Главная / Гуногун / Ҳаҷвияи – ДЎСТ ДОШТАНИ ЗАН

Ҳаҷвияи – ДЎСТ ДОШТАНИ ЗАН

Чеҳраи Асад коҳида ва мушавваш буд. Гўиё кўҳпорае ба тахтапушташ афтида бошад, базўр пой аз замин бардошта, канда-канда қадам мезад. Самад ўро бори аввал дар ин ҳол медид.

– Ҳа, Асад-бой! Тинҷӣ-мӣ? – дарҳол пурсид Самад. – Хотират парешон, аз қошу қавоқат барфу борон мерезад?

kak-polyubit-zhencshinu_0– Эҳ напурс, – бо абрўвони гиреҳбаста ҷавоб дод Асад. – Зан гирифтам, зан.

– Зан гирифтӣ? – Самад мутаҳайирона ба рўи ў нигарист. – О, ин нағз-ку! Табрик!

– Нағз-куя… – забон хоид Асад.

Аз чизе магар дили Самад раг зад, ки кунҷковона ба рўи ў дида дўхт. Сипас бо рағбату хавотирӣ пурсид:

– Ё арўс безеб-мӣ?

– Не, зебо аст, аммо… – мад кашида хомўш монд Асад.

– Чӣ “аммо”? – бо исрор пурсид Самад.

Асад ба абрўвонаш хаёл андохта, каме хомўш шуду сипас гуфт:

– Аммо ўро дўст намедорам.

– Эҳ, рўзат сахт будааст, – дилсўзона гуфт Самад.

Асад аз сина оҳи бадарде кашида гуфт:

– Намедонам чӣ хел кунам, ки ўро дўст дорам.

– Чорае ҳаст, хеле осон! – хушнудона нидо намуд Самад.

– Рост?! Чӣ чора?! – дар нигоҳи Асад  дурахше падид омад.

– Занатро бизан, – гуфт ў хунсардона. – Ҳа, сахт бизан, то мурданаша!

Гўиё ин дам ба пои Асад хори марғелон халид, ки дар ҷои худ таконе хўрд.

– Бизанам?! – аз ҳайрат даҳонаш воз гашт. – Барои чӣ?

– Занатро ки задӣ, ў ба як ҳоли зоре меафтад. Дилат ба ў месўзад. Дилат, ки сўхт, ўро дўст хоҳӣ дошт.

М   У   Р

Алӣ ду ҳафта дар Маскав гашт, тамошо кард, латаву паттаи бисёре харид. Ҳамаи онро ба ду ҷомадон ҷо намуд. Вақте ки бо ҷомадонҳои буғуз аз меҳмонхона баромада, базўр пояш ба пояш печида сўи истгоҳ мерафт, марде сари роҳашро гирифт. Ва мушташро таги бинии Алӣ бурда:

– Мур! – гуфт.

– Чӣ-ӣ-ӣ?! – чашмони Алӣ аз ҳайрат калон-калон кушода мешаванд.

– Мур! – боз нидо намуд мард.

– Чӣ гуфтӣ-ӣ?! – ғазаби Алӣ якбора ҷўш зад. – Чӣ гуфтӣ, кофири номусулмон?!

– Мур! – боз нидо намуд мард.

– Мурам?! Номаъқул кардӣ!..

– Мур! – бори чорум нидо намуд мард.

Ҷомадонҳо аз дасти Алӣ ба замин афтиданд.

– Ана ба ту мурдан! – гўён, чанд мушт ба сару рўи мард фуровард.

Ду марди дигар ба ёрӣ омада, дасти Алиро тоб доданду завлона заданд ва ба милисахона бурданд.

– Чиба коркуни милисаро ҳангоми иҷрои вазифа задӣ? – пурсид аз Алӣ сардори милисаҳо.

– Охир, маро мур гуфт, – бо ҳаяҷон фаҳмонд Алӣ. – Як бор не, чор бор.

Вақте ки милисаҳо маънои калимаи “МУР”-ро фаҳмиданд, аз ханда рўдакан шуданд. Алӣ бошад ҳайратзада гоҳ ба яке менигаристу гоҳ ба дигаре. Баъд ба ў фаҳмонданд.

– МУР – Московский Уголовный Розыск!

Ф О Л Б И Н

Зане ба назди фолбин рафта, арзи ҳол намуд:

– Шавҳарам маро партофта, аз паси зани дигаре рафт.

– Хўш! – ба рўи ў асроромез нигарист фолбин.

– Гўед, ки гашта меояд ё не? – бо як оҳанги илтиҷоомез пурсид зан.

– Меояд ё не?! – бо чашмони нимкоф пурсид фолбин.

Фолбин ба дасти зан нигаристу чизе нагуфт. Боз нигаристу «ҳам-м…» – гўён, мадд кашид. Зан мақсади ўро фаҳмид ва зуд як панҷсомониро бароварда ба назди фолбин гузошт. Фолбин намоишкорона рўй турш кард.

– Гашта омаданаш ба… лекин… – мадд кашида хомўш монд фолбин.

Зан бетоқат шуда, саросема пурсид:

– Чӣ «лекин»? Гўед, дар хоки потон садқа.

Фолбин аз он ки тираш ба нишон расид, дар дил табли шодӣ зад ва гуфт:

– Лекин ин ба ҳиммати шумо вобаста.

– Ба ҳиммати ман?

– Ҳа, ҳа ба ҳиммати шумо!

Зан боз як панҷсомониро ба назди фолбин гузошт. Фолбин ба як муғамбирӣ гуфт:

– Гашташ нима шуд.

Зан саросема ин дафъа якто даҳсомона дод. Фолбин гуфт:

– Ана пурра шуд. Шавҳаратон гашта меояд.

ПАРТОВКАШОН

Самад нав маъшуқаашро ба оғўш кашида буд, ки занги дар валбала бардошт.

– Шавҳарам! – пичиррос зад зан.

Самад ба чашмони ў нигариста, шах шуд.

– Гўсола барин менигарӣ…

– Чӣ кор кунам?!

– Либосатро пўш. Зуд!

Самад ҷонҳавл либос пўшид. Занги дар боз валвала бардошт.

– Тамом, мурдам! – дарақ-дарақ меларзид ошиқ.

– Заргўш барин меларзӣ… Пушти дар ист! – гуфт зан ва то балкон рафту бо сатили партов баргашт. Ба ошиқаш як чашмак зада, дарро кушод.

– Оҳ, ҷонакам, туро Худо расонд. Ҳамин партовро партофта биё.

Шавҳар сатилро гирифта, қафо гашт.

– Баро! – ба ошиқ амр кард зан.

“Ўҳ бало-э! Ўҳ маккора-э!” – аз ҳилаи маъшуқааш роҳравон ба ваҷд омада, худ ба худ мегуфт Самад.

Ба дари хонааш расида, ў тугмаи зангро пахш кард. Аммо дар кушода нашуд.

– Ин танбали худозада хоб аст магар? – гуфта, боз даст ба тугма бурд.

Пас аз занги даҳум дар кушода шуда, занаш бо чеҳраи хандон:

– Оҳ, ҷонакам, туро Худо расонд. Ҳаминро партофта биё, – гўён сатили партовро  ба дасташ қапонд.

Самад, сатил дар даст, аз зинаҳои бетонӣ поин мешуду бо ғазаб ғур-ғур мекард:

– Суғури лаънатӣ, рўзи дароз дар хона мешинаду ҳатто партовашро бароварда наметавонад… Мур-э!

Т А Р С

Дар яке аз рўзҳои баҳори нозанин марде бо писарчааш аз назди як бинои нимсохта мегузашт.

– Дада, – ногоҳ писар аз дасти падар кашиду бозистод.

– Чӣ шуд?

Писар ҳайрон-ҳайрон ба он бино нигаристу гўё бори аввал медида бошад, пурсид:

– Дада, вай чӣ?

Падар оҳе кашид, вале чизе нагуфт.

– Дада, дидӣ, ҳа дада?!

– Ҳа, дидам, – гиреҳ ба абрў зад падар, – бас кун, айб аст.

– Чаро бас кунам? – ҳайрон шуд бача. – Чаро айб аст? О, вай чӣ?

– Бино! – бо зарда нидо намуд падар.

– Бино? – бештар ҳайрон шуд писар. – Чӣ хел бино?

– Бинои гўштишутурхўрда! – бо зарда ҷавоб дод падар.

– И… и… и барои чӣ гўштиуштурхўрда?

– Барои он ки сохтмонаш ҳеҷ анҷом намеёбад, – бедимоғ ҷавоб дод падар.

– Кай ба сохтмонаш сар карда буданд? – боз пурсид писар.

– Оббо-э! – нолид падар.

Шигифтии писар афзуд.

– Чаро “оббо”?

– “Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам”, – оҳи вазнин кашид падар.

– Аз чӣ метарсидед? – домани кунҷковӣ сар намедод писар.

– Аз ҳамин суоли “кай ба сохтмонаш сар карда буданд?”

– Барои чӣ?

Падар ғамгин шуд. Лаҳзае хомўш монд. Баъд ҷавоб дод:

– Барои он ки ман инро аз падарам пурсида будам. Вай ҷавоб дода натавонист. Метарсидам, ки бо ҳамин суол рўзе писарам ба ман муроҷиат мекунад. Ана, пурсидӣ. Боз метарсам…

– И… и… и аз чӣ метарсед?

– Аз он ки замоне писари худат ҳам ба ин суол туро девона мекунад.

С А Г О Д А Т

Троллейбуси пуродам базўр ҳаракат мекард. Аз гашти ин троллейбуси шалақ, гармию бўю таф мусофирон дилтанг шуда буданд. Болои сўхта намакоб, духтаре бо дугонааш беғамона чақ-чақ мекард. Вай баланд-баланд гап мезад. Якеро ғайбат мекард, дигареро сиёҳ менамуд, сеюмиро таҳқир. Ба қавле почаки ҳамаро мехоид. Дар баробари ин баланд хандаи гўшхарош мезад. Марде аз сергапию хандаҳои духтар ба дод омада, рў ба ў овард:

– Духтари нағз, пастар гап занед.

Аммо духтар ҳеҷ чизро намешунид, гўё гўш надошта бошад.

– Ўй!

– Чӣ-ӣ?! Ҳой, ман ба ту: “Ўй!” – не!

– О…

– Додом ба ман ном додагӣ!

– Хўш, мебахшӣ, чӣ ном додагӣ?

Духтар бо фахру ғурури беандоза нидо намуд:

– Саодат!

– Об-бо! Дар номмонӣ ё дадот шитоб кардагӣ, ё котибаҳо хато.

– Чӣ-ӣ? Чӣ хел хато?

– Баъди “Са” ҳарфи “Г”-ро партофтаанд.

– Ҳарфи “Г”-ро партофтаанд? Наход?! Агар хато намекарданд чӣ мешуд?

– Чӣ мешуд – Сагодат-дия!

М Е Г А З А Д

Рўзе ду дўсти дерин рў ба рў заданд. Пас аз аҳволпурсӣ яке ба дигаре гилаомез гуфт:

– Ин вақтҳо камнамо шуда рафтӣ, мегўям?

– Не-ку?…

– Ё ба ягон ҷо рафта будӣ?

– Не, ба ҳеҷ куҷо нарафтаам.

– Пас, чаро чанд ҳафта шуд, ки ба мағозаи мо намедароӣ?

– Дуруст, – гуфт ў, – намедароям.

– О, чаро?

– Аз даромадан метарсам.

  • Метарсӣ? Аз чӣ?

– Аз он ки мегазад.

– Мегаза-а-ад? Аҷоиб-ку? Охир, дар мағозаи мо на саг ҳасту на гурбаву на муш! Туро чӣ мегазад?

– Нарху наво!

АВВАЛ ШЎТА ТАЪМИР КУН

– Алло!… Алло!…

– Э, гап зан-е! Кӣ ту?

– Ин хона, хонаи Бадахлоқ Бадрашков?

– Ҳа-ҳа! Бале, бале! Ту кӣ? Гўшам ба ту!

– Ман аз “Голубой экран”. Устои таъмири телевизор. Ҷеғ зада будед?

– Ҳа-ҳа! Бале, бале! Усто кай меояд?

– Усто субҳи чоршанбеи соли … меояд. Фаҳмидед?

– Ҳа… Э, не-не! Ой, фақат субҳ не. Аз ҳамаи трубаҳо об фаввора мезанад. Субҳ аз ЖЭУ сантехник меояд.

– Ҳмм-м!… Хуб, нимрўзӣ равон мекунем. Мешавад?

– Ҳа… Э, не-не! Ой, фақат нимрўзӣ не. Яхдонамон чанд вақт боз вайрон. Нимрўзӣ устои таъмири яхдон меояд.

– Ҳмм-м!… Хайр… ана бегоҳ мефиристем. Мешавад?

– Ҳа… Э, не-не! Ой, фақат бегоҳӣ не. Шкафу шифонерамон титу валангор. Бегоҳӣ устои таъмири шкафу шифонер меояд.

– Об-бо! Ягон чизи обод надоштаед-ку-а?! Хайр, ана шаб равон мекунем. Розӣ? Шуд?!

– Ҳа… Э, не-не! Ой, не-не! Шаб наояд!

– Бў, аная!

– Чӣ-чӣ?

– Пфф-ф!… Чаро мегўям!

– Шавҳарам беҳад бадрашку бадҷаҳл. Билло ба худо кушта мемонад…

– Киро?

– Ҳам усторо ҳам маро!

– Ҳмм-м!… Ҳамааш фаҳмо. Ту аввал шавҳаратро таъмир кун, ана баъд усто ҷеғ зан!

– А?!.

– Б!..

ДАРБОН  ВА  ВАЗИР

Тифоқо ду марди хушсарулибос дар назди даромадгоҳи вазорати баобрўе калла ба калла заданд.

Марди 1. Ассалому алайкум!

Марди 2. Воалейкат барсалом!

Марди 1. Хуш омадед! Нури дида, тоҷи сар!

Марди 2. Шумо ҳам хуш омадед! Нури дида, тоҷи сар!

Марди 1. Канӣ марҳамат! Дароед!

Марди 2. Не-не! Аввал шумо дароед!

Марди 1. Не-не! Ҳеҷ гоҳ! Ман чӣ хел аз шумо пеш медароям?!

Марди 2. Ҳеҷ гап не, дароед!

Марди 1. Ҳаргиз! Гуноҳ мешавад-а?

Марди 2. Илтимос, дароед!

Марди 1. Не-не! Танҳо пас аз шумо!

Марди 2. Надароед, биллои азим хафа мешавам-а!

Марди 1. Ман ҳам, билло ба худо хафа мешавам! Канӣ, марҳамат!

Марди 2. Не ва боз не! Охир, шумо меҳмон. Меҳмон атои Худо. Ва иззати ў аз ҳама болост. Канӣ, марҳамат, дароед!

Марди 1. О, ман меҳмон не, соҳиби хона.

Марди 2. Чӣ хел соҳиби хона?

Марди 1. Вазир.

Марди 2. Вазир? Ана дидед?! Шумо барои пеш даромадан ҳақ доред. О, ман кӣ? Ҳамагӣ як дарбон.

Марди 1. Чӣ-ӣ?! Дарбон?!

Марди 2. Ҳа, дарбони наватон.

Марди 1. Эъ, мур дарбон нашуда! Мембрӣ ҷома ё ҷелак пўшӣ?! Ин кару фара бинеду! Боз ман гумон кардам, ки аз Девони Вазирон…

Х А С Т А Г Ӣ

– Уф-фф-е!

– …?

– Оҳ, дилу ҷигарум-е!

– …?

– Оҳ, миёну мангалум-е!

– …?

– Воҳ, пову парум-е!

– Э, ҳой! Худаш чӣ гап? Ин қадар оҳу воҳ мекунӣ? Тинҷияй?

– Э, уф-фе! Чунон хаста шудам, ки устухонҳоям зиринг-зиринг месўзанд-е!

– Наход? Санги хоро шикастӣ-чӣ?

– Эъ, кошкӣ санги хоро мешикастам!

– Ҳа-а, замин побел кардӣ?

– Эъ, содда. О, дар шаҳр замин аз куҷо!

– Ҳа-а… Ё ба кўҳ-пўҳ баромадӣ-чӣ?

– Эъ, не-е!

– О, пас ту чӣ кор кардӣ?

– Дар сессия нишастам, сессия!

Х О Д И М

– Сардори мо дар тарбияи мадании аҳолӣ ҳиссаи беназир дорад. Аз ин рў ба ў унвони “Ходими хизматнишондодаи маданият” доданд.

– Чӣ, ў адиб аст?

– Не, адиб нест!

– Ҳа, ў санъаткор аст?

– Не, наёфтӣ!

– Пас ў кист?

– Сардори ЖЭУ!

– Сардори ЖЭУ? О, сардори ЖЭУ ба маданият чӣ алоқа дорад?

– Алоқаи роппа-рост дорад! Бовар кун!

– О, чӣ хел?

– Корафтодагон дар қабулгоҳи ў интизори қабул нишаста, ҳикоя, қисса ва ҳатто роман мехонанд.

МЕҲРУБОНӢ

Бо суръати тезу садои гўшхарошу воҳиманок мошини ёрии таъҷилӣ пайдо гашт. Мардум ҳама дар ҷойҳои худ мехкўб гаштанд. Мошин дар назди мағоза қарор гирифт. Лаҳзае пас аз мағоза марди беҳушеро бароварда ба мошин бор карданд. Яке аз дигаре мепурсад:

– Бечора инфаркт шуд магар?

Мард даст афшонда:

– Не, – мегўяд.

Аввалӣ боз суол медиҳад:

– Инсулт шуд-мӣ?

Дуюмӣ боз даст афшонда:

– Э не, – мегўяд.

Аввалӣ боз суол медиҳад:

– Дар навбат таги по монд-мӣ?

Дуюмӣ боз даст афшонда:

– Не, не, – мегўяд.

Аввалӣ боз суол медиҳад:

– Задандаш-мӣ?

Дуюмӣ боз даст афшонда:

– Э не-е, – мегўяд.

Аввалӣ боз суол медиҳад:

– Пулҳояшро дуздиданд-мӣ?

Дуюмӣ боз даст афшонда:

– Э не охир, – мегўяд. – Бечора харидор аз меҳрубонӣ аз ҳуш рафтааст.

Аввалӣ бо ҳайрат мепурсад:

– Аз меҳрубонӣ?!

Дуюмӣ посух медиҳад:

– Ҳа, фурўшанда бақияи пулашро баргардонда бо табассуми малеҳ: «Барои харидатон раҳмат, боз биёед!» – гуфтааст.

ДАР МОШИН

Ду рафиқ – Алӣ бо Валӣ лаб – лаби дарё сайр мекарданд. Ногоҳ Алӣ ба Валӣ гуфт:

– Ҳо-о ба он “Волга” нигар.

Валӣ орому бепарво гуфт:

– Хайр-чӣ?

Алӣ бо ҳайронӣ гуфт:

– Магар “Волга”-ро нашинохтӣ?

Валӣ бо ҳамон оромӣ гуфт:

– Шинохтам, аз сардорамон. Хайр-чӣ?

Алӣ бо ҳамон ҳайронӣ гуфт:

– Охир, ба дараи Варзоб рафт.

Валӣ бо ҳамон оҳанг посух дод:

– Хайр-чӣ? Ҳар рўз меравад.

Алӣ бо тааҷҷуб гуфт:

– Охир, дарунаш ҳамсари ту буд.

Валӣ бо қаҳр гуфт:

– Палид! Мехостӣ ки даруни мошини ту бошад?!

МУВАФФАҚИЯТ ПАЙДО НАКАРД

– Ҳўй, Салим! Чӣ гап шуд?!

– Чӣ шуд?

– О, ин вақтҳо тамоман беҳавсала шуда рафтӣ-ку-а?!

– Не-е! Ҳавсала бад не!

– О-о чӣ хел бад не? Дигар дар рўзномаҳо латифаҳои намакину сермурчу қаланфуратро намехонем. Пеш рўзномаҳо аз навиштаҳои ту гул мекард. Ба ту чӣ шуд?

– Ҳм-м… Ҳа-а, латифанависиро бас кардам!

– Бас кардӣ? Чаро?!

– Э, биё напурс: гап занам, забон месўзад, гап назанам, мағзи устухон!

– Билло ба худо ҳеҷ чизро намефаҳмам. Охир, дар латифанависӣ муваффақият пайдо карда будӣ-ку?!

– Рост! Аммо… Вале… Лекин…

– Чӣ?! Гўй!

– … гонорараш ҳеҷ муваффақият пайдо накард!

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …