АЧЧИҚТОШ, чашмаи хунуки минералии карбонатӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар водии д. Аличур (13,5 км шарқтари хоҷагии «Булункӯл») дар баландии 3960 м аз с. б. воқеъ аст. Дебиташ – 0,16 л/сон., минералнокиаш 4,55 г/л, ҳарор. обаш +150С. Таркибаш аз натрий (1002 мг/л), калтсий (59,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (2214 мг/л), хлоридҳо (298 мг/л), сулфатҳо (45,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (771 мг/л), кислотаи силитсий (77,0 мг/л), метаборат (65,0 мг/л) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби маъдании Боржоми наздик аст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …