Главная / Гуногун / Абдулқосим Фирдавсӣ

Абдулқосим Фирдавсӣ

Вай аз Тўс аст ва фазлу камолоти вай зоҳир. Касеро, ки чун «Шоҳнома» назме бувад, чӣ ҳоҷат ба мадҳу таърифи дигарон?! Мегўянд, ки вай ба даҳқанат машғул мебуд. Бар вай тааддӣ рафт. Ба қасди тазаллум62 рў ба Ғазнин ниҳод, ки тахтгоҳи Султон Маҳмуд буд.

firdavsi Чун ба он ҷо расид ва бар боғистони он ҷо мегузашт, дид, ки се кас нишастаанду ба муошарат иштиғоли тамом доранд. Донист, ки аз мулозимони султонанд. Бо худ гуфт: «Пеши эшон раваму аз эшон кайфияти ҳол маълум кунам». Чун наздики эшон расид, аз вай мутаваҳҳиш63 шуданд ва гуфтанд: «Ин мард маҷлиси моро мунағғас хоҳад кард. Ҳеҷ беҳ аз он нест, ки чун биёяд, гўем: мо шоирони подшоҳем ва бо ғайри шоирон сўҳбат намедорем ва се мисраъ бигўем, ки робеъ64 надошта бошад. Пас, гўем: ҳар кас, ки мисраи робеъ бигўяд, бо вай сўҳбат медорем, ва агар не, моро маъзур дорад».

Чун Фирдавсӣ ба эшон расид, он чӣ ба худ мухаммар65 сохта буданд, бо вай бигуфтанд.

Гуфт:

 — Он мисраъҳо, ки гуфтаед, бихонед.

Унсурӣ гуфт:

Чун орази ту моҳ набошад равшан.

Фаррухӣ гуфт:

—    Ҳамранги рухат гул набувад дар гулшан.

Асҷадӣ гуфт:

Мижгон-т гузар ҳаме кунад аз ҷавшан.

Чун Фирдавсӣ ин се мисроъ бишнид, бадеҳатан гуфт:

Монанди синони  Гев дар  ҷанги   Пашан.

Эшон  аз он сухан    мутааҷҷиб шуданд ва  қиссаи Гев ва Пашан истифсор66   намуданд.  Онро машрўҳ бозгуфт. Баъд аз он ба маҷлиси султон афтод ва мақбули назари вай шуд. Ва вайро гуфт:

– Маҷлиси моро Фирдавс сохтӣ.

Ва бад-он сабаб Фирдавсӣ тахаллус кард. Ва чун чанд моҳ баромад, ба назми «Шоҳнома» маъмур шуд. Ҳазор байт бигуфту пеши султон овард. Таҳсинҳо ёфт ва ҳазор динор зари сурхаш инъом фармуд. Пас, дар муддати сӣ сол «Шоҳнома»-ро тамом сохту пеши султон овард ва ба дастури он чӣ пештар воқеъ шуда буд, дар муқобалаи ҳар байте як динор зари сурх таваққўъ медошт. Ҳосидон хавз67 карданду гуфтанд: «Шоиреро чӣ қадри он, ки вайро бад-ин қадар ато сарфароз гардонанд». Ва силаи вайро бар шаст ҳазор дирам қарор доданд.

Фирдавсӣ аз  он маънӣ биранҷид.

Мегўянд, ки дар он вақт, ки он дирҳамҳо овардандӣ, вай дар ҳаммом буд. Чун аз ҳаммом берун омад, бист ҳазор дирам ба ҳаммомӣ дод ва бист ҳазор ба факқоъие68, ки фаққоъе чанд ба даст оварда буд ва бист ҳазор дирам ба он касоне, ки дирҳамҳо оварда буданд. Ва султонро ба чиҳил байт камобеш мазаммат кард, ки аз он ҷумла аст ин чанд байт:

М а с н а в ӣ

Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,

Ба сар барниҳодӣ маро тоҷи зар.

Чу андар табораш бузургӣ набуд,

Наёрист номи бузургон шунуд.

Дарахте, ки талх аст онро сиришт,

В-араш  дарнишонӣ ба боғи биҳишт,

В-ар аз ҷўйи хулдаш ба ҳангоми об

Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,

Саранҷом гавҳар ба кор оварад,

Ҳамон меваи талх ба бор оварад.

Пас  аз   ин   махфӣ  шуд.  Ҳарчанд  вайро  талаб карданд, наёфтанд. Баъд аз чанд гоҳ Хоҷа Ҳасани Маймандӣ 69,ки мартабаи вазорат дошт, дар шикоргоҳе байте чанд аз «Шоҳнома» ба такрибе, ки воқеъ шуда буд, хонд. Султонро бисёр хуш омад. Пурсид, ки:

— Ин шеъри кист?

Гуфт:

— Шеъри Фирдавсӣ.

Аз кардаи худ пушаймон шуд ва фармон дод, ки шаст ҳазор динори зар бо хилъатҳои хос номзади Фирдавсӣ кунанд ва ба Тўс баранд. Аммо толеъ мусоадат накард.

Гўянд, чун он атияи султонӣ аз як дарвозаи Тўс дароварданд, тобути Фирдавсиро аз дигар дарвозаи Тўс бароварданд. Аз вай як духтар ворис монда буд, ба вай арз карданд. Ҳиммат варзиду қабул накарду гуфт:

— Маро чандон молу неъмат, ки кифофи маишат бошад, мавҷуд аст. Эҳтиёҷ ба он надорам.

Гумоштагони султон онро ба иморати работе дар он навоҳӣ сарф карданд.

Қ и т ъ а

Хуш аст қадршиносӣ, ки чун хамида сипеҳр

Сиҳоми70 ҳодисаро кард оқибат қавсӣ.

Бирафт шавкати Маҳмуду дар замона намонд

Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …