Главная / Гуногун / 32 ФАРЗ (сиюду фарз дар Ислом)

32 ФАРЗ (сиюду фарз дар Ислом)

Имон (бовари доштан) маънои бо дилу ҷон эътиқод кардан ба ҳамаи он чизест, ки Пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, аз Худои Таъоло ба мо нақл кардааст; ва ҳамчунин имони худро бо калима шаҳодат додан аст.

Асосҳои имон 6 фарз аст:

  • – Имон доштан ба мавҷудият ва ягонагии Аллоҳ.
  • – Имон доштан ба фариштагоне, ки Аллоҳ офаридааст.
  • – Имон доштан ба китобҳое, ки Аллоҳ нозил кардааст.
  • – Имон овардан ба пайғамбарони Аллоҳ.
  • – Имон доштан ба Рузи Ҷазо ва зинда шудан баъди марг.
  • – Имон доштан ба қазову кадари нек ва бад.

Асосҳои Ислом 5 фарз аст:

  • – Тасдиқи имон – калимаи шаҳодатро ба забон рондан.
  • – Дар моҳи Рамазон руза доштан.
  • – Ҳар руз панҷ вақт намоз гузоридан.
  • – Ҳаҷ кардан, агар фарз шуда бошад.
  • – Ҳар сол закот додани тавонгарон.

Фарзҳои таҳорати хурд (шустушу) – вузу 4 аст:

  • – Руйро як бор шустан.
  • – Дастонро то оринҷ шустан.
  • – Масҳ кардани чахоряк қисми сар.
  • – Шустани пойҳо то шитолан

Дар таҳорати калон – ғусл 3 фарз аст:

  • – Мазмаза кардани даҳон.
  • – Об ба бинӣ кашидан.
  • – Шустани тамоми бадан, то дар он ҳеҷ ҷои хушк боқӣ

Дар таяммум (бо хок пок кардан) 2 фарз аст:

  • – Нияти таяммум кардан.
  • – Ду кафро ба хоки пок зада бо он руйро масх, кашидан; баъд такроран зада, бо он дастонро то оринҷ масҳ кашидан.

Дар намоз 12 фарз (6-то – берун аз намоз, 6-то – дар намоз)аст:

а)    шартҳои намоз (фарзҳои берун аз намоз):

  • – Аз ҳадас пок шудан: ба воситаи вузу, ғусл ё таяммум кардан аз нопокии маънавӣ – ҳадас пок шудан.
  • – Пок кардан аз наҷас: пок кардани бадан, либос ва ҷои намозгузорӣ аз нопокихои табиӣ – наҷасҳо.
  • – Сатри аврат: бо либос пушонидани шармгохи бадан. Аврат барои мардон – кисми бадан аз ноф то қисми поини зону, барои занон – тамоми бадан, ба ғайр аз руй, панҷаҳои дастону пойхо аст.
  • – Истиқболи кибла руй овардан ба Каъба аст.
  • – Вақт – гузоридани ҳар як намоз дар вақти муайяншуда мебошад.
  • – Ният – хоҳишу иродаи дохилӣ доштан барои адои намоз аст.

б)    Рукнҳои намоз (фарзҳо Дар намоз):

  • – Такбири ифтитоҳ (калиди намоз): оғоз намудани намоз бо такбир, яъне «Аллоҳу Акбар» гуфтан.
  • – Қиём: намозро рост истода гузоридан, агар барои ин монеае набошад.
  • – Қироат: хондани сураҳои Куръони карим дар намоз.
  • – Рукуъ: ҳам кардани миён.
  • – Суҷуд: сарро ҳам карда ба замин расонидан.
  • – Қаъдаи ахир: нишастан ҳаноми қироати дуои «ат- Таҳийёт» дар охири намоз.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …