Главная / Гуногун / Ақида нисбати халқи тоҷик

Ақида нисбати халқи тоҷик

Ман (НУРИДДИН САИДОВ ) ҳалқҳои бисёреро дидам ва дар ватани онҳо зистам, вале ба мисли халқи тоҷик наҷибе надидам. Ҳақ ба ҷониби Гегел аст, ки ҳанўз 200 сол муқаддам гуфта буд: «… дар Форс (ў сарзамини тоҷикони онрўзаро бо Ҳинду Чин муқоиса кардааст) худро ҳамчун дар хонаи худ эҳсос мекунӣ, дар ин ҷо тарзи тафаккури аврупоӣ, накўкории инсонӣ ва шавқи одамиро дармеёбӣ …».

Бузургии ин ҳаяк боз дар он аст, ки ананаҳои гузаштаи дури худро нигаҳ дошта, қобилияти баланди эҷодии худро дар таърих на як бору ду бор нишон додааст. Вале имрўз пас аз садамаҳои пай дар пайи таърихӣ, ки ба сари ин халқ фурў рехт, чанд омили муҳими иҷтимоӣ ва уқлонӣ ба ин халқ намерасад:

  1. Аҳли мансаб ва бизнесменҳои тоҷик, ки Худо онҳоро имрўз соҳиби пулу сарват гардонидааст, усули ба халқашон рў оварда, сарваташонро дучанд гардониданро наёфтаанд. Пули бисёреро ба сохтани кулбаҳои нодаркор сарф мекунанду ба бонкҳо мегузоранд, ки дар ин ҳусус Бобо Тоҳири Урён мегўянд:

 

Азизо, лаззати дунё касе бурд,

Ки ҳам пўшиду ҳам бахшиду ҳам хўрд.

Касе, ки тўша карду гўша андохт,

Худаш мурду занаш бо дигарон хўрд.

 

  1. Аксари кулли зиёиёни тоҷики замони мо, ки иликашон дар замони шўравӣ пур шудааст, ба ҳақиқати таърихӣ боварӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, онҳо нафақат ба таърихи халқи худ рафтори индифферентивӣ зоҳир мекунанд, балки чун гуфтаҳои бузургонро, аз қабили Гегел, ёдовар мешавед, ба Шумо бо истеҳзо лақаби фолбинӣ ё ягон чизи аз он бадтарро мечаспонад.

Набояд мо фаромўш кунем, ки тақдири халқ дар дасти равшанфикрон аст, халқи рус, ки нав аз ғуломӣ – ҳуқуқи крепостноӣ (с.1861) рахо шуда буд ва ба қавли Плеханов «ришдарози бедин» буд, дар арзи ним аср ин халқро ба саҳнаи таърих гузоштанд ва дар ибтидои асри  20 ин халқ ҷаҳонгир шуд.

  1. Бисёр аз зиёиёни динии мо ҳам дини Исломро таҳриф мекарданд. Қабули дини Ислом маънои гузаштаи таърихии халқи худро инкор кардан нест. Ба мамлакатҳои имрўзаи Араб нигаред, онҳо доир ба таърихи гузаштаи худ ҳазорон китоб иншо намуда, дини мубини Исломро ба курсии баланди илмӣ гузоштанд.

Ришдарозӣ ба Муҳаммад(с) мутлақо бегона ва зид буд. Ришдарозӣ хоси яҳудиҳо аст, ки аз онҳо дар ибтидои асри милодӣ ба халқҳои дигар гузашт.

Шукри Худо имрўз аҳли дини Ислом дар ватани таърихии тоҷикон бо салобати ҷиддӣ ба сўи равшанӣ мераванд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …