Главная / Илм / АБӮМАНСУРИ БУХОРЙ

АБӮМАНСУРИ БУХОРЙ

imagesАБӮМАНСУРИ БУХОРЙ, Абӯмансур ибни Ҳасан ибни Нӯҳи Қамарии Бухорӣ (с. тав. номаълум – с. ваф. 990), табиб. Дар аҳди Сомониён ба сар бурдааст. Бо асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Сушрута ва диг. олимону мутафаккирон шинос буд. Оид ба тиббу табобат таълифоти зиёд дорад: «Рисола андар илочи амрози садр» («Тар- зу усулҳои муоличаи бемориҳои қафаси сина»), «Китобу гино ва муно», «Мачмӯаи кабир дар адвияи муфрада». Дар таълифоти А. Б. масъалаҳои муҳимми тибби назариявӣ ва амалӣ, анатомия ва физиология, амрози гуногун, тарзу усулҳои пешгирии бемориҳо, беҳдошти об, манзил ва ғ. инъикос ёфтаанд.
Ад.: Исҳоқӣ Ю., Точиев Я., Таърихи мух- тасари тибби точик, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …