Главная / Маданият ва санъат / АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

АДАБИЁТИ АСРИ XVIII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна: Вазъияти сиёсию таърихӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XVIII ва оғози асри XIX басо сангину мураккаб гардида, ин ҳолат ҳанӯз аз аҳди Абдулазизхони Аштархонӣ (1645-1680) ва Субҳонқулихон (1680-1702) шурӯъ шуда буд. Убайдуллоҳхон (1702-1711) кӯшиши пешгирӣ намудани онро карда бошад ҳам, натиҷа надод ва худи ӯ ба қатл расонида шуд.

Дар замони ҳукмронии охирин намояндаи хонадони Аштархонӣ – Абулфайзхон (1711-1747) вазъияти кишвар тамоман хароб гардид. Зеро ин қариб ба корҳои мамлакатдорӣ ҳоким аҳамият намедод. Ин буд, ки ҳокими Эрон – Нодиршоҳи Афшор (1688-1747) соли 1740 ба сарзамини Мовароуннаҳр ҳуҷум карда, қувваҳои Нодиршоҳ бе дидани муқобилияти шадиде ба Бухоро ворид шуданд.

Дар ин ҷанг Муҳаммадҳаким атолик – фиристодаи Абулфайзхон барои музокирот ба назди Нодиршоҳ низ хиёнат мекунад. Ӯ бар нафъи Нодиршоҳ амал менамояд. Писари Муҳаммадҳаким – Муҳаммадраҳимбӣ дар Эрон ба боварии Нодиршоҳ даромада, баъдҳо бо баҳонаи ҷанозаи падараш ва кӯмак ба Абулфайзхон ва зарба задан ба Ибодуллоҳбӣ дар Каттақӯрғон ба Бухоро меояд. Дар ҳақиқат, Раҳимбӣ исёни Ибодуллоҳбиро шикаст дода, соли 1747 Абулфайзхонро дар мадрасаи Мири араб ба қатл мерасонад. Ба ҳамин тариқ, охирин намояндаи Аштархониҳо аз сафҳаи таърих рафта, ба ҷои ин сулола салтанати Манғитиҳо сар мешавад.

Раҳимхон соли 1754 ба як қатор шаҳрҳои Мовароуннаҳр лашкар кашида, дар шаҳрҳои Миёнколот, Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Қаршӣ, Ургут, Панҷакент, Ҳисор ва ғайра пояи давлаташро устувор мегардонад.

Раҳимхон соли 1758 вафот мекунад ва ба ҷои ӯ амакаш – Амир Дониёл (1758-1785) ба тахт менишинад. Вале дере нагузашта ҳокимони маҳаллӣ муқобили ӯ исёнҳо бармеангезанд. Аз ҷумла, ҳокимони шаҳрҳои Ӯротеппа – Фозилбӣ, Шаҳрисабз – Бекназарбӣ, Косон – Бӯтабӣ, Ғузор- Дӯстқаробӣ ва дигарон. Баъди пахши чунин исёнҳо, албатта, аҳволи мамлакат хеле бад шуда буд. Баъд аз вафоти Дониёл (соли 1785) писари ӯ – Шоҳмурод (1785-1800) соҳиби тахт шуд. Ин марди сӯфимашраб шахсияти оддиву хоксоре буда, ҳатто Давлаткушбегӣ ва Қозӣ Низомуддинро дар ҳузури омма барои гуноҳҳояшон ба қатл мерасонад. Дар таърихи сулолаи Манғитиҳо ҳукмронии Шоҳмурод хеле одилона ва дар ҳадди инсоф буд. Ӯ қариб ҳамаи ҳокимони маҳаллиро иваз мекунад ва мансабдоронро санҷида, ба ҳар вазифае таъин менамояд.

Амир Шоҳмурод барои ободонии шаҳрҳои Самарқанду Бухоро кӯшиш намуда, пеши роҳи бесару сомониҳоро то андозае мегирад.

Соли 1800, пас аз вафоти Шоҳмурод, писари ӯ-Ҳайдар (1800-26) ба тахт мешинад. Амир Ҳайдар мударрисӣ низ мекардааст. Баъд аз вафоти Ҳайдар писари вай – Насруллоҳ (1826-1860) ва баъди Насруллоҳ писари ӯ – Музаффар (1860-1885) амир мешаванд.

Дар оғози асри XIX мисли аминона, мӯҳрона, миробона, вакилона, муҳосилона, ҳаққи тарозу ва ғайра навъҳои андоз зиёд мешавад. Ин аст, ки дар давраҳои гуногуни асрҳои Х^Ш-Х1Х бисёр исёнҳои халқӣ рух додаанд.

Вазъияти Хӯқанд. Вобаста ба он ки Нодиршоҳ Хӯқандро ишғол накард, ин сарзамин нисбат ба Бухоро ободон боқӣ монд. Ҳокими ин қаламрав – Олимхони Хӯқандӣ (1799-1809) низ баъзе тадбирҳои хуб баҳри амнияти кишвар андешида буд. Ӯ аз ҳисоби мардумони кӯҳистони Дарвозу Қаротегин ва Шуғнон дастаи махсусе созмон дода, даъвии истиқлолхоҳӣ менамояд.

Ин буд, ки вай Тошканд ва қавмҳои қазоқро, ки дар атрофи он буданд, ба ҳудуди давлати худ медарорад. Пас аз Олимхон бародари ӯ – Умархон (1809-1822) низ сиёсати бародарашро давом медиҳад ва муваффақ мешавад.

Умархон Туркистон ва даштҳои қазоқнишинро аз ҳудуди баҳри Арал то Ҳафтрӯд тасарруф намуда, қисми зиёди марказҳои қазоқу қирғизнишинро низ соҳиб мешавад. Баъд аз Умархон писари вай – Муҳаммадалихон (1822-1842) баҳри вусъати ҳудуди давлати худ кӯшишҳо намуда, қаламрави Дарвозу Қаротегин ва ҳатто Кӯлобро ба зери итоат медорад.

Ӯ Ӯротеппа ва Қошғарро низ тасарруф карда, ҳудуди мамлакаташро хеле вусъат мебахшад. Вале шахсияти амир чандон писанди мардум намешавад, зеро вай бештар ба айшу нӯш рӯ меорад. Ин буд, ки Амир Насруллоҳ Хӯқандро забт намуда, Муҳаммадалихон ва модару бародарашро низ нест мекунад. Идоракунии Хӯқандро ба ӯҳдаи Иброҳим Хаёл ном ҳоким мегузорад. Ҳукумати Иброҳим дер давом намекунад ва Хӯқанд боз мустақил мешавад.

Ҳолати сиёсии Хоразм низ чандон хуб набуд, зеро миёни хонигариҳои Хоразму Бухоро ва Хӯқанд ҳамеша низоъҳо мавҷуд буданд. Аз сабаби он ки Марв ба ихтиёри ҳокими Бухоро зӯран бароварда шуда буд, хони Хоразм – Элтузархон ба Бухоро лашкар мекашад. Хони Хоразм комилан комёб нашуда бошад ҳам, вазъияти Бухороро мураккаб намуд. Зеро Хӯқанд низ як қатор шаҳрҳои тобеи Бухороро тасарруф карда буд. Аз ҷумла, як қисмати Туркистон, Ҳафтрӯд, Қазоқистони Ҷанубӣ, Шуғнон, Дарвозу Қаротегин, Вахон ба ихтиёри мири Хӯқанд даромада буданд.

Умуман, ин кашмакашиҳои бемаънӣ ва ин бесарусомониҳо ҳолати кишвар ва халқи меҳнаткашро хеле вазнину ногувор карда буданд.

Дар асри XVIII дар қаламрави Афғонистони кунунӣ низ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Шоҳи Эрон -Нодиршоҳи Афшор (1736-1747) ба хонигариҳои хурд-хурди қаламрави Афғонистон хотима гузошта, тамоми ҳудуди ҳамонвақтаи Афғонистонро ба ҳайати империяи худ дохил намуд. Баъд аз вафоти Нодиршоҳ дар Афғонистон давлати Дуррониён (1747 – 1818) таъсис ёфт, ки асосгузори он Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-1773) буд. Қаламрави он дар ҳамон вақт аз Машҳад то Кашмир ва аз Аму то баҳри Араб буд. Соли 1818 давлати Дуррониён пароканда шуда, ба хонигариҳои хурд-хурд тақсим гардид. Аз ҷумла ба хонигариҳои Кобул, Қандаҳор, Пешовар, Ҳирот, ки муқтадири онҳо Кобул буд. Ҳокими он – Дӯстмуҳаммадхон (1826-63) барои якпорчагӣ кӯшиши зиёд кард, вале ҳамаи кӯшишҳояш бенатиҷа монданд. Зеро англисҳо ба ин монеъ шуданд. Соли 1838 армияҳои англисҳо ва ҳиндуҳо ба Афғонистон ҳуҷум карда, ҳукумати Шуҷоъро таъсис доданд, вале озодихоҳон ӯро қабул накарданд.

Соли 1842 ӯ ба қатл расонида шуд. Соли 1878 армияи 36.000 нафараи англисиву ҳиндӣ Афғонистонро боз забт намуд ва ин кишвар расман мустамликаи Англия гардид.

Дар қаламрави Эрон бошад давлати Сафавиён, ки аввалҳои асри XVI барпо шуда буд, то асри XVIII давом кард. Охирҳои асри XVIII Қочориҳо ба сари ҳокимият омаданд ва то соли 1925 ҳукумат карданд.

Ба ҳамин тариқ, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна зери таъсири сиёсати Россияи подшоҳӣ ва Англия монда буданд. Танҳо Россия пас аз Инқилоби Октябр сиёсати худро дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ тағйир дод, вале сиёсати мустамликадории Англия то миёнаҳои асри ХХ идома кард.

Ҳавза ва марказҳои адабӣ

Дар асри XVIII ва оғози асри XIX дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, сарфи назар аз нобасомониҳои давр, ҷунбиши тозаи адабӣ зуҳур кард. Дар ин давра ҳаёти адабӣ асосан дар се маркази сиёсӣ – маъмурӣ ва фарҳангӣ-адабӣ: Бухоро, Хӯқанд ва Хева (Хоразм) ривоҷ ёфт. Инчунин, ҳамин ҷунбиши адабӣ на танҳо шаҳрҳои зикршуда, балки тамоми қаламрави Осиёи Миёна, яъне шаҳрҳои музофотиро ҳам фаро гирифт. Аз ҷумла доираҳои адабӣ дар Самарқанд, Каттақӯрғон, Миёнкол, Шаҳрисабз, Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Бадахшон ва дигар шаҳрҳо фаъол гаштанд.

Яке аз доираҳои адабии бонуфузи ин давра маркази хонигарии Хева- шаҳри Урганҷ мебошад. Тафовути ин доираи адабӣ нисбат ба доираҳои дигар он аст, ки адабиёти бадеӣ дар ин марказ ғолибан ба забони ӯзбекӣ инкишоф меёфт ва осори адабии ба забони тоҷикӣ эҷодшуда нисбатан камтар ба назар мерасад. Дигар хусусияти ин ҳавзаи адабӣ ин аст, ки бисёр осори бадеӣ ва таърихӣ аз забони тоҷикӣ ба забонӣ ӯзбекӣ тарҷума карда шуданд аз ҷумла: «Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон», «Юсуф ва Зулайхо», «Саломон ва Абсол»-и Абдарраҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайнуддини Восифӣ, «Шоҳу Дарвеш»-и Ҳилолӣ ва ғайра. Аз осори таърихӣ бошад, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир, «Равзат- ус-сафо»-и Мирхонд ва аз насри халқӣ «Чор дарвеш» ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуданд. Дар ин кор саҳми сарвари ин мактаби адабӣ – Мӯниси Хоразмӣ басо бузург мебошад.

Аз тарафи дигар, ба ин восита ин марди шариф дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро тақвият бахшида, иртиботи фарҳангӣ-адабии халқҳои Осиёи Миёнаро мустаҳкамтар намудааст.

Дигар доираи адабии шӯҳратманд дар он рӯзгор доираи адабии Хӯқанд ба шумор меравад, ки он дар аҳди Олимхони Хӯқандӣ (1799- 1809) ташаккул ёфта, дар рӯзгори амир Умархон (1809-1822) эътибори хоса пайдо кардааст.

Ба ин доираи адабӣ аз дигар гӯшаву канорҳо қувваҳои адабӣ ҷамъ омада буданд. Ин албатта, аз нуфузи он шаҳодат медиҳад. Абдулкарим Фазлии Намангонӣ дар тазкираи худ «Маҷмӯат-уш-шуаро» таъкид мекунад, ки 75 тан қувваҳои адабӣ аз дигар ҷойҳо ба ин ҳавзаи адабӣ омадаанд. Зеро худи амир Умархон шоир буда, шеъру адабро қадршиносӣ мекардааст. Ҳатто аз Бухоро адибони чун Умеди Самарқандӣ, Камоли Бухороӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Шавқӣ, Ваҳшӣ, Муштоқи Шаҳрисабзӣ, Маҳзуни Самарқандӣ ва дигарон ба ин доираи адабӣ омада буданд. Инчунин, баъзе адибоне ҳам буданд, ки онҳоро маддоҳони амир Умархон гуфтан мумкин аст. Онҳо Вазир, Адо, Нола, Маъюс, Афсӯс, Дабир, Нусрат, Ҳотиф, Хиҷлат, Фазлӣ ва дигарон буданд. Дар ин дира як гурӯҳи дигари адибон-эҷод корони нисбатан ҳақгӯю адолатҷӯе низ буданд, ки баъзе нуқсону камбудиҳоро рӯирост мегуфтанд. Ба ин тоифа адибон Гулханӣ, Махмур, Шӯхӣ, Нодир (Узлат), Нозил ва дигарон дохил мешаванд.

Дигар хусусияти хеле муҳими доираи адабии Хӯқанд ин аст, ки адибони ҳавзаи адабии мазкур шоирони зулисонайн (дузабонӣ) буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод мекарданд.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби доираи адабии Хӯқанд боз аз он иборат аст, ки ин ҷо ҳаҷв нисбатан қувват пайдо карда буд. Аз адибони ҳаҷвгӯи ин доираи адабӣ метавон чандеро номбар кард. Аз ҷумла Маҳмуди Махмур, Нозили Хуҷандӣ, Гулханӣ ва монанди инҳо, ки дар ҳунари ҳаҷвгӯӣ панҷаи нисбатан қавӣ доштанд.

Чунончи, дар ҳаҷвиёти Авазмуҳаммад Нозили Хуҷандӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод мекард, камбудиҳо ва норасоиҳои замону муҳит ошкоро баён карда шудаанд. Аз ҷумла, баъзе аз ҳаҷвияҳои адибро метавон зикр намуд: «Дар ҳаҷви Иброҳими қилтамоқ», «Дар ҳаҷви Ҳакими нонвой», «Ҳаҷв дар ҳаққи нархари ноҷинс» ва ғайра, ки дар онҳо зоҳиру ботини ҳаҷвшавандаҳо, марому ҳадафи онҳо фош карда шудааст.

Хусусияти дигари доираи адабии Хӯқанд аз он иборат аст, ки дар он бештар таттабӯот ё ҷавобиягӯӣ ривоҷ гирифта будааст. Аксари шоирони ин ҳавза ба ашъори амир Умар ҷавобияҳо гуфтаанд.

Дигар доираи бонуфузи адабии ин давра доираи адабии Бухоро ба шумор меравад. Ин доираи адабӣ аз солҳои 30-юми асри XVIII сар карда нисбатан ба инқирози адабӣ дучор гардид. Албатта, ин вобаста ба авзои сиёсӣ – таърихии Бухоро ва кашмокашҳои дохилии он буд. Танҳо аз солҳои 70-уми ҳамин аср сар карда, вазъият нисбатан рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Ин беҳбудӣ дақиқан аз давраи ба сари қудрат омадани амир Шоҳмурод оғоз шуд. Дар ин доираи адабӣ адибон аз ҳар шаҳру вилоят гирд омада буданд. Аз зумраи он эҷодкорон Мирзосодиқи Муншӣ, Муҳаммадшарифи Ориф, Абдурраҳмонхоҷаи Носеҳ, Ҷунайдулоҳи Ҳозиқ, Ҳасрати Ҳисфӣ, Парии Ҳисорӣ, Раҳими Ғармӣ ва дигарон (беш аз 70 нафар) буданд, ки боиси равнақи адабиёт дар ҳавзаи адабии мазкур шуданд.

Равнақи адабиёт дар ҳавзаи Бухоро нисбат ба доираҳои дигари адабӣ сусттар буд, зеро ҳукуматдорони Бухоро ба шеъру адаб чандон рағбат надоштанд. Аз ин рӯ, доираи адабии Бухоро пеш аз ҳама, бо он характернок аст, ки адабиёт ғолибан дар шаҳрҳо ва навоҳии тобеи Бухоро нисбатан пеш рафтааст. Адибони қаламрави Бухоро бештар дар шаҳрҳои Ҳисор, Самарқанд, Насаф, Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Каттакӯрғон ва Дарвозу Бадахшон гирд омада, маҳфилҳои адабиро ободу бонуфуз мекарданд. Ба хусус, дар замони ҳукумати Абдукаримбӣ ва Яъқуб маҳфили адабии Ҳисор нисбатан фаъолтар будааст. Аз шоирони ин доираи адабӣ Тошхоҷаи Ирсӣ, Мирзо Олимҷони Ҳасрат, Мулло Раҷаби Парӣ ва дигарон бо Бухоро иртиботи қавӣ доштаанд.

Навъҳои асосии адабӣ. Дар ҳар се доираи адабӣ асосан жанрҳои маъмули адабӣ таҳаввул кардааст. Махсусан ғазал, мусаммат, рубоӣ, қитъа ва маснавӣ нисбатан серистифода будаанд. Яке аз жанрҳои нисбатан маъмули давр ғазал ба ҳисоб мерафт. Ғазали ин давра суннатӣ бошад ҳам, дар мавзӯи он андаке оҳангҳои иҷтимоӣ: сӯзу гудоз, оҳу нола, фироқу ҳиҷрон баландтар садо додаанд.

Дар ғазалҳо ҳасби ҳоли шоирон бештар ба назар мерасад. Заминӣ намудани сабки ғазал ва даст кашидан аз услуби печидабаёнӣ низ мушоҳида мешавад. Машҳуртарин ғазалсароёни ин давра Мирзосодиқ, Ҳозиқ, Ҳасрат, Нозили Хуҷандӣ, Музтар, Мирзо Атои Бухороӣ ва дигарон мебошанд.

Мухаммас ҳамчун як навъи мусаммат дар ин аҳд то ба дараҷае рушд кардааст. Дар ин аср мусаммати мухаммас ва ҳарду навъи он: озод ва тазмин дида мешавад. Бо вуҷуди он мусаммати мухаммаси тазмин бештар эҷод шудааст. Шоирон ба ашъори Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрав, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Соиб, Бедил ва адибони зулисонайн, ба ғазалҳои Навоию Фузулӣ бештар мусаммати мухаммас бастаанд. Махсусан, ба ғазалиёти Ҳофизу Бедил мусаммати мухаммас бештар мушоҳида мешавад.

Рубоӣ низ яке аз жанрҳои нисбатан маъмули ин давра ба шумор меравад. Шоироне, ки барои идома додани суннати рубоисароӣ саъй кардаанд, Мирзосодиқ, Носеҳи Хатлонӣ, Шавқӣ, Нозил, Фано ва дигарон мебошанд. Муҳимтарин хусусияти рубоиёти ин рӯзгор дар он зоҳир мешавад, ки дар рубоиёти ин аҳд, хусусан дар мисраи чаҳорум зарбулмасалу мақолҳои халқӣ бештар истифода шудаанд. Умуман, рубоиҳои ирсолумасалдор бештар дучор мегарданд. Албатта, ин падидаро тамоюли халқияти адабиёт гуфтан мумкин аст.

Қитъа ҳам мисли навъҳои дигари адабӣ дар ин давра нисбатан таҳаввул кардааст. Муқаттаоти адабиёти садаи мазкур аз нигоҳи ҳаҷм низ маъмулӣ буда, ғолибан аз ду то 15-17 байтро ташкил додаанд. Аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво низ қитъаҳои ин аҳд андарзӣ, панду ахлоқӣ, шикваю эътироз нисбат ба режими ҳукмрон, танқиду мазаммати амирон, золимон ва ғайра буданд. Қитьаҳои мадҳӣ, васфӣ, таърихӣ низ хеле зиёд мебошанд. Намунаи комили чунин қитьаҳоро мо дар эҷодиёти Мирзосодиқ, Ҷумьақулии Хумулӣ дучор меоем.

Оид ба бунёди масҷидҳо, тавлиду вафоти шахсиятҳои гуногун ва ғайра низ қитьаҳои зиёде эҷод шудаанд, ки аз ободии давру замон ва эьтибори шахсиятҳо гувоҳӣ медиҳанд. Умуман, шоирон Содиқ, Носеҳ, Ҳофиз, Шавқӣ, Нозил дар таҳаввули ин жанр саҳми сазовор доранд.

Қасида аз маьмултарину машҳуртарин навьҳои адабии ин давра буда, баьзан қонуниятҳои рушду таҳаввул ва ё пастравию аз инкишоф бозмондани адабиётро таьмин намудааст. Дар охирҳои асри XVIII ва оғози асри XIX қасида басо паст рафтааст. Таназзули қасида дар ин давра дар муҳити адабии Бухоро хеле назаррас аст. Ҳатто баьзе шоирон, мисли Қонеии Насафӣ, Мирзо Атои Бухороӣ, Маҳзуни Самарқандӣ, Ҳаҷрии Дарвозӣ ва Фориғи Ҳисорӣ. қасида нагуфтаанд. Дар девони шоирони тавонои ин давра низ қасида хеле кам дида мешавад.

Масалан, дар девони Мирзосодиқи Муншӣ танҳо ду қасида, дар таьлифоти Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ се қасида, дар девони Гулмуҳаммади Афғон се қасида мавҷуд аст. Таназзули жанри қасида гувоҳи он аст, ки амирони Манғит ба равнақи шеьру адаб чандон эьтибор намедодаанд ва аз ин рӯ, аҳли адаб низ онҳоро ба сифати мамдӯҳ намепазируфтанд. Ин падида гувоҳи он аст, ки адибон аз баёни воқеият дур нашудаанд. Дар қаламрави Мовароуннаҳр нисбатан амир Умархон ба шеьру адаб таваҷҷӯҳи бештар дошта бошад ҳам, вале қасидаҳое, ки дар ин доираи адабӣ эҷод шудаанд, тақлидӣ буда, дар онҳо тозакорӣ ва ё ҷолибияте дар муқоиса бо пешиниён ба назар намерасад.

Чунончи, Ҳозиқ дар як қасидаи хеш хаёли ба хориҷи кишвар сафар кардани худро баён намуда, мартабаи эҷодии хешро таьйин кардааст:

Аторуд аз сари шафқат, ки Хизри роҳи ман аст,

Намуда хобу хаёли маро чунон таъбир:

Ки ай ситамкаши айём, ин қадар ғам чист,

Зи рӯзгор чӣ нишастаӣ чунин дилгир?

Туро ба илму ҳунар кист дар замонаи адл,

Туро ба донишу фан дар ҷаҳон куҷост назир?

 Кашида килки ту хате ба нусхаи Буқрот,

Шикаста гавҳари назми ту қадри шеъри Заҳир.

Ба гӯшае бинишин сайри олам макун ҳаргиз,

Ба ҳоли хеш мадеҳ роҳ ин ҳама таъмир,

Ту гар нишастаӣ, шеъри ту гашта ҳафт иқлим,

Расида гавҳари назмат ба гӯши шоҳу вазир.

Дар ин аҳд қасоиди ҳаҷвӣ то андозае рушд кардааст, ки баьзе ҷузьиёти рӯзгор, нуқсону норасоиҳои даврро иньикос менамояд. Чунончи, қасидаи Ҳозиқ, ки «Дар ҳаҷви шоир Ҷалолӣ» ном дорад, намунаи даьвии болост.

Тавонотарин шоирони ин рӯзгор низ ба шоирони машҳури гузашта, аз ҷумла ба Хусраву Ҷомиву Навоӣ тазмин – ҷавобия гуфтаанд.

Чунончи, Ҷомӣ гуфтааст:

Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст,

Рахнаҳо дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст.

Аз Навоӣ:

Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст,

Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар сар аст.

Ҳозиқ дар ҷавоби онҳо гуфтааст:

Подшоҳонро куҷо бар афсаре зарринтар аст,

З-оташи савдои ҳирс он чоҳи дуде бар сар аст.

Маснавӣ яке аз жанрҳои маъмул дар ҳама давру замон буда, навъҳои ҷудогонаи он бисёр қонуниятҳои инкишофу пастравии адабиётро таъмин намудааст. Аз тарафи дигар, адибон на танҳо дар таълифи анвои лирикӣ саҳм гирифтаанд, балки дар эҷоди осори эпикӣ низ саҳм гузоштааст. Ин аст, ки дар ин давра як силсила осори достонӣ низ таълиф шудааст. Масалан, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ достони «Юсуф ва Зулайхо», Мирзосодиқ- «Дахмаи шоҳон», Салоҳи Бухороӣ- «Юсуф ва Зулайхо», Масеҳои Бойсунӣ – «Раъно ва Зебо», Муҳаммаднабии Аҳқар – «Лайлию Маҷнун», Носеҳи Хатлонӣ- «Маҷлисафрӯз»-у «Ҳайратангез» ва «Ҳадиқат-ур-расул» ва ғайраро рӯи кор овардаанд. Ин осор, аз як тараф, анъанаро нигоҳ дошта бошад ва аз тарафи дигар, ҳолати воқеии замони адибонро низ то андозае инъикос намудаанд. Ин ҳолат, махсусан дар манзумаҳои «Рафъи тумани Оҳугиру Хайробод» ва «Ба духтаре ошиқ шудани дарвеш»- и Мирзосодиқ нисбатан ҷолиб ба тасвир омадааст.

Ривоҷи таърихнависӣ. Яке аз дастовардҳои илму фарҳанг дар ин асрҳо идома бахшидан ба суннати таърихнависӣ мебошад. Асарҳои таърихӣ дар ин давра низ эҷод шудаанд ва таълифи ин навъи осор, пеш аз ҳама, тақозои замон мебошад. Осори таърихии садаи мазкур асосан, бо наср навишта шудаанд. Ба тариқи намуна метавон чанде аз он асарҳои мансури таърихиро зикр намуд: «Тӯҳфаи хонӣ»-и Муҳаммадвафои Карминагӣ, «Тоҷ-ут-таворих»-и Муҳаммадшарифи Нақӣ, «Гулшан-ул-мулук»-и Муҳаммадяъқуб, «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳоҷӣ Ҳакимхон, «Таърихи амир Ҳайдар»-и Мулло Муҳаммадшарифу Мулло Ибодулло ва ғайра. Ин асарҳо, аз як тараф, авзои таърихи давру замон, ҳолати таърихии ин ва ё он давраро равшан кунанд, аз тарафи дигар, қонуниятҳои рушду таҳаввулоти насри таърихиро низ таҳким бахшидаанд. Инчунин, осори мазкур дар баробари арзиши таърихӣ доштан, барои тадқиқи адабиёту авзои адабӣ ва ҳолати илму фарҳанг кӯмаки фаровон мерасонад.

Гузашта аз ин, дар баробари осори мансури таърихӣ, боз асарҳои манзуми таърихӣ дар ин давра таълиф шудаанд, ки аз чанд ҷиҳат муҳим мебошанд.

Ин асарҳо ҳамчун асари таърихӣ, пеш аз ҳама, арзиши таърихӣ доранд, зеро дар бораи авзои таърихӣ- сиёсии давр маълумот медиҳанд. Аз тарафи дигар, аҳамияти адабӣ- эстетикӣ доранд, зеро бо шеър- бо ҳунари адабӣ ва истеъдоди шоирона рӯи кор омадаанд. То ба имрӯз аз он осор ду номгӯй маълуму дастрас аст, ки яке «Фатҳномаи хоқонӣ»-и Абдулхолиқи Муншӣ ва дигаре «Футӯҳоти амир Шоҳмурод дар Эрон»- и Мирзосодиқ мебошанд.

Ривоҷи сабки ҳиндӣ. Сабки ҳиндӣ сеюмин сабк дар таърихи адабиёти тоҷик буда, анъанаҳои сабкҳои хуросонӣ ва ироқиро чун суннати тарзи таълиф пазируфтааст. Яъне ин сабк ҳам ҷаҳонбинӣ, системаи образҳо, воқеъоти адабӣ ва тарзи ягонаи тасвир дар давраи муайян аст.

Аз ин нуқтаи назар, заминаҳои зуҳури он аз асри XIII ва аниқтараш аз эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ оғоз гардида, аз се марҳала иборат аст. Марҳалаи аввали он то асри XVI ва марҳалаи сонӣ асри XVI – нимаи аввали асри XVII буда, ин марҳалаи комилан ташаккулёбии он ба шумор меравад. Марҳалаи сеюми он аз эҷодиёти Бедил ибтидо мегирад, зеро ин падида то ба ҳадест, ки он бо номи Бедил пайванди ногусастинӣ дошта, дар адабиёт ибораҳои «сабки бедилӣ», «услуби бедилӣ», «тарзи бедилӣ» ва ғайра маъмул гаштаанд.

Аввалин унсури ин сабк ҷаҳонбинии нав дар эҷоди бадеъ аст, ки эҷодкори сухани бадеӣ худро ҳаким меҳисобад, зеро дар эҷоди бадеъ он метавонад ҳадди эътидоли волотарин бошад: «Имрӯз на шоирам, ҳакимам…». Мушоҳидаҳои эҷодкорон низ басо муҷаррабона ва хеле санҷидаву дақиқ гардидаанд, то ба дарди ниёзманде дармон бошад. Ба қавли Мирзо Бедил:

Зи пои мӯр то боли магас сад бор санҷидам, Нашуд беэътибориҳои ман санги тарозуе.

Маҳз, ана ҳамин дақиқкории эҷодкорон дар сабки мазкур ҷанбаи ҳакимонаи шеърро тақвият бахшид. Ин падидаи хаёлангезу муассир, ки қалбу ҳиссу идроки инсонро тасхир менамояд, ирсоли масал ё ирсоли масалайн (агар дар байт бошад) аст, ки онро ҳосили истеъдод, дониш ва таҷрибаи эҷодкор метавон гуфт.

Яке аз муҳимтарин хусусиёти сабки ҳиндӣ баёни халқӣ, тасвир ва ашёву аҷзои тасвиршаванда мебошад. Образҳои шеърӣ, тасвирҳо ва ҷузъиёти тасвиршаванда ҳама аз рӯзгори рӯзмарраи мардум аст, вале дарки моҳияти ашё на ба ҳар кас даст медиҳад. Масалан, барои намуна як ғазали шоири тавонои давр Ҳусайни Донишро метавон зикр намуд:

На махмурам, на мастам- турфа найранги тамошоям, Қиёмат нусхаи ҳолам, чунин тафсири симоям. Тазаллум боли парвозам, таҳайюр нағмаи созам,

На анҷомам, на оғозам- садои боли анқоям.

 Саводи нусхаи ваҳмам, ғубори сафҳаи баҳрам,

Надорам имтиёзи ҳастии имрӯзу фардоям.

Ҳуҷуми ваҳшатам, барқи таҳайюр, вазъи мазмунам, Куҷо дар мулки мавҳумӣ сароб афтода ҳамтоям.

 Ба чашми дӯстон хорам, на ҷуз таҳсили ғам корам, Намуди ашки хунборам, ки ғалтон бар замин оям. Далели ҷавҳари фардам, надими меҳнату дардам, Нишони орази зардам, аз ин бишнос пайдоям.

Дар ғазали боло чаҳор байт мӯҳтавон пурвусъате дорад, ки ҳадафро мураккабтару доираи тасвирро фарохтар менамояд. «На анҷомам, на оғозам.» моҳияти фалсафӣ дошта, ҳадафи эҷодкорро дар маърифати пурвусаъттаре рӯи тасвир меорад.

Умуман, ғазали зикршуда ҳасбиҳолӣ буда, ҳолати қаҳрамони лирикиро хеле музтарибона ва ҳаяҷонангез ба тасвир гирифтааст.

Дар ташаккули сабки ҳиндӣ шоирон Бобофиғонӣ, Урфии Шерозӣ, Ғании Кашмирӣ, Соиби Табрезӣ, Толиби Омулӣ, Носиралии Сарҳиндӣ мақоми арзанда доранд.

Масалан, таъсири эҷодиёти Толиби Омулӣ ба шоирони минбаъда ва махсусан ба Соиби Табрезӣ хеле зиёд ҳис карда мешавад. Вале ҳанӯз дар ашъори Толиб баён, дар маҷмӯъ, мураккаб нест. Чунончи, Толиби Омулӣ мегӯяд:

Дур аз ту ранги сабзаву сунбул надидаам, Сад раҳ ба боғ рафтааму гул надидаам.

Хубон ҳазор шева намоянду ман зи ёр,

То дидаам ба ғайри тағофул надидаам.

Толиб, забони тӯтии деҳлинажодро,

Чуз дар даҳони булбули Омул надидаам.

Тарзи баёни шоирон тадриҷан рӯ ба мураккабӣ овардан мегирад.

Яке аз муҳимтарин хусусиёти сабки ҳиндӣ дар сохтори байт низ зоҳир мегардад. Ин хусусият он аст, ки дар мисраи аввал андешаи шоир ба таври муҳокима баён гардида, дар мисраи дуюм бо далелҳои бисёр қавӣ асоснок карда мешавад ва мисраи дуюм ҷанбаи қатъии ҳукмро мегирад. Чунончи, ин байтҳои Нозими Ҳиравӣ:

Баски аз ширинии гуфтор талхӣ дидаам,

Чун забони мор килки тарзабонам мегазад.

Ё худ:

Сарафроз аст хуршед аз қазои ҳоҷати мардум,

Ба кори худ қалам аз ҷо чу хезад, сарнагун бошад.

Ё ин ки Ғании Кашмирӣ мегӯяд:

Одами хокӣ зи хомӣ дорад аз май иҷтиноб[1],

 Кӯзаи гил пухта мегардад, наметарсад зи об.

Ва ё байти зерини Шавкати Бухороӣ, ки хеле ҳунармандона аст:

Ғариқи баҳри ваҳдат ҷилваи касрат намебинад,

Зи зери об натвон дид мавҷи оби дарёро.

Сабки ҳиндӣ дар қаламрави Ҳиндустон ва сонитар дар Мовароуннаҳр ва қаламрави Афғонистон бештар вусъат пайдо намуда бошад ҳам, дар қаламрави Эрон чандон хуш қабул нашудааст. Ҳатто яке аз бузургтарин сабкшиносон Маликушшуаро Баҳор мегӯяд:

Сабки ҳиндӣ гарчи сабке тоза буд, ӯро заъфи беандоза буд. Фикрҳо сусту тахайюлҳо аҷиб,

Шеъри пурмазмун, вале нодилфиреб.

 В-аз фасоҳат бенасиб.

Агар шоирони қаблан номбаршуда дар таҳаввулоти сабки ҳиндӣ саҳми арзанда гузошта бошанд, баъдтар симои адабие зуҳур намуд, ки ин раванди адабӣ, ин ҷараёни эҷодиро ба авҷи аълояш расонид ва ин корро то ба ҳадде сомон дод, ки ибораи «сабки бедилӣ» ба миён омад ва

ин тарзи баёни мураккаб ва печидагии баёни эҷодиро сараввал худи Бедил ҳис карда, мегӯяд:

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кӯҳаму кӯтал дорам.

Маълум аст, ки эҷодиёти Бедил комилан дар муҳити Ҳиндустон ҷараён гирифта, дар ҳамон ҷо рушду нумӯ кардааст. Сабки Бедил, ба хусус, дар асри XVIII, дар қаламрави Ҳиндустон нуфузи бузург пайдо намуд. Ин даврае буд, ки сабки ҳиндӣ тавассути эҷодиёти Бедил ҳулул шуд ва сабки бедилӣ машҳур гардид. Ҳатто дар даврони минбаъда шоирон Муншӣ, Ирсӣ, Парии Ҳисорӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Маъдан, Наҷиби Ҳиндӣ, Ҳодии Самарқандӣ ва дигарон хеле ва хеле зери таъсири Бедил эҷодиёти худро ба роҳ мондаанд.

Чи тарз ва то кадом дараҷа сурат гирифтани сабки ҳиндӣ тавассути эҷодиёти Бедил масъалаи ҳанӯз хеле печида аст, вале ҳоло ҳаминро месазад таъкид намуд, ки дар мураккабшавии сабки ҳиндӣ Бедил бо истеъдоду дониши қавӣ, бо ҳунари эҷод ва бо ҷаҳонбинии пурвусъат ворид шуд. Ин буд, ки сабки мазкур эҷодиёти ӯро натавонист тасхир кунад, вале ӯ тавонист сабки ҷории замонро ба зери таъсири хеш бигирад ва дар ҳамин замина тозакориҳо бикунад. Зеро шеъре, ки Бедил дар синни 10-солагӣ гуфта буд, ҳеҷ мураккабӣ надошт ва комилан оддиву содда буд:

Ёрам ҳар гаҳ дар сухан меояд,

Бӯи аҷибеш аз даҳон меояд.

Ин бӯи қаламфур аст ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.

Баъдтар зери таъсири сабки давр ин тарзи баён чунин ташаккул намуд:

Хомӯшнафасе, ки табъи мавзун дорад,

Сад ғунча баҳор аз дили пурхун дорад.

Тасхири паризоди сухан осон нест,

Ин ҷо нафаси сӯхта афсун дорад.

Муҳимтарин хусусиятҳо дар тадриҷан мураккаб гардидани тарзи баён дар он зоҳир мегардад, ки мо дар тарзи баёни афкори адабӣ-бадеӣ муҳокимаи тозаи фалсафӣ-ирфонӣ ва мантиқи хеле қавиро дучор мешавем, ки дарки он на ба ҳар кас даст медиҳад. Ин тарзи мураккаби баён дар лексикаи ифодаи фикр низ таъсири комил гузоштааст. Аз ин рӯ, хонанда бештар калимаҳои худсоз (яъне хоси худи шоир), мураккабро, ки баъзан аз чор ё панҷ калима низ сохта шудаанд, дучор мекунад: асарпарвард, парешонрӯзгор, хомӯшнафас, рамзошно, вусъатобод, силамуштоқ ва ғайра. Алоқамандона бо калимаҳои нодир ибораҳои ҷолиб низ ба назар мерасанд: адабгоҳи муҳаббат, паҳлуи аҷз, меҳри ашк, паризоди сухан, хуни нафас, рамзошнои маънӣ, либоси хунбофта, хасми забунёфта, хаёли қомат ва ғайра. Чунончи, ба ин ғазали Бедили Деҳлавӣ агар зеҳн монда шавад, ҳунари шоир дар интихоби лафз, ҷавобгузории калимаҳо, коргирӣ аз наҳв, интихоби вазн, истифодаи қофия, радиф ва беш аз инҳо, мазмунсозиву хаёлбофӣ ва ғайра беҳтар манзур мегардад:

Ҳирс фурсатинтизору даври ранг аст осиё,

Дил зи навбат ҷамъ кун, пур бедиранг аст осиё.

Саъйи рӯзӣ бо банои беамон ҷӯшидан аст,

Бештар дар гардиш аз боди туфанг аст осиё.

Як надомат[2] кори чандин донаи дил меунад,

 Гар тавонӣ даст бар ҳам суд, нанг аст осиё.

Аз ману мо ҳар чӣ андӯзӣ, гудози нестист,

Ошиқи ин хирмани оташбачанг аст осиё.

Санг ҳам ойинаи таҳқиқ сайқал мезанад,

Умрҳо шуд дар талоши рафъи занг аст осиё.

 То қиёмат гардиши афлок дар кор асту бас,

Кас нафаҳмид он, ки мегардад, чӣ ранг аст осиё.

 То нафас боқист, гирди ризқ мегардида бош,

Об чун вомонад аз рафтор, ланг аст осиё,

Зери гардун ноумеди амн то кай зистан?

Донаҳо з-ин ҷо бурун ояд танг аст осиё,

Осмон ҳам то куҷо дар фикри мардум таг занад

Баски рӯзихор бисёр аст, данг аст осиё.

Не заминат офиятгоҳ аст, не чархи баланд,

То чӣ хоҳӣ тарф баст? Охир дусанг аст осиё

Бедил, аз гардун саломат чашм натвон доштан,

Алвидоъ, ай дона, гӯ: коми наҳанг аст осиё.

Дар ғазали зикршуда аз нигоҳи корбурди калимаҳо алфози хоси сабки Бедил ба назар мерасанд, ки ҳуд яке аз хусусиятҳои шеваи эҷоди ин шоири тавоност. Масалан, калимаҳои фурсатинтизор, оташбачанг, офиятгоҳ ва ё ибораҳои даври ранг, боди туфанг, донаи дил, гудози нестӣ, ойинаи таҳқиқ, ноумеди амн ва монанди инҳо, ки дар чунин шакл миёни мардум маъмулу ҷорӣ нестанд.

Ғазал моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳадаф нафси инсон ва ҳарисии ӯ баҳри аз дунё ҳосил намудани фоида буда, саъйи ба даст овардани суд мушкил аст. Кибру ғурур беҷост ва инсон бояд пайваста дар талоши ризқу рӯзӣ бошад, зеро бе ин мисли он мебошад, ки сангҳои осиё беоб ҳеҷанд.

Умуман, инсон ба донаҳои гандум ва дунё ба осиё монанд карда шудааст, ки аз нигоҳи ҳунар ва бадеиёт хеле ҷолиб мебошад.

Асрори эҷоди Бедил барин ҳайкали бузурги назм, албатта, то ба имрӯз нокушудаву пинҳон аст, вале ин ҷиҳат рӯшан аст, ки таъсири Бедил ба асри худ ва эҷодкорони минбаъда ниҳоят бузург аст. Хусусан ба эҷодиёти Шоҳин, Савдо, Асирӣ, Ҳайрат, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Нақибхони Туғрал, Зуфархон Ҷавҳарӣ таъсири мактаби Бедил хеле хуб мушоҳида мешавад. Адабиётшиносон Зуфархон Ҷавҳариро охирин намояндаи мактаби Бедил дар Осиёи Миёна гуфтаанд, ки воқеан саҳеҳ аст. Муҳаббате, ки ба эҷодиёти Бедил адибони қаламрави Мовароуннаҳр доштанд, дар дигар кишварҳо то ба ин ҳад набудааст. Масалан, Нақибхони Туғрал мегӯяд:

Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,

Набошад ҳеч касро ҷои Бедил.

Намоям тӯтиёи дидаи хеш,

 Агар ёбам ғубори пои Бедил.

Надидам аз сухангӯёни олам,

Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил.

Агар кӯҳ аст, бошад Тури Сино

В-агар дарё бувад, дарёи Бедил

. Дили афлокро созад мушаббак[3]

Ливои ҳиммати волои Бедил,

Ба мижгон метавонам кард берун,

Агар хоре халад дар пои Бедил.

Намеёбам кунун холӣ диламро,

 Замоне аз ғаму савдои Бедил.

 Қабои атласи нӯҳ чархи гардун

Бувад кӯтоҳ бар болои Бедил.

Ба рафъат[4] бартар аст аз кӯҳ, Туғрал,

Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Доир ба вазъияти сиёсӣ-таърихии Осиёи Миёна дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX чӣ медонед?
  2. Дар ин давра кадом сулолаи таърихӣ ҳукмронӣ мекард?
  3. Сабабҳои беҷанг ба Бухоро ворид гардидани Нодиршоҳи Афшор чӣ буд?
  4. Сулолаи манғитиҳо кай ба сари қудрат омад ва дар ин давра кадом тағйирот рух дод?
  5. Сабабҳои таназзули ҳукмронии амир Дониёлро гӯед.
  6. Айёми салтанати амир Шоҳмуродро нақл кунед.
  7. Дар хусуси муносибат ва рақобатҳои хонигариҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон чӣ медонед?
  8. Доир ба марказҳои фараҳангӣ- адабии ин давра маълумот диҳед.
  9. Умумият ва тафовути доираҳои адабии давраи мазкурро шарҳ диҳед.
  10. Кадом хусусиятҳои адабиёти ин давраро медонед?
  11. Кадом навъҳои адабӣ дар ин давра бештар ривоҷ ёфтаанд?
  12. Машҳуртарин шоирони ғазалсарои даврро номбар кунед.
  13. Инкишофи маснавӣ ва маснависароёни машҳури ин аҳдро гӯед.
  14. Оид ба ташаккул ва такомули сабки ҳиндӣ маълумот диҳед.
  15. Чаро шоирони ин давра ба пояи Бедил расида натавонистаанд?

[1]     Иҷтиноб – парҳез.

[2]     Надомат – пушаймонӣ, афсӯс.

[3]     Мушаббак – сӯрохдор, сӯрох -сӯрох.

[4]     Рафъат – бузургӣ; баландӣ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …