Главная / Гуногун / АҲАМИЯТИ БУХОРШАВИИ ОБ ДАР ҲАЁТИ РАСТАНИҲО, ҲАЙВОНОТ ВА ОДАМ

АҲАМИЯТИ БУХОРШАВИИ ОБ ДАР ҲАЁТИ РАСТАНИҲО, ҲАЙВОНОТ ВА ОДАМ

Шумо бисёр вақт мушоҳида кардаед, ки одам пас аз оббозй дар рӯзи гарм, хунукиро ҳис менамояд. Оё фикр кардаед, ки чй ҳодиса pyx медиҳад? Барой он ки боқимондаи оби бадан пас аз оббозй бухор мешавад. Ҳангоми бухоршавй бошад ҳарорати бадан паст мешавад.

Миқдори зиёди оби дар рӯи хушкибуда тавассути растаниҳо бухор мешаванд. Онро метавон дар таҷрибаи зерин дақиқан мушоҳида кард.

Барги растании хонагиро дар колбаи шишагин аз растанй наканда гузоред. Колбаро бо пахта бипӯшонед. Пас аз чанд муддат, дар девораи дохилии колба қатраҳои об пайдо мешаванд (расми 36). Он қатраҳо чй тавр пайдо шуданд? Барги растанй обро бухор намуда, буғи пайдошуда хунук мешавад ва дубора ба об мубаддал мегардад.

Душаанбе озеро

Бухоршавии обро тавассути растаниҳо бо рақамҳо ифода мекунем: растании миёнаи карамдар 1 шабонарӯз 1 л об, тус – 60 л, булут – 50 л.

Обе, ки тавассути растаниҳо бухор мешавад, чй аҳамият дорад? Шумо хуб медонед, ки Офтоб то чй андоза сангҳоро, регҳоро, хокро ва дигар ашёи рӯи заминро гарм менамояд.

Ҳамчунин Офтоб баргу тоҷи дарахтонро гарм мекунад. Агар баргҳо обро обро бухор накунанд, дарахтҳо аз гармй мехушканд.

Дар натиҷаи бухоршавй ҳарорати баргқо то ба ҳарорати ҳаво расида, ва ё нисбат ба он паст мешавад.

Бо ҳамин сабаб сояи дарахтон ҳамеша салқину тару тооза мебошад.

Вале бухоршавии аз ҳад зиёд ба худи растаниҳо зарар расонида, онҳо метавонанд пажмурда ва ё нобуд шаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, то ҳар замон растанй об дода шавад. Ҳар қадар барги дарахтон зиёд бошанд, ба ҳамон андоза онҳо обро бештар бу­хор мекунанд. Чун қоида, растанй дар ҷойҳои намнок баргҳои калон доранд. Вале растаниҳое, ки ба хушкй тобовар ҳастанд, баргҳои майда доранд ва гоҳо онҳо шакли сӯзанро ба худ гирифтаанд. Тав­ри мисол, барги кактус ба сӯзанчаҳо монанд мебошанд. Бинобар пӯсти ғафс доштанашон, онҳо обро кам бухор мекунанд.

Бухоршавй на танҳо аз ҳарорати ҳаво, балки аз дигар шароитҳо низ вобаста аст. Таври мисол, суръати бухоршавй аз фаслҳои сол ва вақтқои гуногуни шабонарӯз вобаста аст. Ҳамин тавр, растанй обро рӯзона нисбат ба шаб бештар бухор мекунад. Растание, ки дар ҷойи офтобрӯя месабзад, нисбат ба растание, ки дар соя месабзад, оби бештарро бухор мекунад.

Ҳангоми шамоли хушк низ бухоршавй босуръатттар мешавад. Бухоршавии об тавассути растаниҳо нисбат ба бухоршавии об дар сатҳи ҳавзу дарёҳо фарқ мекунад. Бад-ин тартиб, саволе пайдо мешавад, ки кадом узви растанй обро бухор мекунад?

Растанӣ тавассути решаҳояш микдори зиёдро ба худ аз хок мекашад ва ҳамчунин бисёр бухор менамояд. Кадоме аз узвҳои рӯизаминии растанӣ (баргу тоҷҳо) обро бухор мекунанд?

Ба ин савол посухро тавасссути таҷриба метавон пайдо кард.

Се рӯз пеш ба чаҳор пробирка обро дар сатҳи ягона рехта буданд. Пробиркаи аввалро холӣ мегузорем ва вай нақши пробиркаи назоратиро иҷро хоҳад кард. Дар пробиркаи дуввум барг ҷойгир карда шудааст. Дар пробиркаи саввум навдаи баргдор ва дар пробиркаи чаҳорум навдаи бебарг гузошта шудааст.

Сатҳи об дар пробиркаҳо як бори дигар баробар карда шудааст. Барой он ки об бухор нашавад, камтар равғани растанй мерезем. Дар ана ҳамин ҳолат онро барои се рӯз мегузорем. Мо ба чй хулосае меоем?

Сатҳи обро дар пробиркаҳо муқоиса мекунем: пробиркаи якумро бо дуввум, дуввумро бо саввум ва саввумро бо чаҳорум ва чорумро бо якум. Ба чунин хулосаи устувор меоем, ки маҳз баргҳо обро бухор менамоянд. Ҳар кадар барг бисёр бошад, ба уамон андоза об бисёр бухор шудааст.

Аз кадом тарафаш барг обро бухор мекунад?

Лозим меояд боз як таҷрибаи серӯза баргузор намоем. Ба қисмати болои барг вазелин молида, дар барги дигар вазелинро дар қисмати поёнияш мемолем.

Баргҳоро дар пробиркаи обдор мегузорем. Ба об равгани растанй мерезем (рас­ми 38).

В – барге ки дар қисмати болоияш вазелин молидаанд.

Н – барге, ки дар сатҳи поёнии он вазелин молидаанд.

Аз таҷриба метавон чунин хулоса кард: баргуои растании мазкур обро тавас­сути рисмати болоии барг, ки дорой масомауои пӯсташон зиёд мебошанд, бухор мекунанд.

А Растение испаряет воду через мелкие отверстия в листе-устьица.

Микдори масомаҳои пӯсти растанй дар 1 миллиметры барг аз якчанд сад то ба ҳазорҳо мерасад. Масомаҳохеле майда мебошанд. Нӯги сӯзанҳо нисбат ба масомаҳои пӯст бештар мебошанд.

Сарфи назар аз хурдии андозаи масомаҳо 90% обе, ки тавассути растаниҳо ҷаббида шудаанд, тавассути онҳо бухор мешаванд. Масомаҳо дар сатҳи поёнй ва болоии аксарияти растаниҳои алафй қарор доранд.

Пурсишҳо

  1. Бухоршавй дар зиндагии растаниҳо, ҳайвонот ва инсон чй аҳамият дорад?
  2. Растаниҳо обро чй тавр бухор мекунанд?
  3. Барой чй барги дарахтоне, ки дар ҷойҳои салқин месабзанд, калон мебошанд?
  4. Барги дарахтоне, ки дар биёбонҳо месабзанд, шакли сӯзанро доранд. Сабаб чист?

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …