарори Раёсати Иттифоқи адвокатҳо тибқи смета ва таъиноти молу мулк онро ихтиёрдорӣ менамояд;

– кормандони дастгоҳи Иттифоқи адвокатҳоро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

– маҷлиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳоро даъват менамояд;

– иҷрои қарорҳои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ва қарорҳои Анҷумани адвокатҳоро таъмин менамояд.

  1. Раис, муовини ӯ ва дигар аъзои Раёсати Иттифоқи адвокатҳо метавонанд дар Раёсати Иттифоқи адвокатҳо кор карда, ҳамзамон ба фаъолияти адвокатӣ машғул шаванд.
  2. Раёсати Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ надорад аз номи худ фаъолияти адвокатиро амалӣ намояд, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.

 

Моддаи 40.  Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо

 

  1. Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо барои амалӣ сохтани назорати фаъолияти молиявию хоҷагии Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби аъзои Иттифоқи адвокатҳо ба муҳлати ду сол интихоб карда мешавад.
  2. Дар бораи натиҷаҳои кори худ Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо дар назди Анҷумани адвокатҳо ҳисоботдиҳанда мебошад.
  3. Аъзои Комиссияи ревизионии Иттифоқи адвокатҳо метавонанд фаъолияти хизматии худро бо фаъолияти адвокатӣ якҷоя намоянд. Онҳо ҳуқуқ надоранд дар Иттифоқи адвокатҳо дигар вазифаи  интихобиро ишғол намоянд.

 

 Моддаи 41. Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо

 

  1. Барои амалӣ намудани назорат аз рӯи фаъолияти касбии адвокатҳо аз ҳисоби аъзои Иттифоқи адвокатҳо Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо интихоб карда мешавад.
  2. Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо фаъолияташро дар асоси Қонуни мазкур, Оинномаи Иттифоқи адвокатҳо, Кодекси одоби касбии адвокатҳо ва Низомномаи Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо амалӣ намуда, аз натиҷаи фаъолияти худ ба Анҷумани адвокатҳо ҳисобот медиҳад.
  3. Аъзои Комиссияи интизомии Иттифоқи адвокатҳо метавонанд фаъолияти худро дар Комиссияи интизомӣ бо фаъолияти адвокатӣ якҷоя намоянд. Онҳо ҳуқуқ надоранд дар Иттифоқи адвокатҳо дигар вазифаи  интихобиро ишғол намоянд.
  4. Комиссияи интизомии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар асоси Низомномаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ташкил карда мешавад.

 

Моддаи 42. Молу мулки Иттифоқи адвокатҳо

 

  1. Молу мулки Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва пардохтҳои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо, ки барои эҳтиёҷоти умумии Иттифоқи адвокатҳо ба ҷо меоранд, грантҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ташаккул меёбад.
  2. Ба хароҷот барои эҳтиёҷоти умумии Иттифоқи адвокатҳо  хароҷот барои ҳаққи хизмати адвокатҳо, ки дар мақомоти Иттифоқи адвокатҳо кор мекунанд, ҷуброни хароҷоти ин адвокатҳо, ки бо кор дар ин мақомот алоқаманд аст, хароҷоти музди меҳнати  кормандони дастгоҳи Иттифоқи адвокатҳо, таъминоти моддии фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо ва дигар хароҷоте, ки сметаи хароҷот барои таъмини фаъолияти Иттифоқи адвокатҳо  пешбинӣ намудааст, дохил мешаванд.

 

Моддаи 43.   Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо

 

  1. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо воҳидҳои сохтории Иттифоқи адвокатҳо буда, адвокатҳои дар як минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияткунандаро муттаҳид мекунанд.
  2. Мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дорои номи худ мебошад, ки ишора ба шакли ташкилии он ва минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳудуди он вай таъсис ёфтааст, дар бар мегирад.
  3. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо бо мақсади таъмини ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ, дастрасии он барои аҳолӣ дар ҳудуди дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ёрии ҳуқуқии  ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои адвокатҳо дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорати тайёрии касбии адвокатҳо ва аз ҷониби онҳо риоя гардидани Кодекси одоби касбии адвокатҳо ташкил карда мешаванд.
  4. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо таъсис дода мешаванд. Мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо воҳиди сохторӣ буда, тавозуни мустақил дорад, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо мекушояд, инчунин дорои муҳр, тамға ва бланк  бо номи  худ бо ишора ба шакли ташкилии он ва минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он  таъсис ёфтааст, мебошад.
  5. Адвокатҳо аз рӯи уҳдадориҳои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо, мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо бошад, аз рӯи уҳдадориҳои адвокатҳо масъул намебошанд.
  6. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар асоси  қарори маҷлиси таъсисии адвокатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
  7. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода намешаванд.
  8. Дар ҳудуди ҳар як минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад танҳо як  мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ташкил карда шавад, ки он ҳуқуқ надорад воҳидҳои сохтории худро дар ҳудуди дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад.
  9. Қарорҳои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо, ки дар доираи ваколатҳои  онҳо  қабул карда шудаанд, барои ҳамаи адвокатҳои мақомоти дахлдори минтақавии Иттифоқи адвокатҳо  ҳатмӣ мебошанд.
  10. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ надоранд фаъолияти адвокатиро  аз номи худ амалӣ намоянд, инчунин ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд.
  11. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо барои корҳои ташкилӣ оид ба расонидани  ёрии ҳуқуқии марказонидашудаи ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои иштироки адвокатҳо ба сифати ҳимоятгар  дар мурофиаи судии ҷиноятӣ бо қарори мақомоти  таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокурор, судя ё таъиноти суд масъул мебошанд.

 

Моддаи 44. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳо

 

Адвокатҳо ҳуқуқ доранд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳоро ташкил кунанд ва ё аъзои (иштирокчии) иттиҳодияи ҷамъиятии адвокатҳо бошанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии адвокатҳо ҳуқуқ надоранд вазифаҳои ташкилотҳои адвокатӣ, Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро амалӣ намоянд.

 

БОБИ 6.

МУҚАРРАРОТИ ДАВРАИ ГУЗАРИШ

 

Моддаи 45. Соҳиб шудан ба мақоми адвокат

 

  1. 1.  Адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур фаъолият менамоянд ва ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошанд, фаъолияташонро пас аз мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар давоми понздаҳ моҳ идома медиҳанд. Агар онҳо мақсади идома додани фаъолияти адвокатиро дошта бошанд, бояд дар ин муҳлат мақоми адвокатро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур соҳиб шаванд (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., №1311).
  2. 2. Дар давраи гузариш намояндагони адвокатҳо аз панҷ минтақаи кишвар як нафарӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) дар ҷаласаҳои якҷояи ташкилотҳои адвокатӣ ва адвокатҳои ваколатдор ба Комиссияи тахассусӣ интихоб карда мешаванд. Номзадии шахси интихобшуда дар муҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
  3. 3. То ташкил шудани мақомоти минтақавии Итифоқи адвокатҳо иҷрои ваколатҳои онҳо оид ба иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ба Комиссияи тахассусӣ вогузор карда мешавад.
  4. 4. Пас аз интихоб намудани аъзои Комиссияи тахассусӣ аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо ваколати панҷ нафар адвокатҳое, ки аз минтақаҳо ба аъзогии Комиссияи тахассусӣ интихоб гардидаанд, қатъ гардида, ба онҳо мақоми адвокат бе супоридани имтиҳони тахассусӣ дода мешавад.
  5. 5. Ташкилотҳои адвокатие, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд, дар муҳлати як моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ба Комиссияи тахассусӣ бояд рӯйхати адвокатҳои фаъолияткунандаро пешниҳод намоянд.

(ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1237)

 

Моддаи 46. Баргузории маҷлисҳои таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо

 

  1. Ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, адвокатҳои ваколатдор ва адвокатҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми адвокатро соҳиб шудаанд, дар давоми чор моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур маҷлисҳои таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро дар  Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор менамоянд.
  2. Ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, адвокатҳои ваколатдор ва адвокатҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур мақоми адвокатро соҳиб шудаанд, дар маҷлисҳои умумии худ вакилонро ба маҷлиси таъсисии минтақавии адвокатҳо аз рӯи меъёри як вакил аз даҳ адвокат интихоб менамоянд.
  3. Маҷлиси таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он ҳузур дошта бошанд.
  4. Маҷлиси таъсисии мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо даҳ нафарӣ вакилро ба Анҷумани якуми адвокатҳо интихоб менамояд.
  5. Кушодани маҷлиси таъсисии адвокатҳо ба адвокати синнаш аз ҳама калон, ки дар ҳамин маҷлис иштирок мекунад, супорида мешавад. Барои бурдани ҷаласа вакилоне, ки дар маҷлис иштирок доранд, аъзои  Раёсатро интихоб  мекунанд.
  6. Қарорҳои маҷлиси таъсисии минтақавии адвокатҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон, ки дар маҷлиси мазкур иштирок доранд, қабул карда мешавад.
  7. Ба ҳайати вакилони Анҷумани якуми адвокатҳо метавонанд ҳамчунин адвокатҳои дар маҷлиси таъсисии минтақавии адвокатҳо иштирокнадошта  интихоб карда шаванд.
  8. Тайёр кардани ҳуҷҷатҳои Анҷумани якуми адвокатҳо ба Кумитаи тадорукот, ки аз ҳисоби вакилони интихобшуда таъсис дода мешавад, вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 47. Гузаронидани Анҷумани якуми адвокатҳо

 

  1. Кумитаи тадорукот гузаронидани Анҷумани якуми адвокатҳоро дар давоми шаш моҳ аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур  ташкил менамояд ва  вақту маҳалли гузаронидани онро муайян мекунад.
  2. Агар дар кори Анҷумани якуми адвокатҳо аз се ду ҳиссаи вакилон  иштирок намуда бошанд, он босалоҳият ҳисобида мешавад.
  3. Анҷумани якуми адвокатҳоро вакили синнаш аз ҳама калони иштирокдошта кушода, онро то интихоб шудани раиси Раёсати Иттифоқи адвокатҳо мебарад. Барои бурдани маҷлис вакилони анҷуман Раёсатро интихоб мекунанд.
  4. Вакилон Дастури муваққатии Анҷумани якумро тасдиқ менамоянд.
  5. Анҷумани якуми адвокатҳо мақомоти Иттифоқи адвокатҳоро ташкил намуда, иҷрои вазифаҳои дар моддаи 38 Қонуни мазкур пешбинигардидаро амалӣ менамояд.
  6. Қарорҳои Анҷумани якуми адвокатҳо бо тарафдории аксарияти вакилон қабул карда мешаванд.
  7. Ба ҳайати мақомоти Иттифоқи адвокатҳо метавонанд адвокатҳое, ки вакилони Анҷумани якум нестанд, интихоб шаванд.

 

Моддаи 48. Ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатие, ки то

мавриди  амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд

 

  1. Ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд ва то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудаанд, мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда амалӣ карда мешавад.
  2. Баъди бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, ҳуқуқ надоранд вазифаи Иттифоқи адвокатҳо ва ё мақомоти онро, ки Қонуни мазкур муайян намудааст, амалӣ намоянд.
  3. Дар муддати шаш моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатӣ, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур таъсис ёфтаанд, уҳдадоранд шакли ташкилии худро ба талаботи Қонуни мазкур мувофиқ намоянд.
  4. Ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудаанд, дар асоси Қонуни мазкур бо қарори маҷлиси умумии ташкилоти адвокатии дахлдор бо роҳи азнавташкилдиҳӣ (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) – и он ба як ва ё якчанд шакли ташкилии ташкилоти адвокатие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад.
  5. Назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани азнавташкилдиҳии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур  таъсис ёфтаанд, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он амалӣ карда мешавад.
  6. Бо Қонуни мазкур ҳуқуқи адвокатҳое, ки дар маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ фаъолият намуда, ҷудошавии онро аз коллегияи адвокатҳои то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкилшуда бо табдилдиҳии чунин маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба ташкилоти ғайритиҷоратии яке аз шаклҳои ташкилии пешбининамудаи  Қонуни мазкур талаб менамоянд, эътироф карда мешавад.  Қарор оид ба ҷудо шудани  маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ бо табдилдиҳии он ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатӣ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи ҳайати адвокатҳои ба рӯйхат дохилбуда, ки дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии дахлдор дар рӯзи бақайдгирии  Иттифоқи адвокатҳо фаъолият менамоянд, қабул карда мешавад. Зимнан,  муассисони (аъзои) маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё  коллегияи адвокатии аз нав таъсисёфта танҳо адвокатҳое, ки шартномаи таъсисиро бастаанд, шуда метавонанд.
  7. Қарори адвокатҳои маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ  оид ба ҷудо шудан аз коллегияи адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудаанд, бояд дар муҳлати ду моҳ аз рӯзи бақайдгирии  Иттифоқи  адвокатҳо бо мактуби фармоишӣ ба коллегияи адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудааст, инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии он  ирсол карда шавад. Қарори мазкур аз ҷониби маҷлиси умумии коллегияи адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудааст, дар муддати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо баррасӣ карда мешавад.
  8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилоти адвокатии азнавташкилшуда, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур таъсис ёфтааст,  ба шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта дар асоси тавозуни тақсимотӣ мегузарад. Зимнан ба шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта молу мулк ба тариқи асл ва ҳуқуқҳои молу мулкии пештар дар истифодаи маслиҳатхонаи ҳуқуқии дахлдор қарордошта мегузарад.
  9. Талабот оид ба додани ҳуқуқи молумулкӣ бояд дар муддати ду моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо бо мактуби фармоишӣ  ба мақомоти болоии ташкилоти адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудааст, инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад. Талаботи мазкур бояд аз ҷониби маҷлиси умумии ташкилоти адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар муҳлати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо  баррасӣ карда шавад.
  10. Дар натиҷаи қонеъ намудани талаботи  пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 9 ҳамин модда ташкилоти адвокатҳо, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар асоси санади супоридан ҳуқуқ ба соҳибмулкиро нисбати молу мулки маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ба адвокатҳое, ки дар маслиҳатхонаҳои ҳуқуқии дахлдор фаъолият мекунанд, ба шарти бо ҳиссаҳои баробар аз ин ҳиссаҳо ташкил намудани фонди тақсимнашавандаи маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатии нав таъсисёфта  медиҳад.
  11. Адвокатҳое, ки  дар ҳайати ташкилотҳои адвокатии то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур таъсисёфта мебошанд, баъд аз қонеъ намудани талаботи пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 9 ҳамин модда ҳуқуқ доранд дар хусуси ба як ё якчанд шакли ташкилии ташкилоти адвокатии пешбининамудаи Қонуни мазкур  табдилдиҳии (тақсимшавии) ташкилоти адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, қарор қабул намоянд.
  12. Тақсимшавии ташкилоти адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст,  ба ду ва зиёда ташкилоти адвокатӣ  бо талаби на кам аз нисфи адвокатҳои аъзои ташкилоти адвокатҳои азнавташкилшаванда, ки дар ҳайати ташкилоти адвокатҳо баъд аз қонеъ намудани талаботи қисми 6 ҳамин модда мондаанд, амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилоти адвокатҳои азнавташкилшаванда  дар асоси тавозуни тақсимотӣ  ба шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи тақсимкунӣ аз нав таъсис ёфтаанд, мегузарад. Тақсимоти ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилоти адвокатии азнавташкилшаванда, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, дар байни шахсони ҳуқуқии навтаъсисёфта, мутаносибан бо шумораи адвокатҳое, ки иштирокчиёни шахсони ҳуқуқии  навтаъсисёфта мебошанд, ба роҳ монда мешавад. Шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи тақсимшавии ташкилоти адвокатии то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкилшуда мебошанд, ҳуқуқ надоранд ном ва рамзи  ташкилоти адвокатии пештар ташкилшударо истифода баранд.
  13. Талабот оид ба тақсимшавии ташкилоти адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур  ташкил шудааст, ба ду ва ё зиёда ташкилоти адвокатӣ бояд дар муддати чор моҳ  аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо бо мактуби фармоишӣ ба мақомоти болоии ташкилоти адвокатӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис ёфтааст, инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда  шавад. Талаботи мазкур  аз ҷониби маҷлиси умумии ташкилоти адвокатҳое, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур  таъсис ёфтааст, дар муддати чор моҳ аз рӯзи бақайдгирии Иттифоқи адвокатҳо баррасӣ карда мешавад.
  14. Ба як шакли ташкилии пешбининамудаи Қонуни мазкур табдил додани ташкилоти адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур  ташкил шудааст, бо қарори маҷлиси умумӣ, ки бо тарафдории аксарияти овозҳои аъзои ташкилоти адвокатии дахлдор қабул шудааст, ба анҷом расонида мешавад. Зимнан ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳои адвокатии азнавташкилшаванда  ба маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатии навтаъсис  дар  асоси санади супоридан  мегузарад.
  15. Маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ ё коллегияи адвокатҳои аз нав дар рафти азнавташкилдиҳӣ таъсисёфта вориси ҳуқуқии ташкилоти адвокатии то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар асоси тавозуни тақсимотӣ  ва санади супоридан ташкилшуда мебошанд.
  16. Аз рӯзи мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкилотҳои  адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур ташкил шудаанд, ҳуқуқ надоранд гузаронидани аъзои худ ва додани  молу мулк миёни маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, ҳамчунин бегона кардани  молу мулки ташкилоти  адвокатҳоро, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур  ташкил шудаанд,  ба истиснои  тартиби пешбининамудаи ҳамин модда анҷом диҳанд.
  17. Бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии дар натиҷаи мутобиқ гардонидани ташкилотҳои адвокатии то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсисёфта ба Қонуни мазкур, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур  амалӣ карда мешавад.
  18. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова нусхаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

– қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ;

– тавозуни тақсимотӣ  ё санади супоридан;

–  ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии азнавташкилшуда;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати ворид кардани маълумот  дар бораи  адвокатҳо – муассисон ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо.

  1. Ба азнавташкилдиҳии ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, қоидаҳои азнавташкилшавии шахсони ҳуқуқии муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо мухолифи ҳамин модда набошанд, татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Таъминоти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи таъйинот

 

  1. Ташкилотҳои адвокатӣ дар муддати  бист рӯз  аз рӯзи бақайдгирӣ  уҳдадоранд дар хусуси тартиби  расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хусуси тартиби иштироки адвокат ба сифати ҳимоятгар дар мурофиаи судӣ бо таъиноти мақомоти  таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокурор, судя ё суд қарор қабул намоянд.
  2. То қабул кардани қарори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби ташкилоти адвокатӣ масъулият барои расонидани  ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои иштироки адвокатҳо ба сифати ҳимоятгар  дар мурофиаи судии ҷиноятӣ бо қарори мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ, прокурор, судя ё таъиноти суд, ба зиммаи ташкилотҳои адвокатие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ташкил шудаанд, гузошта мешавад.

 

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 50. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 51. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи адвокатура» 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи адвокатура» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995,  №21, мод. 249; с.2001, №7, мод. 487; с.2006, №3, мод. 144) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

 Моддаи 52. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ  Раҳмон

 

ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,

№ 1182

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …