Главная / 2019 / January (страница 5)

Архив Месяца: January 2019

Сохти тухми растаниҳои дупалла ва якпалла

botanika-oo3

Шиносоиро бо ҳаёти растанӣ аз омӯзиши сохти тухм (дон) ва сабзиши он оғоз мекунем.Мебинем, ки дони лӯбиё калон буда, агар як тарафи донаш барҷаста бошад, тарафи дигари он фурӯхамида мебошад. Рӯи дон бо пӯсти суфтаи ҷилодор иҳота гардидааст. Пӯст тухмро аз хушкшавӣ ва дигар осебҳо муҳофизат мекунад. Пӯсти тухми лӯбиё …

Муфассал »

Сабзиш ва тақсимшавии ҳуҷайра

taqsimshavii-hujayra

Олимон сохти ҳуҷайраро бо ёрии микроскоп омӯхта, мушоҳида карданд, ки ҳуҷайраи аксари узвҳои растанӣ қобилияти сабзида ба камол расидан ва тақсим шуда афзоиш карданро дорад. Дар натиҷа ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянд. Тақсимшавии ҳуҷайра одатан хеле мураккаб мегузарад. Сараввал, ядрои ҳуҷайра калон шуда, дар он хромосомаҳо, ки ҷисмчаҳои ода- тан …

Муфассал »

Ҳаракати ситоплазма

sitoplazma

Ба ҳуҷайра дохилшавии моддаҳо: Агар баргчаи растании обӣ – чилбанди обӣ (элодея)-ро, ки бештар дар аквариумҳо (зарфи шишагии махсус сохташуда) парвариш мекунанд, дар зери микроскоп аз назар гузаронем, ҳаракати ситоплазмаро дар ҳуҷайраҳои барги он мушоҳида карда метавонем. Ба мудом амалкунандагии ин ҳаракат нигоҳ накарда, мушоҳидаи он душвор аст. Зеро, ситоплазмаи ҳар …

Муфассал »

Гуногуншаклии ҳуҷайраи растанӣ

rasmi-magz

Тамоми узвҳои растанӣ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. Пас, растанӣ сохти ҳуҷайравӣ дорад ва ҳар кадом ҳуҷайра ҷузъи ниҳоят хурди таркибии растанӣ мебошад. Онҳо вазифаҳои гуногуни физиологиро иҷро менамоянд. Аз ин рӯ, ҳуҷайраҳо ҷиҳати вазифаҳои иҷро мекардагиашон ва аз рӯи шаклу сохташон, андозаашон, метавонанд аз якдигар фарқ кунанд Аз ҷиҳати сохту шакл …

Муфассал »

Сохти ҳуҷайраи растанӣ

Тарзи тайёр кардани микропрепа- рат (ашё)-и пардаи пиёз

Тамоми организмҳои зинда, аз он ҷумла растаниҳо, аз ҳуҷайраҳои андозаашон хеле хурд, ки бо чашми оддӣ дида намешаванд, иборатанд. Ҳуҷайра ва сохти ҳуҷайрагии организмҳоро дидан фақат бо туфайли такмилу сайқал ёфтани санъати шишасозӣ имконпазир гардид. Барои ба сохти ҳуҷайраи растанӣ шинос шудан препарати пардаи тунуку нафиси мағзи пиёзро тайёр кунед. …

Муфассал »

СОХТИ ҲУҶАЙРАВИИ ОРГАНИЗМИ РАСТАНИ

soxti-hujayra

Шиносои бо асбобҳои калоннишондиҳанда Растаниҳо организмҳои зиндаанд. Барои дуруст донистану дарк кардани равандҳо ё ҳодисаҳои барои ҳаётгузаронии растаниҳо ҳатман зарур мебояд бо сохтори дохилии узвҳои растанӣ аз наз- дик шинос шавем. Помидори сурхтоби нимхом, тарбуз, лимӯ ё себи мулоимро пора (ё дукафон) кунед. Мағзи ин меваҳо аз катакчаҳо (ковокиҳои) ни- …

Муфассал »

Дарахт, бутта, нимбутта

butta-daraxt

Растаниҳо бо рангу таровати хоса ва шакли поя, барг, гулу мева, давомнокии ҳаёт ва дигар хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ доранд. Аммо растаниҳои гулдор аз яқдигар ҳар қадар фарқ дошта бошанд ҳам, ҳар кадоми онҳоро ба яке аз се гурӯҳ: гиёҳ, бутта ва дарахт дохил кардан мумкин аст. Дарахт растании калон …

Муфассал »

Паҳншавии мева ва тухм

meva-tuxm

Дар аксари ҳолатҳо мева ва тухми растаниҳо ба ҷойҳои хеле дур паҳн мешаванд. Сабаб он аст, ки мева ва тухми як гурӯҳи муайяни растаниҳо барои бо шамол паҳн шудан мутобиқат пайдо кардаанд. Гурӯҳи дигари онҳо бошад, маҳз тавассути одам, ҳайвонот ва об паҳн мегардад. Меваи пухтаи баъзе растаниҳо, масалан, ақоқиёи …

Муфассал »

Давомнокии ҳаёти растаниҳо

davomnokii-umri-ras

Растаниҳо аз ҷиҳати давомнокии ҳаёташон хеле гуногун мешаванд. Агар булут, арча ва баъзе растаниҳои дарахтӣ беш аз ҳазор сол умр бинанд, гандуми баҳорӣ, ҷавдор, сулӣ ва дигар растаниҳои ғалладонагӣ ҳамагӣ як сол умр мебинанд. Баъзе гиёҳҳо ҳам, масалан, қоқу, ширбарояк, сапали шутур, газна, пудина ва ғайра солҳои бисёр умр мебинанд. …

Муфассал »

Мева ва тухми растанӣ

mevai-tar-xush

Дар фаслҳои тобистону тирамоҳ меваҳои гуногунранги пухтарасидаи растаниҳои дастпарвару худрӯй диққати касро ҷалб мекунанд. Себҳои сурху ҷилодор, нок, олую олуболуҳои сершира, шингилҳои пурбори ангур шохи дарахту буттаҳоро бо серборӣ хам мекунаид. Меваи бисер растаниҳои сабзавотӣ: помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон хушрангу ботароват мебошанд. Новобаста ба гуногунии шакл, ранг, маза, бӯй ва …

Муфассал »