Архивы за день : 12.02.2019

Мураккабгулҳо ва оилаи онон

Муракабгулҳо

Аз 250 000 намуди растаниҳои гулдори мавҷудбуда тақрибан 25000 хели онҳоро растаниҳои оилаи мураккабгул ташкил медиҳанд. Растаниҳои ба оилаи мураккабгулҳо тааллукдошта аксаран растаниҳои алафии бисёрсола буда, хелҳои растаниҳои яксола, нимбутта, бутта ва дарахтиашон хеле кам вомехӯрад. Барги онҳо содда, наздбарг надоранд, канорҳои паҳнаки барг яклухт ё ҳиссашуда мебошад. Дар узвҳои …

Муфассал »

Оилаи авранҷиҳо

Картошка

Ба оилаи авранҷиҳо 2500 хели растаниҳо дохил мешаванд. Онҳо дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикӣ ва марзҳои иқлимашон мӯътадил, алалхусус, дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ васеъ паҳн гардидаанд. Растаниҳои оилаи авранҷиҳо асосан алафӣ, буттагӣ ё дарахти начандон калон мешаванд. Ҳамаи намояндагони оилаи авранҷиҳо сохти ба ҳамдигар монанди гул ва мева доранд. Гулпӯши …

Муфассал »

Оилаи лабгулҳо

rasta

Ба оилаи лабгулҳо 3500 намуди растаниҳо дохил мешаванд, ки аз ин 198 намуди он дар Тоҷикистон месабзанд. Аксари растаниҳои ин оила алафи яксола, бисёрсола ва нимбуттагӣ буда, фақат дар минтақаҳои тропикӣ баъзе шаклҳои дарахтии онҳо вомехӯрад. Намояндагони оилаи лабгулҳо пояи чорқирра доранд. Барги онҳо соддаи канорҳояш яклухт буда, дар поя …

Муфассал »

Оилаи чатргулҳо

chatrgul

Ба оилаи чатргулҳо 3000 намуди растаииҳо мансубанд ва онҳо дар тамоми рӯи Замин васеъ паҳн шудаанд. Миқдори зиёди намояндагони оилаи чатргулҳо дар ноҳияҳои иқлимашон гарму мӯътадил ва минтақаҳои субтропикӣ, тропикӣ вомехӯранд. Дар Тоҷикистон 170 намуди растаниҳои оилаи чатргулҳо маълуманд. Аксари намудҳои ин оила растаниҳои алафии яксола ва бисёрсола буда, намудҳои …

Муфассал »

Оилаи ангур

Оилаи ангур

Ба оилаи ангур қариб 700 намуди растаниҳо мансуб аст. Онҳо дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил, субтропикӣ ва тропикии ҳарду нимкураҳои Замин паҳн шудаанд. Ба оилаи ангур намудҳои шаклашон дарахтӣ, буттагӣ ва чӯброст (лианмонанд) дохиланд. Ҷойгиршавии барг дар поя ва навдаҳо навбатӣ ва рӯбарӯ мебошад. Шакли барг хеле гуногун аст. Аксаран 3-5 …

Муфассал »

Оилаи лубиёиҳо

Мушунг

Оилаи лӯбиёиҳо яке аз калонтарин оилаҳои синфи растаниҳои дупалла ба шумор меравад. Ин оила такрибан 12 ҳазор намуди растаниҳои яксола, бисёрсолаи алафию буттагӣ ва дарахтиро дарбар мегирад. Дар байни онҳо растаниҳои кишоварзӣ (аз қабили мушунг, лӯбиё, лӯбиёи чинӣ (соя), боқило, чормағзи заминӣ, мош, нахӯд ва ғайра), ороишӣ (ақоқиёи зард, гули …

Муфассал »

Оилаи настараниҳо

seb

Ба оилаи настараниҳо зиёда аз 3000 намуди растаниҳои алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ мансуб аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 142 намуди растаниҳои худрӯй ва мазрӯии оилаи настараниҳо маълуманд. Сохти баргашон гуногун буда, дар дарахти себ, нок, биҳӣ ва ғайра содда, дар шоҳтути заминӣ ва марминҷон — сечанда, дар настаран – пармонанди мураккаб …

Муфассал »