Главная / Без рубрики / АБДУРРАҲМОНИ МУШФИҚӢ

АБДУРРАҲМОНИ МУШФИҚӢ

Ба арзи ҳол ҳоҷат, Мушфиқӣ нест,
Агар авроқи девони ман он ҷост.

Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.

shoh-darbor

«Ғариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»

Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишораҳои шарҳиҳолии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи:

Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,

Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ӯ бисёр дастгириҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадрса дохил мешавад.

Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, ҳайат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомӯзад. Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро бештар дӯст медорад:

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад, Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ӯ шеъргӯиро дар ҳамин шаҳр шурӯъ кардааст. Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ӯро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ӯ эҷоди чунин ашъор боис гардидааст.

Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр истиқомат мекунад. Ӯ дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст. Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Аз баъзе ишораҳои шоир пайдост, ки рӯзгори ӯ дар Самарқанд низ чандон хуб набудааст:

Хони олиқадри кайвонманзилат Султон Саид,

Пеши даргоҳи ту гардуни муалло ҳеҷ нест.

Арзи ҳоли ман, ки ҳастам заррае беэътибор,

Назди хуршеди замири оламро ҳеҷ нест.

Шуд се соли рост, к-аз ҷинси ҷаву гандум маро,

Дона ҷуз дар мазраи парвину ҷавзо ҳеҷ нест.

Қуръа афкандам барои фол, мӯрон саф заданд,

Нуқтаҳоро дона пиндоранду аммо ҳеҷ нест.

Ҳамин гуна ишораҳои шикоятӣ дар ашъори Мушфиқӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишораҳои шоир моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳасрати адиб аз тангии маишӣ мебошад:

Шаҳо, ту мардуми чашми саводи оламро,

Ба лутфу раҳмати ту мардуме намеёбам.

Шунидам, ки Самарқанд ҷаннати дунёст,

Чӣ одамам, ки дар ӯ гандуме намеёбам.

Баъзан чунин ҳолат ҳам рух додааст, ки инъомҳои хон ҳатто ба шоир ё қисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муносибат Мушфиқиро водор кардааст, ки бевосита ӯ ба худи шоҳ муроҷиат намояд:

Подшоҳо, чакмани инъомро меҳтар надод,

Дар либоси назм бо ӯ гуфтугӯ хоҳад шудан.

Чун ба таври оштӣ чизе аз ӯ ҳосил нашуд,

Чднги чакман дар миёни мову ӯ хоҳад шудан.

Дар баъзе мавридҳо Мушфиқӣ ба вазири хон-Осаф ҳам муроҷиат намуда ба ин восита шоҳу вазирро аз нобасомониҳои дохили дарбор огоҳ месозад, ки «об аз сар лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорҳои зишт гирифта шавад:

Осафо, шаб омадам сӯи висоқи худ савор,

Аспи мискини маро аз фикр сар боло нашуд.

Дар хаёли ҷав ҳамав шаб дидам ӯ мепарид,

Хостам бар чашми ӯ коҳе ниҳам, пайдо нашуд.

Албатта, чунин шикваҳои Мушфиқӣ оҳанги ҷолиби ҳазлу шӯхӣ низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабҳои аз модди назари амиру вазир дур афтодани талабҳои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзилӣ чунин шикояд менамояд:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,

Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо намуд.

Аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рӯзгори шоир нисбатан беҳтар буда, ҳатто муҳити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфиқӣ он хушҳолиҳоро ба ёд оварда, дар як ғазали худ аз гузашти он рӯзҳо афсӯс мехӯрад:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехӯрам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехӯрам.

Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,

Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехӯрам?!

Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурдии ӯ Ҷавонмардалӣ ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ҷавонмардалихон аз падар рӯ гардонида ба Абдуллохон забон як намуда буданд. Абдуллохон худи ҳамон сол Ҷавонмардалихонро қатл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба қатл мерасонад. Нобасомониҳо, албатта, ба Мушфиқӣ азми сафари Ҳиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннаҳр овоза шуда буд, ки гӯё шоҳи Ҳиндустон Акбаршоҳ шеърпарасту шоирдӯст аст. Мушфиқӣ низ соли 1577 ба Ҳиндустон меравад. Ӯро Акбаршоҳ хуш пазируфта бошад ҳам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор. Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят, Хуни ҷигарам мехӯрад ин Ҳиндӣ ҷигархор.

Аз баъзе ғазалҳои Мушфиқӣ маълум мешавад, ки шоир аз сафари Ҳинд пушаймон баргаштааст:

Сафар кардам фироқи дилрабое пеши ман омад,

Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.

Ғаму дарди ҷудоӣ кам шавад аз қатъи манзилҳо,

Ба ҳар манзил ғаму дарди ҷудое пеши ман омад.

Ба ғурбат мурдан осон менамуду зиндагӣ мушкил,

Чӣ кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.

Мушфиқи пас аз сафари Ҳинд бар барбори Абдуллоҳхон роҳ меёбад. Шоир дар як муддати кӯтоҳ дар байни аҳли дарбор ва бевосита Абдуллоҳхон обрӯю эътибор пайдо мекунад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба мартабаи маликушшуароӣ мушарраф мешавад. Мушкилоти модии рӯзгори ӯ низ беҳтар мегардад. Мутаасифона, ин ҳолат замоне даст медиҳад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънӣ шоир чунин ишора мекунад:

Имтиҳон карданд пиру ҷавон,

Ҳеҷ кори фалак ба сомон нест.

Ком бахшад даме, ки ком намонд,

Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.

Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ӯ соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ӯро дар ҷавори мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ӯ сабт шудааст:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дӯстон гузаранд, Расад ба хотири эшон, ки хоксаре буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мадрасан Кӯҳна дар Ҳисор /асри XVI/.

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннаҳр ва Хуросон фароҳам омад, ба ҳаёти …