Архивы за день : 27.01.2019

Ғафс шудани поя – Ҳосил шудани солҳалқа

solhalqa

Ба туфайли боавҷ тақсим шудани ҳуҷайраҳои камбий танаи (пояи) буттаву дарахтон ва пояи гиёҳҳои бисёрсола ғафс мешавад. Булутҳои “кӯхансолу” азимҷуссае маълуманд, ки давродаври танаи онҳо ба 10 м мерасад. Ё ин ки кундаи як эвкалипти пир чунон ғафс буд, ки дар рӯи он майдончаи рақс сохта шудааст. Поя дар рӯзҳои …

Муфассал »

Сохти дарунии пояи дарахт

aroniya-chernoplodnaya-sorta_28

Ҷузъҳои буриши кӯндаланги ягон шохча, ғӯла ё кундаи дарахтеро, ки ба наздикӣ буридаанд, аз назар мегузаронем. Дар сатҳи ҷузъи буриш ё аррашудаи ғӯла се қабат фарқ карда мешавад. Қабати берунии сиёҳтобу нисбатан тунукро пӯстлох мегӯянд. Вай аз бофтаҳои гуногуне, ки қабатқабат ҷойгиранд, иборат аст. Қабати сахте, ки аз ҳама сербар …

Муфассал »

Поя. Гуногунии пояи растани

poyai-chasanda

Қадкашии поя, шохаронӣ: Поя ҷузъи таркибии навда мебошад. Вай ба боло қад афрохта, баргҳоро ба равшанӣ мебарорад. Ба туфайли поя реша бо баргу мугҷаи растаниҳо алоқаи зич пайдо мекупад. Дар поя метавонад моддаҳои ғизоӣ захира шаванд. Пояи растаниҳо алафӣ ва чӯбӣ мешавад. Пояҳо аз рӯи хусусиятҳои биологиашон гуногун буда, онҳоро …

Муфассал »

Аҳамияти растании сабз дар табиат ва ҳаёти инсон

rasten

Олими барҷастаи рус Климент Аркадевич Тимирязев дар “Ҳаёти растанӣ” ном китобаш дар хусуси аҳамияти растаниҳои сабз дар табиат ва инкишофи ҳаёт дар рӯи Замин ба таври хеле возеҳу фаҳ- мо хитоб кардааст: “Замоне, дар кадом як маҳал нури Офтоб ба Замин афтид, аммо на ба замини бесамар, балки ба як …

Муфассал »

Тағйири шакли барг – Хазонрез

tagiri

Дар равиши ба омилҳои муҳити беруна мутобиқшавии растаниҳо, дар баъзе ҳолатҳо, тағйирёбии шакли барги растаниҳо мушоҳида карда мешавад. Ин баргҳои шаклдигаркарда вазифаҳои дигарро низ иҷро мекунанд, ки он ба баргҳои асосӣ хос нест. Масалан, баъзе баргҳои зирк (зилол) ба хор табдил ёфтаанд. Онҳо назар ба баргҳои муқаррарӣ обро кам бухор …

Муфассал »