Главная / Илм / АДЕНОВИРУСҲО

АДЕНОВИРУСҲО

adenovirushoАДЕНОВИРУСҲО (Adenovira; аз юн. aden – ғадуд ва вирусҳо), вирусҳое, ки боиси пайдоиши сирояти аденовирусӣ ме- шаванд. А. дар ҳучайраҳои пардаи роҳи нафас, рӯда, конъюнктива ва бофтаҳои лимфоидӣ афзоиш меёбанд. Даҳҳо сероти- пи А. мавчуд аст. Серотипҳои гуногуни А. метавонанд як бемориро ба вучуд оранд, ё баръакс, як серотипи он қодир аст мучиби сар задани бемориҳои гуногун шавад. А. ба таъсири ҳарорати паст ниҳоят устувор буда, дар мавриди гарм кардан ё истифо- даи васоити гандзудо (дезинфексиявӣ) зуд маҳв мегарданд. А. ба тавассути зарраҳои оби даҳон, ки дар ҳаво паҳн гаштаанд, интиқол меёбанд (ҳангоми гап задан, сур- фидан, атса задан ва ғ.). Ба воситаи дасти ифлос, косаю табақ, бозичаҳо ва ахлот низ паҳн гаштани он аз эҳтимол дур нест. Ниг. низ Сирояти аденовирусӣ. Ш. Матинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …