Архивы за день : 10.02.2020

ФОҶИА – Гурбаи сиёҳи фарбеҳи дузд

ptichki-i-koshka

Дохили хона нишаста доду фарёди бачаҳову калонсолон ба гўшам расид. Кунҷковиям боло гирифту ба пешайвон баромадам. Офтоби оламоро нурпошӣ дошт. Дар поён гурўҳи одамон аз ҷой наҷунбида ба як нуқта менигаристанд. Гурбаи сиёҳи фарбеҳи дуздро дидам. Қадре болотар як ҷуфт майна худро чун шоҳин фиғонашон ба осмон печида, сўи гурбаи …

Муфассал »

Беморхона

603px-thumbnail

Меҳрубон, ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ, пас аз ба се нафар беморони палатаи панҷум сўзандору гузаронидан, аз палата берун шуд. – Агар ба ҳамшираҳои шафқати ҳама беморхонаҳои дунё ҳайкал гузоштанӣ шаванд, ман онро дар симои ҳамин духтарак метарошидам, – гуфт Шараф-амак, марди миёнқади зиёинамо, ки каташ дар назди тирезаи барқад гузошта …

Муфассал »

Падар (Ҳикоя)

pritcha-01

Аз ҳавои хуши зодгоҳаш чуқур нафас кашида, Тоҷинисо бо писараш чун наврўзи баҳор ба остонаи хонаи падар қадам мегузорад. Ва эҳсоси он ки модараш ўро пешвоз намегирад, сараш ба шўр омада, дилаш пурғусса мегардад. Ҳа, бе модараш ҳавлӣ холӣ, хона тиҳӣ! Вале эҳсоси он ки падараш ҳаст, акаҳову хоҳараш ҳастанд, …

Муфассал »

ТИРУ КАМОН (Ҳикоя)

tiru-kamon

Он рўз ў якбора чанд сол калонтар шуд. Гўё дар як он ба воя расид. Кўдак рафту болиғ баргашт. Хандон, беғам, бедарду алам рафту гирёну ғамзада, бо дарду алам омад. Сарфарозу сарболо, бо рўи сурх аз дар баромаду сархам бо рўи чун пахта сап-сафед аз дар даромад. Гуноҳи падар агарчи …

Муфассал »

ТУЛЎЪ ДАР ҒУРУБ (Ҳикоя)

priroda-rassvet-solnce

– Модарҷон!.. Омад… Аз ин нидо, ки булўри сукутро пора-пора месозад, модар як қад мепарад. Дилаш ҷиғғас мезанад ва биму хатар аз гулўяш мегирад. Сипас ба худ мепечаду ҳаросон сар ба рўи писар хам карда, бо тарсу таҳлуқа мепурсад: – Чӣ гуфтӣ, ҷонакам? Кӣ омад? – Падарам омад, – чеҳраи …

Муфассал »