Главная / Илм / АҶАЛГИЁҲ

АҶАЛГИЁҲ

aconitum_napellus_007АҶАЛГИЁҲ (Aconitum), биш, «заҳри Сербер», алафи каждум, гиёҳест заҳрнок. Зиёда аз 300 намуди А. маълум аст. Дар Тоҷикистон се намуди он – А.-и зарафшонӣ, гирдабарг ва талассӣ мерӯяд.
А.-и зарафшонӣ ё барчак (A. zeravschanicum) то 100 см қад мекашад. Пояаш рост, пашмакдор. Баргаш (бештар дар бехи поя месабзад) думчадароз, гирда, бепашмак; баргҳои қисми болотари поя майдатар, думчакӯтоҳ ё бедумча мешаванд. Гулаш зардтоб (моҳҳои июн – июл мешукуфад); шаҳди гулаш барои занбӯри асал заҳр аст.
А.-и гирдабарг (A. rotundifolium) то 65 см қад мекашад. Пояаш нисбатан сербарг, серпашмак. Баргаш думчадор, гирдаи 2 – 3-парра. Гулаш бунафштоб, рагчаҳои гулбаргаш кабуд (моҳҳои июл – авг. мешукуфад).
А.-и талассӣ (A. talassicum) то 150 см қад мекашад. Баргаш бешпамак, думчадор. Гулаш калон, нилгун (моҳҳои июл – авг. мешукуфад).
А. гиёҳи заҳрнок аст. Замонҳои қадим одамон аз он мулӯҳ ва заҳр тайёр мекарданд. Қабилаҳое, ки сокини нишебиҳои шарқи кӯҳсори Ҳимолой буданд, нӯги найзаро ба заҳри А. (аконитум) олуда, ба шикори хирсу фил мебаромаданд. Ба қавли Арасту чунин найзаҳои заҳролударо дар ҷангҳои байниқабилавӣ низ ба кор мебурданд. Абӯалии Сино А.-ро заҳри ҳалоҳил меҳисобад. Ҳамаи узвҳои А., алалхусус бехи он, хеле заҳрноканд.
А. растании доруӣ низ ба ҳисоб меравад. Табибони халқӣ пештар бо барг, гул ва бехи он бемориҳои гуногун (сил, саратон ва захми меъда)-ро табобат мекарданд; аксар вақт беморон заҳролуд мешуданд. Дар амалияи тибби имрӯза доруҳоеро, ки аз бехи А. тайёр мекунанд, чун омили рафъи ҳисси дард (ҳангоми миёндард, тарбод ва ғ.) истифода мебаранд. Қиёми спиртии А. ҷузъи таркибии доруи «Акофит» ва «Ангинол» («Эхинол») мебошад. Бо мақсади худтабобат истифода бурдани А. қатъиян манъ аст (3 – 4 мг аконитин барои организми одам марговар мебошад).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …