Главная / Гуногун / Ақибмонии иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ

Ақибмонии иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ

Мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, ки халқҳои онҳо дар муддати чандин асрҳо дар асорати мустамликадорони Испания ва Португалия буданд, аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодию сиёсӣ аз Европа ва Америкаи Шимолӣ хеле ақиб монданд. Дар ин мамлакатҳо сармоядорӣ суст тараққӣ карда буд. Муносибатҳои феодалӣ мақоми калон доштанд. Дар чандин минтақаи Америкаи Лотинӣ ҷамоаи қабилавии ҳиндуҳо низ вуҷуд доштанд. Дар баъзе мамлакатҳо ҳатто ғуломдорӣ ва боқимондаҳои он маҳфуз буданд.

amerikai-lotini

Дар кишоварзии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ муносибатҳои нимфеодалӣ ҳукмрон буданд. Мулкҳои ниҳоят калон ба номешикони калон тааллуқ доштанд. Калисои католикӣ низ дар ихтиёри худ заминҳои зиёд дошт. Кишоварзони камзамин, иҷоракорон ва мардикорон, ки гирифтори мӯҳтоҷӣ ва қашшоқии сахт буданд, дар киштзорҳои заминдорони калон ва калисоҳо кор мекарданд.

Вазъияти сиёсии мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ як хел набуд. Масалан, Куба ва Пуэрто-Рико то соли 1898 мустамликаҳои Испания буданд. Баъди ҷанги Испанияю Америкаи соли 1898 Куба ниммустамликаи ИМА шуд, Пуэрто-Рико бошад, ба мустамликаи ИМА табдил ёфт. Дарачаи тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии Аргентина, Чили ва Уругвай аз дараҷаи тараққиёти Эквадор, Перу, Боливия, Парагвай ва ҷумҳуриятҳои Америкаи Марказӣ барин мамлакатҳои хеле қафомонла як дараҷа баландтар ба назар мерасид.

Дар аксарияти мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ диктаторҳои ҳокимияти мутлақдошта ҳукмронӣ мекарданд. Онҳо аз байни заминдорон ва чорвопарварони калони ин мамлакатҳо баромада буданд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …