Главная / Илм / АБДУРАҲМОНОВА Фирӯза Муиновна

АБДУРАҲМОНОВА Фирӯза Муиновна

imagesАБДУРАҲМОНОВА Фирӯза Муиновна (тав. 22. 05. 1970, ш. Душанбе), акушер- гинеколог, доктори илми тиб (2002), проф. (2003). Хатмкардаи ДДТТ (1992). Ор- динатори клиникӣ ва ассистент (1992 – 94), аспирант (1994 – 97), ассистенти кафедраи акушешерӣ ва гинекологияи факултаи педиатрӣ (1997 – 99), дотсент (1999 – 2002), проф. (2003 – 05) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2-и ДДТТ (аз с. 2005). Мутахассис оид ба гинекологияи кӯдакони Вазорати тандурус- тии ҶТ (аз с. 2004) ва «Тренери калон»-и Донишкадаи Гопгенси ИМА (аз с. 2006). Таъсири омилҳои антропогенӣ ба хусусияти инкишофи ҷинсӣ ва ҷисмонии духтаронро омӯхта, тариқи пешгирии оризаҳои акушерӣ ва гинекологии онҳоро пешниҳод намудааст. Дар мавзӯи «Инкишофи ҷисмонӣ ва ҷинсии духтарон ҳини таъси- ри пеститсидҳо дар давраи батнимодарӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Эпидемиологияи ташаккули силсилаи насловарии духтарҳо дар Тоҷикистон ва тариқи пешгирии бемориҳои занона» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Зери роҳбарии А. доир ба таъсири сирояти вирусҳо ба фаъолияти насловарӣ ҳангоми бемориҳои ғайри аъзои таносул (камхунӣ, гипофунксияи ғадуди сипаршакл, бемории музмини гурдаҳо) тадқиқотҳо анҷом мепазиранд. Дар бисёр семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст (Душанбе, 1998; Олмаато, 1999; Анқара, 2004; Тошкент, 2005). Муаллифи 27 мақолаи илмӣ, 38 те- зис, 5 дастури методӣ, 4 тавсияи методӣ, 4 навоварӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 9 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.
Ос.: Эхографические и доплерометрические ис- следования молочных желез в пубертатном возрасте в регионе социально-экономического неблагопо- лучия. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикиста- на», №1 – 2, Д., 1999; Экология и репродуктивное здоровье девушек. Дар маҷ.: «Российский вестник акушера-гинеколога», т. 2, №3 – 4, М., 2002; Нейро- обменноэндокринные нарушения у девушек с пато- логий становления репродуктивной системы. Дар маҷ.: «Педиатрия Узбекистана», №1, Ташкент, 2003; Яке аз хусусиятҳои равиши гестатсионӣ ҳангоми фарбеҳӣ. Дар маҷ.: «Паёми Сино», №3, Д., 2008.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …