Сурати бинои Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе. Тобистони 2019 сол.
Муфассал »Архив Месяца: July 2019
Илми Химия дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX
Дар ин давра химия ҳам ба пеш қадами бузург гузошт. Соли 1869 олими рус Д. И. Менделеев системаи даврии унсурҳои химиявии худро ҷой кард. Он вақт дар ҷадвали Менделеев ҳамагӣ 63 унсур мавҷуд буд, вале ӯ хосияти унсурҳои химиявиеро, ки ҳануз худи онҳо маълум набуданд, пешакӣ муайян карда, дар ҷадвал …
Муфассал »Назарияи нисбияти Эйнштейн
Назарияи олими бузурги немис А. Эйнштейн дар бораи нисбият яке аз кашфиётҳои муҳимтарини оғози асри XX мебошад. Ӯ соли 1905 дар мақолаи худ “Оид ба электродинамикаи ҷисмҳои ҳаракаткунанда” дар бораи алоқамандӣ ва ба ҳамдигар вобаста будани фазо, вақт ва модда (материя) фикр баён карда, исбот намуд, ки дар ҷои беҳаво …
Муфассал »Илми Ситорашиносӣ дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX
Асбобҳои нави тадқиқотӣ ба пешравии илми ситорашиносӣ кӯмак расонданд. Бо ёрии таҳлили спектралӣ, ки он ҳанӯз соли 1859 кашф карда шуда буд. ситорашиноси англис Ҷ. Локьер дар офтоб хати спектреро ёфт, ки ба унсурҳои химиявии он вақт дар замин маьлум монанд буд. Ӯ ин унсурро гелий (номи лотинии Офтоб) номид. …
Муфассал »Илми Риёзӣ дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX
Инкишофи илмҳои табиатшиносӣ бе тараққиёти илми риёзӣ ғайриимкон буд ва на танҳо ин илм. Геометрияи ғайриэвклидӣ, ки асосгузори он Н. И. Лобачевский буд, дар охирҳои асри XIX – аввали асри XX боз ҳам инкишоф ёфт. Эстафетаи Н. И. Лобачевский ва ҳамсафони ӯ Я. Боляй ва К. Ф. Гаусро риёзишиноси немис …
Муфассал »Илми Физика дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX
Тараққиёти индавраинаи илми физика бо номи олими бузурги англис Ҷ. Максвелл алоқаманд аст. Ӯ назарияи умумии протсессҳои электромагнитиро тартиб дод. Ҷ. Максвелл рӯшноиро ҳамчун як намуди ларзиши электромагнитӣ исбот намуд. Нишондодҳои Ҷ. Максвеллро Г. Гертс ва олимони дигар бо таҷрибаҳои худ тасдиқ ва инкишоф доданд. Самти тадқиқоти Ҷ. Максвелл ва …
Муфассал »Илм дар нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX
Илм дар нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX бо ду роҳи асосӣ тарақкӣ мекард – ба соҳаҳои майдатар тақсим шудани илмҳои алоҳида ва торафт мустаҳкамтар шудани робитаи байни илмҳо. Тадқиқи сохти модда, омӯзиши энергия ва сохти нави манзараи физикии олам самтҳои асосии тараққиёти илмҳо буданд. Олимони мамолики гуногуни …
Муфассал »Маориф дар охири асри XIX – аввали асри XX
Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда дар охири асри XIX – аввали асри XX зарурати пешрафти маорифро тақозо мекард. Мамдакатҳои пешқадами демократӣ аз ҳамин сабаб барои маорифи халқ маблағҳои калон ҷудо мекарданд. Дар ин мамлакатҳо аксарияти кӯдакону наврасон имконият доштанд, ки дар мактабҳо бепул таҳсил кунанд. Дар соҳаи маориф бештари мамлакатҳои Европа ва …
Муфассал »Хотима ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ
11 ноябри соли 1918 сарфармондеҳи артиши Фаронса маршал Фош дар стансияи Ротонд, воқеъ дар ҷангали Компъен, дар вагони худ вакилони Германияро қабул намуда, шартҳои Созишномаи сулҳро ба онҳо пешниҳод кард. Вакилони Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузоштанд. Соати 11 пагоҳии ҳамон рӯз дар ҳаман ҷабҳаҳо оташбас эълон карда шуд. Бо …
Муфассал »Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1918
Моҳҳои март-июли соли 1918 лашкари Германия дар маҳаллаҳои Аррасу Лафар ва дар Фландрия бар зидди лашкари Англия дар Шампам ва дар водии дарёи Марна бар зидди лашкари Фаронса 4 маротиба ҳуҷум кард. Дар ин ҳуҷумҳо лашкари Германия садҳо ҳазор нафар аскарҳои худро қурбон кард. Ба ин нигоҳ накарда дар ин …
Муфассал »