АБДУРАҲИМОВ Зубайдулло Зиёдуллоевич (тав. 29. 01. 1958, ноҳ. Варзоб), духтури кардиолог, доктори илми тиб (2000), проф. (2002). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1981). Ординатор (1981 – 83) ва аспиранти Ин-ти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А. Н. Бакулеви АИТ ИҶШС (1983 – 86), духтури шӯъбаи ҷарроҳии дилу рагҳои Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1986 – 90), ассистент (1990 – 94) ва дотсенти (1994 – 2002) кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ. Аз с. 2002 проф. кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби №2 ҳамин донишгоҳ ва шӯъбаи ҷарроҳии дили Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина. Дар мавзӯи «Гардиши сунъии хун дар шароити гипотермияи амиқ ва ҷараёни коҳишёфтаи хун ҳангоми ҷарроҳии кушодаи дил дар кӯдакони то яксола» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати амрози фасодии шуш бо роҳи тасҳеҳи фаъолияти мубодилаи ғайригазии шуш» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 120 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 3 монография, 4 дастури таълимию методӣ, 9 навоварӣ, 2 ихтироъ. Таҳти роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаи номзади илмро дифоъ кардаанд. Бо медали НКХХ ИҶШС сарфароз гаштааст.
Ос.: Современные аспекты комплексного лечения острых легочных нагноительных заболеваний, Д., 2002; Новые аспекты диагностики и комплексного лечения нагноивщегося эхинококкоза легких, Д., 2006; Новые аспекты диагностики и лечения хронических перикардитов, Д., 2007; Курс лекций по госпитальной хирургии, Д., 2005; Митральный стеноз, Д., 2007.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …