Главная / Илм / АБДУФАТОЕВ Тӯйчӣ

АБДУФАТОЕВ Тӯйчӣ

АБДУФАТОЕВ Тӯйчӣ (тав. 17. 09. 1954, деҳаи Чолотаи ноҳ. Мастчоҳи вил. Суғд), ҷарроҳи кӯдакон, доктори илми тиб (1998), проф. (2000), Аълочии тандурустии ҶТ (1995), дорандаи ҷоизаи «Ихти- роъкори беҳтарин»(1997). Хатмкардаи факултаи педиат- рии ДДТТ (1977). Духтур-интерни шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакони Беморхонаи клиникии ш.
abdufatorv-tuichiЛенинобод (ҳозира Хуҷанд; 1977 -78), ҷарроҳи кӯдакон ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакони беморхонаи марказии ноҳ. Мастчоҳ (1978 – 86), унвонҷӯи кафедраи ҷарроҳӣ, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзии кӯдакони ДДТТ (1986 – 89), мудири шӯъбаи бемориҳои қафаси синаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии ба номи А. М. Дяков (ҳоло Маркази миллии тиббии Тоҷикистон; 1989 – 94). Аз с. 1994 мудири кафедраи ҷарроҳӣ, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзии кӯдакони Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон.

Дар мавзӯи «Муқоисаи усулҳои ҷарроҳии эхинококкози шуш дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ҷамъбасти усулҳои ҷарроҳӣ ва барқарор сохтани фаъолияти шуш баъд аз бемориҳои он» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. С. 1992 дар мавзӯи «Интихоби усулҳои эхинококкэктомияи шуш дар кӯдакон» дар Анчумани V чарроҳони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон маърӯза карда, сазовори чои якум гашт.

Иштирок- чии бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ, конфронсҳо ва анчуманҳо. Муаллифи 210 асару мақолаҳои илмӣ, 46 пешниҳод ва 10 тавсияи методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии А. 2 наф. рисолаи докторӣ ва 15 наф. ри- солаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Узви ҳақиқии Ассотсиатсияи байналмилалии чарроҳон – гепатологҳо (аз 1997), узви бю- рои Ассотсиатсияи чарроҳони кӯдакони Федератсияи Россия (аз 2004).
Ос.: Оризаҳои нефролитиаз дар кӯдакон, Д., 1998; Проблемаҳои актуалии чарроҳии кӯдакон, иншор- шиносӣ ва тахдиромӯзӣ, Д., 2001; Ҳуқуқи кӯдак барои муоличаи чарроҳӣ ва проблемаҳои актуалии чарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ, Д., 2004; Про- блемаи перитонит дар кӯдакон, Хучанд, 2006.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …