Архивы за день : 18.02.2019

Ивазшавии ҷамоаи наботот

gulhoi-kuhi

Дар ҷамоаи наботот ҳамеша тағйиротҳо ба амал омада меистанд. Растаниҳои калонсол пир мешаванд, мемиранд ва ҷои онҳоро растаниҳои ҷавон ишғол мекунанд. Инчунин, сол ба сол шароитҳои иқлимӣ ҳам тағййр ёфта меистанд. Агар як сол гарму хушк бошад, соли дигар нисбатан салқин ва сернам, соли сеюм гарм ва намнок шуданаш мумкин. …

Муфассал »

Сохти ҷамоаи растаниҳо

Қабатнокӣ (табақадорӣ) дар ҷангал

Табақадории рӯизаминии ҷамоаи наботот. Намудҳои растаниҳое, ки ба як ҷамоаи наботот дохиланд, шаклҳои гуногуни ҳаётӣ доранд. Чунончи, дар ҷангалзор дарахту буттаҳо, растаниҳои яксола ва бисёрсолаи алафӣ мерӯянд. Намудҳои гуногуни ба ҳар як ҷамоаи растаниҳо дохилшаванда дар шароитҳои ҳархелаи равшанӣ, намнокӣ ва моддаҳои ғизоӣ (маъданӣ) нашъунамо доранд. Дар ҷангалзор растаниҳои дарахтӣ …

Муфассал »

Ҷамоаи наботот ва гуногуншаклии онҳо

daraxt

Дар табиат растаниҳо алоҳида-алоҳида бе робитаи байниякдигарӣ намесабзанд. Балки онҳо ҳамроҳ, гурӯҳ-гурӯҳ мерӯянд. Гурӯҳи бо ҳам алоқаманди хелҳои гуногуни растаниҳоро, ки муддати дуру дароз дар як қаламрав (марзи муайян) сабзида, ба якдигар унс гирифтаанд ва инчунин, ба якдигар ва муҳити атроф таъсир мерасонанд, ҷамоаи наботот меноманд. Дар натиҷаи бо ҳам …

Муфассал »

Сохти анатомии гулсангҳо

gulsang

Симбиоз. Роли гулсангҳо дар табиат ва ҳоҷагӣ Аз рӯи сохти анатомиашон гулсангҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гулсангҳои гомеомерӣ ва гетеромерӣ. Дар гулсангҳои сохташон гомеомерӣ риштаҳои занбӯруғӣ ва обсабзҳо аз рӯи ҷойгириашон мавқеи баробару якхела доранд. Яъне, онҳо нисбати якдигар бартарӣ надоранд. Дар ин ҳолат ҳам риштаи занбӯруғ ва ҳам …

Муфассал »

Гулсангҳо – Шакпҳои ҳаётии онҳо

gulsang

Гулсангҳо яке аз организмҳои махсус ташаккулёфтаи растаниҳои дараҷаи паст мебошанд. Ҷисми (танаи) қабат-қабати онҳо аз ду организм – обсабз ва занбӯруғ таркиб ёфтааст ва чун як организми том фаъолияти ҳаётӣ зоҳир мекунад. Аз ду организм иборат будани гулсангҳоро бори аввал олими олмонӣ С. Швендр соли 1867 муай- ян кардааст. Дар …

Муфассал »

Занбуруғҳои паразит

Занбуруғи паразит — чанбуч

Дар байни занбӯруғҳо намудҳое, ки ҳаёти паразитӣ доранд, хеле бисёранд. Онҳо дар организми растаниҳо, ҳайвонот ва ҳатто инсон касалиҳои гуногунро ба вуҷуд меоваранд. Хусусан, онҳо ба ҳоҷагиҳои ҷангалпарварӣ ва хоҷагии кишоварзӣ зарари калони моддӣ мерасонанд. Яке аз чунин занбӯруғҳои васеъ паҳншуда ин сиёҳак (ё сиёҳкуя) мебошад. Вай паразити хатарноки растаниҳои …

Муфассал »