Главная / Гуногун / АБЎБАКРИ РОЗӢ

АБЎБАКРИ РОЗӢ

Олими ҷаҳоншумул ва файласуфи беназири асҳоби ҳаюло Абўбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ  аввали моҳи шаъбони соли 251 ҳиҷрӣ (28 августи соли 865 мелодӣ) дар шаҳри Рай ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ ба андўхтани улуми адабӣ шуғл варзида, шеър мегуфт, мусиқӣ меофарид, мусиқиро тадқиқу таҳқиқ мекард, удро хуб менавохт. Ҳамчунин, дар заргарӣ маҳорати тамом пайдо карда буд ва ба касби саррофӣ мепардохт. Ниҳоят, илми кимиёро ҳам амиқ омўхта, роҷеъ ба масоъили гуногуни он 22 асар офарид. Машғулияти зиёд дар илми кимиё чашмони Абўбакрро дардманд карда буд. Ин аст, ки дар аввал ба муъолиҷаи чашмони худ пардохт. Сипас, дар сисолагӣ, ба омўхтани дониши пизишкӣ машғул гардида, дар ин илм маҳорат пайдо кард. Муддате чанд ба бемористонҳои Рай ва Бағдод сарварӣ намуд. Усули нави ташхиси дардҳо ва тарзи табобати онҳоро ба ҷавонон меомўзонд ва роҷеъ ба тиб беш аз 200 асар таълиф карда буд.

абубакри розиДониши Абўбакри Розӣ бо улуми кимиё ва тиб маҳдуд намешавад. Ў ба фаро гирифтани фалсафа ҷиддан шуғл варзида, дар ин бора як силсила асарҳои ҷолиб меофарад, ки  ҳамаи онҳо дар таърихи фалсафа ба арзиши бузурге молик мебошанд.

Роҷеъ ба риштаҳои дигари дониш, аз қабили табиъиёт, риёзиёт, илоҳиёт, мантиқ, ахлоқ ва амсоли инҳо низ осори зиёде дорад. 15 соли умри азизи худро барои тадвину таълифи «Аҷ-ҷомеъ-ул-кабир» сарф кард, ки бо номи «Ал-ҳовӣ» машҳур аст.

Дар пиронсолагӣ ба дарди шадиди чашм гирифтор шуда, ниҳоят, тамоман аз қувваи бинойӣ маҳрум гардид ва 5-уми шаъбони соли 315 ҳиҷрӣ, ки баробари 25-уми октябри соли 925 мелодист, дар зодгоҳи худ- шаҳри Рай чашм аз олам пўшид.

«Ат-тиббу-р-рўҳонӣ» ва «Ас-сиррату-л-фалсафия» ва «Ал-илму-л-илоҳӣ» ва «Китобу-с-сирри» низ аз осори муҳимми Абўбакри Розӣ ба ҳисоб мераванд.

Абўрайҳони Берунӣ арзиши баланди илмии осори ўро ба назар гирифта, дар бораи китобҳои Розӣ феҳристи махсусе таълиф намудааст, ки то имрўз боқист.

Абўбакри Розӣ дар муҳимтарин асари фалсафии худ «Ал-илму-л-илоҳӣ» доир ба қудамои хамса, яъне роҷеъ ба Бори Таъоло, ҳаюло, Нафс, Макон ва Замон фикр ронда, изҳор менамояд, ки ҳамаи ин панҷ ҳастӣ қадимӣ буда, ҳаюло низ мисли Бори Таъоло азалӣ мебошад. Ў мўътақид аст, ки маънии ҳар ҷисме бар ҷавҳари фард вобаста аст. Ақидаи қудамои хамса аз таълимоти қадими мардумони эронӣ сарчашма гирифта, Абўбакри Розӣ ҳам дар ин хусус шояд «таҳти таъсири эрониёни қадим воқеъ шуда бошад».36

Вай дар китобҳои худ «Ас-сиррат-ул-фалсафия» ва «Ат-тиббу-р-рўҳонӣ» дар масъалаи созиш додани дину фалсафа, ки пайравони таълимоти Арасту дар ислом ва мутакаллимин барои он кўшиш менамуданд, муқобил баромада, дину фалсафаро бо ҳам оштинопазир мешуморад. Дар зиндагӣ ҳадди эътидолро беҳтарин шева медонад ва дар ҷамъ кардани мол ҳарис набуданро таълим медиҳад.

Китоби дигари машҳури Абўбакри Розӣ роҷеъ ба фалсафа «Ал-қавлу фӣ-з-замон ва-л-макон» ба ҳисоб меравад. Умуман, мероси илмии Абўбакри Розиро аз 164 то 264 гуфтаанд37, ки ҷумла дар таърихи улуми исломӣ машҳур будаанд. Бинобар ҳамин, Абўбакри Розӣ на фақат дар олами ислом, балки дар тамоми ҷаҳон аз бузургтарин доноёни олам ба шумор меравад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jangi-arab

Заифе, ки бо қави диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.

Сояпарвардаро чӣ тоқати он, Ки равад бо муборизон ба китол. Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад Панҷа …