Главная / 2019 / January (страница 4)

Архив Месяца: January 2019

Нафаскашии реша

Расми 38. Таҷрибае, ки зарура- ти ҳаворо барои нафаскагиии реша нишон медиҳад

Реша низ чун дигар узвҳои растанӣ ба оксигени ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Реша дар вақти нафаскашӣ оксигени ҳаворо нафас гирифта гази карбонатро хориҷ мекунад. Инро бо таҷрибаи оддӣ исбот кардан мумкин аст. Агар ниҳоли мушунги (лӯбиё ё нахӯди) дар аррамайда сабзондашударо гирифта, аррамайдаҳояшро афшонда ба дохили пробирка гузорем 38 ва …

Муфассал »

Нурӣ барои растанӣ

fertilizer-big

Дар киштзорҳои хокашон аз моддаҳои ғизоӣ камбағал ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ниҳоят кам аст. Барои баланд бардоштани ҳосилнокии чунин заминҳо ба хок нуриҳои гуногунеро, ки норасоиашон назаррас аст, меандозанд. Нуриҳо ду хел мешаванд: нуриҳои органикӣ ва маъданӣ. Нуриҳои органикӣ (аз калимаи организм) моддаҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии растаниҳо ва …

Муфассал »

Ҳаракати об ва моддаҳои маъданӣ дар растаниҳо

rastani-023

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, об ва моддаҳои маъданиро растанӣ аз хок ба туфайли мӯякрешаҳояш меҷаббад. Дар хок об дар шакли холис вуҷуд надорад. Вай метавонад дар шакли маҳлули хокӣ, ки намакҳои маъдании дар об ҳалшаванда дорад, дастраси растаниҳо гардад. Минбаъд дар растанӣ ба маҳлули ин моддаҳо чӣ ҳодиса …

Муфассал »

Обро ҷаббидани реша

rastani

Реша дар ҳаёти растаниҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Растаниҳо ба воситаи решаашон дар хок устувор ҷойгир шуда, аз он об ва моддаҳои маъдании барои ҳаёташон заруриро мегиранд. Барои исботи ин гуфтаҳо таҷрибаҳои гуногун кӯмак мерасонанд. Агар ягон растании дар рег ё аррамайдаи намнок парвариш кардашударо гирифта, бо решааш ба дохили пробирка …

Муфассал »

Сабзиши реша ва Қисмҳои он

tirresha-patakresha

Маълум аст, ки ҳангоми ба нешзанӣ шурӯъ кардани тухм, пеш аз ҳама решачаи ҷанин неш зада мебарояд. Сараввал он кам аён буда, вале ба зудӣ кад кашида калон мешавад. Ин ҳодиса чӣ тавр амалӣ мегардад? Решачаи ҷанини тухм ва решаи растании нашъунамокунанда монанди дигар узвҳои растанӣ низ аз ҳуҷайраҳо иборатанд. …

Муфассал »

Хелҳои реша – Типи системаи реша ва хок

navi-resha

Аҳамияти он барои ҳаёти растаниҳо. Муҳофизати хок: Решаи дарахтон сабзида, ба қабатҳои чуқури хок шоха ронда, ғафс мешавад ва танаи хеле вазнину боҳашамати шохаҳои сербаргро мустаҳкам нигоҳ медорад. Албатта, на ҳамаи растаниҳо монанди дарахтони азимҷусса решаи устувору шохаронда доранд. Решаи растаниҳои алафии яксола нисбатан хурд буда, ба замин чуқур намедарояд. Тамоми …

Муфассал »

Ғизогири ва сабзиши майса

mevai-tar-xushk

Мӯҳлати кишти майса: Ҳангоми чашидани таъми тухми насабзида (барои муқоиса), сипас дони нешзадаи ҷав, гандум ё ҷавдор, шумо ба андак ширин будани тухми нешзада боварӣ ҳосил мекунед. Зеро ҳангоми сабзиши тухм оҳари эндосперми тухм аз таъсири об ва моддаҳои махсус ба канд табдил меёбад. Сипас, қанд дар шакли маҳлули обӣ …

Муфассал »

Нафасгирии тухм Растанӣ

nafasgirii-tuxmi-rastani

Барои нафасгирии организмҳои (мавҷудоти) зинда, аз он ҷумла растаниҳо, ҳайвонот ва одам гази оксиген (ҳаво) зарур аст. Оксиген инчунин ба сӯзиш ёрӣ мерасонад. Гӯгирдчӯби афрӯхта дар му- ҳити ҳаво хеле хуб месӯзад, зеро дар он оксиген ҳаст. Аммо агар ягон зарфи шишагиро бо ҳавои нафасбарориамон пур карда, ба он гӯгирдчӯби …

Муфассал »

Сабзиши тухми растанӣ

%d0%b5%d0%b3%d1%87%d1%8c%d1%88-%d0%ba%d1%84%d1%8b%d0%b5%d1%84%d1%82%d1%88

Тухми ҷанинаш зиндаву солим метавонад сабзида, нашъунамо кунад ва растании навро ба вуҷуд оварад. Дар баъзе ҳолатҳо аз осеби ҳашаротҳои зараррасон, мағорбандӣ ё дар натиҷаи миқдори зиёди обашро гум кардан ва сабабҳои дигар ҷанин нобуд мегардад. Инчунин, ҷанин дар натиҷаи солҳои дуру дароз нигоҳ дош- тани тухмӣ низ нобуд мешавад. …

Муфассал »

Таркиби тухми растанӣ

tarkibi-tuxm

Чӣ тавре ки маълум аст, аз гандум ва дигар зироатҳои ғалладонагӣ орд истеҳсол мекунанд. Орд эндосперми майдашуда ё тал- қоншудаи дон мебошад. Вай аз моддаҳои гупогуни ғнзоӣ иборат аст. Барои муайян кардани таркиби тухм каме орди гандумро гирифта, аз он хамир тайёр мекунем. Сипас, хамирро ба дока печонда дар ягон …

Муфассал »