Главная / Гуногун / Дониш талабу бузургӣ омӯз: қисса барои иншо

Дониш талабу бузургӣ омӯз: қисса барои иншо

ҚАБУЛ ШУДАН БА ДОНИШГОҲ

Cоли охири мактаб ман қарор кардам, ки барои хон- дан ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хоҳам рафт. Чун шавқам ба соҳаи забону адабиёт бештар буд ва дар ин факулта забонҳои хориҷӣ омӯхта мешуданд, беҳтарин гузина бароям ҳамин фа- култа менамуд. Ман дар дилам орзуи дипломат шудан доштам ва ба андешаи ман, донистани забони хориҷӣ ин имконро ба ман медод, ки ба орзуям бирасам. Сабаби дигари ин шуъбаи донишгоҳро интихоб карданам ғурури баччагиям низ буд. Он солҳо ин шуъбаи донишгоҳ хеле шуҳрат дошт ва довталабони зиёд ба он ҳуҷҷат месупурданд, ки ба як ҷой 10-15 нафар рост меомад. Ман, ки тасаввурам дар бораи дониши худам хеле бештар аз асл буд, мехостам душвортарин қулларо фатҳ кунам.

donishgoh

Соли 1983 мактаби миёнаро хатм кардам ва барои дохил шудан ба Донишгоҳ ба Душанбе омадам, вале аз имтиҳони аввалин, ки иншо буд, баҳои «ду» гирифтам. Худам вақте ки иншоро менавиштам, донистам, ки баҳои қаноатбахш нахоҳам гирифт, зеро мавзӯъро хуб намедонистам. Дигар аз он ғурури беҷо чизе намонд.

Чун ман замони таҳсил дар мактаб талабаи аввал ва пешсаф будам ва ба фикри худам, аз дигарон бештар имкони донишҷӯ шудан доштам, ҳам эътимодам ба худам аз ҳад боло буд ва ҳам дигарон маро бисёр қобил мешумурданд, қабул нашуданам ба Донишгоҳ ба ман хеле таъсир кард.

Вале чизе ки маро бештар азият медод, он буд, ки фикр мекардам бовари падарамро ба худам аз даст додам, ҳарчанд падарам ба ман аслан ҳеч чиз нагуфта буданд.

Аз Душанбе баргаштаму дар корхонае, ки падарам кор ме- карданд, ба кор даромадам. Он солҳо падарам раиси як бахши корхонаи заминшиносӣ воқеъ дар деҳаи Заврон буданд. Ва он як соле, ки дар Заврон кор кардам, кулли китобҳои дарсии лозимаро гаштаю баргашта хондам.

Вақте ки тобистони дигар барои ҳуҷҷатсупорӣ ба Душанбе омадам, падарам аз тағоям хоҳиш карданд, маро роҳнамоӣ кунанд, то ман имсол ҳатман ба Донишгоҳ дохил шавам. Вақте ба Душанбе омадем, тағоям бо хеши дигарамон Султонмурод, ки устоди донишгоҳ буданд, машварат карданду ба ман тавсия доданд, ки ба факултаи шарқшиносӣ ҳуҷҷат насупорам, чун ба он факулта қабул шудан бисёр душвор буд, зеро барои ҳар ҷой имсол ҳатто аз солҳои пешин бештар довталабон ҳуҷҷат супорида буданд. Натиҷаи соли гузаштаро дида, онҳо фикр мекарданд, ки ман омодагӣ ва лаёқати лозимаро барои дохил шудан ба он факулта надорам. Ин ҳам маро бисёр нороҳат ме- сохт, зеро ҳарчанд ман исрор кардам, ки мехоҳам дар факултаи шарқшиносӣ, дар шуъбаи забони форсӣ таҳсил бикунам, онҳо ҳукм карданд, ки ман бояд ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи фило- логияи тоҷик бисупорам.

Озмуни факултаи филология хеле камтар, барои ҳар ҷой 4-5 нафар довталаб дошт, ва имкони дохилшавӣ ба он ҷо бештар буд. Ман, ки як баччаи 17-сола будаму ҳанӯз иродаи ба калонсолон гап гузарондан надоштам, ночор ҳукми онҳоро пазируфтаму ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи филологияи тоҷик супурдам. Аз ин тасмим бисёр нороҳат будам ва ба худам гуфтам: ба факултаи филология бо баҳои баланд дохил хоҳам шуд, то собит бикунам, ки лаёқати дохил шудан ба факултаи шарқшиносиро ҳам доштам, вале дар факултаи филология таҳсил намекунам! Дар факултаи филология ба андешаи онвақтаи ман муаллимони забон ва адабиёти тоҷикро барои мактаб ва донишгоҳҳо тайёр мекарданд, ки ман ҳеч гоҳ фикри муаллим шудан надоштам, чун бовар доштам, ки ин кори ман нест. Муаллимӣ сабру таҳаммули зиёд мехоҳад, дар ҳоле, ки ман аслан он таҳаммулро надоштам. Дар муддати яку- ним – ду моҳе, ки то имтиҳонҳо боқӣ монда буд, боз ҳам дар пайи омодагӣ ва мутолиа шудам. Ҳамаи китобҳои дарсиро, ки дар муддати як сол хонда будам, бори дигар такрор кардам, ки муҳтавои онҳо комилан дар зеҳнам ҳифз шуда буд. Дӯсти ҳам- хонаам Сайфуллоҳ китобро боз мекарду сари мавзӯеро мехонд ва ман он мавзӯъро бе китоб идома медодам, албатта, муҳтавои мавзӯъро ба лафзи худам баён мекардам, вале намунаҳои шеъ- риро ҳифз карда будам.

Имтиҳонҳо сар шуданд. Имтиҳони якум иншо буд. Довтала- бонро бо муқоисаи шиносномаву варақаи имтиҳонсупорӣ, рӯзи муайян, дар синфхонаҳо менишонданд ва зери назорати як ё ду нафар устодони донишгоҳ иншоро аз зеҳн ва ҳофизаи худ мена- виштанд. Истифода аз китоб ё манбаъҳои дигар мамнӯъ буд.

Вақте ба синфхона даромадем, дар рӯи мизи устод чанд лифофа мехобид. Устод довталаберо даъват карда, хоҳиш кар- данд, ки як лифофаро интихоб кунад. Онро боз карданд ва номи мавзӯъҳои дар он бударо ба тахтаи синф навиштанд. Се мавзӯъ буд, ки ҳар кас метавонист мавзӯи дилхоҳашро интихоб кунад. Ман дар мавзӯи осори устод Рӯдакӣ иншо навиштам. Пас аз ду-се рӯз натиҷаи имтиҳон маълум мешуд. Ман аз иншо баҳои «чор» гирифтам. Он барои ман баҳои қонеъкунанда набуд, чун ман азм доштам, ки ҳамаи имтиҳонҳоро бо баҳои «аъло» (5) бисупорам. Вале ҳусни хатам, ки хуб набуд, ҳадс задам, ки эҳтимолан, ба ҳамин далел ба ман баҳои чор гузоштаанд, чун яке аз меъёрҳои баҳо дар кори хаттӣ ҳусни хат ҳам буд. Дигар даъво накардаму ба ҳамин чор ҳам қаноат кардам. Имтиҳони дигар аз адабиёт буд. Иншо имтиҳони забон ҳисоб мешавад ва имтиҳони дувум имтиҳони адабиёти бадеӣ буд. Варақаи имтиҳон ва шиносномаро нишон дода, ба синфхона даромадам. Он ҷо чанд тан довталабон нишаста буданду омодагӣ медиданд ва дар рӯ ба рӯи мизҳои довталабон чанд миз гузошта буданд, ки паси онҳо устодон нишаста, имтиҳон мегирифтанд. Ман ҳам билетро гирифта, нишастам ва саволҳоро хондам ва дидам, ки бароям ҳеч душворие надоранд. Се савол буд. Ҷавобҳоямро ба гунаи тезис ё сарфасл ёддошт кардаму вақте навбатам омад, дар рӯ ба рӯи муаллими имтиҳонгир нишаста ҷавоб додам. Вақте ҷавоби ҳар се саволро гуфтам, устод саволи иловагии дигаре ҳам дод, ҷавоби онро ҳам додам. Чун барномаи мактаби миёнаро хуб аз худ карда будам, дар ҷавоб додан ба саволҳо душворӣ пеш наомад. Устоди имтиҳонгир аз ҷавобҳои ман ба ваҷд омада, бо садои баланд:

– Баҳои шумо панҷ! – гуфт. Як нафар аз устодон байни мизҳои имтиҳонгирӣ мегашт ва рафти корро назорат мекард. Ман баъдан донистам, ки он кас устод Сатторзода будаанд, ки ҳамон сол раиси комиссияи қабули шуъбаҳои забон ва адабиё- ти донишгоҳ будаанд. Устод Сатторзода ба устоди имтиҳонгир гуфтанд:

– Ба як саволи дигар ҷавоб диҳад, – ман розӣ.

Аз ин радду бадал ва чун муаллим бо садои баланд эълон кард, ки баҳои ман панҷ аст, таваҷҷуҳи дигар устодон ҳам акнун ба мизи мо ҷалб шуда буд. Устод Сатторзода хоҳиш карданд, ки аз Сайидои Насафӣ шеъре бихонам. Ҳамзамон, устоде, ки дар мизи паҳлуӣ менишаст, хондани шеъре аз Бадриддин Ҳилолиро хоҳиш кард. Ҳарду ҳамзамон савол доданд. Иттифоқан, ман му- хаммаси Сайидоро, ки ба ғазали Ҳилолӣ баста буд, аз ёд карда будам. Фаҳмидам, ки ин омади кор аст. Дар посух ба ҳарду савол, ман ҳамон мухаммасро бо садои баланду бурро хондам:

Ниқоб аз рух барафкандӣ, намуди рӯи зеборо, Зи ғайрат доғ кардӣ дар чаман гулҳои раъноро, Ба дил дорам мани шӯридахотир ин таманноро, «Ба чашми лутф агар бинӣ гирифторони шайдоро, Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаӣ моро!»…

Устодон фаҳмиданд, ки ман бо як тир ду нишон задам, яъне якбора ба ҳарду савол ҷавоб додам, каф заданду таҳсин гуфтанд. Устод Сатторзода ба муаллими ман ишораи қаноат карданд. Устоди имтиҳонгир ҳам бо ифтихор аз он, ки ман сари ӯро хам накардам, баҳои «аъло»-ро гузошту баргаи имтиҳонро ба ман дод. Ман берун омадам ва ба ҳама ҳамсинфону дӯстоне, ки барои дастгирии ман омада буданд, бо ифтихор варақаро нишон додам! Одамони зиёде, ки мунтазири берун омадани наздиконашон истода буданд, варақаи имтиҳони ману шодии маро дида, ба ҳамдигар мегуфтанд, ки «панҷ гирифтааст!» Ба ман ҳолати ҳаяҷону ифтихори аҷибе даст дода буд.

Имтиҳони охири мо аз забони хориҷӣ буд. Ман дар мак- таб забони олмонӣ хонда будам. Вақте рӯзи имтиҳони забони

хориҷӣ ба синфхона ворид шудам, касе аз довталабон набуд. Аксари баччаҳо дар мактаб забони инглисӣ хонда буданд ва дар

имтиҳонгир – як зан ва як мард нишаста буданд. Ман билет гирифтаму нишастам. Муаллима, ки бекор нишаста буданд, наздам омада, пурсиданд:

– Саволҳоро фаҳмидед?

Ман саволҳоро хондаму тарҷума кардам ва устод таҳсин карданд. Росташ, он саволҳо хеле сода буд ва ҳатто барои ман, ки дар забони олмонӣ дониши зиёде надоштам, душвор набуд. Олмониро дар ҳадди саволу ҷавоби муқаддамотӣ медонистам, чанд шеър ҳам аз рӯи китоби дарсии мактаби миёна ҳифз карда будаму то ба ҳол қисман дар ёд дорам. Вақте омада нишаста- му ба саволҳои билет ҷавоб додам, чанд саволи осони дигар аз қабили «Номат чист?» «Чандсолаӣ?» ва ғайра ҳам доданд, ки ба осонӣ ҷавоб гуфтам. Он гоҳ варақаи имтиҳонҳои маро диданд, ки баҳоҳои «хуб» ва «аъло» гирифтаам. Ин устодон ҳам ба ман баҳои «панҷ» гузоштанд! Албатта, баҳоҳои баланди имтиҳонҳои қаблӣ муассир буданд. Ҳамин тавр, ман як «чор» ва ду «панҷ» гирифта будам ва балли аттестат ё миёнгини он 4,8 буд, ки дар ҷамъ 18,8 бал мешуд. Аз байни довталабони факултаи филологияи тоҷик ман аввал будам. Акнун он қасде, ки доштам, бароварда шуд, ман собит кардам, ки метавонам донишҷӯ бошам. Бо ин баҳоҳо ман метавонистам ба факултаи шарқшиносӣ ҳам дохил шавам.

Баъд аз имтиҳонҳо рӯзеро барои эъломи натиҷаҳо таъйин мекарданд ва дар ҳузури довталабону наздикони онҳо, ректор, декани факултаҳо ва дигар масъулон, натиҷаи имтиҳонот ва қабул шудану нашудани довталабонро эълон мекарданд. Дов- талабон ва наздикони онҳое, ки қабул нашуда буданд, метавонис- танд ҳамон ҷо бо натиҷаҳо шинос шаванд ва ба саволҳояшон ҷавоб гиранд.

Ман ҳамроҳи дӯстонам Сайфулло ва Воиз ба ҷаласаи эълони натиҷа рафтем. Толоре, ки нишастем, пуродам буд – довтала- бон аксар бо падару модар, хешу табор, дӯстону ҳамсинфон ҷамъ омада буданд. Ҷаласа оғоз шуд. Ректор суханронӣ карда, дар бораи миқдори довталабон, ҷараёни имтиҳонҳои қабул ва натиҷаи онҳо маълумот дод. Ман аслан гӯш намекардам ва бо дӯстонам саргарми суҳбат будам. Толор ҳам пуродам ва пурсадо буд. Овози ректор пасттар буд ва мо, ки дуртар нишаста будем, ман нашунида мондам, ки номи маро мегирифтаанд. Дӯстон ба ман гуфтанд ва ман аз ҷоям бархостам. Ректор ба ҳозирон эълон карданд, ки ман аз имтиҳонҳои қабул болотарин балли умумиро ба даст овардаам. Аҳли толор кафкӯбӣ карданд. Бори дувум буд, ки ба ман кафкӯбӣ мекарданд. Воқеан ин пирӯзӣ буд! Ман ҳаяҷонзада меистодам, ки ректор афзуданд:

  • Мо метавонем шуморо ба факултаи шарқшиносӣ гузаро- нем, оё розӣ ҳастед? Ман дар ҳоли ҳаяҷон ва чун қаблан қаҳр карда будам, хитоб кардам:
  • Не!

Намедонам, шояд ректор ин посухи маро нашуниданд ё шояд фикр карданд, ман саволашонро дуруст нафаҳмидам, ки дубора саволро такрор карданд. Ин ду ҳамсинфам аз ду тарафи домони ман кашида, маро ташвиқ мекарданд:

  • Розӣ шав, розӣ шав, ту, ки шарқшиносӣ мехостӣ! Туро мехоҳанд ҳамон ҷо гузаронанд, розӣ шав!

Бахти ман хандида буд, ва фақат вақте хандид, ки ман та- моми саъю кӯшишро ба харҷ додам. Беҳуда нагуфтааст, ки «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат». Ин маъниро шоир Парвини Эътисомӣ низ хеле муҷаз баён кардааст:

…Ҳиҷоби заъф чу аз ҳам гусаст, азм қавист.

Ман ҳам сар такон додаму эъломи ризоят кардам. Ҳамин тавр, тақдир орзуи маро қисман амалӣ кард. Ба ҷои гурӯҳи забони форсӣ ман донишҷӯи гурӯҳи забони урдуи факултаи шарқшиносӣ шудам, дар ҳоле, ки аслан намедонистам, забони урду чӣ забонесту дар куҷо ба он ҳарф мезананд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …