Албатта, кишвари ҳамсоя мушкил ва мушкилсозони худашро дошт, ки имрӯзҳо ошкор шуд. Воқеаи ҷолиберо аз ин навъ бихонед. Парвариши пахтаи навъи маҳиннах фақат дар иқлими хос имконпазир аст. Ин навъ рӯзҳои офтобии бештар металабад. Нахи ин навъи пахта нисбат ба навъҳои миёнанах дарозтару зарифтар буда, муқовиматаш ба кандашавӣ низ болост …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ӮЗБАКИСТОН
Cолҳои аввале, ки ман ба тиҷорати пахта машғул шудам, маводи сӯхт ва нуриҳои минералиро мо аз Ӯзбакистон ворид мекардем. Ҳамин ду мавод қисми асосии ҳазинаҳои рӯён- дани пахтаро ташкил мекунанд. Дар Ӯзбакистон тавлид ва содирот асосан дар дасти давлат буд. Онҳо Вазорати махсус доштанд, ки муносиботи иқтисодии хориҷиро танзим мекард. …
Муфассал »АСАДУЛЛО
Дар робита бо Асадулло воқеаи ҷолибе иттифоқ афтода буд. Чунон ки пештар гуфтам, солҳои аввали ба тиҷорати пахта машғул шуданам, мо ҳар сол ба Ӯзбакистон ба конфронси пахта даъват мешудем. Ҳукумати он кишвар ҳар сол дар аввали мавсими пахтачинӣ, моҳи сентябр як конфронс ташкил карда, тамоми ширкатҳои пахтаро даъват мекард …
Муфассал »Ҷон номи Одам
Ҷон Стед аслан зодаи Инглис буд ва тиҷорати пахта кас- би хонаводагияш. Нақл мекард, ки бобояш корхонаи ресандагӣ доштааст. Дар аввалҳои асри бист ҳукумати инглис барномае рӯи даст гирифта буд, ки корхонаҳои ресандагиро аз кишвар берун кунад. Ӯ мегуфт ҳукумат ба соҳибони корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ ба ивази бастан ё …
Муфассал »Латифаҳои адабӣ
Мо тоҷикон хеле меҳмондӯстем. Махсусан, агар меҳмон хориҷӣ бошад, ӯро ба таври худамон хеле эҳтиром мекунем. Ин суннати ифтихории мост. Фарқе надорад, ки ин меҳмон ба меҳмондории мо чӣ гуна муносибат мекунад, барои мо суннати худамон муҳимтар аст. Ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеояд, ки меҳмон метавонад аз ин меҳмоннавозии аз …
Муфассал »ВЕЙКФИЛД
Ман дар дунёи тиҷорати пахта бо шахсони зиёд шинос шудам ва иттифоқҳои аҷиберо шоҳид будам ва чанд ҳикоят аз онҳо меоварам, ки ба назарам аз аҳаммият холӣ нест. Истондорти сифати пахта ҷузъиёти зиёд дорад. Коршиносони тахассусӣ дар озмоишгоҳҳои махсус аз рӯи намунаҳои истондортӣ навъ, сифат ва гурӯҳи онро ташхис карда, …
Муфассал »Пора (Пул – Сум)
Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаи шадиду хунин, дар байни маҳалҳо хун афтод ва тарқиши бузургеро ба вуҷуд овард, ки сабабгори беэътимодӣ ва нобоварии нухбагони тарафҳо ва дар натиҷа шиддати бесобиқа пайдо кардани марази маҳалгароӣ шуд. Адами ваҳдати миллӣ хатарноктарин омили якпорчагии кишвар шинохта шудааст, ки таҷрибаи талхи мо онро …
Муфассал »ТАРЗИ КОРИ ШИРКАТҲОИ ПАХТА
Вақте мо бо колхозҳо дар маблағгузории рӯёндани пахта ҳамкорӣ сар кардем, раисони хоҷагиҳо ба мо пешни- ҳодҳои аҷибу ғарибе мекарданд. Маблағгузорӣ тибқи нақшаи аз қабл мувофиқашуда анҷом мешуд, вале раисон ҳамеша кӯ- шиш мекарданд, ки аз нақша бештар маблағ бигиранд. Ҳатто пешниҳод мекарданд, ки расман ба хоҷагӣ маблағи иловагӣ навишта, …
Муфассал »Исён ва итоат
Соли чоруми тиҷорати пахта ҳоли мо хеле бад буд. Мо се сол кӯшиш ва итоат карда бошем ҳам, маблағҳои ба хоҷагиҳо додаи мо барнагаштанд ва илова бар он, мо дар назди сармоягузорони хориҷӣ ҳанӯз ҳам қарздор мондем. Ягона роҳи аз қарз сармоягузории муназзам ва кофӣ лозим буд. Сармоягузорони хориҷӣ аз …
Муфассал »ТИЛЛОИ САФЕД
Нахи пахта дар иқтисоди дунё ҳанӯз ҳам аҳаммияти истротежик дорад, вале қаблан то кашфи нахҳои сунъӣ, аҳаммияти вижаи истротежик доштааст. Кишварҳои ҷаҳон қисми захираҳои молии миллии худро бо нахи пахта нигоҳ медоштаанд. Кишварҳои абарқудрат ҳанӯз ҳам захираҳои кофии нахи пахта доранд, зеро дар замони ҷанг таъмини артиш бо либосу палос …
Муфассал »