Архивы за день : 31.01.2019

Захирашавӣ ва истифодабарии моддаҳо

gardoludkuni

Як қисми муайяни (микдори барзиёди) моддаҳои органикӣ қанд, оҳар, сафеда, равған дар бофтаҳо ва узвҳои махсус ғун ва захира мешавад. Масалан, оҳар — моддаи захиравии аз ҳама маъмултарин мебошад. Оҳар дар растаниҳо, хусусан дар ҳуҷай- раҳои беранги бофтаи захиравӣ дар намуди доначаҳо ғун мешавад (лӯндаи картошка). Ғуншавӣ ё захирашавии оҳар …

Муфассал »

Роҳҳои ҳаракати моддаҳо дар растанӣ

pic107

Моддаҳое, ки дар натиҷаи ин ё он ҳодиса (раванд) ҳосил шуда- анд, дар як ҷой қарор намегиранд. Онҳо пеш аз ҳама дар дохили (тавассути) ҳуҷайра ҳаракат карда, аз як ҷузъи (органоици) ҳуҷай- ра ба дигараш, аз ситоплазма ба пластид ва ё ба ҷониби қисмҳои дарсабзишбудаи ҷилди ҳуҷайра (масалан, ҳангоми ҳосил …

Муфассал »

Алоқаи мутақобилаи узвҳои растанӣ

aroniya-chernoplodnaya-sorta_28

Фаъолияти ҳамаи узвҳои растаниҳои гулдор ба ҳамдигар зич алоқаманд мебошад. Масалан, дар баргҳои сабз агар обро решаҳо ҷаббида дастраси барги растаниҳо нагардонанд, фотосинтез гузашта наметавонад. Бе моддаҳои маъдание, ки онҳоро решаҳо ҷаббида меги- ранд моддаҳои органикии мураккаб, хусусан сафедаҳо наметаво- нанд ҳосил шаванд. Дар навбати худ решаҳо ҳам наметавонанд нағз …

Муфассал »

Мубодилаи моддаҳо ва табдили энергия

harakatkunii-ob

А.гар растаниҳо аз муҳити беруна моддаҳои барои онҳо заруриро мунтазам қабул накунанд зиндагӣ карда наметавонанд. Организме, ки гизо намегирад, нафас намекашад оқибат нобуд мешавад. Дар навбати худ, дар раванди фаъолияти ҳаётиаш растанӣ баъзе моддаҳоро ба муҳити беруна хориҷ мекунад: оксигенро дар натиҷаи фотосинтез; гази карбонатро дар вакти нафаскашӣ; оби барзиёдро …

Муфассал »

Вазифаҳои асосии ҳаёти растаниҳо

botanika

Ҳамаи растаниҳо сохти ҳуҷайрагӣ доранд ва онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд. Аз ин ҷост, ки вайроншавии сохт ва фаъолияти ҳаётии як узв ба фаъолияти ҳаётии дигар узв бетаъсир намебошад. Шумо акнун ба бисёр хусусиятҳои муҳими дохилӣ ва берунии растаниҳои гулдор ва ба вазифаю хосиятҳои узвҳо ва бофтаҳое, ки дар равандҳои гуногуни …

Муфассал »

Ҳосил шудани тухм ва мева

hosilshavii-tuxm

Ҳуҷайратухми бордоршуда (зигота) ба ду ҳуҷайра тақсим мешавад. Ҳар кадоме аз ин ҳуҷайраҳо дар навбати худ тақсим мегардад ва ғайра. Дар натиҷаи борҳо тақсим шудани ҳуҷайра ҷанини бисёрҳуҷайраи растании нав ташаккул меёбад. Аз ҳуҷайраи калонтарини марказии халтаи ҷанин, ки бо нутфаи дуюм омехта шудааст, ҳуҷайраи эндосперм, ки дар он моддаҳои …

Муфассал »

Бордоршавии растаниҳои гулдор

tuxmdon

Гул ва ҷузъҳои муҳими он гардбарг ва тухмдон узвҳои асосии афзоиши ҷинсии растанихои пӯшидатухм ба ҳисоб мераванд. Дар онҳо равандҳои (ҳодисаҳои) мураккабе мегузаранд, ки онҳо ба афзоиши ҷинсӣ сахт алоқамандӣ доранд. Барои ҳосил шудани мева ва инкишофи тухм гули растаниҳо бояд гардолуд ва сипас бордор шавад. Омезиши ду ҳуҷайраи ҷинсӣ …

Муфассал »

Сунъи гардолуд кардани гул

suni-gardoludkuni

Гардолудкунии сунъӣ  гардолуд кардани гул дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки одамон сурат мегирад. Одамон гарди гарддо- ни як гулро ба гардгираки тухмдони гули дигар оварда, ҳосили рас- таниҳои кишоварзиро зиёд мекунанд ва ё навъҳои нав ба нави растаниҳоро ба вуҷуд меоваранд. Барои ин дар давраи пеш аз гулшукуфт гардбаргҳои гулро канда …

Муфассал »

Гулро гардолуд кардани ҳашарот, шамол

gardoludkuni

Растаниҳои гулдор одатан мева ҳосил мекунанд. Вале барои ҳосил шудани мева гардолудшавии гул шарти зарурӣ мебошад. Дар вақти гардолудшавӣ гард аз гардбарг ба гардгираки тухмдон оварда мешавад. Бурдани гард аз гардбарги як гул ба гардгираки тухмдони гули дигар гардолудшавии дутарафа номида мешавад. Акнун саволе пайдо мешавад, ки гард чӣ тавр …

Муфассал »