Главная / Илм / АБӮБАКРИ ДАҚҚОҚ

АБӮБАКРИ ДАҚҚОҚ

imagesАБӮБАКРИ ДАҚҚОҚ, табиб ва донишманди машҳури а. 11 точик. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар боби чаҳоруми ки- тоби худ « Чаҳор маҳола» аз забони ӯ ҳикояте овардааст ба чунин мазмун: «… табиб бояд, ки некӯэътиқод буваду амру наҳйи шаръро муаззам дорад. Ва аз олами тиб бояд, ки «Фусул»-и Буқроту «Масоил»-и Ҳунайни Исҳоқ ва «Муршид»-и Муҳаммад Закариёи Розию «Шарҳ»-и Нилӣ, ки ин мучамаллотро кардааст, ба даст орад ва муто- лиат ҳамекунад. Баъд аз он ки бар устоде мушфиқ хонда бошад ва аз кутуби васат «Захира»-и Собити Қурра ё «Мансур»-и Муҳаммад Закариёи Розӣ, ё «Ҳидоя»-и Абӯбакри Ахавайнӣ ё «Кифоя»-и Аҳмади Фарач, ё «Ағроз»-и Сайид Исмоили Ҷур- чонӣ ба истиқсои (тафтиши) тамом бар устоде мушфиқ хонад. Пас аз кутуби басо- ит (гиёҳҳои шифобахш) яке ба даст орад, чун «Ситта ашара»-и Ҷолинус ё «Ҳовӣ»-и Муҳаммад Закариё, ё «Комилу-с-синоат», ё «Сад боб»-и Бӯсаҳли Масеҳӣ, ё «Қонун»-и Бӯалии Сино, ё «Захираи хоразмшоҳӣ» ва ба вақти фароғат мутолиа ҳамекунад. Ва агар хоҳад, ки аз ҳама мустағнӣ бошад, ба «Қонун» кифоят кунад».
Ад.: Низомии Арӯзии Самарқандӣ, Ча- ҳор мақола, Д., 1986.
М. Диловаров.

Машҳад, 1344; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ч. 7, Теҳрон, 1377; Мероси Оли Сомон, Хучанд, 2001; Низомии Арӯзӣ, «Чаҳор мақола» (Ба кӯшиши Муҳаммад Қазвинӣ ва Муҳаммад Муин), Теҳрон, 1333.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …