Главная / Гуногун / АБДУЛАҲАД

АБДУЛАҲАД

Баъд аз он, ки хонаро шиферпӯш кардем, якчанд дона шифер зиёдатӣ монда буд. Он рӯз ману падарам ҳавлиро ба тартиб меовардем. Ҳанӯз то вақти наҳор зиёдтар аз ним соат монда буд, ки Абдулаҳад – писараммаи падарам аз дарвоза даромад. Мувофиқи расми маъмул, баъд аз салому аҳволпурсӣ, падарам ӯро ба як пиёла чой даъват карданд. Мо ба рӯи тахт- кат, ки дастархонаш доим омода ва то омадани меҳмон бо як пардаи ҳарир рӯйпӯш меистод, баромада нишастем. Охир, мардуми Панҷрӯд ба хонаи ҳамдигар мисли хонаи худашон, ҳар вақт ки хостанд, мераванд ва ҳеч гоҳ пешниҳоди «як пиёла чой»-ро рад намекунанд. Аз ин сабаб дар хонаҳо дастархонҳоро ҷамъ намекунанд, балки барои меҳмони хондаву нохонда омода нигоҳ медоранд.

Вақте мо сари хон нишастем, Абдулаҳад гап сар кард:

  • Абдулҳамид, писари тағо, ман бо як кори муҳимме назда- тон омадам, агар корамро буд кунед, хурсанд мешавам. Шумо ба ман писари тағо, наздиктарин касед. Агар дар ин дунё ба наздикон такя накунӣ, ба кӣ такя мекунӣ? Худатон медонед, ки ман аз баччагӣ сағир мондам, бо азоби зиёд калон шудам. Хуб медонед, ки худораҳматӣ аммаатон бо чӣ машаққате моро тар- бият карданд, – садояш ларзид. Баъд шаммае аз ранҷу кулфати дар хурдсолӣ кашидааш нақл карду як пора нонро ба даҳон андохта, ба қиссаи ҷавонӣ ва зангирияш гузашт. Зани аввали- ашро сифат карду аз марги нобаҳангомаш афсӯсу надомат баён кард ва ҳатто овозаш ларзида, наме ҳам дар дидагонаш пайдо шуд. Баъд ба қиссаи зангирии дувумборааш пардохту гуфт:
  • Ҳар мард дар ҳаёташ бояд фарзанди накӯ ба дунё биёрад, номи хуб диҳад ва ӯро хонадор кунад. Ин ҷо аз пиёла чойро бо садои баланд ҳӯрт кашиду ба суханаш идома дод.
  • Шукри худо, аз ин зан ба ман даҳ фарзанд ато кард!

Дар суханаш инҷо оҳанги ифтихор эҳсос мешуд. Гӯё, хиз- мати бузурге ба одамият карда бошад. Мо, тоҷикон дар назди башарият масъулияти хосе ба ӯҳда гирифтаем, фикр мекунем, ки агар ҳар падар даҳто фарзанд накунад, тухми инсон аз дунё пок мешавад.

Абдулаҳад ба сухан идома дода, аз таваллуд то ба камол расидани ҳар фарзандашро ҳам баён кард. Ба сари зангирии писаронаш расида, хонадор кардани ду писари аввалинашро бо ҷузъиёти том ва тавсифи хонаводаҳои арӯсон гуфт. Хӯроки наҳор ҳам омода шуд ва ман онро оварда рӯи дастархон гузош- там. Падарам:

  • Ба хӯрок нигоҳ кунед, Абдулаҳад, – гуфта муроот карданд.
  • Аввал Шумо, Шумо бузурги авлоди моед, «Об аз хурд, хӯрок аз бузург» гуфтаанд, – ҷавоб дод Абдулаҳад.

Ин масъала, ки кӣ бояд аввал хӯрдани ғизоро сар кунад, дар Панҷрӯд як масъалаи бисёр муҳим аст. Баъзан сари ин масъала баҳсҳое ба амал меояд, ки хӯрдани ғизоро хеле ақиб меандо- зад. Хушбахтона, ин ҷо вақт хеле коҳилона ҳаракат мекунад ва одамон ниёзе ба шитоб надида, сари баҳсҳои ба назарашон хеле муҳим чӣ қадр лозим бошад, вақтро дареғ намедоранд.

Падарам дар идомаи баҳс исрор накарда:

  • Хайр, гиред, – гӯён даст ба табақ бурданд.

Амаки Абдулаҳад ба болиш такя зада, ба хӯрдани оши па- лав оғоз кард, вале ин ба суҳбат карданаш халал намерасонд. Ҳамоно, қиссаро аз ҷои канда шудааш идома дод ва гуфт:

  • Ду келин дар як хона рост намегиранд, ҳавлиямон ҳам хеле калон нест. Хислатҳои занҳои писаронашро ҳам як-як бар- шумурд. Муносибати онҳо бо модаршӯяшон – зани худашро ҳам баён намуд. Ба истилоҳ «бистарафшонӣ» мекард. Аз он бармеомад, ки ин се оила дар як ҳавлӣ дар фазои тоқатфарсое бо ҷангу ҷидол ва хархашаи ҳаррӯза зиндагӣ мекунанд.
  • Аз ҳамин сабаб, ният кардам, ки дар ҳамин қитъаи замин, ки ба ман соли гузашта доданд, кулбае бино карда, якеашро ҷудо кунам. Албатта, аз ҷузъиёти моҷарои заминҷудокунӣ низ моро ба тафсил хабардор кард. То ба охир расидани ошхӯрӣ қиссаи сохтмони хонаи навро низ, ки кораш то марҳалаи пӯшиши бом расида буд, бо ҷузъиёти густарда нақл кард. Дас- ташро пок карда истода:
  • Писари тағо, барои рӯйпӯш кардани бом, дуто шифер намерасад, ман омадам, ки ҳамин ду шиферро аз шумо қарз кунам, – гуфта, ниҳоятан баъд аз кулли он тафсилот, ки ба ин ду шифер рабти ногусастанӣ дошт, мақсадашро баён кард. Падар, ки дар тӯли ин ҳама вақт фақат як бор, ҳини мурооти хӯрок лаб кушода буданд, ба ман:
  • Хез, рафта ба Абдулаҳад ду шифер те, – гуфтанд.

Худашон, пиёлаи чойи наздашонро нӯшида:

  • Хезед, Абдулаҳад, шиферҳоро гиреду рафта боматонро пӯшонед, – гӯён даст ба рӯй кашида, бархостанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …