Главная / Гуногун / АБУАЛӢ ВА БЕМОР

АБУАЛӢ ВА БЕМОР

Абўалӣ Сино ба табибӣ ном баровардагӣ буд. Ҳар рўз ба назди ў одамони бисьёр барои табобат меомаданд. Ҳамаи онҳо қатор менишастанд ва Абўалӣ ҳар кадомро дида, касалашро мегуфт ва табобаташро ҳам нишон медод. Як рўз вай аз ҷумлаи беморон як касро намебинад ва ба ў чизе намегўяд. Он бемор бо димоғи сўхта ба хонааш меояду ба занаш мегўяд:

04_coosfit         – Умри ман ба охир расидааст, ҳатто Абўалӣ ҳам ба ман чизе нагуфт.

Бемор дар ҳуҷрааш парў зада, бо табъи хира мехобид. Як вақте бедор мешавад, ки бисьёр ташна мондааст. Дар зарфе шир меёбад ва онро гирифта менўшад. То бегоҳ аҳволи ў беҳ  мешавад ва то рўзи дигар  сиҳат меёбад. Ҳафтаи дигар ў боз ҳамроҳи беморон ба назди Абўалӣ Сино меравад. Абўалӣ Сино боз аз хона берун шуда, беморонро дида, ба ҳар кадоми онҳо табобат мефармояд. Ин бемор ба Абўалӣ рўй оварда мегўяд:

– Маро  табобат нафармудед, дидед, ман сиҳат ёфтам.

Абўалӣ дар ҷавоб мегўяд:

– Дуруст аст, касалии туро заҳри мор дуруст мекард, чун ёфтани он мушкил буд, ман чизе нагуфтам. Ту дар хонаат шир хўрдӣ ва дар он шир мор заҳрашро қайд карда буд, бинобар ин сиҳат ёфтӣ.

Бемор ба дониши Абўалӣ аҳсан мехонад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …