Главная / Без рубрики / АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ

АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ

Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меояд.

abdurahmoni_jomiТо ин дам Абдурраҳмони Ҷомӣ дар назди падараш – Низомуддин Аҳмад саводи пурра бароварда, инчунин забони арабиро то андозае аз худ карда буд. Баъд аз ин Абдурраҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ҷомӣ аз кўдакӣ зеҳни бурро, ақли расо ва одати аҷибе дошт. Ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари кунҷковӣ нигоҳ мекард. Фаъолияти эҷодии Ҷомӣ барвақт саршуда буд. Ҳанўз аз овони ҷавонӣ овоза ва ҳурмат пайдо кардани ў на танҳо дар ватани худаш, балки дар бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна ҳам бо далелҳоисбот шудааст.

Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар Ҳирот фавтидааст. Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ асарҳои бисёри манзуму мансур мерос мондаанд. Таърихнависони Шарқ ва Осиёи Миёна асарҳои Ҷомиро аз 34 то 99 номгўй шумурдаанд. Калонтарин асарҳои ў «Баҳористон», китоби «Ҳафт авранг», ки аз ҳафт достони манзум иборат аст ва «Девони Ҷомӣ» – маҷмўаи ғазалиёт мебошанд.

ҲИКОЯҲО АЗ «БАҲОРИСТОН»

Абдурраҳмони Ҷомӣ бо шеъру сухани худ дар байни мардуми мо шўҳрат ёфтааст. Машҳуртарин китоби насрии ў «Баҳористон» аст. Ин китоб дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст ва аз ҳашт боб иборат буда, ҳар боби он аз ҳикоятҳои пандомез, оқилона, ҳикматҳои зиндагӣ, рўзгори ибратбахши шахсони бузург ва шоирон ба ҳам омадааст. Як боби китоб аз масалҳои ширини амали паррандагон ҳикоят мекунад. Ҷомӣ марди ҳикмат шинос ва файласуф ҳам буд ва бо панду ҳикматҳо моро насиҳат мекунад ва панду андарз меомўзад.

 ҲИКОЯТ

Искандари Румӣ дар овони ҷаҳонгирӣ бо ҳилаи тамом ҳисореро бикушод ва ба вайрон кардани он фармон дод. Гуфтанд: «Дар он ҷо ҳакимест доно ва бар ҳалли мушкилоти ҳикмат тавоно». Вайро талаб дошт. Чун биёмад, шакле дид аз қабули табъ дур ва табъи аҳли қабул аз вай нуфур.

Гуфт: «Ин чӣ сурати ғариб ва чӣ шакли муҳиб (бадҳайбат) аст?» Ҳаким аз он сухан барошуфт ва хандон-хандон дар он ошуфтагӣ гуфт:

ҚИТЪА

Таъна бар ман мазан ба сурати зишт,
Ай тиҳӣ аз фазилату инсоф!
Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер,
Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Дигар гуфт: «Ҳар киро хулқ бо халқ на некўст, пўст бар бадан зиндони ўст, чунон аз вуҷуди худ дар тангноест афтода, ки зиндон дар ҷанби (тараф) он азмгоҳест кушода».

ҚИТЪА

Касе, ки бо ҳама кас хўи бад ба кор барад,
Ҳамеша дар кафи сад ғусса мумтаҳан132 донаш.
Машав ба шаҳна133, ки зиндон мақоми ў гардон,
Ки пўст бар тани бадхў бас аст зиндонаш.
Ва дигар гуфт: «Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст бо парвардигори хеш ситезасанҷ, ҳар чӣ дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чӣ на насиби вай, дил дар он бандад».

ҚИТЪА

Эътироз аст бар аҳкоми ҷаҳондори ҳаким
Одати марди ҳасадпеша, ки хокаш ба даҳан.
Ҳар чӣ бинад ба кафи ғайр, фиғон бардорад,
Ки чаро дод ба вай бесабаб онро, на ба ман.
Дигар гуфт: «Хирадмандони карим мол бар дўстон шуморанд ва бехирадони лаим134 аз барои душманон бигузоранд».

ҚИТЪА
Ҳар чӣ омад ба дасти марди карим,
Ҳама дар пои дўстон афшонд.
В-он чӣ андўхт сифлатабъи лаим,
Баъди марг аз барои душман монд.
Дигар гуфт: «Бо хурдон дар ҳазлу фисус овехтан обрўи бузургӣ рехтан аст ва ғубори зиллату хорӣ ангехтан».

ҚИТЪА

Ай, ки бар сифла медарӣ ҷома,
Ном, тарсам, ба гургият биравад.
Машав афсўспеша бо хурдон
В-арна фарри бузургият биравад.
Дигар гуфт: «Ҳар ки бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагадкўби забардастон бимирад».

ҚИТЪА

Дило, гўш кун аз ман, ки ин нуктаи хуш,
Ки мондаст дар гўшам аз нуктадонон.
Ки ҳар кас кашад теғи номеҳрубонӣ,
Шавад куштаи теғи номеҳрубонон.

ҲИКОЯТ

Дар маҷлиси Кисро се тан аз ҳукамо ҷамъ омаданд: файласуфи Рум, ҳакими Ҳинд ва Бузургмеҳр. Сухан ба он ҷо расид, ки сахттарини чизҳо чист? Румӣ гуфт: «Пирию сустӣ ба нодорию тангдастӣ». Ҳиндӣ гуфт: «Тани бемор бо андўҳи бисёр». Бузургмеҳр гуфт: «Наздики аҷал бо дурӣ аз ҳусни амал». Ҳама ба қавли Бузургмеҳр бозомаданд.


ҲИКМАТ

Се кор аз се гурўҳ зишт ояд: тундӣ аз подшоҳон ва ҳирс бар мол аз доноён ва бухл аз тавонгарон.

ҚИТЪА

Ин се кор аст, ки-ш нигорад зишт
Аз се кас хомаи нигоранда:
Тундхўии подшоҳи қавӣ,
Ҳирси донову бухли доранда.

АЗ ТАМСИЛОТИ «БАҲОРИСТОН» ҲИКОЯТ

Рўбоҳбачае бо модари худ гуфт:

– Маро ҳилае биёмўз, ки чун бар кашокаши саг дармонам, худро бираҳонам.

Гуфт:

– Он ҳила фаровон аст, аммо беҳтарини ҳама он аст, ки

дар хонаи худ бинишинӣ, на ў туро бинад ва на ту ўро бинӣ.

ҚИТЪА

Чу бо ту хасм шавад сифлае, на аз хирад аст,
Ки дар хусумати ў макру ҳила соз кунӣ.
Ҳазор ҳила тавон сохт в-аз ҳама он беҳ,
Ки ҳам зи сулҳу ҳам аз ҷангаш эҳтироз кунӣ.

ҲИКОЯТ

Сурхзанбўре бар магаси асал зўр овард, то вайро тўъмаи

худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:

– Бо вуҷуди ин ҳама шаҳду асал маро чӣ қадру маҳал, ки

онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ? Занбўр гуфт:

– Агар он шаҳд аст, ту шаҳдро конӣ ва гар он асал, ту сарчашмаи онӣ.

ҚИТЪА

Э хуш он марди ҳақиқат, ки зи пайғому салом
Рў битобад, ба сўи моидаи васл равад.
Асл чун рўй намояд зи паси пардаи фаръ,
Фаръро боз гузорад, ба сари асл равад.

ҲИКОЯТ

Мўреро диданд ба зўрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба тааҷҷуб гуфтанд:

– Ин мўрро бинед, ки бо ин нотавонӣ бореро ба ин га- ронӣ чун мекашад?

Мўр чун ин сухан бишунид, бихандиду гуфт:

– Мардон борро бо нирўи ҳиммату бозуи ҳамийят кашанд,

на ба қуввати тану захомати бадан.

ҚИТЪА

Боре, ки осмону замин сар кашид аз он,
Мушкил тавон ба ёварии ҷисму ҷон кашид.
Ҳиммат қавӣ чу аз мадади раҳравони ишқ,
К-он борро ба қуввати ҳиммат тавон кашид.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Дар ҳикояи «Искандар ва ҳаким» Ҷомӣ киҳоро мазаммат кардааст?
  2. Байти:

«Тан бувад чун ғилофу ҷон шамшер.

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!» – чӣ маънӣ дорад?

  1. Ҳикояҳои «Хулқи бад», «Ҳасуди ситезасанҷ», «Хирадман-

дони карим», «Ҳазл бо хурдон», «Муштзанӣ бо зердастон», «Се кор аз се гурўҳ зишт ояд», «Ҳилаи аз ҳама беҳ», «Сурхзанбўр ва магаси асал», «Мўри боҳиммат»-ро шарҳ диҳед. Бигўед, ки дар онҳо чӣ чиз тарғиб ёфтааст ва чӣ чиз мазаммат шудааст?

  1. Се-чор ҳикояи «Баҳористон»-ро интихобан аз ёд кунед.

ҲИКОЯҲО АЗ «СИЛСИЛАТ-УЗ -ЗАҲАБ» ҚИССАИ РУСТОӢ, КИ ДАРОЗГЎШИ ПИРИ ЛАНГИ ПУШТРЕЗ БА БОЗОРИ ХАРФУРЎШОН БУРД

Содамарде зи ақл дуртарак,
Дошт дар деҳ яке заиф харак.
Хараке пиру сусту лоғару ланг,
Ки нарафтӣ ду рўз як фарсанг…
Ҳаргиз аз зарби газ напаймудӣ,
Роҳро ҷуз ба газ напаймудӣ.
Буд доим зи захми марди салим,
Сурх кемухти135 ў ба ранги адим136.
Гар расидӣ ба ҷўяке борик,
Ҳама олам бар ў шудӣ торик…
Рўзе он содарўй шаҳраш бурд,
Ба ҳарифони харфурўш супурд.
Яке аз ҷамъ харфурўшона
Баҳри ин кор риш зад шона.
Бонг мезад, ки кист дар бозор,
Ки харад баҳри худ хари раҳвор?
Хар магў, астари137 ҷавону равон,
Сахт дар роҳу тунд дар майдон.
Ҷаҳад аз ҷой, агар расад ба масал,
Сояи тозиёнааш ба кафал138.
Балки дар сояаш гар ояд пеш,
Гомҳо139 бугзарад зи сояи хеш,
Меҷаҳад ҳамчу бод ҷой ба ҷой,
Меравад ҳамчу об дар гилу лой.
Ҳаст ҷўйи бузургу наҳри азим,
Пеши ў кам зи ҷадвали тақвим.
Халқ аз он гуфтугўй механдид,
Лекин он содамард чун бишнид,
Сар фарогўши харфурўш овард:
– К-ай ба бозори харфурўшон фард,
Агар ин қисса рост мегўӣ,
Роҳи ин арса рост мепўӣ,
Сухане гўямат, ба ман кун гўш,
Ба манаш боз деҳ, ба кас мафрўш.
Дер шуд, к-инчунин сутуда улоғ,
Ки ту гуфтӣ, кунам ба шаҳр суроғ,
Ай аҷаб, к-он худ они ман будааст,
Рўзу шаб зери рони ман будааст.
Ёр дар хонаю ба гирди ҷаҳон
Ман талабгораш ошкору ниҳон.
Посухаш дод, к-ай салимулқалб140,
Карда даҳр аз ту фаҳму дониш салб141.
Балки ҳаргиз туро набудаст он,
К-аз ту, гўям касе рабудаст он.
Солҳо шуд, ки рокиби142 ўӣ,
Қиссаи ў зи ман чӣ меҷўӣ?
Ба газофе, ки дар забои ду-се бор,
Рондам аз баҳри гармии бозор.
Дар сифатҳои ин матоъи сақат144
Аз ҷаҳолат чӣ уфтӣ ба ғалат?!

ҚИССАИ ОН ХИРС, КИ ОБАШ МЕБУРД

Хирсе аз ҳирси тўъма бар лаби рўд
Баҳри моҳӣ гирифтан омада буд.
Ногаҳ аз об моҳие барҷаст,
Бурд ҳоле ба сайди моҳӣ даст.
Пояш аз ҷой шуд, дар об афтод,
Пўстин з-ин хато дар об ниҳод…
Об бас тез буду паҳновар,
Хирси мискин дар об шуд музтар.
Дасту по зад басеву суд надошт,
Оқибат хешро ба об гузошт.
Аз бало чун ба ҳила натвон раст,
Бояд он ҷо зи ҳила шустан даст.
Ҳамчу хике, ки пашм ноканда.
Бошад аз рахту бахт оганда.
Бар сари об чархзан мерафт,
Даст шуста зи ҷону тан мерафт.
Ду шиновар зи дур бар лаби об
Баҳри коре ҳаме шуданд шитоб.
Чашмашон ногаҳон фитод бар он,
Аз таҳайюр шуданд хира дар он.
К-он чӣ чиз аст, мурда ё зиндаст,
Пўсте аз гумош огандаст?
Он яке бар канора манзил сохт
В-он дигар хешро дар об андохт.
Ў шино кард, то бар он бирасид,
Хирс худ махласе145 ҳаме талабид.
Дар шиновар ду даст зад маҳкам,
Боз монд аз шино шиновар ҳам.
Андар он мавҷ гашта аз ҷон сер,
Гоҳ боло ҳамешуду гаҳ зер.
Ёр чун дид ҳоли ў зи канор,
Бонг бардошт, к- «Ай киромӣ ёр!
Гар гарон аст пўст, бигзораш,
Ҳам бад-он мавҷи об биспораш».
Гуфт: – «Ман пўстро гузоштаам,
Даст аз пўст боздоштаам.
Пўст аз ман даме надорад даст,
Балки пуштам ба зўри панҷа шикаст»!
Ҷаҳд кун, ҷаҳд, ай бародари пук,
Пўст донӣ зи хирсу хик зи хук.
Махлас – халосӣ, раҳоӣ,

ТАМСИЛ

Гуфт рўбоҳбачча бо рўбоҳ,
К- «Ай зи макри сагони деҳ огоҳ.
Бозие кун кунун маро таълим,
Ки бад-он аз сагам набошад бим».
Гуфт: «Аз он бозие набинам беҳ,
Ки ту дар дашт бошӣ, ў дар деҳ.
Чашми вай бар ту, чашми ту бар вай
Нафитад варна афтадат дар пай».

ҲИКОЯТИ ПИРЗОЛЕ, КИ РОҲ БАР САНҶАР ГИРИФТА

Буд дар Марви Шоҳи ҷон золе,
Ҳамчу золи ҷаҳон кўҳансоле.
Рўзе омад зи ханҷари ситаме,
Бар вай аз як-ду лашкарӣ аламе.
Аз тазаллум забон чу ханҷар кард,
Рўй дар раҳгузори Санҷар кард.
Дид, к-аз роҳ мерасад Санҷар,
Бурда аз саркашӣ ба кайвон сар.
Бонг бардошт, к-ай парешон кор,
Гўши худ сўи синарешон дор!
Гўши Санҷар чу он нафир шунид,
Борагӣ сўи гандапир кашид.
Гуфт, к-ай пиразан, чӣ афтодат,
Ки зи гардун гузашт фарёдат?
Гуфт: «Ман ранҷкаш яке золам,
Камтар аз сад ба андаке солам.
Хуфта дар хонаам се-чор ятим,
Дилашон баҳри ним нон ба ду ним.
Ғайри нони ҷавон нахўрда таом,
Карда ширин даҳон зи мева ба ном.
Бо ман имсол гуфтугў карданд
В-аз ман ангур орзу карданд.
Сўи деҳ ҷустам аз ватан дурӣ,
Тан ниҳодам ба ранҷи муздурӣ,
Дастам инак чу панҷаи муздур
3- обила пур чу хўшаи ангур.
Чун зи деҳ дастмузди худ ситадам,
Пур шуд аз орзўшон ҳам сабадам.
Бо дили хурраму лаби хандон
Рў ниҳодам ба сўи фарзандон.
Як- ду бедодгар зи лашкари ту
Дар ради адлу зулм ёвари ту.
Бар мани хаста ғорат оварданд,
Сабадам з-орзў тиҳӣ карданд…
Ту чунин фориға, ҷигархорон
Аз ҷафои ту хуни дил борон.
Ин чӣ шоҳиву мамлакатдорист,
Дар дили халқ тухми ғамкорист?
Даст аз адлу дод доштаӣ,
Золимон бар ҷаҳон гумоштаӣ.
Гарчи имрўз нест ҳадди касе,
Ки барорад зи зулми ту нафасе,
Чун ҳувайдо шавад садои нуҳуфт.
Чӣ ҷавоби Худой хоҳӣ гуфт?!…
Пеш аз он к-ат аҷал даҳон бандад,
Хасмат аз ашки дўстон хандад,
Чашм букшо, чу оқибатбинон,
Бинигар ҳоли зори мискинон».
Шоҳ Санҷар чу ҳоли ў донист,
Сабр бар ҳоли хеш натвонист.
Даст бар рў ниҳоду зор гирист,
Гуфт бар худ, ки ин чӣ коргарист?
Туф бар ин Хусравиву шоҳии мо,
Туф бар ин зиштию табоҳии мо…
Баъд аз он гуфт, к-он ду золимро
В-он ду сардафтари мазолимро,
Дафтари умр пора-пора кунанд,
То ҳама золимон назора кунанд.

ҲИКОЯТИ ҲОТАМ

Ҳотам он баҳри ҷуду кому ато
Рўзе аз қавми хеш монд ҷудо.
Уфтодаш гузар ба қофилае,
Дид асире, ба пой силсилае.
Пешаш омад ба баҳри дасти кушод,
Хост з-ў фидя148, то шавад озод.
Ҳотам он ҷо надошт ҳеҷ ба даст
Бар вай аз бори он расид шикаст.
Холӣ аз лутф пой пеш ниҳод,
Банди ўро ба пои хеш ниҳод.
Сохт з-он банди сахт озодаш,
Изни рафтан ба ҷои худ додаш.
Қавми Ҳотам зи пай расидандаш,
Чун асирон ба банд дидандаш.
Фидяи ў зи моли ў доданд.
Пои ў ҳам зи банд букшоданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Дар қиссаи «Рустоии харфурўш» кадом хислатҳои деҳоти- ён ошкор шудааст?
  2. Тамсили «Хирс, ки обаш мебурд» ба ин қисса чӣ муносибат дорад?
  3. Дар «Ҳикояти пирзоле, ки роҳ ба Санҷар гирифта» Ҷомӣ ба кадом бозёфти азим муваффақ ва комёб гаштааст?
  4. Дар «Ҳикояти Ҳотам» кадом хислати наҷибу ҳамидаи ин- сонӣ ситоиш ёфтааст?

ҚИССАИ КУЛАНГЕ, КИ ҲАВАСИ ШИКОРИ КАБЎТАР КАРДУ ХУД ШИКОРИ ДИГАРЕ ШУД

Козуре  дар навоҳии Бағдод

Буд дар кори козурӣ150 устод.

Бар лаби даҷла козурӣ кардӣ,

Рўзии худ зи козурӣ х (в) ардӣ.

Бар лаби об доимо медид,

Ки куланге бузург мегардид.

Кирмаке чун зи об бинмудӣ,

Нўл кардӣ дарозу бирбудӣ.

Ба ҳамон аз ҷаҳон қаноат дошт,

Ғайри он ҷумла бод мепиндошт.

Дошт бо «изза манқанаъ» пайванд,151

Буд парвозгоҳаш авҷи баланд.

Хор нокарда «залли мин тамаъ»-аш

Буд бе заллати тамаъ шабаъаш152

Ногаҳон рўзе аз ҳаво бозе

Тезгарде баландпарвозе ,

Кард сўи кабўтар оҳанг,

Нои153 ўро гирифт сахт ба чанг.

Аз сари ҳаммати баланд, ки дошт,

Андаке хўрду бештар бигзошт.

Аз карам нест мудхилӣ154 кардан

Хон155 ниҳодан, тамом худ хурдан

Беҳ аз он суфра чуфраи оташ,

Ки аз он шуд гуруснае дилх (в) аш.

Чун бидид он куланге соданиҳод,

Оташе дар ниҳоди ў афтод.

Гуфт: «Ман худ ба ҷусса з-ў бешам,

Шеваи ў чаро наяндешам?

Бод аз ин кору бори хешам шарм,

Ки ба кирме шавам чунин дилгарм.

Ҳама олам пур аз вуҳушу туюр,156

Чанд бошам ба кирмаке мағрур?!

Баъд аз ин ҳиммате кор кунам.

Лоиқи хештан шикор кунам.

Ба ҷаҳон дардиҳам салои карам,

Худ хурам тўъмаву хуронам ҳам».

Ин бигуфту кушод бол чу боз,

Аз замин кард бар ҳаво парвоз.

Аз қазо дид, к-аз миёни ҳаво

Шуд мутаввақ 157 ҳамомае158 пайдо,

Кард бар вай ба сони боз камин,

То фурў гирадаш ба ҷангали кин.

Сарнагун шуд зи бахти бадфармой,

Дар ғадире159 фитод пургилу лой,

Монд дар лою гил пару болаш,

Шуд ба идбор160 мубдао иқболаш..

Дид козур шикорие бе фах161,

Гуфт: «Баҳ, баҳ, ки нек шуд матбах»,

Баргирифташ равону бо дили шод

Рў ба хилватсарои хеш ниҳод.

Кард шахсе савол аз ў ба шигифт,

К-ин чӣ мурғ аст? Дар ҷавобаш гуфт:

«Ин кулангест карда шаҳбозӣ,

Хурда з-ин санъати табаҳ бозӣ,

Сохта аз паи шикор фане,

Карда худро шикор ҳамчу мане».

Ҳар ки афзун кашад қадам зи гилем,

Афканад хешро ба вартаи бим!

Бозро дар шикор бурдан беҳ,

Ҷуғдро ҷуғдвор бурдан беҳ.

Фаррух он кас ки вори худ бисохт,

Кори худро ба вори162 худ пардохт.

Шуд ба ҳикмат баландовоза,

Гом163 берун назад зи андоза.

Мутақориб164 ниҳод дар раҳи ком165,

Мутаҷониб зи тафраи166 наззом167

Ҳарки зад тафра аз сари туфра.

То ба мақсад расад ба як турфа.

Нарасидаш ба пои мақсуд даст,

Гардану пушт ҳар ду хурд шикаст.

Мурғи наврас нагашта нируманд,

Мепарад з-авҷи ошёни баланд.

Мезанад парру шарру168 боли вабол169,

Мекунад чарб гурбаро чангол.

В-ар ту гўӣ, ки ҳиммати олӣ,

К-аз ҳавову ҳавас бувад холӣ.

Талаби мақсади баланд кунад,

Майли мақсуди арҷманд кунад.

Аз умури данӣ170 ба беҳуда

Накунад домани худ олуда,

Хуш набошад, ки бози шаҳпарвар,

Ба ҳавои магас кушояд пар.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Қисса ва ҳикоётро бодиққат хонда, мазмуни онҳоро нақл кунед.
  2. Дар «Қиссаи куланг» кадом хислатҳои нописандидаи одамӣ маззамат карда шудааст?
  3. Бигўед, ки чаро куланг ҳаваси шикори кабўтар карду худ ги- рифтори шикори дигаре шуд?
  4. Дар ин байти Ҷомӣ:

«Ҳар ки афзун кашад қадам аз гилем,

Афканад хешро ба вартаи бим».

кадом ҳикмати халқ ҷой дода шудааст?

ҲИКОЯҲО АЗ «НАФАҲОТ-УЛ-УНС»

«Нафаҳот-ул-унс» аз ҷумлаи асарҳои насрии Абдурраҳмони Ҷомӣ буда, дар байни солҳои 1475-1477 дар пайравии «Табақот-ус-сўфия»-и Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1088) навишта шудааст. Номи пурраи ин асар «Нафаҳот-ул-унс мин

қударо-тул-қудус» буда, Ҷомӣ дар он роҷеъ ба шарҳи ҳол ва тавсифи осори 616 нафар сўфиён (582 нафар мард ва 34 нафар зан) маълумот додааст. Сабаби таълифи «Нафаҳот ул-унс» хоҳиш ва дастгирии Алишери Навоӣ будааст.

Ин асар дар баробари аҳамияти ирфонию тасаввуфӣ доштан, барои омўхтани шарҳи ҳол ва эҷодиёти як қатор адибони форс-тоҷик сарчашмаи нодир маҳсуб мешавад. Дар  «Нафаҳот-ул-унс» доир ба ҳолоту мақомоти Мансури Ҳаллоҷ, Абўсаиди Абулхайр, Алии Ҳамадонӣ барин машоихи бузург ва Низомии Ганҷавӣ, Фаридуддини Аттор, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳафизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ барин шоирону мутафаккирони барҷаста маълумоти зиёд пайдо кардан мумкин аст.

«Нафаҳот-ул-унс» соли 1495 бо номи «Насоим-ул-хулд» аз ҷониби Алишери Навоӣ ба забони туркии чағатоӣ тарҷума шудааст. Тарҷумаҳои англисӣ ва олмонии он низ мавҷуд аст. «Нафаҳот-ул-унс» ҳамчун намунаи насри асри XV форс-тоҷик низ ҷолиби диққат мебошад. Ҳоло барои намуна чанд ҳакояи «Нафаҳот-ул-унс»-ро барои хонандагон пешкаш менамоем:

РОҶЕЪ БА ФАРИДУДДИНИ АТТОР

Вай муриди ҳазрати Маҷдуддини Бағдодист. Дар дебочаи китоби «Тазкират-ул-авлиё», ки ба вай мансуб аст, мегўяд, ки як рўз пеши Имом Маҷдуддини Бағдодӣ дарома дам. Вайро дидам, ки мегирист.

Гуфтам:

– Хайр аст?

Гуфт:

– Зиҳӣ, сипаҳсолороне, ки дар ин уммат будааст ва ба масобаи анбиё алайҳимуссалом, ки уламоа умматӣ каанбиё банӣ Исроил (яъне, олимони пайрави ман баробари пайғамбарони банни Исроиланд). Пас гуфт: – Аз он мегирям, ки дўш гуфта будам: Худовандо, кори ту ба иллат нест, маро аз ин қавм гардон ё аз наззоратчиёни ин қавм гардон, ин қисм дигарро тоқат надорам. Мегирям, бувад, ки мустаҷоб шавад. Ва баъзе гуфтаанд, ки вай Увайсӣ будааст.

Ва дар сухани Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ мазкур аст, ки нури Мансур баъд аз саду панҷоҳ сол бар рўҳи Фаридуддини Аттор таҷаллӣ кард ва мураббии ў шуд. Гўянд, сабаби тавбаи вай он буд, ки рўзе дар дўкони атторӣ машғул ва маш-

ғуфи муъомила буд, дарвеше ба он ҷо расид ва чанд бор шайъа лиллоҳ гуфт, вай ба дарвеш напардохт.

Дарвеш гуфт:

– Эй хоҷа, ту чӣ гуна хоҳӣ мурд?

Аттор гуфт:

– Чунон ки ту хоҳӣ мурд.

Дарвеш гуфт:

– Ту ҳамчу ман метавонӣ мурд?

Аттор гуфт:

– Бале.

Дарвеш косаи чўбин дошт, зери сар ниҳод ва гуфт:

Аллоҳ! Ва ҷон бидод. Атторро ҳол мутағайир шуд, дўкон барҳам зад ва бо ин тариқ даромад.

Ва гуфтаанд, ки Мавлоно Ҷалолуддин дар вақти рафтан аз Балх ва расидан ба Нишопур ба сўҳбати вай дар сиғари синн рисидааст ва китоби «Асрорнома» ба вай дода ва вай доимо онро бо худ медошт ва дар ҳақоиқу маъориф иқтидо ба вай дорад, чунон ки гуфтаанд:

Гирди Аттор гашт Мавлоно,

Шарбат аз дасти Шамс будаш нўш.

Ва дар мавзеъи дигар гуфтааст:

Аттор рўҳ буду Саноӣ ду чашми ў,

Мо аз паи Саноиву Аттор омадем.

Ва он қадар асрору тавҳид ва ҳақоиқи азвоқ ва мавоҳид, ки дар маснавиёт ва ғазалиёти вай андароҷ ёфта, дар сухано ни ҳеҷ кас аз ин тоифа ёфт намешавад. Ва ҷазокаллоҳу анилтолибин-ал-муштоқина хайрал ҷазои мин анфосиҳи-ш-шарифа. (Худованди бузург аз нафаси шарифи ў ба толибони муштоқ беҳтарин мукофоти мукофотҳоро ато фармояд).

Ай рўй даркашида ба бозор омада,

Халқе ба ин тилисм гирифтор омада.

Ва ин қасида бист байт зиёдат аст ва баъзе аз аҳолӣ онро шарҳи некў навиштаанд ва дар шарҳи ин байт чунин фармудаанд, ки яъне эй он, ки рўйи худро, нури зоҳири вуҷуд аст ба рўйпўши таъинот ва сувар даркашида ва пўшида ба бозор омада! Халқе бад-ин тилисми сувар, ки бар рўи ин ганҷи махфӣ кашида, ба воситаи касрати таъиноти мухталифа ва осори мутабоина гирифтор. Бўъду ҳиҷрон ва иффату пиндор ғайрат гашта, бо худ ба воситаи сирояти партави ҷамоли он рўй дар рўйпўши мазоҳири сувари ҷамила ги-

рифтори балои сувари ишқ ва муҳаббат гашта, баъзе ошиқи маънӣ ва баъзе ошиқи сурат:

Туӣ маънию беруни ту исм аст,

Туӣ ганҷу ҳама олам тилисм аст.

Ва ушшоқи сурат ба ваҳми худ аз маъшуқ дур афтодаанд ва намедонанд, ки ошиқи кистанд ва дилрабои эшон чист?

Майли халқи ҷумла олам то абад Гар шиносандат ва-гар на, сўи туст.

РОҶЕЪ БА ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Вай бисёр бузург будааст. Ва иштиғоли вай ба шеър ва такаллуф дар он сатру талбисро буда бошад. Балки мешояд барои он буда бошад, ки зоҳир мағлуби ботин нашавад ва аз риъояти сурат (и) убудият боз намонад, чунон ки худ мегўяд:

Ин такаллуфҳои ман дар шеъри ман,

Куллаюмнӣ ё ҳумайрои ман аст.

Илладавом ба риёзат ва муҷоҳидат машғул мебуда. Хидмати Хоҷа Убайдуллоҳ Бақоӣ мефармуданд, ки вай чанд гоҳ дар Шош мебудааст. Волиди ман мегуфт, ки вай дар он муддат, ки он ҷо буда, ҳайвонӣ намехўрад. Як бор аз вай илтимос кардем, ки чӣ шавад, ки таъоме, ки дар он гўшт бошад, хўрда шавад? Маро гове бувад хуб ва фарбеҳ. Хидмати Шайх бар ваҷҳи тайибат фармуд, ки ту гови худро бикушӣ, то гўшт бихўрем. Ман бе он ки вайро вуқуф бошад, говро бикуштам ва аз он таъоме муҳайё сохтам. Ба ҷиҳати хотири ман аз он гўшт бихўрд. Ва дар зовияе, ки дар Табриздошта, хилвате будааст, дар он ҷо умр ба сар мебурдааст ва касе дигар он ҷо кам мерасида. Чун баъд аз вафоти вай онро дидаанд, ғайр аз бўрёе, ки бар он ҷо менишаста ё мехуфта ва санге, ки зери сар мениҳода чизе дигар наёфтанд. Дар хидмати Шайх Зайнуддини Хавофӣ мегуфтааст, ки дар вақти таҳсили улум дар Табриз ба сўҳбати вай расида мешуд, маро ба ин тариқ далолат мекард ва мегуфт, ки ба нисбати иродаи мо дароӣ. Ман гуфтам, ки маро нисбат ба шумо дағдағаҳо ба хотир мегузарад. Гуфт: – Бигўй, то аз он ҷавоб гўям. Ман ҳеҷ нагуфтам, аммо дар авохир, ки ба ин тариқ даромадам ва маро дар он кушоде шуд, донистам, ки вайро мартабаи иршод аст, ки пеши вай кор тавон кард.

Гўянд: дар он вақт, ки дар сарои ман мебудааст, мавзеъе будааст, ки дар он вақт, ки об туғён мекард, дар он мавзеъ харобӣ бисёр мекарда. Чун вақти туғёни об наздик расида, он қиссаро ба вай гуфтаанд. Фармудааст, ки хаймаи маро дар он мавзеъ бизанед. Хаймаи вайро он ҷо бурдаанд, дар он ҷо мебудааст, чунон ки вақти туғёни об гузаштааст ва дар он мавзеъ ҳеҷ харобӣ воқеъ нашуда. Вафоти вай дар санаи силса ва самонамоия (703) будааст ва қабри вай дар Табриз аст. Ва бар лавҳи қабри вай ин байт навиштаанд: 

Камол, аз Каъба рафтӣ бар дари ёр,

Ҳазорат офарин, мардона рафтӣ.

 

РОҶЕЪ БА ХОҶА ШАМСУДДИН МУҲАММАД ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ 

Вай лисонулғайб ва тарҷумонуласрор аст. Басо асрори ғайбия ва маъонии ҳақиқа, ки дар кисвати сурат ва либоси маҷоз намуда, ҳарчанд маълум нест, ки вай дасти иродати пире гирифт ва дар тасаввуф ба яке аз ин тоифа нисбат дуруст карда, аммо суханони вай бар машраби ин тоифа воқеъ шудааст, ки ҳеҷ касро ин иттифоқ наяфтода. Яке аз азизони силсилаи хоҷагон фармудааст, ки ҳеҷ девон беҳ аз девони Ҳофиз нест, агар марди сўфӣ бошад ва чун ашъори вай аз он машҳуртар аст, ки ба эрод эҳтиёҷ дошта бошад, лоҷарам инони ҳилм аз он масруф мегардад. Ва вафоти вай дар санаи иснин ва тасъина ва сабъамоия (792) будааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Дар «Нафаҳот-ул-унс» доир ба кадом адибони форс-тоҷик маълумот дода шудааст?
  2. Бигўед, ки чаро Аттори Нишопурӣ аз атторӣ даст кашид?
  3. Ҳикояи Шайх Камоли Хуҷандиро хонда, мазмунашро нақл кунед.
  4. Аҳамияти маърифатии ҳикояи «Нафаҳот-ул-унс»-ро шарҳ диҳед

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …