Главная / Гуногун / Ҳабиб Нурмуҳаммадов хотимаи варзишии худро

Ҳабиб Нурмуҳаммадов хотимаи варзишии худро

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи доғистонӣ, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад, Ҷастин Гейҷи аз Амрикоро шикаст дод ва бори сеюм камарбанди қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.

Мубориза байни Нурмагомедов ва Гейҷи аввалин қувваозмоӣ дар мусобиқаи UFC 254 дар “Fight Island” (“Ҷазираи набард”) дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд, ки шаби 24-уми октябр баргузор шуд.

Мубориза пуршиддат гузашт ва дар даври дуюм Ҳабиб бо усули буғӣ кардан ҳарифашро шикаст дод. Ин 29-умин ғалабаи размикори доғистонӣ ба шумор меравад ва ӯ ҳамчун варзишгари мағлубнашуда камарбанди қаҳрамонияшро бори дигар ҳифз кард.

Ҷастин Гейҷи дар корномаи варзишияш бори сеюм шикаст хӯрд. Ӯ қаблан дар 20 муҳориба пирӯзӣ ба даст овардааст.

Баъд аз анҷоми рақобат бо Гейҷи, Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ғалабаи 29-умашро ба падараш Абдуманоф Нурмагомедов, ки 3-юми июли имсол дар 58-солагӣ бар асари коронавирус даргузашт, мебахшад.

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов аз поёни корномаи варзишияш хабар дод. Ӯ ин тасмимашро пас аз пирӯзӣ бар Ҷастин Гейҷи эълон кард. Ҳабиб иқрор шуд, ки ба модараш ваъда дода буд рақобати 29-умаш набарди охирини ӯ хоҳад буд.

“Ман танҳо як саробон дорам – ин модари ман аст. Мехостам ба ӯ вақти бештаре ҷудо кунам”, – гуфт ӯ.

Ҳабиб Нурмагомедов, инчунин аз мақомоти UFC хоҳиш кард, ки ӯро дар рейтинг ё раддабандии нави размикорони беҳтарини ҷаҳон дар ҷойи аввал гузоранд. “Имрӯз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танҳо аз UFC мехоҳам, ки рӯзи сешанбе новобаста аз дараҷаи вазн маро дар ҷойи 1-ум қарор диҳад. Ман сазовори он ҳастам “, – таъкид кард размикор.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …