Главная / Гуногун / АДАБИЁТИ АРАБИЗАБОН

АДАБИЁТИ АРАБИЗАБОН

Соли 81ҳиҷрӣ/700 милодӣ дар тамоми қаламрави «хилофати рошидин», ки аллакай аз ҳудуди кишварҳои арабинишин берун баромада, мамолики  мутаъаддидаи гуногунзабонро фаро мегирифт, арабӣ забони давлатӣ эълон гардида, коргузорӣ дар ин забон амалӣ мешуд. Аз соли 742 дар Хуросону Мовароуннаҳр низ донистани забони арабӣ барои маъмурони давлатӣ ҳатмиву маҷбурӣ буд. Забони аҳкоми дину қонунгузорӣ кайҳо арабӣ шуда буд. Ин ҳолат боис шуд, ки  адабиёти мардумони эронинажод дар тўли қариб 200 соли тасаллути араб асосан ба забони арабӣ иншо гардад. Аммо саҳми шоистаи эрониҳо дар инкишофи адабиёт, илм, фалсафа ва, умуман, фарҳанги арабизабон аз он иборат буд, ки онҳо дар бунёди тамаддуни умумиарабӣ на фақат қишри соф эрониро ба вуҷуд оварданд, балки асарҳои зиёди юнонӣ, ҳиндӣ ва Эрони бостонро ба забони арабӣ баргардонида, заминаи мустаҳками насру фалсафаи арабро ба миён оварданд.

Асарҳои мутаъаддид ва басе судманди илмии эронизодагон Абдуллоҳ ибни Ал-Муқаффаъ (724-759), Абдулҳомид ал-Котиб (ваф. 750), Ал-Хоразмӣ (780-847), Ибни Хурдодбеҳ (820- тақр. 912), Табарӣ (ваф. 923), Абўнасри Форобӣ (870-950), Саъолабӣ (961-1038), Абўрайҳони Берунӣ (973-1046), Абўалӣ ибни Сино (980-1037) ва дигарон ҳама ба арабист. Аммо шоъирони эронинажод Башшор ибни Бурд (741-784), Абўнувос (762-813), шоъири суғдӣ Ал-Хураймӣ, Ибни Румӣ (836—896)  ва дигарон асарҳои соф арабӣ навиштаанд. Қариб ҳамаи ашхоси номбаршуда пайравону ҳаводорон ва ё некбинони фирқаҳои шуъубия ва ихвонуссафо буда, нийяти онро доштаанд, ки  аз байни мусулмонҳо тафриқаи нажодиву нобаробарии қавмиро бардошта, бар зидди насабпарастӣ мубориза баранд, дини муҳаммадиро бо фалсафаи юнонӣ омезиш дода, ақидаи мусулмониро аз хурофоти хушк барӣ созанд.

Нахустин эрониписаре, ки дар такомулу таҳаввули адабиёти араб саҳми арзанда гузошт, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ  буд,  ки  аслан  Рўзбеҳи  писари Додбеҳ ном дошт.  Вай дар қасабаи Ҷўри Фирўзобод аз хонадони  зардуштӣ ба дунё омада, назди падар забони паҳлавӣ ва ойини зардуштӣ омўхта, сипас дар Басра забони арабиро аз худ  кард.  Аз  20-солагӣ   ба  тарҷумаву  тадвини  осори паҳлавӣ   ба  арабӣ  машғул  буд.  «Худойнома»,  «Ойиннома»,   «Маздакнома»,   «Китоб-ут-тоҷ»   ва   «Калилаву Димна»-ро, ки баъдҳо оламгир  шуд, Ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардондааст. «Рисолат-ус-саҳоба» дар   ойнни   кишвардорӣ,   «Ал-адаб-ул-кабир»   дар   сиёсату  одоби   муошират,   «Ал-адаб-ус-сағир»  дар   ахлоқ ва ғайраҳо ба қалами Ибни Муқаффаъ таъаллуқ доранд. Осори  Ибни  Муқаффаъ дар  ҷазобату  балоғат  мумтоз буда,  сабку услубаш муддатҳо  сармашқи эҷоди нависандагони араб ба шумор мерафт. Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аз  қаҳрамонтарин  намояндагони   шуъубия буд.  ки  ифтихори эрониёнро васф менамуд, падидаҳои бикри тамаддуну одоби эрониро тарғиб    мекард.    Оқибат,   ўро душманони ғоявиаш бо шиканҷаҳо ба қатл расониданд.

Аносири   фарҳангу   тафаккури   эронӣ   ба   адабиёти арабӣ,   ки  минбаъда   марбути  халқҳои  зиёде  гардида буд, ҷилои тозае бахшида, ба вижа баъди аз ҳокимият маҳрум гардидани Банӣ Умийя   (661—750)   ва ба сари қудрат омадани  Аббосиён   (750—1258)   эрониён  насру назми арабиро бо маъонии дақиқу муҳтавои тоза ғанӣ гардонда, унсурҳои тамаддуну афкори  эронинажодони шаҳрнишинро  ба  одоту   афкори   бадавиёни   саҳрогард ворид  оварданд  ва   зикри   ифтихори  эрониро  дар   адаби арабӣ равнақ бахшиданд.

Аз ҷумлаи қадимтарин шоъирони эронинажод,  ки  шеъри  арабӣ сурудааст, зодаи  Исфаҳон  Зиёд ал-Аҷам  буд, ки дар  Хуросон мезист. Дар тафохур  аз насаби эронии худ беш аз ҳама Башшор ибни Бурд пешдастӣ дошт, ки аз шоҳзодагони Тахористон буда, дар ашъораш далерию қаҳрамонӣ ва муқаддасоти аҷдоди эронии худро сурудаву ситуда, арабҳоро наҳ задаву  мазоҳ мекард, канизакону    муғаннияҳо ва занҳои кўчагиро васф менамуд, худро зиндиқа меномид, дар тасвири шаробу майгусорӣ бо иғроқ сухан меронд, дар ҳаҷви бодиянишинҳо аз бадгўйӣ ибо намекард, аммо ташбеҳоту истиораҳои равшан ва мазмунҳои ҳикматомезаш аз камоли шоъирии ў дарак медоданд.

Шоъири дигари эронӣ, ки зодаи Хузистон буд, Абўнувос Ҳасан ибни Ҳонӣ мебошад, ки дар Басра илми адаб, тиб ва нуҷумро омўхта, баъд дар Кўфа, Миср ва Бағдод зист ихтиёр мекунад. Девони Абўнувос шомили 12 ҳазор байт аст. Қасоиди хамрияву тардия ва ахлоқии ин шоъири озодфикр иштиҳор ёфта, ғазалҳойи нозук, марсияҳо, ҳаҷвияҳо, муноҷот ва муламмаъоти ў, ки дар онҳо калимаҳои арабӣ ва вожаҳои форсиро ба ҳам омехта, ба шеър ҳусну тобиши нав медод, эътироф шудаанд. Тасвири ангур, сохтани шароб ва базмҳои риндона дар ашъори Абўнувос хеле нишотбахшанд. Тасвири ашхоси таърихӣ, маъишати эронӣ, тавсифи расму ойини миллӣ, корбасти унсурҳои фолклор ва анъанаҳои зардуштӣ дар ашъори Абўнувос зиёд ба назар мерасанд, ки ҳамаи инро дар адабиётшиносии араб «форсиёт» гуфтаанд.  

Шоъири эронӣ Абулатоҳия Исмоил ибни Қосим (ваф. 211 ҳ. / 826 м.) дар мадҳу ғазалу ваъз моҳир буда, Абон ибни Абдулҳамид ибн- ал-Ақақ, ки «Калилаву Димна», «Билўҳару Бузосўф», «Синдбоднома» ва «Китоби Маздак»-ро, ки  қаблан ба арабӣ гардонда шуда буданд, ба риштаи назми арабӣ кашидааст, аз эронинажодони дигари замон буд.

Адиби дигаре, ки рўҳи эрониро дар шеъри арабӣ пурқувват намуд, Ибн-ар-Румӣ (836—896) аст, ки падараш юнонӣ буду модараш эронӣ. Вай ҳаҷв менавишт. Дар асарҳои назму насри Ибни Румӣ, хусусан дар қасидаҳо, ҳаҷвияҳо, марсияҳо ва ашъори ишқиаш маъниҳои бикр фаровон буда, нафрати ў нисбат ба амирону вазирон ва амалдорони араб ошкоро баён мегардид. Васфи табиати зинда аз беҳтарин нигораҳои Ибни Румист.

Баъди ҷараёни  мустақил гирифтани адабиёти форсии тоҷикӣ ба забони модарӣ низ то муддате ба баъд дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти арабизабон идома намуда, шоъироне пайдо шуданд, ки ҳам ба арабиву ҳам ба форсӣ шеър мегуфтанд. Аз 415 шоъире, ки  дар тазкираи Саъолабӣ «Ятимат-уд-даҳр» оварда мешавад, 124 нафарашон дар замони ҳукумати  Сомониён (875-999)  ва  ибтидои асри XI  масеҳӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр зиста, ё танҳо ба арабӣ ва ё ба ду забон — арабиву форсӣ эҷод мекардаанд.51

Ҳамчунин, дар қаламрави Оли Бувайҳ (Бўя) ва Оли Зиёр адабиёт асосан ба забони арабӣ эҷод шуда, адабиёти форсӣ дар он қаламравҳо баъдтар, аз ибтидои асри XI, ба вуҷуд омад. Муосирони Рўдакӣ — шоъирон Муродӣ, Мусъабӣ, Матронии Шошӣ, Ҳусайн ибни Алии Марврудӣ (ваф. 930), Абўшакури Балхӣ (соли тав. 915), Абўсулаймон ал-Хаттобӣ (931—996), Абўбакр ал-Хоразмӣ (935—993), Абўалӣ ал-Искофӣ (ваф. тақр. 955), Абулҳасани Оғоҷӣ, ки дар аҳди Нўҳ ибни Мансур (977—997) мезист, ва Абўҳатими Варроқ шоъирони зуллисонайн буда, дар инкишофи шеъри араб мақоми арҷманде доранд.

Абулфатҳи Бустӣ (971—1009)-ро махсус қайд кардан зарур аст, ки ба сифати котиби Сабуктегин ва писари ў Султон Маҳмуд (998—1030) хизмат мекард. Ў муаллифи девонҳои форсию арабӣ буда, қасоиду ҳикматҳояш хеле машҳуранд. Дар ашъори ишқии ў васфи маҳбуба, ғанимат донистани шодмониҳои зиндагӣ ва даъват ба хуш гузаронидани рўзгор мақоми шомих дорад. Ҳаҷвиёти вай бар зидди ашхоси муайян, аз қабили ҳокимону амалдорон, нигаронида шуда, муфтхўрону рибохоронро мазаммат менамояд. Дар ихвониёти ў, ки  васфи бародарист, раҳму шафқат, дўстиву садоқат, афву пўзиш ва паҳлўҳои дигари ахлоқи ҳамида тараннум меёбад. Абулфатҳи Бустӣ баъзе шеърҳои Дақиқӣ ва достони «Офариннома»-и Абўшакури Балхиро аз форсӣ ба арабӣ тарҷума ҳам карда будааст.

Ибн-ал-Амид (300—360 ҳ./912—970 м.), ки «Китоби девон-ар-расоил», «Китоб-ал-хулқи ва-л-халқ» ва «Девон фӣ-л-луғат»-аш машҳур буданд, ба сифати вазири Оли Бувайҳ ва пуштибони фарҳангу адаби эрониён эътироф гардида, асарҳояш намунаи беҳтарини насри арабии замонаш ба шумор мерафтаанд ва бисёр ибораҳои ў чун зарбулмасал дар байни халқ паҳн шудааст. Ашъори ишқӣ ва фалсафии ў камбортар буда, бо самимияту ҳарорати табиъӣ суруда шуда, бо саноеъи баланди шеърӣ зебу оро ёфтаанд. Мутанаббӣ дар ҳаққи ў мегўяд:

Шеъри ў тозию афкораш бибин:

Фалсафию ҷашнҳояш форсӣ!52

Писари Ибн-ал-Асир —Зулкифоятайн дар шеъру шоъирӣ нисбат ба падараш истеъдоди қавитаре дошт.  Вазири дигари Оли Бувайҳ – Соҳиб ибни Аббод  (933-995), ки дар илмҳои  забоншиносӣ  ва   адабу  калом  саромади   аср буд,   луғати  7-ҷилдаи  забони  арабиро тартиб  дод, ки «Ал-Муҳит» ном  дорад. «Расоил»-и  ў соли  1947 дар Миср чоп шуданд.

Вай оид ба илми арўз рисолае навишта, маҷмўъаи аҳодиси набавиро мураттаб намуда буд.

Қасидаи  бузургтарин   шоъири     аҳд  Меҳёри    Дайламӣ (ваф.  1037)   дар  ситоиши  давлати Сосонӣ,  ки дар он Иди  Наврўз  васф  мегардад,  машҳуру  маъруф  аст. Девони ашъори ўро дар чаҳор ҷилд гуфтаанд. Вай аввал кеши зардуштӣ дошта, баъд исломро пазируфт. Бадеъуззамони  Хуросонӣ   (967—1007)   падидоварандаи жанри нави мақома дар адабиёти араб буда, дар «Мақомот»-у рисолаҳои худ санъати нигоришро ба ҳадди камол    расонда,    мақоманависиро,    ки     Ибни    Дурайд оғоз намуда буд, равнақ дода, истифодаи саҷъро дар наср ҷорӣ  кард. Мақома жанри  адабӣ  буда, ҳикояту латифа   ва   новеллаҳои   хурд-хурди   шадиднизоъро   чунин унвон додаанд. Қаҳрамони мақомаҳо шахси айёрпешаи донову ҳозирҷавобест, ки эътирози бенавоён ва мазлумонро нисбат ба зулму беадолатӣ, ҷаҳолату коҳилӣ ва худхоҳиву танпарастӣ таҷассум менамояд.

Бадеъуззамон аслан аз Ҳирот буда, дар бисёр шаҳрҳои Эрону Осиёи Миёна сайру саёҳат намуда, ниҳоят дар зодгоҳи худ оламро падруд гуфтааст. Мувофиқи ахбороти сарчашмаҳои адабию таърихӣ, ў беш аз 400 мақома таълиф карда будааст, ки алҳол 51-тои он боқист. Қаҳрамонони асосии мақомаҳои Бадеъуззамон, ки бо санъатҳои гуногуни лафзию маънавӣ, латифаю мутоябаҳои адабӣ, қитъаҳои шеърӣ, тобишҳои гуногуни калимаҳо, саҷъу амсоли инҳо музайян гардонида шудаанд, Исо ибни Ҳошими савдогар ва Абулфатҳи Искандарии дарвеш мебошанд. Онҳо бештар аз мақоми инсон, сарвату ҳокимият, маргу зиндагӣ, шарафу номус ва масъалаҳои дигари умдаи ахлоқу тарбия баҳсҳои фалсафӣ пайваста, ҳамеша Абулфатҳи Искандарӣ ғолиб меояд. Дар адабиёти араб суннати Бадеъуззамонро Ҳарирӣ (1054—1122) ва дар адабиёти форсӣ Ҳамидуддини Балхӣ (ваф. 1164) давом додаанд. «Гулистон»-и Саъдӣ низ то андозае дар ҳамин шева таълиф шуда, ин анъана баъдан асрҳо давом кард.

Бузургтарин донишманди тоҷике, ки дар инкишофу равнақи адабиёти арабизабони халқҳои эронинажод саҳми босазо гузоштааст, ҳамон Абўали ибни Сино (980— 987)-ст, ки зода ва парвардаи муҳити фарҳангии Бухоро буда, дар Хоразм, Рай, Гургон, Исфаҳон, Ҳамадон ва ғайра зиста, роҷеъ ба забону адабиёти араб як силсила асарҳо навиштааст, ки муҳимтаринашон «Лисон-ул-араб», «Фанни шеьр», қасидаҳои илмиву фалсафӣ ва рисолаҳои адабии мармуз, аз қабили «Рисолат-ут-тайр», «Ҳай ибни Яқзон» («Зиндаи писари Бедор»), «Саломону Абсол», «Қиссаи Юсуф» ва амсоли инҳост, ки аксар назари фалсафии мутафаккирро дар бораи инкишофи ҷисмониву маънавии инсон ифода менамоянд.

Суннати таълифи асарҳои бадеъӣ ба забони арабӣ дар қаламрави эрониҳо то худи асри XV идома дошт. Аз осори адибони минбаъда қасидаҳои арабии Саъдии Шерозӣ (1184—1292) ҷолиби таваҷҷўҳ буда, қасидаи ў роҷеъ ба истилои Бағдод аз тарафи Ҳалоку, заволи хилофати Банӣ Аббос ва марсияи Ал-Мўътасам-биллоҳ аз беҳтарин ашъори арабист. «Латойиф»-и арабизабони Убайди Зоконӣ (асри XIV) машҳур будаанд. Умуман, адабиёти арабизабони эронинажодон як бахши дурахшони кулли адабиёти араб аст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

unnamed

Ҷавони дунёнадидаи бетаҷриба

Соле аз Балх Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён пурхатар. Ҷавоне бадрақа ҳамроҳи мо …